16
Илми варосат ЊНИТ гуноњи маќомдори ВКД-ро ошкор кард Таъсири нишасти СЊШ ба Тољикистон НАШРИЯИ ЊИЗБИ НАЊЗАТИ ИСЛОМИИ ТОљИКИСТОН № 38 (808) Панљшанбе, 18 - уми сентябри соли 2014 -и милодї, мутобиќ ба 23 - уми Зулќаъда, соли 1435 - и њиљрии ќамарї «...Бешубња, њизби Худо ѓолиб хоњад буд», Вижагии шахсияти намунавї пайваста бо парвардигори хеш дар иртибот будан аст Ќуръон: сураи Моида, ояти 56 -Агар њукуматдорон дар давлатњои миллї ба риъояи њуќуќњои диндорон таваљўњи кофї зоњир намоянд ва наќши динро дар љомеъа эътироф кунанд, бањонае барои поймолкунии њуќуќи эътиќодмандон ва душмани ислом эълон доштан боќї нахоњад монд! Муњаммадшариф Њимматзода («Дидгоњ ва масоил», сањ. 70) Пояњои истиќлолиятро бояд дар мустаќилияти миллї ва фардї дид

ํНаҷот №38

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: ํНаҷот №38

Илми варосатЊНИТ гуноњи маќомдори ВКД-ро ошкор кард

Таъсири нишасти СЊШ ба Тољикистон

НАШРИЯИ ЊИЗБИ НАЊЗАТИ ИСЛОМИИ ТОљИКИСТОН№ 38 (808) Панљшанбе, 18 - уми сентябри соли 2014 -и милодї, мутобиќ ба 23 - уми Зулќаъда, соли 1435 - и њиљрии ќамарї

«...Бешубња, њизби Худо ѓолиб хоњад буд», Вижагии шахсияти намунавї пайваста бо парвардигори

хеш дар иртибот будан аст

Ќуръон: сураи Моида, ояти 56

-Агар њукуматдорон дар давлатњои миллї ба риъояи њуќуќњои диндорон таваљўњи кофї зоњир намоянд ва наќши динро дар љомеъа эътироф кунанд, бањонае барои поймолкунии њуќуќи эътиќодмандон ва душмани ислом эълон доштан боќї нахоњад монд!

Муњаммадшариф Њимматзода («Дидгоњ ва масоил», сањ. 70)

Пояњои истиќлолиятробояд дар мустаќилияти миллї ва фардї дид

Page 2: ํНаҷот №38

www.nahzat.tj18 сентябри соли 20142Дирўз, 10-уми сентябр, љаноби

оќои Њасани Руњонї, раисиљумњури Ирон дар чањорчубаи сафари расмии хеш ба Тољикистон баъд аз дидору мулоќот бо љаноби Эмомалї Рањмон, раисиљумњури Тољикистон мулоќоти дигаре анљом дод бо љаноби Шукурљон Зуњуров, раиси Маљлиси намондагон ва њайати парлумонии Тољикистон.

Тавре аз Маљлиси намояндагон иттилоъ расид, мулоќот дар фазои њусни тафоњум баргузор гардида, Ш. Зуњуров ташрифи аввалини љаноби Њ.Руњониро ба сарзамини Тољикистон бо ишора аз дидору мулоќоти ишон бо љаноби Э.Рањмон нек арзёбї кардааст, чун дар он мулоќот масоили мубрами њамкорињои гуногунљабњаи ЉТ бо ЉИИ мавриди баррасї ќарор гирифтаанд.

Раиси Маљлиси намояндагон бо

ёддоварї аз 9-уми сентябри соли 1991 ва эълони Истиќлолияти дав-латии Тољикистон гуфта, ки ЉИИ ав-валин давлате буд, ки истиќлолияти Тољикистонро ба расмият шинохт ва са-форати хешро дар аввали моњи январи соли 1992 кушод.

Ш.Зуњуров њамчунин тазаккур дода, ки дар муддати њамкорињои ду кишва-ри бародар беш аз 100 санади муњими байнидавлатї ба имзо расидаанд, ки дурнамои муносибатњоро муай-ян сохтанд. Миллати Тољикистон дар њассостарин ва душвортарин лањзањои таърихї аз кўмаку дастгирињои ЉИИ бархурдор буд, ки намунаи идомаи неки онро имрўз низ шоњид будем, он њам ба таври комил оѓоз шудани фаъо-лияти неругоњи барќии “Сангтуда-2“.

Раиси Маљлиси намояндагон бунё-ди роњњои оњани Ирон – Афѓонистон – Тољикистон ва мошингард, инчунин хат-ти интиќоли барќи Ирон - Афѓонистон – Тољикистонро иќдомњои нек ва муњим арзёбї карда, сохтмони хатти лўлаи интиќоли оби Тољикистон- Ирон ва дар канори он гази Ирон- Тољикистонро лоињањои заруриву сариваќтї донист, њамчунин тазаккур дода, ки тољику иронї рўњан ягонаанд, агарчи гузашти таърих байни онњо фосилаи љуѓрофї эљод кард, вале њувияти таърихию фарњангии мо људонопазир аст. Рўдакиву Мавлоно, Носири Хусраву Шайх Камол, Њаким Фирдавсиву Хайём, Саъдию Њофиз њамчун бузургони адабиёти ду милла-ти бародар муаррифї мегарданд. Эњё намудани њувияти муштарак танњо ниёз ба њамкорї дорад. Мо мехоњем Ирон як кишвари боз њам тараќќикарда ва шуку-фову зебо бошад.

Дар мавриди муносибатњои байнипарлумонї љаноби Ш. Зуњуров

ишора ба он карда, ки таи солњои охир ин гуна муносибатњо густариш ёфта, миёни маќомоти парлумонии ду киш-вари дўст ва бародар чандин мулоќоту сўњбатњо баргузор гардидаанд, аз љумла сафари њайатњои Маљлиси на-мояндагон ба Тењрон ва њайатњои Шўрои Исломї ба Душанбе љињати таќвияти равобити байнипарлумонї наќши муњим бозидаанд. Ва дар охир изњори умед шуда, ки сафари љаноби Руњонї дар таърихи равоби-ти ду кишвар сањифаи наверо боз ва дар муносибатњои иќтисодї, техникї, тиљоратї ва фарњангї такони љиддие хоњад кард.

Љаноби оќои Њасани Рўњонї зим-ни ибрози назари хеш аз дидо-ру мулоќотњояш дар Тољикистон бо изњори сипос гуфтааст, давла-

ти соњибистиќлоли Тољикистон аз марњилаи душворињои гузор ба сох-ти нави тараќќиёт, даврони нави бунёдкорї ворид гардида, њамрадифи кишварњои комилњуќуќ ќарор гирифта-аст. Хушбахтона, чї дар Ирон ва чї дар Тољикистон барои тавсиъа ва густари-ши робитањои њамаљониба, аз љумла робитањои байнипарлумонй, њама ша-роиту заминаи мусоид фароњаманд ва миёни давлату парлумонњо бо истифо-да аз чунин шароит њамкорињои бешта-ре амалї хоњанд шуд.

Раисиљумњури Ирон њамчунин аз иштироки фаъоли њар ду кишвар дар њамкорињои минтаќавй, бахусус дар чорчўбаи Созмони њамкорињои иќтисодии минтаќавї, Созмони кон-фронси исломї ва рушди њамкорињои илмию фарњангї изњори каноъатмандї ва њамкорињои парлумонї, иќтисодию тиљоратиро аз мењварњои асосии густа-риши муносибатњо ќаламдод намудаа-аст.

Бо илова аз иттилои Маљлиси намо-яндагон ваќте навори телевизиониро тамошо кардем, маълум гардид, ки љаноби Ш.Зуњуровро дар мулоќот бо љаноби оќои Њ. Рўњонї, дар бўстонсарои њукуматї, њайати парлумоние бо шир-кати руасо ва муовинини кумитањои Маљлиси намояндагон, инчунин вакили ЊНИТ дар парлумон Муњиддин Кабирї њамроњї кардаанд. Ва ин бори аввал аст, ки раиси ЊНИТ ба њайси вакили парлумон дар чунин мулоќотњои сатњи олї ширкат варзид.

Ба њар њол, љузъиёти дигари ин дидо-ру мулоќот маълум нест, ки оё љаноби Руњонї кадом ишорањои сарироњии дигаре бо аъзои њайати парлумонии Тољикистон зимни хайрухуш доштааст ё хайр?

Суњбати Њ. Руњонї бо Ш.Зуњуров ва њайати Маљлиси намояндагон

Бо баргузор шудани нишасти ду-шанбегии сарони кишварњои узви СЊШ зери раёсати Тољикистон хоти-ри мардуми деринтизори ин нишаст њам љамъ гардид.

Агарчи Душанбе тавонист ин ни-шастро дар сатњи олї ва эњтимол барои њатто љанобон Путину Кари-мов њам ѓайриинтизор баргузор би-созад, вале барномаи он љамъбасти кори яксолаи ин созмон буду бас, ки онро эњтимол Душанбе ба хубї сипарї карда, эстафетаро ба Ма-скав супорид.

Аммо масъала сари ин аст, ки оё Душанбе тавонмандии онро дошт, ки роњи њалли яке аз масъалањои муњимтарини матрањ, он њам бар-расии ќабули аъзои нави созмонро матрањ ва роњи њалли онро нишон дињад, то дар барои барои ворид шудани ин гуна аъзо боз гардад?

Ба њар њол, диду назарњое дар мавриди омодагии Ирон садо медо-данд, ки ин кишвар њавасманди во-рид шудан ба СЊШ њасту дар сурати мушаххас шудани чунин як тартиб метавонад узви СЊШ бишавад.

Вале таљрибањо аз он дало-лат мекунанд, ки Ирон дар ин гуна корњо таъљилї тасмим на-мегирад ва омўзиши коргузориро њатто дар СЊШ њам њамчун но-зир идома медињад, чун раван-ди таъиноти сиёсатњои љањонї ба тањавулотњое мувољљењ мешаванд, ки тасмимгирињои таъљилї метаво-нанд бар зарар анљом шаванд.

Гузашта аз ин, њоло њам рушан нест, ки њамкории иќтисодї дар мењварияти коргузории СЊШ боќї мемонад ё ин созмон њам, тавре аз суњбати баъзе сиёсатшиносони дохилї ва хориљї бармеояд, ба як алтернативаи НАТО шакл мегирад? Оё масъалагузории љаноби Назар-боев, раисиљумњури Ќазоќистон дар мавриди рабт додани узвияти Ирон дар СЊШ ба бањси ин кишвар дар мањдудаи кишварњои «5+1» чї маъ-но дошт?

Ба њар њол, љаноби Сергей Лав-ров, вазири корњои хориљии Русия ќабл аз баргузории нишасти сарони кишварњои узви СЊШ дар Душан-бе ошкоро гуфт, танњо баъд аз ба дасти Маскав гузаштани раёсати СЊШ, масъалаи ќабъули аъзои нав мавриди баррасї ќарор мегирад. Аз ин њарфњо маънї њамин аст, ки Маскав барои ќабули узви нав дар дигар кишварњо иљоза намедињад, љуз Чин. Чунки њавасманди он нест,

ки бо ин васила кишварњое, назири Тољикистон обуру касб намоянд.

Фикр мекунам, ишораи ин нукта аз забони маќоми аршади диплома-тии Маскав паёме буд, ки Душанбе барои љалби узви нав ба СЊШ зери раёсати худ талош наварзад, агар талош њам варзад, бенатиља анљом хоњад ёфт, ки њамин тавр њам шуд. Агар Душанбе дар тўли солњо хеле зиёд талош кард, то барои пазируф-та шудани Ирон ба СЊШ мусоидат расонад, њадди аќал ба дарназар-дошти раисии ин созмон, вале ин талошњо бенатиља будаанд.

Бале, дар рўзи асосии нишасти мазкур, баъд аз зуњри 12-уми сен-тябр аксбардории сарони кишварњо ва љаласаи мањдуди онњо баргузор гардид, баъдан кишварњои нозиру мењмон њам ба онњо пайвастанд.

Дар њошияи нишасти сарони СЊШ баргузории силсиламулоќотњои дуљонибаи зиёдеро сарони кишварњо доир намуданд, аммо мулоќотњои чандљониба, ки ќаблан дар мавриди онњо гуфта мешуд, аз љумла Ирону Афѓонис тон ва Тољикистон бо сабабњои номаъ-лум ин гуна мулоќотњо доир нагар-диданд. Љаноби Рањмон мулоќоти муфид ва муњиме дошт бо љаноби Рўњонї, президенти Ирон.

Аммо мулоќот ва пазироии раиси давлати Чин дар фазои хонавода-гии Э. Рањмон хеле љолиб ва фикр мекунам, таъсиргузор дар афкори љаноби Си Чин Пин анљом гириф-та бошад. Чунки ин гуна таљрибаи пазироии сатњи баланди мењмони хориљиро дар хонаводаи сарвари кишвар Тољикистон дар ёд надорад.

Ба њар њол, баргузории нишасти СЊШ дар Душанбе Тољикистонро ба тарзе дар мењварияти ахбори љањонї ќарор дод, бахусус бањси сарони кишварњои узви ин созмон-ро, ки дар буњрони Укроин мавќеъи мухталиф доштанд, агарчи истифо-да аз роњњалњои сиёсии ин ќазияро таъкид ва пуштибонї карда бошанд њам.

СЊШ мањдудаи 30 миллион км/мураббаъ ё 60%-и ќаламрави Ав-руОсиёро дар бар мегирад ва дар ин мањдуда 1 миллиарду 455 мил-лион нафар ё таќрибан 4/1 ањолии дунё ба сар мебаранд. Агар њамаи кишварњои нозири ин созмон, уз-вияти онро ќабул намоянд, ањолии мањдудаи СЊШ аз 3 миллиард њам боло меравад.

Таъсири нишасти СЊШ ба Тољикистон

ХАБАР

Page 3: ํНаҷот №38

18 сентябри соли 2014 3www.nahzat.tj

“Паёмбаронашон ба онњо гуфтанд: “Магар дар вуљуди Худои эљодкунандаи осмонњо ва замин шакке њаст?! Ў шуморо даъват мекунад, то бахше аз гуноњонатонро биомурзад ва шуморо то ваќти муайян муњлат дињад”. Гуфтанд: “Шумо љуз башаре монанди мо нестед, мехоњед моро аз он чи ниёгонамон мепарастиданд, боздоред, пас барои мо далели равшан биёред”. (Сураи “Иброњим”, ояти 10).

Бо тиловати ояти ќаблї, ки дар он ба инкори рисолати паёмбарон ва тавњиди улуњият ва рубубият ба мухолафат бархостани мушрикон тасвир ёфта буд, саволе ба миён меояд, ки паёмбаронашон дар посух ба онњо чї гуфтанд? Ин оят љавоби паёмбаронро, ки ифодага-ри тааљљуби эшон аз шакку тардиди сабукаќлонаи ќавми мункиршуда аст, баён менамояд: “Паёмбаронашон ба онњо гуфтанд: “Магар дар вуљуди Худои эљодкунандаи осмонњо ва замин шакке њаст?! ”.

Аслан фитрати солим ба эљодкунандаи ягона доштани олами њастї гувоњї медињад ва ногузир ин њаќиќатро эътироф мекунад, вале бо ин вуљуд гоњо дар ќалби баъзе аз инсонњо дар ин маврид шакку тардид роњ меёбад. Дар ин гуна лањзањо инсон ниёзи шадид ба нига-ристан ва тафаккур кардан ба далелњое дорад, ки дасти ўро гирифта ба њаќиќати вуљуди Офаридгор бирасонад. Танњо ишорае ба он басанда аст, ки соњиби фитрати солим дар аввалин дарке, ки аз ин олам мекунад, зуд ба худ ояд ва дар мавриди боварњои хеш бознигарї кунад. Аз ин рў, паёмбарон барои исботи вуљуд ва вањдонияти Худованд ва ба ин васила аз байн бурдани шакку тардиди мункирон аз офариниши осмонњо ва замин ва низоми устувори онњо, ки ба фитрати инсон дар мавриди он ки эљодкунандаи онњо Худо-ванди яктост, сухан мегўянд, далели равшану возењ меоранд. Ин намунаи зикршуда, ки далолат ба вуљуд ва ягонагии эљодкунанда мекунад, тавњиди дар улуњият ва рубубиятро, ки як мавзўи инкори мушрикон аст, исбот менамояд.

Баъд аз исботи тавњиди дар улуњият ва рубубият, ба баёни њаќќонияти рисолати паём-барон ва њикмати ба сўи мардум омадани эшон пардохта, ба мавзўи дигари инкори онњо љавоб мегўянд: “Ў шуморо даъват мекунад, то бахше аз гуноњонатонро биомурзад”.

Њикмату иноят ва рањмати Худованди доно ва њаким иљоб менамояд, ки башариятро бидуни рањнамо ба њоли њудаш вонагузорад, балки ба сўи онњо паёмбар бифиристад ва ба василаи эшон онњоро ба сўи тавњид даъват кунад ва ба баракати ќабул кардани даъват онњоро аз олудагињо ва гуноњњо пок намояд. Ин аст яке аз њадафњои нињоии даъвати Худо-ванд ба сўи имон ва тавњид. Њадафи дигари даъват ба хотири аз зиндагї хуб бањраманд шудан ва роњи такомули хешро паймудан дар рўи замин ба вуљуди њар ќавму миллат то муддати муайян баќо бахшидан аст: “ва шуморо то ваќти муайян муњлат дињад”.

Яъне то замон ва муддате, ки Худованд интињои умри шумо ќарор додааст, ки ба он ме-расед, агар имон биёред, дар акси њол шуморо ќабл аз он ваќт њалок хоњад кард. Дар оёти ќуръонї аз нобудии ќавму миллатњое, ки бар асари напазируфтани даъвати паёмбарон ва бањра набурдан аз мактаби тавњид љомеаро ба фасоди фарњангї, ахлоќї, иќтисодї ва иљтимої мувољењ карданд, ахбори зиёд омадааст. Аз љумла дар ояти 6 сураи Анъом чунин омадааст: “Пас онњоро ба сазои гуноњонашон нобуд кардем ва пас аз эшон ќавми дигарро падид овардем”.

Ќавму миллатњои роњи инкорро пешгирифта дар сояи љањолаташон ба љои он ки даъ-вати њаётбахши Худоро бипазиранд ва дар баробари њаќ таслим шаванд, бо хирасарї “Гуфтанд: “Шумо љуз башаре монанди мо нестед”.

Ба замми ин маќсади ба парастиши Худои ягона даъват кардани паёмбаронро таъвили ѓалат карда, гуфтанд: “Мехоњед моро аз он чи ниёгонамон мепарастиданд, боздоред”.

Саркардагони мункирон ањли таќлид буданро бартарият доданд, чун њифзи маќом ва таъмини манофеашонро дар сояи боќї мондани ањли љомеа дар таќлиди кўркўрона ме-диданд. Њамзамон ба ќасди устувор намудани мавќеи худ аз паёмбаронашон далели рав-шан талаб карданд, ки агар шумо даъвои рисолат доред ва рост мегўед, аз љониби Худо муъљизаи равшантари дигаре биёред, ки далолат бар фазли шумо ва сињњати даъвоятон кунад: “пас барои мо далели равшан биёред”.

Вале ин талаби онњо, ки њуљљату далелњои овардаи паёмбаронро эътибор накарда, муъљизаи дигар хостанд, љуз ситеза ва озоррасонї чизи дигаре набуд.

Бояд гуфт, бањсу муљодалаи дар ин оят тасвирёфта, кашмакаш ва радду бадалњоест, ки ба таври њамеша дар миёни паёмбарон ва зўрмадорону њокимони туѓёнгар ва гурўње, ки дар пањлуи онњо ќарор доштанд, сурат мегирифт. Бинобар ин, Худованд он њамаро ба таври яклухт баён кардааст.

Ин оят ба мо меомўзонад, ки зинда мондан ва ё аз сафњаи њаёт мањв гаштани њар ќавму миллат ва љомеаи башарї ба роњи дар зиндагї ихтиёр намудаашон пайванд мехўрад. Њар миллат ё љомеае, ки дар он арзишњои ба Худо, њаќиќат ва ахлоќ алоќаманд аз байн бира-вад ва гуноњ, таљовуз, зулму ситам, туњмату буњтон, нобаробарї ва монанди ин гуноњњои кабира ривољ ёфта, табдил ба фарњанги миллї шавад ва ањли он панду андарзнопазир гарданд, ба сабабњои гуногун ва шевањои мухталиф аз байн хоњанд рафт ва њалок хоњанд шуд. Таърих гувоњї дода, ки ќавму миллатњо ва љомеањои зиёде замоне арзи вуљуд до-штанд, вале ба иллатњои зикршуда мањву нобуд гашта, аз эшон ному нишоне боќї на-мондааст. Вале њар миллате, ки дар ин дунё бар асоси ростї ќадам бардошта, худро аз олудагињои фањшу фуљур, туњмату буњтон ва дигар гуноњњои азим пок сохта, дар љомеа адлу адолат, бародарї, мењру муњаббат, суботу амниятро љорї намуданд, умри тўлонї ди-данду хоњанд дид. Ва ноил гаштан ба ин гуна маќоми покию покизагї танњо барои миллате муяссар хоњад гашт, ки зиндагияшро бар аќидаи њаќ ва мактаби тавњид роњандозї кунад.

Зубайдуллоњи Розиќ

Мактаби тавњид зомини баќои миллат

Душанбе ва Маскав гурўњи кории муштаракеро љињати омўзиши масо-или муњољирони тољики ихроњшуда аз Русия ва имкони бозгардонидани онњо таъсис додаанд.

Дар асоси ќонунгузории Ру-сия иддаи зиёде аз шањрвандони Тољикистон баъди бозгашт њаќи вуруд ба ин кишварро аз даст до-даанд, ки миёни онњо, њатто шумо-ре аз донишљўён њам њастанд ва ин теъдоди мамнуъулвуруди тољиконро дар умум атрофи 300 њазор нафар мегуянд, ки ин Душанберо нигарон сохтааст.

Тавре TojNews иттилоъ медињад, дар Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї ин гурўњи корї шарту шароити бозгаштани онњоеро, ки барои иштибоњу камбудињои љузъї

аз Русия берун шудаанд, муайян месозад. Агарчи ќаблан њам гурўњи кории муштарак амал мекард, вале талошњои бозградонии муњољирин бенатиља будааст.

Њоло љониби Тољикистон аз Ру-сия хоњиш дорад, ки бозгашти муњољиронеро, ки љиноятњояшон сод-да аст, аз љумла риъоя нашудани ни-зоми иќомат, пайдо нашудани иљозаи кории сариваќтї иљоза бињад. Дар њоле ки ин гуна афрод барои се сол њуќуќи ворид шудан ба Русияро аз даст додаанд.

Ба њар њол, љониби Русия рўйхати ин гуна афроди мамнуъулвуруди тољикро пешнињод кардааст, ки 202 њазор нафарро дарбар мегирад. Аммо чунин интизор меравад, ки ин

халоро Узбакистону Ќирѓизистон пур мекунанду ба Тољикистон дигар им-кони вуруди шањрвандонаш боќї на-мемонад.

Бубинед, агар то 1-уми октябри соли 2013 муњољирони беруншудаи тољик 72 њазор нафарро ташкил ме-доданду вазорати масъули мо кадом кореро дар ин маврид анљом дода натавонист, оё ќазияи наздик ба 300 њаз. нафари беруншударо чигуна њал мекарда бошад? Оё боре шуда-аст, ки дар ин мавридњо њамшарикии стротежї кор дода бошад?

Ин њама дар њолест, ки Хадамо-ти муњољирати Русия ба љониби тољикистониаш паём дода, ки фењристи 400 њаз. шањрванди Тољикистонро тартиб додааст ва эњтимол њар лањза аз Русия берун

шаванд.Дуруст аст, ки зимни мулоќоти

љаноби Э.Рањмон бо В.Путин дар чањорчубаи нишасти СЊШ масъа-лаи муњољират матрањ шуд, вале эњтимоли гузашт кардани љузъиёти масоиле, ки мавриди берун шудани муњољирон аз Русия шудааст, роњи њалро пайдо накард ва онро марбути комисиюни муштарак донистанд, ки ба таври мусбї њал шудани ин масъ-аларо зери суол мебарад.

Бояд иќрор кард, ки ин гуна коргузорињо ба масоили дигаре њам печ мехўрад, ваќте сарои ду кишвари њамшарики стротежї њалли онро пай-до намекунанд, пас аз дигар нињоде инро интизор шудан маънї надорад.

Мушкилоти печидаи муњољирин ба ихрољи онњо табдил ёфт

Абдуллоњ Давлатов, раиси Иттињоди тољикони Русия сартаро-шии занони фоњишаро дар Русия шадидан интиќод намуда, инро роњи њалли масъала намедонад.

Ў дар сўњбат бо «Озодагон» гуф-тааст, дар Русия зиёд мешунавад, ки барои фоњишагї сари духтареро та-рошидаанд ва ин боиси нигаронист, “њатто боре раиси яке аз љамъиятњои минтаќавї тавсиф кард, ки сари ду духтари тољикро ќоќ тарошидаанд ва ин амалро дар фоњишагии ў шарњ дод».

Вале ин амалро љаноби Давла-тов роњи њал намедонад, калиди ин мушкилиро бояд дар носозгорињои иќтисодию иљтимоии Тољикистон љўст, агарчи дар ин маврид баъ-зан номардињои мардони тољик њам вуљуд доранд, гуфтааст ў, “баъзе аз шавњарњо барои як луќма нон ба Ру-сия омада, ба хотири дарёфти пули бештар ва гирифтани шањрвандї роњи осонро дар издивољ бо зани мањаллї дида, бо «паёмак»-њо за-нони худро талоќ медињанд. Пас, ин зани љавон куљо равад? Аз хонаи шавњараш ўро берун месозанд, дар хонаи падар бошад зери маломат

ќарор мегирад. Барои ин зани бечо-ра ду роњ боќї мемонад: худкушї ё сабукпої».

А.Давлатов дар мавриди онњое, ки даст ба сартарошии занон мезананд, гуфтааст: Ба љои сари хонумоне-ро тарошидан мард бошед, онњоро пуштибонї кунед, то ба иззати нафси онњо каси дигаре нарасад ва отифия-ташонро аз даст надињанд. Дар њама давру замон, занњои фоњиша будан-ду њастанд ва мемонанд.

Вале њатто љанги Афѓонистон, ки беш аз 40 сол идома дорад ва љанги Чеченистон духтаронро чунин беса-робон накардааст, ки дар Тољикистон бонувон ба чунин њол расидаанд.

Ин даъват ва нигаронии раиси Иттињоди тољикон дар њолест, ки чан-де ќабл дар интернет наворе пањн гардид ва дар он љавонони тољик ду занро дар фоњишагї ва паст зада-ни номи миллат муттањам дониста, онњоро ба “калкунї” тањдид мекар-данд. Ва ду зане, ки худро зодаи вилояти Суѓд муъаррифї намуданд, далели даст задан ба фоњишагиро аз ночорї ва зарурати таъмини фарзан-дон мегуфтанд.

“Калкунї”-и занон фоњишагиро аз байн мебарад

ХАБАР

Page 4: ํНаҷот №38

www.nahzat.tj18 сентябри соли 20144

Лозим ба ёдоварист, ки ширкати фаъолонаи љавонон дар њаёти сиёсї яке аз самтњои муњими барномаи ко-рии њизб ба шумор меравад, ки ин раванд дар фаъолияти шуъбаи маз-кур назаррас њам њаст. Аз ин хотир, дар њамоиши феълї рўи чанд масъ-алаи мубрам тамаркуз сурат гирифт, аз љумла ба љашнгирии истиќлолият ва баъзе љанбањои муњими дигари зиндагии сокинони кишвар. Њамин буд, ки рањбари ЊНИТ њозирин ва якояки онњоеро, ки худро тољик медонанд ва тољикистонианд, ба фарорасии ин љашни бузурги давлатї, Рўзи истиќлолият табрик гуфт ва дуъо кард, ки Худованд пояњои Истиќлолияти давлатиро мустањкамтар сохта, ќадам ба ќадам ба истиќлолияти воќеъї ва комил, истиќлолияти миллї ва фардии њар инсон бирасонад.

Њоло фишурдаи суњбати М.Кабириро манзури хонандаи азиз мегардонем:

- Истиќлолияти давлатї заминаи аввали истиќлолияти воќеъист, ки мо бояд дар марњилањои баъдї ба он бирасем ва иншоаллоњ, умед аст, ки Истиќлолияти давлатї, ки рўзи 9-уми сентябри соли 1991 эълон шуда буд, сол ба сол мустањкам ва пояњои давлатдорї ќавї мегарданд.

Имсол љашни истиќлолиятро бо баргузории як нишасти нињоят муњими байналмилалї пешвоз ги-рифтем. Сарони беш аз 12 киш-вари аъзо ва нозирони СЊШ мењмони Душанбе гаштанд. Мил-лати мењмондўсти мо дар фазои хушї ба сар бурда, нишасти муњими байналмилалї њам дар сатњи би-сёр баланд, муназзам ва тавре баргузор гардид, ки боиси ифтихо-ри якояки мо, тољикистониён ме-

бошад. Умед дорем, ин нишасти басо муњим дар њамкории њукумат бо миллат як сањифаи наве дар ки-тоби истиќлолияти Тољикистон изо-фа хоњад кард ва баргузории он њам обрўи кишварро боло мебарад, њам нишон медињад, ки Тољикистон табдил ба як давлати пешрафтаву мустаќил, дорои тамоми имкониятњо гаштааст, ки баргузории чунин ни-шасту маъракањоро бо сарбаландї оѓозу анљом мебахшад.

Аз ин нигоњ, мавзўи суњбати мо њам ба истиќололият рабт дорад, инчунин вобастагї ё њамбастагии истиќололият бо интихобот. Мавзўи дигаре, ки онро њам муњим медо-нем, вазъи љавонон ва ифротгарої дар кишвару минтаќа ва љањон аст. Атрофи ин се мавзўъ ва пайванди онњо бо якдигар суњбат хоњем кард, сипас ба суолњо њам љавоб мегўем, ки аллакай аз дохил ва хориљи киш-вар тавассути шабакањои иљтимоъї матрањ шудаанд.

ИстИќлолИят

ва ИнтИХоботШояд суоле пеш биёяд, ки чї раб-

те њаст миёни истиќлолият, интихо-бот ва ифротгарої? Аз нигоњи мо, рабти бевосита вуљуд дорад. Њоло талош мекунем ин иртиботро пай-до кунем, он њам бо матрањ кардани бањс атрофи ин се мавзўъ. Албатта, мавзўи истиќлолият, мавзўи аслист ва мулоќоти мо њам ба ин рўз бах-шида шудааст. Тавре дар аввали суњбат гуфтам, истиќлолияти мо ба як сатњи хеле баланд расидааст, манзурам Истиќлолияти давлатист ва ќадамњои бисёр устувор ба сам-ти истиќлолияти комили миллї ва инсонї хоњем бардошт. Новобаста

аз чигунагии муносибати феълии мо ба истиќлолият, 23 сол ќабл ваќте ин санади таќдирсоз имзо шуд, му-носибати шањрвандони кишвар аз њам фарќ мекард, њоло истиќлолият ба як арзиши миллї табдил ёфта-аст. Ифтихор доштан ба он ќарзи шањрвандист ва дифоъаш фарзи имониву инсонї. Шояд 23 сол ќабл

бисёрињо дар бораи истиќлолият аслан тасаввурот надоштанд ва ќисми зиёди мардум њам муќобили он буданд. Агар референдуми гор-бачёвиро дар соли 1991 ба ёд би-ёрем, њамагї 6%-и шањрвандони Тољикистон барои истиќлолият овоз доданд, беш аз 90% барои боќї мон-дани Иттињоди Шўравї бо роњбарии КМ КПСС буданд. Яъне 6%-и мар-дум мустаќил будан мехостанд. Њоло суоли матрањ ин аст, ки ин 6% кињо буданду дар куљоянд?

Банда, ифтихор аз он дорам, ки солњои донишљўї дар он референ-дум бо як љамъи хурде аз донишљўён рафтем ва ба тарафдории истиќлолият раъй додем. Аз љавонї буд ё аз соддагї, вале ин кори мо аз њамосаи зиёд буд, ки ин раъйи ху-дро боз њам эълон кардем ва чанде баъд аз тарафи роњбарони факулта-ву донишгоњ, инчунин гурўњњои зиё-ди дигаре њамчун хоин ва душмани ватану миллат тамѓагузорї шудем. Ёдам њаст, њамчун донишљўи фаъо-ли донишгоњ «стипендияи ленинї» мегирифтам, ба деканат даъват кар-данду гуфтанд: Садќаи номи Ленин шавї!

Ман гуфтам, устод, ин ститпендия-ро барои донишам ба ман медињанд, дар оинномаи «стипендияи ленинї» нагуфтанд, ки онро вобаста ба аќидаи сиёсї медињанд, албатта аз рўи дониш дода мешавад.

Ба њар тариќ, хушбахтона ё му-таассифона, баъдан моро аз ги-рифтани ин стипендия мањрум намуданд. Вале он 6%-е, ки ра-ъйи мухолиф доданд ва хоњони истиќлоли Тољикистон буданд, њоло љузъе аз миллати шарифи тољиканд. Худоро шукр, имрўз он 90%-и

боќимондаи миллат њам бо фисади андаки хеш пайваст ва имрўз њама бо њам аз истиќлолият тарафдо-ранд, њатто онњое, ки ба шиддат зидди истиќлолият буданд ва бо парчамњои сурх аз љонибе вориди љанги дохилї шуданд, имрўз тараф-дори истиќлолиятанд. Яъне дарк карданд, ки истиќлолият чї неъма-тест, њатто агар аз лињози аќидатї ва дидгоњї њам онро ќабул надо-штанд, вале истиќлолият барои онњо маќому мансаб ва зиндагии бењтар дод. Аз ин лињоз, эњтимоли зиёд до-рад, ки ќисми зиёде аз њамватанон љонибдорї аз истиќлолият намоянд, ки самараву сармояест барои њифз аз истиќлолият.

Албатта, орзу ин асту ќалбан њам мехоњем, ки касоне имрўз истиќлолиятро аз лињози манофеъи шахсї ќабул кардаанд, фаромўш на-созанд, ки дигарон њам дар љомеъа њастанд, ки ин истиќлолиятро дар замони душвор тарафдор будан-ду пуштибонї карданд, ба хотири истиќлолият азобу заљри зиёд њам кашиданд. Ёдашон ба хайр усто-донеро, ки барои ба даст овар-дани истиќлолият зањмат каши-данд. Устод Тоњири Абдуљаббор бо љамъе аз равшанфикрони он замон матни «Эъломияи истиќлолияти Тољикистон»-ро навиштанд. Марњум Ќадриддин Аслонов касест, ки зери ин эъломия имзо гузошт. Устод Сайид Абдуллоњи Нурї, муборизи озодихоњест, ки барои андешањои истиќлолхоњї ва эњёи арзишњои мил-ливу мазњабї зиндонї шуданд. Ба њама маълум аст, парвандаи љиноие, ки алайњи Устод сохтанд ва моддае, ки ўро бо он муттањам донистанд, чї буд: фаъолият ва таблиѓоти сиёсї алайњи Шўравї! Бо њамин ном ва њамин тарз ўро гунањкор карданд, пас ин чї маънї дорад? Маънии ин њарфњо шарњи зиёд њам намехоњад, яъне таблиѓот алайњи Шўравї, ки таблиѓот бар нафъи истиќлолияти Тољикистон мебошад.

Вале њоло мехоњам сабаби дар аввал аз устод Нурї зикр накарда-намро тавзењ бидињам, дар њоле зањамоти ишон барои равшангароии миллат бањри истиќлолият аз дигар бузургон кам нест, балки бештар аст. Метавон дањњо ва садњо бу-зургони дигарро ин љо ном гирифт, вале фурсат намерасад. Ќисмате аз онњо ба рањмати Худованд пай-вастанд, ќисми дигаре имрўз дар пањлўи моянд. Фаќат ба хотири он, ки нагўянд, дар ин масъалаи истиќлолияту дар масоили миллї њам аз роњбарону пешвоёни худ ав-вал ном гирифт. Аммо бояд иќрор кард, ки истиќлолият моли њамаи мост, моли нањзатињову халќињо ва моли коммунистњо њам ва дар умум моли миллат аст. Њамон тав-ре аз дигар бузургон ном мегирем, диламон мехоњад, ки аз Нањзату рањбарони он, аз мардуми муъмину мутаддайни тољик њам, новобаста дар кадом њизбу гурўњ будани онњо, њангоми љашнгирї аз истиќлолияту дигар љашнњои миллї зикри ном

Пояњои истиќлолиятро бояд дар мустаќилияти миллї ва фардї дидБахшида ба таљлили 23-юмин солгарди

истиќлолияти кишвари азизамон, Тољикистон бо ташаббуси шуъбаи љавонон ва варзиши ЊНИТ рўзи 12-уми сентябр дар дафтари марказии њизб мулоќоти Муњиддин Кабирї, рањбари њизб бо аъзо ва њаводорони њизб сурат гирифт.

ДИДгОЊу

Page 5: ํНаҷот №38

18 сентябри соли 2014 5www.nahzat.tj

ва дигарон низ даъват шаванд. Як гурўњ дар саргањи фаъолияти истиќлолхоњї буданду талош кар-данд, њоло муваффаќ шуданд ё на, масъалаи дигар аст, аммо гурўњи дигаре, ки имрўз зимоми давлатро дар даст дорад, барои мустањкам шудани пояњои истиќлолият зањмат кашида истодаанд. Набояд мењнату зањмати касе нодида гирифта ша-вад, яке ин корро шурўъ ва та-лош карду зиндонї шуд, туњмат њам шунид, дигаре имрўз пояњои истиќлолиятро мустањкам карда ис-тодааст. Ин њама сутунњоеанд, ки бинои истиќлолиятро нигоњ медо-ранд.

Масъалаи дигарро њам бояд иќрор кард, истиќлолияте, ки дар ихтиёр дорем, истиќлолияти давлатист, оё воќеъан бо њамин иктифо кунему ди-гар дар фикри истиќлолхоњї набо-шем ё бигўем, ки истиќлолият бояд комил шавад? Оё ниёзе барои ди-фоъ аз истиќлолият, рушду тањкими он надорем?

ИстИќлолИятИ МИллИву фардї,

вобастаГИИ њукуМату МИллат Ман ба ин андешаам, ки

истиќлолият њамеша ниёз ба дифоъ ва таќвият дорад, ба хусус дар ша-роите, ки имрўз ќарор дорем. Њанўз пояњои истиќлолияти мо дар кишвар ќавї нестанд, инчунин истиќлолият душману раќибони гуногун ва зиёд дорад. Дуруст аст, ки истиќлолияти давлатї дорем, вале суол ин аст, ки оё истиќлолияти миллї ва фардї до-рем? Аз нигоњи мо, истиќлолият би-дуни истиќлолияти миллї ва фардї комил буда наметавонад. Метавон рамзњои як давлати мусатаќилро до-шта бошем ва Худоро шукр, ин гуна рамзњоро њам дорем. Оне, ки имрўз дар кишвар як нишасти нињоят муњим мегузарад, яъне нишасти СЊШ бо ин сатњ баргузор шуданаш алла-кай исботи он аст, ки Тољикистон ба Истиќлолияти давлатї раси-дааст. Танњо марњалањои баъдии истиќлолиятро бояд омода сохт, то

Истиќлолияти миллї ба даст биё-яд. Манзур аз истиќлолияти миллї чист? Яъне ваќте миллат тасмим гирифт, ки кореро анљом медињад, ќудрат ва тавонмандии онро бояд дошта бошад, то тасмими хешро ба анљом бирасонад. Шояд давлат имрўз ин корро натавонад, манзурам аз давлат маќомоти давлатист, вале миллат ин тавонмандиро бояд соњиб шавад. Агар њамчун миллат тасмим гирифтем, ки «Роѓун»-ро месозем, пас тавонмандии ин амрро бояд до-шта бошем, шояд маќомоти давлатї инро надоранд. Вале миллат бояд њарфи аввалу охирро бизанад, ош-коро бигўяд, ки ниёз ба истиќлолияти энергетикї дорам, «Роѓун» ниёз ва зарурати ман аст, бояд онро сохт! Касе набояд вобаста бошад, мил-лат вобастагии касеро ќабул на-дорад, на аз Бонки љањонї ва на аз кишвари дигареро. Чаро? Чун тас-мими миллат аст, «Роѓун» воќеъан яке аз масъалањоест, ки миллати тољик иљмоъ кард. Њоло дар дохили Тољикистон, њатто нафареро пай-до карда наметавонед, ки мухоли-фи сохтани «Роѓун» бошад. Пас ин масъала, масъалаи миллист. Мил-лати мустаќил ва дорои истиќлоли комил тасмими хешро гирифт, пас «Роѓун» бояд сохта шавад.

Модоме мулоњиза дорему мехоњем назари кадом бонкеро би-гирем ё њарфи кишвареро бишна-вем, маълум мешавад, ки њанўз њам ба истиќлолияти миллї нарасидаем ва мушкиле вуљуд дорад, ки болои он бояд кор кард.

Истиќлолияти миллї дар ка-дом ваќт ба даст меояд? Ваќте истиќлоли инсон- фардиро дар кишвар таъмин карда бошем, чун миллат муташаккил аз фардњост. Агар дар дохил инсони мустаќил надошта бошем, наметавонем мил-лати мустаќил бошем. Ваќте мил-лат мустаќил нест, истиќлолияти давлатї комил буда наметавонад ва зимни тасмимгирињои давлатї дучо-ри мушкилињо хоњем шуд.

Дар аввали суњбат суоле гузош-

тем, ки байни истиќлолияти воќеъї ва интихобот чї рабте буда метаво-над?

Чун дар арафаи интихоботњои парлумонї ќарор дорем ва он яке аз маъракањои муњим ба шумор мера-вад, мехоњам чанд љумлаеро дар ир-тиботи ин ду мафњум хидмати шумо арз намоям. Ваќте як миллат тас-мим гирифт, ки васила ва механиз-ми ягонаи танзими умури давлатї интихобот њаст, пас истиќлолияти ин давлату миллат марбут ба интихоботњост. Дар љањон њастанд давлату миллатњое, ки аслан инти-хобот надоранд, вале ин маънои онро надорад, ки он миллату давлат мустаќил нестанд. Давлат мустаќил аст, вале истиќлолияти давлати-ву миллиро маънош чист? Баъзе ќонун ва урфу одатњое њастанд, ки њамон миллату давлат онњоро ќабул дорад. Дар Ќонуни асосиаш њам онро сабт кардаву эълон до-шта, ки давлат ва миллат аз тариќи ин ќонуну меъёрњо танзим мешавад.

Давлат мустаќилу худаш мустаќилона тасмим ги-рифта, ки истиќлолият ва муносибат байни ду ун-сури калидї, њукумат ва миллатро чї гуна танзим мекунад.

Кишвари мо њамчун давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона мисли садњо, дањњо намегўям, чун дар љањон, агар беш аз дусад давлат бошад, шояд болотар аз бист кишваре набошад, ки дар онљо интихобот њамчун механизми танзи-ми умури сиёсї љорї нест. Маъмулан ин шоњигарињо ё кишварњоеанд, ки дар масъалаи диктаторї ё авторитарї ба ављи худ, ба ифрот расидаанд. Вале дар кишварњое, ки озод ё нимдемократї ме-

бошанд, интихобот воќеъбинона ё зоњиран љузъи ќоидаи давлатдорї ќарор дорад. Яъне њудудан 180 дав-лат аз интихобот њамчун усул ё асли муносибатњои љамъиятї истифода мекунанд. Тољикистон њам яке аз њамин давлатњост ва интихоботро унсури асосии танзими умури сиёсї ќабул кардааст.

Таљриба нишон медињад, ки ваќте як кишвар занљири иртиботи бай-ни њукумат ва мардумро интихо-бот ќарор дод, вобаста ба он аст, ки интихобот чї гуна баргузор ме-шавад: шаффоф, ѓайри шаффоф ё нимшаффоф. Иртиботи њукумат ва миллат вобаста ё мутаносиб ба њамин навъи интихобот сурат меги-рад. Агар интихобот озоду шаффоф ва покиза њаст, иртиботу вобастагии њукумат аз миллат ба њамон миќдор ќавист: покиза ва шаффоф. Вале агар Худое накарда интихобот ѓайри демокративу ѓайри шаффоф њаст, мутмаин бошед, ки иртибот байни њукумат, маќомоти давлатї ва мил-лат ќавї нест, фосилањо зиёданд, эътимод ба дараљаи паст ќарор дорад ва ин гуна њукумат маќоми давлатї, истиќлолияти комил на-доранд, аз неруву омилњои хориљї вобастагї доранд.

Дар ин маврид чанд далел ме-тавон овард, чанде ќабл арзиши ќувваи барќ дар Тољикистон 15% боло рафт, аз 1-уми июли њамин сол. Далел оварда шуд, ки Бонки љањонї шарт гузоштааст, ки нар-хи барќро бояд 20% боло бурд. Њукумати Тољикистон 5% ѓами мил-латро хўрду ќимати нерўи барќро 15% боло бурд. Масъала ин аст, ки чаро њукумат њарфи Бонки љањониро гирифту нархи барќро боло бурд? Љавоби шахси банда ин аст, ки во-бастагии маќомоти давлатї, ба ху-сус масъулини барќ аз Бонки љањонї зиёд аст, аз он ки вобастаи миллат бошад. Пас њамон њукумат ќавї ва мустаќил њаст, ки вобастаи мил-

Пояњои истиќлолиятро бояд дар мустаќилияти миллї ва фардї дид

(Идома дар сањ. 6)

МАВЌеъ

Page 6: ํНаҷот №38

www.nahzat.tj18 сентябри соли 20146

лати хеш аст. Яъне агар ман нархи барќро боло бурдам, фардо ин мил-лат ба ман раъй нахоњад дод. Ё агар нархи чизеро боло бурдам, далели ќавї дошта бошаму бифањмонам, ки чаро ин корро кардам. Пешнињоди Бонки љањонї далели ќавї шуда наметавонад. Ин гуна тавсияву пешнињодњо зиёданд, созмонњои байналмилалї њар сол беш аз

сад тавсия ба маќомоти гуногуни њукуматї медињанд, фаќат САЊА 37 тавсия барои интихобот додааст. Вале аз њамин 37 тавсияи САЊА, ки Тољикистон узваш њаст, њамагї ду ё сеи он ба инобат гирифта шудаанд, он њам љузъї. Дањњо пешнињоди ди-гар, љињати баргузории шаффофи-яти интихобот нодида гирифта шуд.

Маќомот мегўянд, мо мустаќилем ва худ медонем, ки дар дохили киш-вар чї тасмим бигирем ва бегонањо дар умури дохилиамон дахолат на-кунанд. Аммо Бонки љањонї њам як созмони молии байналмилалист ва њамагї як тавсия дод: Нархи барќро боло баред. Вале маќомоти «Барќи тољик» дар њамоњангї бо њукумат би-лофосила нархро боло бурданд. Ак-нун шумо иртиботи истиќлолият ва интихоботро дарк кардед, ки чї маъ-ное њаст миёни ин ду? Ваќте мегўем, мутаассифона, истиќлолияти мо пурра нест ва маќомот дар тасмимгирињои муњим ва стратегии миллї заъф нишон медињанд дар баробари дигарон, ин бармегардад ба интихоботњо, ки дар ин маврид маќомот аз мардум вобастагї надо-ранд, дар њоле ки тибќи Сарќонуни ЉТ сарчашмаи ягонаи њокимият халќ мебошад. Модоме халќ њаст, наза-ри халќ бояд авлавият касб кунад. Назари мардум, албатта, дар инти-хобот инъикос меёбад, вале мута-ассифона, баъзе масъулин ба њама вобастаанд, фаќат дар ќиболи мил-лат мустаќиланд.

Чаро мегуем, ки агар интихобот шаффоф ва демократї бошад, тамоми неруњои љомеъа дар он ширкат кунанду сањми худро дар

натиљаи интихобот бигиранд, давлат ва миллат ќавї мешаванд? Њукумат на танњо њукумати мустаќил, бал-ки ќавї хоњад шуд, њукумате хоњад буд, ки зимни музокироту гуфтушу-нид бо њукуматњои дигар, њамчунин бо абарќудратњо гуфта метавонад: вобастаи миллати хешам. Агар мехоњед суњбат кунему имтиёзеро аз ман бигиред, барои мисол, дар

масъалаи пойгоњи низомї, сохта-ни «Роѓун» ё гирифтани ќисмате аз ќаламрави кишвар бо миллати ман суњбат кунед.

ЭњсосИ нафасИ МИллатЌирѓизистон дар Осиёи Марказї

хурдтарин кишвар аст ва ањолиаш њам нисбати Тољикистон камтар, вале ду инќилобро паси сар кард дар 6-7 соли охир ва хисороти зи-ёди иќтисодї њам дид, муноќишаи ќавмиеро дар љануби ќаламраваш байни ўзбакњо ва ќирѓизњо, ки му-таассифона, хеле њам хунин буд, сипарї кард. Намегўем, ки њаљми он баробари љанги дохилии мо буд, вале он хисороте аз ин ду инќилобу як муноќишаи ќавмї дид, таќрибан баробари зарарњоест, ки дар Тољикистон дидем, бешак бо истис-нои талафоти љонї ва зарари инсо-нии мо.

Ба њар њол, биёед як тањлил ку-нем, ки њукумати Ќирѓизистон дар масъалањои байналмилалї ва минтаќавї чигуна мавќеъгирї ме-кунад. Дар бањс бо абарќудратњо чї мавќеъ мегираду дар масъалаи пойгоњи низомї аз кишвари Русия солона кадом маблаѓро ба даст ме-орад. Аз мављудияти пойгоњи низо-мии ИМА њам садњо миллион доллар ба даст овард. Ахиран роњбарияти Ќирѓизистон дар масъалаи бањси газу марз чї баёнияњои ќавї дод, њатто аз гирифтани номи баъзе кишварњои ќудратманди минтаќа худдорї њам накард. Дар бањси марз бо мо чї мавќеъгирињои мустањкам доранд масъулини ќирѓиз ва чаро чунин мавќеъгирињои мустањкам до-

ранд? Чунки онњо дар пушт нафаси мил-

латро эњсос мекунанд. Тавассути интихоботи шаффофу демократї раисиљумњур, парлумон, кобинаи вазирон сари ќудрат омаданд ва медонанд, ки агар як ваљаб аз хоки миллату кишвар аќибнишинї ку-нанд ё як ваљад хокро бе пул ба касе дињад, ин миллат дар интихоботи баъдї ба онњо раъй нахоњад дод. Касе интихоб дорад, ки љасорат ва ќудрати бештар дорад, истиќлолият дар тасмимњояш њаст. Ваќте масъ-ули ќирѓиз мегўяд, ман намедињам ё розї нестам, далел дорад, яъне миллат намехоњад.

аММо дар тољИкИстонАгар як вазире аз мо биравад хориљ

ва бо як масъули давлатї бигўяд, ман намедињам, розї нестам, барои он ки миллат намехоњад. Аммо он љониб мегўяд, кадом миллат, охир ту интихобшуда аз љониби миллат нестї. Ва дар кишвари шумо, маъму-лан расм нест, ки аз мардум бипур-санд, тасмимгиранда худи шумоед, њамчунин мо медонем, ки вазъият дар кишвари шумо чї гуна аст, инти-хобот бо чи тарз баргузор мешавад.

Ин љост заъфи њукумат ва адами истиќлолияти он. Бинобар ин, мо ваќте мегўем, интихоботи шаффоф ба як миллат ва њукумати он ќудрату

истиќлолият медињад, ин як гапи холї ва бедалел нест, санљидашуда ва аз таъриху таљрибаи миллатњост. Мо дар рафтори давлату милла-ти худ, њизбњои сиёсї ва масъулин инро санљида истодаем. Пас ваќти он расидааст, ки акнун истиќлолияти давлатиро бо интихоботњои шаффо-фу озод мабнї бар раъйи воќеъии мардум ќавї бигардонем ва баъд аз интихоботи 2015, ки парлумони нав интихоб мешавад, њар масъуле рафт сари мизи музокирот бо намо-яндаи њар кишваре, бигўяд дар кано-ри ман парлумони мустаќил истода-асту ташаккулёфта аз њамаи њизбњои сиёсї, агар санадеро имзо мекунам,

ЊНИТ, ЊКТ, ЊХДТ ва дигарњо иљоза нахоњанд дод.

Дар ин њол ќудрати њукумат эњсос мешавад. Чун гуфта метавонанд, шартномае, ки њоло ба имзо мера-сонем, фардо эњтимол дар Маљлиси намояндагон ба тасвиб нарасад, чун дар он љо њизбњои сиёсии гуногун њастанд.

Вале ваќте масъулин дар мизи му-зокирот менишинанду болои онњо фишор оварда мешавад, ки имзо кунед, парлумони шумо аз ин бадта-рашро њам ќабул кардааст, агар имзо намекунед, инро худ намехоњед.

ќудратИ љоМеъаИ ШањрвандїМасъулини давлатї пуштибо-

не дар чењраи парлумон, њизбњои сиёсї, љомеъаи шањрвандї ва дар умум миллат надоранд. Љомеъаи шањрвандии ќавї, ВАО, СЃЊ, њизбњои сиёсї, иттифоќњои касаба њастанду шахсиятњои ќавии мустаќил њам, ки гоњњо садои онњо дар баробари раќибон ва абарќудратњо баланд-тару ќавитар аз садои њукумату парлумонњост.

Бале, гоњо шахсияту миллатњо њарферо мезананд, ки њукуматњо ќудрати онро надоранд. Инсофан бояд ташаккур бигўем аз љомеъаи шањрвандї, ањзоби сиёсї ва расонањои хабарии худ, ки чандин маротиба инро дар кишвари мо њам

исбот кардаанд. Агарчи бо њукумат мухолифат доранд, вале дар ма-соили њассос њамеша дар пањлуи њукумат ќарор доштанду доранд.

Агар мехоњем Истиќлолияти давлатї табдил ба истиќлолияти миллї ва истиќлолияти фардї ша-вад, бояд интихоботи соли 2015-ро тарзе баргузор кунем, ки он ба омили вањдати њукумату ањзоби сиёсї, мил-лату љомеъаи шањравандї табдил шавад. Бо ин рўњияе, ки њоло раф-та истодаем, сиёњкунии якдигар ва душмантарошиву монеъагузорињо, мутмаин бошед, интихобот дар як рўњияи нињоят муѓризона баргузор хоњад шуд.

Пояњои истиќлолиятро бояд дар мустаќилияти миллї ва фардї дид(Идома аз сањ. 5)

ДИДгОЊу

Page 7: ํНаҷот №38

18 сентябри соли 2014 7www.nahzat.tj

Аммо мардум бояд бо як чењраи хандону осуда пои сандуќњои раъй биёянд, дар чењраи пулис, аъзову нозири комиссиюни интихоботї ва масъули давлатї табассумро буби-нанд. Нашавад, ки пулиси бечораро тавре дастур бидињем, ки гўё дар майдони љанг аст. Интихоботњо ме-гузаранд ва зиндагї идома меёба-ду якдигарро боз мебинем. Вале аз њоло фазоро тарзе карда истодаанд, ки интихобот як маъракаи нињоят душвор асту раќобатњо бисёр њам шадид.

ќурбонИИ ИфротГароїМасъалаи дигаре, ки артофи он

ибрози андеша кардан мехоњам, ин рабти истиќлолияту интихобот бо вазъи љавонон ва рушди ифротгаро-ист.

Имрўз љањони Ислом, мутаассифо-на, гаравгони ду гурўњ аст: њукуматњои диктаторї ва гурўњњои ифротиву экстремистї, ки мутаассифона бо номи Ислом ва аз номи Ислом њарф мезананд. 90%-и мусалмонњо му-салмони муътадилу озодандеш ва демократихоњу мардумсолоранд, дар баробари ин, хоњони адолату каромати инсонї мебошанд. Вале њамагї аз 5 то 10 фисади онњо шояд аз ин њам камтар ифротгароянд: иф-ротгарои дунявї ва динї. Ин 90%, яъне аксарият ќурбонии њамин 10% шудааст, чунки ин 10%, чї дунявї ва чї динї ба шиддат радикаланду фаъол. Њамзамон ин гуна доирањо берў ва бепардаанд, бо сиёсатњои ѓалат ва мудирияти ѓайри воќеъї миллату кишварњоро дар ќафас нигоњ медорад, ки заминаи рушди ифротгарої гаштааст. Агар бигўем, ки радикалњои дунявї 5%-анду 90% дунявињои муътадил, вале њамон 5% бисёр берў ва ќудратманду њадафманд мебошанд, чун бо як берўї ба ќудрат расидаанду онро рањо кардан намехоњанд, баръ-акс, ба 90%-и дунявињои муътадил мегўянд, шумо муайян кунед, ки бо кї њастед? Агар бо моед, пас дунявї мебошед. Агар њамроњи озодихоњону демократњо ва исломгароњову шахсиятњои мустаќилед, пас дунявї нестед. Мавќеъатонро муайян ку-нед, ки бо мо мемонед ё бо дигарон!

Ин тоифа ба хотири он ки онњоро аз лагери дунявињо берун накунанд, ё хомўширо риоя мекунанд ё гоњ-гоње бо ифротињои ќудратманди дунявї њамовозї мекунанд. Њамчуноне ќишри мазњабї ва исломї њам дар њамин мушкилот гирифторанд. Як гурўњ аз ифротгароњои мазњабї та-шаббусро ба даст гирифта, ќоидаи бозиро муайян кардан мехоњанд, ки бигў, бо кї њастї: бо мо, ки аз номи Ислом суњбат мекунем ё бо дунявию демократ ва миллатгароњо? Агар бо мо нестї ва онњоро њамроњї мекунї, пас душмани Ислом њастї.

Бубинед, њамин гурўњи хурд, вале берўву фаъол аксарияти олами Ис-ломро, ки аз дунявию мазњабињои муътадил иборатанд, гаравгон ќарор додаанд. Як гурўњ шарои-тро ба вуљуд меоранду мардумро дар ќафаси танги сиёсї мегиранду

мегўянд: интихоботи демократї ва озод вуљуд надорад, барои љавонон имконияти рушд ва ба ањзоб имко-нияти фаъолияти озод намедињанд. Парлумон озод нест, судњо мустаќил нестанд, расонањои хабарї, бахусус телевизионњо мустаќил буда наме-тавонанд.

Мардум аз ин фазои танг ба дод омада, як гурўњи хурде аз он бо ба-ланд кардани шиорњои ифротї, бо номи мазњаб муборизаро бо шакли харобкорона ва даѓалу зишт оѓоз мекунад ва бо ин амали худ ба дасти дунявињои диктатор далел медињанд.

Онњо баъдан мегўянд, бубинед, Ислом чї гуна њаст?! Чанд нафа-реро нишон медињанд, њаракату ањзоберо, ки имрўз бегуноњонро мекушанду террор мекунанд, намо-яндаи ќавму миллатњои дигарро аз мулкњои худ берун месозанд.

Њамаи ин далел мешаванд барои душманони Ислом ва мусалмоно-не, ки дар дохили уммати исломї зиндагї дошта бошанд њам, тафак-куру андешаи онњо бо душманони Ислом њамсўст.

Акнун биёед, иртиботи ин се мафњумро бо њам пайдо намоем, ба хусус дуи охир: интихобот ва га-роиши љавонњо ба ифротгароиро. Агар дар Миср, Ироќу Сурия, Осиёи Марказї ва дар умум љањони Ислом интихоботњо озоду шаффоф бо-шанд ва љавони 25-27-сола, ново-баста аз дидгоњи сиёсии худ вориди маъракаи интихоботї шуда тавонад ва ба њадаф бирасад, агар нарасад њам, эътироф мекунад, ки интихобот шаффоф буд ва пирўз нашудан аз худаш бастагї дорад.

Њамин тавр, ў омодагї мегирад ба интихоботњои баъдї, њељ гоњ ва ба њељ ваљњ алайњи ќонун, љомеъа ва кишвару миллаташ иќдом нахоњад кард. Чун медонад, ки ќоидаи бозї шаффоф буд ва рафтораш мисли љавонони дар кишварњои демократї буда шакл мегирад.

Вале дар љањони Ислом, ба ху-сус дар кишварњои диктаторї ваќте мебинанд як интихоботи ѓайри демократї гузашта, ба умеди инти-хоботи баъдї мемонанд, вале инти-хоботи баъдї њам ѓайри демократї баргузор мешавад. Пас мегўянд, љавонии насли ман гузашт ва ба синни чил даромадам. Агар ду инти-хоботи дигар бигузарад, 50-60-сола мешаваму аз сањна берун ва бо ин фазое, ки њаст, ояндаи нек надорам, бояд истифода аз шиори тунравон кард: ё марг ё пирўзї.

ХулосаБо дарназардошт аз гуфтањои

боло ва бо таваљљуњ аз воќеъиятњо мурољиат мекунам: Дўстони азиз ва онњое, ки бо ифротгарої мубориза бурданиед, оё шумо мехоњед танњо натиљаро табобат кунед ё сабабро пайдо созед?

Ифротгарої дар њар замон пайдо мешавад. Бубинед, мардум фикр карданд, ки 100 њазор нерўи низо-мии ИМА ва НАТО ваќте вориди Афѓонистон мешаванд, масъалаи Алќоида ва Толибон бо њамин аз байн меравад. Њоло чї? Дањњо њазор инсон кушта ва дањњо миллиард дол-лар харљ шуд, вале Толибон дар љои худ боќї монданд, дар баробари ин ДОИШ аз Ироќу Сурия сар зад.

Агар адолати иљтмоъиву судї на-бошад ва љавонони миллатњои му-салмон эњсоси озодї ва ояндаи нек накунанд, бо камоли таассуф мегўям, мутмаин бошед, ки њатман аз љои дигар ин гуна гурўњњо сар боло хоњанд кард. Бинобар ин, ваќте мо мегўем, дар Осиёи Марказї, му-таассифона, нишонањои ифротгарої бисёртар шуда истодааст, аз љумла дар Тољикистон, бояд роњи њалро пайдо кард. Яъне чї бояд кард, то пеши роњи ифротгарої гирифта ша-вад?

Мо бо Њукумати ЉТ ва тамо-ми нерўњои солими љомеъа дар масъалаи пешгирї аз ифротгарої

њамфикру шарик њастем, вале дар шинохти роњи мубориза ихтилоф дорем. Онњо фикр мекунанд, ки бо бастани дари масљиду тарошидани риши љавонон, бардоштани њиљоб аз сари хоњарон ва шиорњои исломї аз љомеъа, ифротгарої аз байн ме-равад, ки аљиб тасаввурест. Оне, ки мехоњад террор анљом дињад, би-дуни симои исломї њам ин амалро пиёда сохта метавонад. Чун ин гуна афрод дар зењн аќидаи террористї дорад, на дар либосу риш.

Аммо мо пешнињод мекунем, ба мардум озодї бидињед дар чорчўбаи ќонун, адолат кунед ва адолати су-диро њам барќарор созед. Бигузор ваќте судя ќарор ќабул мекунад, ќонун ва манфиати шањрвандро меъёр ќарор бидињад, на дастурро. Љавон нањзативу исломгарост ё ком-мунисту дигар нафаре, ваќте ба суд мурољиат мекунад, бидонад, ки суд одил аст, њатто дар бањс бо њукумату прокурор ва амниятиву пулис њам адолат риоя мешавад.

Яъне охирин даргоњи умеди ин љавон суд мешавад, дар њоле ки ягон маќоми дигар њарфашро нашунид.

Шумо ба мардум интихоботи озо-ду демократї бидињед, то тавассути интихобот љавонон ва намояндагони ќишрњои гуногун бираванд ба парлу-мон, ба маљлисњои мањаллї. Шарт нест, ки 90%-ро моли як њизб намо-ем».

Дар охир суолњои зиёде њам матрањ шуданд, њам хаттї ва шифоњї, ки Муњиддин Кабирї ба таври муфассал ва мантиќї ба њар кадоме аз ин суолњо посух дод. Ќазовати чигунагии суолу посухњои рањбари ЊНИТ-ро ба суолгузорон, бахусус ба њозирини ин нишаст во-мегузорем.

Бо умеди тантанаи адолат ва таќвияти пояњои истиќлолият дар чењраи миллат ва фард-фарди он

«Наљот»

Пояњои истиќлолиятро бояд дар мустаќилияти миллї ва фардї дидМАВЌеъ

Page 8: ํНаҷот №38

www.nahzat.tj18 сентябри соли 20148

Бояд ёдовар шуд, ки лафзи мураббї дарбар-гирандаи мударрису му-аллим, падару модар ва тамоми касоне хоњад буд, ки парваришу сарпарастии фарзандону кўдакон ва на-врасону љавонон дар ўњдаи ишон вогузор шудааст.

Бинобар ин, мураббї ё му-даррис парваришдињандаи наслњост ва ислоњу фа-соди љомеъа ба таври мустаќим аз ў вобаста аст. Пас, њар ваќто вазифаи ху-дро, ки тарбияту таълим мебошад, аз рўи имону ихлос анљом дињад ва шо-гирдонашро дар як фазои одобу ахлоќи накў тарбия кунад, метавонад ќабул дошта бошад, ки ў ва шо-гирдонаш муваффаќияту

сарбаландї ва хушбахтию саъодатмандии дорайнро пайдо хоњанд кард. Дар ин љода Паёмбари Худо (с) хитобан ба њазрати Алї мегўяд: Ба Худо савганд, агар Худованд як нафар-ро ба василаи ту њидоят кунад, бароят бењтар аз уштурони гаронбањою ар-зишманд аст”.

Инчунин он Њазрат (с) фармуд: Касе хайр ва некиро барои дигарон меомўзонад (яъне онњоро таълиму тадрис медињад), њама чиз, њатто моњињо дар ќаъри бањр барои ў талаби омурзиш мекунанд.

Аммо, агар муаллим дар адои вазифа бепарвоию сањлангорї кунад ва шо-гирдонашро ба инњирофу

идеологияњои вайрон ва рафторњои зишту нодуруст роњнамої созад, бояд би-донад, ки њам худ ва њам онњоро дучори бадбахтии дунёву ќиёмат кардааст.

Паёмбари акрам (с) дар ин росто мефармояд: Њамаи шумо масъулият доред ва њар кадоматон аз зердастони худ пурсида мешавед ...”.

Пас, муаллим ё устод дар мактабу донишгоњ масъул њасту масъули-ят дорад, ки дар ќиболи донишомўзон посухгў ва барои онњо љавобгў ме-бошад. Бинобар ин, эй мураббї, эй муаллим ва эй мударриси муњтарам, ќабл аз њар чиз ва њар кас бояд худатро ислоњ намої, зеро

њар коре ту анљом медињї, аз нигоњи шогирдон зебо-ву писандида мебошад ва њар коре аз анљом дода-наш худдорї меварзї, дар назари ишон зишту нопи-санд аст!

Пас, аз ин гуфтањо чу-нин бармеояд, ки рафтору гуфтори неки мураббию муаллим ва падару модар бењтарин равиши тарбия барои донишомўзону фар-зандон аст.

вазИфаИ як МураббИИ

МуваффаќЊадафи аслии тарбия-

ву таълим њамчун васи-ла ќарор додани он дар шаклгирии шахсият аст ва бо мурури ваќт аз миёни шахсиятњо чењраи идеалу намуна арзи вуљуд кардан. Аммо яке аз вижагињои шахсияти намунавї он аст, ки бояд бо парвардигораш

дар иртибот бошад ва бар-номаи зиндагї аз гуфта-ву фармудањои Ў маншаъ гирифта, барои ислоњи љомеъа иќдоми љиддї на-мояд. Ин аст рисолати му-аллим ва њадаф аз тарби-яву таълим.

Тавре маълум аст, тарби-ят бар пояњое устувор аст, ки аз љомеъае ба љомеъаи дигар фарќ мекунад. Ма-салан, дар њоле ки пояњои тарбият дар љомеъаи коммунистї бар асоси мод-диёту мањви маънавиёт ва ќатъи робитаи донишомўз бо Парвардигораш усту-вор буд, дар љомеъаи ѓарбї бар пояи судљўию бањракашї ва худхоњию бебандуборї шакл гириф-

тааст. Аммо бидуни шак-ку тардид пояњои тарбият дар љомеъаи исломї бар асоси эљоди аќидаи солим, авотифи пок ва ахлоќи воло устувор аст, ки ин за-мина ва фурсати хубест барои шаклгирии робитаи донишомўз бо атрофиён, бахусус бо Парвардигори хеш.

Агар мо бихоњем ин ран-гу бўро дар зиндагии худ дошта бошем, пас лозим аст, ки барои парвариши мураббиёни муваффаќ дар заминаи тарбия ва таълим иќдоми љиддї на-моем. Мураббї бояд дорои шароити лозима бошад, то битавонад наќши як муал-лим ва мураббии шоистаю муваффаќро ифо намояд.

вИжаГИњоИ Мураббї

ва МуаллИМИ Муваффаќ

дар тарбИя ва таълИМ

1. Мураббии муваффаќ бояд дар заминаи кори худ моњир бошад ва њангоми таълиму равишњои омўзишї даст ба ибтикору навоварї бизанад. Тамо-ми талошњои худро барои тарбияи шоистаи шогирд ба кор гирад. Маълумоти судманд ва бештареро дар ихтиёри онњо ќарор дињад. Адабу ахлоќи барљастаро ба шогирдон биомўзад ва барои дур карданашон аз одатњои зишту нописанд кўшиш ба харљ дињад. Дар ин асно ў њам мураббї њаст ва њам муаллим.

2. Он таклифу вазифањое, ки бар дўшаш њаст, холи-сона анљом дињад, то би-тавонад бо гуфтору раф-тораш улгўи хубе барои шогирдон бошад. Он чиро, ки барои худ ва фарзандон дўст медорад, барои шо-гирдон њам дўст бидорад ва аз лаѓжишу иштибоњоти онњо даргузарад. Агар њар гоњ касеро мавриди љазо ќарор доданист, дар ављи мењрубониву дилсўзї ўро муљозот кунад. Паёмба-ри Худо (с) мефармояд: “Имони њељ яке аз шумо комил набувад, магар он чиро, ки барои худ дўст медоред, барои бародара-тон низ дўст бидоред”.

3. Яке аз хусусиятњои ди-гари муаллими муваффаќ ин аст, ки бо илму ахлоќе, ки ба донишомўз меомўзад, амал кунад, то гуфтору кирдораш мухо-лифи њам ќарор нагиранд. Дар ин љода Худованди бу-

Мураббї ва муаллими муваффаќ

Шакке нест, ки вазифаи як мураббї

байни дигар њирфаю тахассусњо бисёр

бузург ва фарќкунанда аст, ба шар-

те, ки онро холисона аз рўи имону

инсоф бо бењтарин ваљњ анљом дода,

донишомўзонро бар асоси арзишњои

миллию динї тарбия кунад. Дар чунин

сурат кори ў дар радифи арзишмандта-

рин корњо ќарор мегирад.

НАЗАРу

Page 9: ํНаҷот №38

18 сентябри соли 2014 9www.nahzat.tj

зург мефармояд: “Эй касо-не, ки имон овардаед, чаро чизеро мегўед, ки худ онро анљом намедињед? Назди Худо сахт нописанд аст, ки чизеро бигўед ва худ онро анљом надињед”.

Дар ин фармудаи Худо-ванд касоне, ки суханеро мегўянд, аммо ба он амал намекунанд, мавриди сар-заниш ќарор гирифтаанд. Паёмбари Худо (с) мефар-мояд: “Худоё, паноњ меба-рам ба Ту аз (шарри) до-нише, ки нафъе (ба одамї) намерасонад”.

4. Муаллим бояд бидо-над, ки вазифаи ў шабењ ба вазифаи паёмбаронест, ки Худованд онњоро барои њидояту омўзиши башар фиристод, то Парварди-гор ва Холиќи худро би-шиносанд. Муаллим дар ибрози муњаббату дилсўзї

нисбат ба шогирдон бояд наќши падарро иљро на-мояд. Њамчунин дар њама њолат оид ба донишомўзон ва дарси онњо масъул аст. Ў бояд донишомўзонро дар њалли мушкилот ва дигар мавридњое, ки мар-бути ўст, кўмаку ёрї ра-сонад. Паёмбари акрам (с) мефармояд: «Њамаи шумо масъул њастед ва дар ќиболи зердастонатон бозхост мешавед».

5. Муаллим бояд мутаваљљењ бошад, ки дар њузури Худованд мавриди пурсуљў ќарор мегирад, ки чї чизеро ба шогирдон омўхт? Оё барои онњо пай-до кардани роњњои дурусту роњнамоињои холисонаро анљом додааст? Паёмбар (с) мефармояд: “Худованд њар касеро, ки бар дига-рон сарпараст кардааст, мавриди муњосаба ќарор медињад, оё онро њифз кардааст ё зоеъ? То љое ки мард дар бораи хонавода-аш мавриди пурсуљў ќарор мегирад”.

Иловатан бар ў лозим аст, ки ба гунае ба онњо сухан бигўяд, ки сухано-нашро бифањманд ва бо њар донишомўз ба андо-заи дарку фањми вай сухан бигўяд. Њазрати Алї (р) мефармояд: “Бо забоне бо мардум сухан бигўед, ки мефањманд. Оё дўст до-ред, ки Худованд ва Паём-бараш такзиб шаванд”?

Бидуни шак, муал-лим бинобар мавќеияти кору шуѓлаш дар ми-ёни донишомўзоне ба

сар мебарад, ки сатњи ахлоќу тарбият ва закова-ту фањмиши онњо аз њам фарќ мекунанд. Аз ин рў, бояд ба гунае амал кунад, ки њамаи онњоро мадди на-зар дошта бошад ва дар бархўрд дилсўз бошаду ба фармудаи мураббии бузург, Паёмбари акрам (с) амал кунад, ки мефар-мояд: “Њамоно ман барои шумо ба манзалаи падар њастам ва шуморо омўзиш медињам”.

6. Муаллими муваффаќ бояд бо дигар њамкоронаш таъовуну њамкорї ва ќасди хайрхоњї дошта бошад, барои таъмини маслињати донишомўз бо њаммаслаконаш ба маш-варат ва табодули назар бипардозад, то улгўи хубе барои шогирдон бошад. Аз сўи дигар, њамаи муалли-

мон бояд Паёмбари Худо (с) -ро улгўи худ ќарор бидињанд. Зеро Худованд дар ин бора хитоб ба му-салмонон карда мефар-мояд: “Дар њаќиќат, барои шумо дар пайравї кардан аз Паёмбари Худо (с) улгў ва сармашќи некўст”.

7. Муаллими муваффаќ касест, ки аз назари илмї тавозўъ дошта бошад. Эътироф аз њаќќу њаќиќат фазилат ба шумор мера-вад. Пас њаќиќатро бояд бипазирад, то њамвора дар иштибоњот ба сар на-барад. Муаллим дар пази-руфтани њаќ ва эътироф ба он бояд ба салафи солењ пайравї дошта бошад. Зеро њар ваќто онњо ба њаќиќати чизе мутаваљљењ мешуданд, ки бар хило-фи эътиќоду назарашон асту онро мепазируфтанд. Барои исботи ин даъво, метавон ба гуфтори ибни Аби Њотам дар китоби “Муќаддимаи љурњ ва таъ-дил” такя кард. Чуноне дар ќиссаи Молик (р) ва мунса-риф шудани ў аз фатвояш пас аз шунидани њадиси Паёмбар (с) зикр шудааст.

Ишон ин масъаларо ба ин тарз овардааст, дар боби марбут ба пайравии Молик аз Паёмбар (с) ва мунсариф шудан аз фат-вояш њангоме, ки њадисеро бар хилофи назараш ба-рои ў аз Паёмбар (с) наќл карданд, Ибни Вањаб мегўяд: Шунидам, ки дар бораи хилол кардани ан-гуштони пой аз Молик са-вол карданд ва ў дар посух

гуфт, ин кор суннат нест. Ибни Вањаб меафзояд,

ман ба ў чизе нагуфтам, то ин ки мардум танњояш гу-зоштанд он гоњ гуфтам, ба эътиќоди мо ин кор суннат аст ва далел њам дорем.

Гуфт: далел чист?Гуфтам: аз Муставрид

ибни Шаддоди Ќаршї ри-воят аст, ки гуфт: ман Па-ёмбари Худо (с)- ро дидам, ки бо ангушти кўчак ангуш-тони пойњояшро хилол ме-кард. Он гоњ Молик гуфт, ин њадис њасан аст ва ман то ин лањза онро нашунида будам.

Ибни Вањаб мегўяд: баъд аз ин воќеъа, њангоме, ки Молик дар бораи ин мавзўъ мавриди суол ќарор мегирифт, ба хилол кардани ангуштони пой тавсия менамуд”.

Аз ин хотир, муаллиме, ки мехоњад зимни анљоми

в а з и ф а муваффаќ бо-шад, бояд ба њаќќу њаќиќат гардан фуруд орад, агар ду-чори иштибоњ шуд, онро эъ-тироф кунад,

ин хулќу хўи накўро ба шо-гирдон биомўзонад ва ар-зишу ањамияти тавозўъ ва пазириши њаќро низ барои онњо баён намояд.

Ў ин корро амалан дар синфхона анљом дода ме-тавонад ва њар гоњ посухи бархе аз донишомўзонро ба саволњо бењтар аз по-сухи худ дид, онро эълон кунад ва ба бартарии по-сухи фулон донишомўз эътироф намояд. Зеро ин кор боис мешавад, ки итминону эътимоди донишомўзонро љалб сох-та, шогирдонаш ўро дўст бидоранд.

Пас, чї хуб мебуд, агар њамаи муаллимон дар ма-сири ин гуна муаллимо-ни ростгў њаракат ва дар пазириши њаќиќат роњи онњоро дунбол мекарданд.

8. Муаллими муваффаќ касест, ки ба ањду паймон вафодор ва дар гуфтораш содиќ бошад, зеро садоќат дар њама њол маншаи хай-ру баракат аст. Паёмба-ри акрам (с) мефармояд: “Одамї пайваста рост мегўяд ва хоњони ростист, то ин ки назди Худованд ростгў сабт мешавад. Њастанд касоне, ки пайва-ста дурўѓ мегўянд ва дун-боли дурўѓ мераванд, то ин ки назди Худо дурўѓгў сабт мешаванд”.

Бинобар ин, садоќат ва ростгўї хулќу хўи бузург аст ва муаллимро мебо-яд, ки нињоли онро миёни донишомўзон сабз намо-яд ва бо одат додан бар ростгўї, ин сифати арзиш-

мандро дар назари онњо мањбубу дўстдоштанї љилва дињад, њатто дар шўхї кардан низ садоќат пеша намояд. Зеро Расули Худо (с) шўхї мекарданд, аммо љуз њаќ чизи дигар бар забон намеоварданд.

Муаллим, њатто ба ќасди шўхї њам набо-яд ба донишомўз дурўѓ бигўяд. Агар ба ў ваъдае дод, бояд пойбанд бимо-над, то ростгўиву вафо ба ањдро аз гуфтору кир-дораш биомўзанд. Чун-ки донишомўз суханони дурўѓро ташхис медињад, агарчи ба хотири шарм аз муаллим посухи ўро дода наметавонад.

9. Яке дигар аз вижагињои муаллими муваффаќ сабру истиќомат аст. Њангоми мувољењ шудани муаллим бо мушкилоти донишомўз ва масоили омўзишї бояд сабур бошад. Зеро сабру устуворї бузургтарин ёру ёвари ў дар кор ва пешаи муаллимист. Худованди мутаъол мефармояд: “Ва аз шикебої (сабр) ва на-моз ёрї љўед”.

Паёмбари акрам (с) низ мефармояд: “Муъмине, ки бо мардум муошират ва шишту хез дорад ва озору азияти онњоро тањаммул мекунад, бењтар аз муъми-

нест, ки бо мардум шишту хез надораду озор ва ази-яташонро тањаммул наме-кунад”.

Хулоса, мураббї ва му-аллими муваффаќ бояд дар тахассусу пешаи худ моњир бошад ва он такли-фу вазифањое, ки бар дўш дорад, холисона анљом дињад, то битавонад ба-рои дигарон хосатан ба-рои шогирдонаш улгўи хубе бошад. Аз ин хотир, ўро зарур аст, ки ба илму ахлоќи ба донишомўзон омўзонидааш амал кунад, то гуфтору кирдораш ба њам мухолиф набошанд. Чунки он вазифаи паём-баронае, ки дорад, фардо дар назди Худованд мав-риди пурсуљў ќарор меги-рад.

Њоло дар фарљоми мат-лаби хеш мехоњам тамо-ми муњассилини макотиб ва донишљўёни азиз ва дар раъси онњо муалли-мону устодони арљмандро ба муносибати фарорасии соли хониши 2014 - 2015 табрику муборакбод гуф-та, барои якояки онњо дар љодаи тарбияву таълим ва тадрису омўзиш комёбиву муваффаќият, дар зиндагї сарбаландию обрўро та-манно дорам. Ќиёмиддин Ќамарзод

Мураббї ва муаллими муваффаќ

АНДеША

Page 10: ํНаҷот №38

www.nahzat.tj18 сентябри соли 201410

Бале, тавре аз суњбат бо ин ба-родар маълум гашт, рўзи 10.09.14 ишон бо талошњои зиёд тавониста, ки бо маќомдоре дар нињодњои ВКД, маъруф ба «шестой отдел» дар утоќи кориаш дар шањри Панљакент суњбат намуда, тухмат-заниву сиёњкунињои бедалели ўро нисбати ЊНИТ ошкор ва ба исбот бирасонад.

Ќабл аз ворид шудани Сино Њасанзода ва муовини ишон Ботур Ашўров назди љаноби Ш.Арбобов, корманди шуъбаи мазкур бо номи Љамшед Туйѓунов телефонњои мо-билии онњоро гирифтан хостааст, аммо С. Њасанзода ўро њушдор дода, ки ин иљозату њаќ љињати гирифтани моликияти шахсї дар салоњияти ў нест.

«Ваќте дохили утоќи Шуњрат Арбобов шудем, ў бо асабонияти зиёд муовинамро, ки бояд суњбати моро наворбардорї мекард, беру-ни дар кард», гуфт раиси бахши ЊНИТ дар Панљакент.

Ин дар њолест, ки Ш.Арбобов, тавре С.Њасанзода иќрор кард, рўзи 18.08.2014 дар дењаи «Де-ваштич», љамоъати «Халифа Њасан»-и Панљакент нафареро бо номи Нуруллоев Њабибуллоњ Гулович бо амалњои зиддиахлоќї боздошт намуда, њафтаи гузаш-та, рўзи 04.09.2014 аз тариќи ТВ-Симо, телевизиони мањаллии Панљакент ўро њамчун узви ЊНИТ

муаррифї кард, Њабибуллоњи ќасидахону љодугари маъруфе-ро, ки солњои зиёд имоми расмии масљиди дењаи «Панї»-и љамоъати «Шинг» буд.

Бародарони нањзатї шахси-яти ўро то љое ошкор њам кар-данд, ки ќабл аз њама ин марди фосиќу љодугар дар мањдудаи ноњияи Панљакент яке аз мухо-лифони сарсахти ЊНИТ будааст. Пас суоле матрањ мегардад, ки оё истифодаи њамин гуна афро-ди ифлосу љиноятпешаанд барои сиёњ кардани номи ЊНИТ дар да-стури маќомот? Чун борњо ба ис-бот расонидаем, ки «узви ЊНИТ»-сохтанњои маќомот ба таври тањмилї сурат мегиранд ва баъди чанде аз ин гуна инсонњо ному ни-шоне боќї намемонад.

«Суњбати банда бо Ш. Арбобов ба сабаби кам будани фурсат тўл накашид, вале чанд суолеро ба ишон матрањ кардам», гуфт раи-си бахши ЊНИТ дар Панљакент, аз љумла: «љаноби сардор, то љое огоњї дорам, вазифаи Шумо мубо-риза алайњи љиноятњои муташак-кил аст, лутфан мегуфтед, ки дар кадом ќисмати кирдори Нуруллоев Њабибуллоњ љинояти муташаккил дида мешавад?

-Љаноби Сино, ман ин љо шуморо њамчун раиси як њизб ќабул наму-дам ва бояд бидонед, ки мо њамеша бо тамоми анвоъи љиноятњо мубо-

риза мебарем. Дар айни њол, Ну-руллоев Њабибуллоњро бо моддаи 320 КЉ ЉТ барои пешнињоди пора ба кормандони њифзи њуќуќ ба љавобгарї кашидаем.

-Пас маълум мешавад, ки дар амалњои зиддиахлоќии Њабибуллоњ Гулович љинояте на-ёфтеду танњо дар асоси љинояти коррупсионї парванда боз наму-дед. Вале лутфан мегуфтед, ки оё раванди дастгиркуниро кормандо-ни Шумо наворбардорї карданд?

– Ба ин савол љавоби мушаххас дода наметавонам, чунки сирри тафтишот аст.

- Набошад бо чї далел њизбияти шахси дастгиршударо пурсидед ва узви ЊНИТ буданашро маълум кардед?

- Мо аз њар нафари боздоштшу-да баёнот мегирем, аз Нуруллоев Њабибуллоњ низ баёноти хаттиву шифоњї гирифтем, ки наворашро дорем, он љо худаш иќрор шуда, ки узви ЊНИТ аст.

- Агар амали зиддиахлоќии ин мардро маълум кардаву наво-рашро низ ба намоиш гузошта тавониста бошед, чаро шахсияту њизбияти фоњишазанњоро ошкор кардан намехоњед? Шояд онњо узви ЊХДТ бошанд?

- Чи хеле гуфтам, ин корњои мо махфианд. Вале дониста бошед, ки ман нисбати њизби Шумо ягон монеъа эљод накардам, чунки њаќ надорам. Мо дар давлати демо-кративу њуќуќбунёд зиндагї до-рем, бародар.

- Хулоса, шумо бародар Ш. Ар-бобов, оё танњо дар асоси суха-ни боздоштшуда, ин муттањами фосидулахлоќро дар љаласаи фа-ъолони шањру дењоти Панљакент, њамчунин аз тариќи телевизиони мањаллї, узви ЊНИТ эълон накар-дед?

- Бале, дар он љаласа пурра шахсияти ўро баён намудам, аз

љумла узви ЊНИТ ва имомхатиби масљиди дењаи Панї буданашро низ».

Чунин ранг гирифтааст суњбати масъули ЊНИТ дар Панљакент бо яке аз маќомдорон дар ВКД, ки гўё бар зидди љиноятњои муташаккил мубориза мебарад.

Аммо тавре бародар Сино тазак-кур дод, љаноби Шуњрат Арбобов аз ин «мулло»-и љодугару касиф «худиќрорї»-њоеро дарёфт кар-дааст, ки иљборианд. Чун ваќте бо суоли дигар аз ин маќомдори ВКД рўзи боздошти ин «мулло»-ро ме-пурсад, ў бо сароњат гуфта, ки ёд надорад.

Боздоштшуда њатто вакили му-дофеъ надорад, вале маќоми ВКД гуфта, ки инро аз прокуратура пур-сед ва парванда аллакай ба суд фиристода шудааст.

Бадии кор дар он аст, ки ин гуна маќомот дидаву дониста, имому имомхатибони расмии зери тобе-ъияти Кумитаи дин бударо, дар њоле ки дар асоси моддаи 5-и Ќонуни ЉТ «Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї» њуќуќи аъзо шудан дар њизби си-ёсиро надоранд, боз њам гашта-ву баргашта, фосиќтарини онњо ва «табиб»-у љодугари гузароеро узви ЊНИТ эълон медоранд.

Пас ин љо њадафи ин гуна доирањои сиёњкор њам рушан аст.

Хеле зиёд кўшиш кардем, ки бо раќами 92.760 39 58, телефони мобайли љаноби Шуњрат Ашўров дар тамос бошему љузъиёти дига-ри масъала ва назари он љонибро низ дошта бошем, вале мутаас-сифона, муваффаќ нашудем. Ба њар њол, фикр мекунем, бародар Сино бисёре аз љанбањои ин гуна фаъолиятњоро ошкор карда таво-нистааст.

«Наљот»

ЊНИТ гуноњи маќомдори ВКД-ро ошкор кард

«Шуњрат Арбобов, сардори Шуъбаи минтаќавии мубориза алайњи љиноятњои муташаккил дар минтаќаи Зарафшон дар заминаи паст задани шаъну шарафи беш аз 40 њазор аъзои Нањзати Исломии Тољикистон бояд узрхоњї намояд», гуфт дар суњбат бо мо раиси бахши ЊНИТ дар Панљакент Сино Њасанзода.

ВОКуНИШ

Page 11: ํНаҷот №38

18 сентябри соли 2014 11www.nahzat.tj

Донишманди фарзонаи љањони Ис-лом, устоди марњум Сайид Сулай-мони Надавї дар китоби «Рисола-ти Муњаммадї» бањсеро перомуни њикмати офариниш ва ѓоятшиносии њаёт ироъа кардааст. Устод баъд аз баёни ѓояти хилќат ва њикмати он, ки дар даруни њар шайе аз ашёи ин љањон нуњуфта ва њар кадоми он њикмат ва ѓояро ба шакли муносибе, ки барои он ашё таъйин шудааст, ибрози анде-ша мекунад. Ва дар мавриди њикмату ѓояти вуљуди инсон чунин менависад: «Инсон ба иллати он ки Худованд ба ў аќли саршор, раъйи равшан, ан-дешаи жарфнигар ва дониши латиф бахшидааст, кулборе аз масъулият ва вољиботро бар уњдааш гузоштааст. Ин масъулияту вољибот дар забони шаръ ба номи «таклиф» ёд мешаванд ва ин таколиф ба эътибори ќувваи зоњирї ва ботинии одамї ба ў супурда шуда-аст. Ин масъулиятњо, ки дар њудуди тавон ва ќудрати одамист, бархоста аз бахшишњои илоњї бар ў мебошанд. Чу-нончи дар ояти карима омадааст: «Ху-дованд ќатъан њар нафсеро дар њадди тавонаш амр фармудааст »(«Баќара», ояти 286).

Худованд дар ояти дигар аз ин та-клиф ба амонат таъбир намуда мефар-мояд: «Мо амонатро бар осмонњову замин ва кўњњо арз кардем онњо, аз тањаммули он ибо карданд ва тарси-данд ва инсон онро њамл кард, дар њаќиќат ў ситамгору нодон аст», (Сураи «Ањзоб», ояти 72).

Устод тафсири ин ояти шарифро баъдан чунин баён мекунад: «Касе ба зулм ва љањл муттасиф мешавад, ки мукаллаф ба адлу дониш шуда бошад. Зулму љањл аз сифоти одамист, ки ди-гар мављудот ба он муттасиф нестанд. Зеро љуз инсон дигар њељ яке ба адлу илм мукаллаф нестанд. Бинобар ин, ду сифат аз сифоти инсон, яке зидди адл асту дигаре зидди илм. Зулм иборат аз таљовузи инсон аз њудуди муайян ва истеъмоли ќувваи феълии зохирї дар ѓайри мањал аст. Љањл бошад аз нуќсони ќувваи илмиест, ки дар инсон роњ меёбад. Дар муќобили золимон адл ва дар муќобили љоњилон олим мебошад. Адлу илм ду суфатеанд, ки инсон билќувва бад-он муттасиф ме-гардад, на ба феъл.

Бинобар ин, инсон ниёзманди адл мегардад, то ќувваи амалии худро так-мил кунад, њамчунин ниёзманди илму маърифат аст, то ќувваи илмии худро такмил намояд. Куръони карим гоњо адлро ба амали солењ ва илмро ба исми имон ном бурдааст. Чунончи Ху-дованд мефармояд: «Ќасам ба замон, ки њароина одамї дар зиёни худ аст, магар онњое, ки имон оварда, амали шоиста карданд».

Биноан касе, ки амали солењ накар-

дааст, дар њаќиќат ба худ зулмро раво дида, касе имон ба Худо наовардааст, дар њаќиќат љањл намудааст. Аз зиё-ну хусрон касе наљот меёбад, ки имон оварда, амали солењ анљом додааст. Ба ин тартиб, Худованд замонаро дар ин оят шоњиди зиёнкорон ва ањли хус-рон муаррифї намудааст. Он чи аз муњтавои ин оёт фањмида мушавад, он аст, ки маќсад аз замон њаводис ва рўйдодњоест, ки аз оѓози офарини-ши љањон рух додаанд. Таърихи љањон гувоњи он аст, ки њар миллате ба Худо имон наовард ва амали шоиста анљом надод, дар натиља хусрон дида, њалок гардидааст», (Рисолати Муњаммадї, сањ. 30-32).

Аз ин тањќиќ чунин натиља ба даст меояд, ки Худованд аз миёни њамаи махлуќот инсонро зарфи амонати Худ ќарор дода, њикмати худовандї асро-ри зиёдеро дар он захира намудааст. Илми дин ягона масдару махраљест, ки захираи ин зарфро ба сањнаи њаёт бо мизони адлу инсоф љорї намуда, пайвандњои табииро солим нигањ ме-дорад ва пайвандњои иродиро хидоят намуда, ба онњо ќотеъияту љуръати амал мебахшад. Илми дин инсонро аз банди тахмину гумон, њадсу фарзия, тавањњуму васваса, шакку шубња ва ди-гар вањмиёте, ки хоњу нохоњ дар зиндагї буруз мекунанд, наљот медињад. Ба таъбири Мавлоно:Њар касе аз занни худ шуд ёри ман,Аз даруни ман наљуст асрори ман.

Меъёри муносибатњо замоне тахайюлї ва дур аз њаќиќат бошанд, њатман таъвилњои ѓалат ва њукмњои љоњилона дар шинохти моњияти инсон ва њадафи зиндагии ў пеш хоњад омад, ки намунаи он дар тамомии тўли таъ-рих вуљуд дорад.

ИлМИ њаётМехоњем ба нуктае ишора кунем ва

он нукта ин аст, ки илми дин аз лињози њифзу амал ба он, аз осебпазиртарин илмњо мањсуб мешавад. Осебпазирї аз њайсияти њифзи илми дин он аст, ки дар њар кавме он пойдору устувор шавад, нуфузу гаъсиргузории мухолифонаш дар ањли он ќавм душвор, њатто номум-кин мегардад. Тањаввулоти таърихї ни-шон додааст, ки мусалмонон замоне рў ба инњитот оварданд, ки илми дин дар байни онњо заъиф шуд. Аз тањќиќоти донишмандони исломї чунин бармео-яд, ки бадхоњони уммати исломї чї дар гузашта ва чї дар асри њозир барномаи мубориза бар алайњи Ислом ва нуфуз дар кишварњои мусалмоннишинро аз заиф гардондани дониши динї шуруъ намудаанд ва бо тамоми тавонашон болои ин барнома кор кардаанд. Ин љо бо овардани назари усгоди марњум Ѓаззолии Мисрї иктифо карда, ба бањси илмии ин мавзўъ намепардозем. Устод менависад: «Таърихнигорон дар ин мавзўъ иттифоќи назар доранд, ки пушти љараёнњои сиёсї ё низомї ногузир бояд фалсафањои аќидатї, маънавї, адабї, њуќуќї, иљтимоъї вуљуд дошта бошанд. Њаракатњои низомї ё сиёсии фоќиди ин навъ фал-сафа бештар љангали дуздонро мемо-над, ки ба зуддї поён меёбад. Муѓулон якрўза тамоми љањонро тасоњуб кар-данд, вале ин тасоњуб тайи љангњои вањшиёнаву бошитоб сурат гирифт ва ба њамин љињат љањон тайи љангњои ши-тобон аз онњо рањо ёфт. Муѓулњо осо-ре аз худ ба љо нагузоштанд, зеро чизе дар пушташон вуљуд надошт, ки онњоро ба њаракат дароварад. Муњаммад Алї Пошо дар остонаи гирифтани хилофа-ти туркони усмонї буд, вале аз он љо,

ки ќазия танњо пуштибонии низомї дошт, ба љое нарасид. Аз як љињат ме-тавон ин ќазияро бар давлати Усмонї татбиќ дод, барои он ки ин давлат дар оѓоз бар асоси Ислом шакл гирифта буд. Муњаммад Фотењ, марди рўзадор ва ибодатгузор буд, фарзандонашро мудом ба тиловати Ќуръон ва кори шо-иста ташвиќ ва тавсия мекард. Дар оѓоз фалсафаи аќидатї вуљуд дошт, вале чанде баъд, ќазия поён ёфту њукумат шакли салтанатї ба худ гирифт.

Истеъмори Ѓарб низ дар пушти худ фалсафаи иљтимої дошт. Инќилоби Фаронса ва инќилоби коммунистї њам дар пушти худ навиштањои фикрї до-штанд. Навиштањои Жан Жак Руссо, китобњои Монетескиё ва навиштањои дигар рањбарони фикрии Аврупо дар пушти инќилоби Фаронса ќарор до-штанд.

Дар пушти њаракати исломї ё инќилоби исломї Ќуръони карим ќарор дошт ва ин рози пирўзии он буд. Њамин омил сабаб шуд, ки дар саддаи аввал дар тамоми љањони шинохташудаи он замон густариш ёбад ва њељ бахше аз дунёи онрўзаро боќї нагузорад. Вале баќияи љањон ба гунае боќї монд, ки гўё дар минтаќае соямонанд ба cap ме-баранд ва дар даруни уммати исломї зери сояи Ќуръон ва омўзањояш ме-зист. Баъд аз он ки фалсафаи Ќуръон ва фарохонии он доман барчид ва ранг бохт, уммати исломї табдил ба мар-думони шабењи муѓулон шуданд, ки бе њељ фалсафае ноогоњона мељангиданд ва дар нињоят кор ба љое кашид, ки инак мушоњида мешавад”.

Устод Муњаммади Ѓаззолї баъди изњори назари судманд, чунин натиља мегирад: “Тамоми уммат ногузир бояд ба ќонуни устувори хеш рў оварад, ар-кону пояњои бузурги ин ќонунро лузуман бояд дубора сохт, уммату љомеъањои дигар низ чунин мекунанд. Њељ кас нест, ки бигўяд, њизби муњофизакор, њизби коргар ё њизби озодагии инглис намунањои њувийятњои мустакиланд. Тамоми ин ањзоб як император до-ранд, ки онро ба љои Худо парастиш мекунанд”, («Таъомули равишманд бо Куръон», сањ. 345-348).

Иќбол низ дар ашъораш ба њамин мавзўъ ишора мекунад, ки:

Чун шавад андешаи ќавме хароб,

Нocapa гардад ба дасташ сими ноб.

Мављ аз дарёш кам гардад баланд,

Гавњари ў чун садаф ноарљманд.Бинобар ин, илми дин агар аз њофизаи

миллат зудуда шавад, њама арзишњои вуљудии уммат, ба хусус уммати мусал-мон, ки њама ќолабњои миллї ва таъ-рихияш бо Ислом поярезї ва такмил шудааст, ќимати худро аз даст хоњад дод. Масалан, оё имкони адабиёти классикро аз адабиёти замонњои дигар људо кардан вуљуд дорад? Ба фарзи ин ки агар људо карда шавад, дигар чї боќї хоњад монд? Бешак, он усулњои адабие, ки пояи асосии адабиёт аст, аз љумлаи илми арўз, маъонї, баён, бадеъ ва ѓайра куллан аз байн хоњад рафт. Чунончи, муњаќќиќони адабї мегўянд, баъд аз асри 15 адабиёт ба тадриљ инзиботи худро аз даст дода, то имрўз ба љуз шеъру сурудањои паре-шон дигар њељ бунёни муњими адабие зуњур накардааст.

Ин матлабро барои он ишора наму-дем, ки тамоми дастовардњои таъри-хии миллат, ки илми дин асоситарин такягоњи он њаст, ба њамин гуна њолат дучор хоњад омад. Бинобар ин, њифзи дониши дин њифзи њамаи буду набуди миллат ва кафили суботи давлатсози милали мусалмон мебошад.

Илми варосат

Лозим медонем бар асоси он чи дар ањодиси шариф зикр гардид, таваќќуфе дошта бошему мулоњизоте чанд нисбат ба иршодоти зикргардида дар мутуни њадис иброз намоем. Чунончи, барои донишмандон пўшида нест ва дар ин мавзўъ низ ибрози назар кардаанд, арзиши њар илме алоќаманд ба мавзўи бањси он аст. Мавзўъ њар ќадар арзишманд ва бузург бошад, дараљаи илме, ки дар бораи он бањс мекунад, ба њамон андоза оливу болост. Аз њамин лињоз, мавзўи дин, ки дар зиндагии инсон њадафи усулист, ањамияти ин илм ва он чи ба он тааллуќ мегирад, то љое муњиму арзишманд аст, ки муаллими он Худованд ва таълимгирандаи аввал ва мударрисаш паёмбаронанд. Њифзи ин илм ва таълиму тадриси он, посдорї аз њарими илми Худованд мебошад, ки њамчун дарвозаи рањмате ба рўи мардум кушода шудааст. Илми дин таъйинкунандаи маќсади зиндагии башар аст, ки тамоми фаъолияти инсонро пўшиши њидоятї мебахшад. Дар њаќиќат, метавонем бо имони комил бигўем, касоне ин илмро меомўзанду густариш медињанд, дарњои рањмати Худовандро ба рўйи љањониён мекушоянд ва аз кушода мондани он њимоят мекунанд.

(Идома дорад)

фАРЊАНг(Идома аз шумораи гузашта )

Page 12: ํНаҷот №38

www.nahzat.tj18 сентябри соли 201412

1) Паёмбар (с) чандсола буд, ки ба Мадинаи мунаввара њиљрат намуд?

а) 50 сола; б) 53 сола; в) 55 сола.

2) Дар ѓазваи Уњуд чанд сањоба ба шањодат расиданд?

а) 70-то; б) 40-то; в) 100-то.

3) Абусуфён писари Њарб сардори Макка кай ба дини ислом мушарраф шуд?

а) Соли 6-уми њиљрї; б) Як сол баъд аз фатњи Макка; в) Њангоми фатњи Макка.

4) Абуубайда писари Љарроњ дар замони хилофати кї ва-фот намудааст?

а) Умар ибни Хаттоб (р); б) Али ибни Абутолиб (р); в) Усмон ибни Аффон (р).

5) Китоби “Фатово-ал-муосира” асари кадом донишманд ме-бошад?

а) Абдулазиз ибни Боз; б) Аллома Юсуфи Ќарзовї; в) Имом Ибни Обидин.

6) Кадоме аз ин кишварњо узви созмони Шанхай намебошад?

а) Тољикистон; б) Ќирѓизистон; в) Кореяи љанубї.

7) Сураи Зумар дорои чанд оят аст?

а) 75 оят; б) 85 оят; в) 40 оят.

8) Устод Сайид Абдуллоњи Нури кадом сол ба дунё омадааст?

а) Соли 1950 мелодї ; б) Соли 1949 мелодї; в) Соли 1947 мелодї.

9) Сарвазири феълии кишвари Туркия чї ном дорад?

а) Раљаб Тайиб Урдуѓон; б) Довуд Уѓлу; в) Наљмуддин Арбакон.

10) Пойтахти кишвари Венгрия кадом шањр аст?

а) Бухарест; б) Венна; в) Будапешт.

Хонандаи муњтарам, ба хотири рушду ташаккули дониши фарњангї ва тафрењи шумо нашрия тасмим гирифт, дар гўшае аз суњуфи худ суолњоеро њузуратон матрањ намояд.

Худро санљед ва бањра гиред, хонандаи арљманд! Посухи даќиќи суолњо дар шумо-раи оянда мунташир хоњад шуд.

ИМТИЊоН

љавобИ суолњоИ ШуМораИ ГузаШта: 1)а 2)в 3)б 4)а 5)б 6)б 7)а 8)в 9)б 10)в

Ба њамин тартиб, њамаи амалњое, ки барои ризои Худованд нест, лаѓв (њабата) мешаванд ва дар ду дунё фо-идае намеоранд. Амалњое њастанд, ки барои иљрои онњо як ќисми одамон аљр мегиранду ќисми дигар не. Барои мисол, ду нафар бо об баданашонро мешўянд, маќсади якумї пок шудану омода шудан барои намоз аст, аммо маќсади дуввумї каме хунук кардани њарорати бадан. Дар ин њолат шахси аввал савоб мегирад, ба дигарї њељ савобе нест. Яъне, барои иљрои як амал мо метавонем аљр бигирем ё нагирем, њатто эњтимол сабаби љањо њам шавад (Худо нигоњ дорад!) Агар мо намоз хонем ё рўза бидорем ва ният дарёфти ризои Худо бошад, са-воб мегирем, вале ният зоњир сохтани диндорї бошад, нишонаи мунофиќии худро фош кардаем. Чуноне Худо-ванд мефармояд: «Мунофиќон Худо-ро фиреб медињанд, њол он ки Худо онњоро фиреб медињад. Ва чун ба на-моз бархезанд, бо сустї бархезанд ва барои худнамої намоз бигзоранд ва дар намоз љуз андаке, Худоро ёд на-кунанд», (сураи «Нисо», 142).

Ва боз мефармояд: «Монанди он касон мабошед, ки сармасти ѓурур ва барои худнамої аз диёри худ берун омаданд ва дигаронро аз роњи Худо боздоштанд», (сураи «Анфол», 47).

Пас, маълум мешавад, ки савоби амалњое, ки худнамоианд, нест меша-ванд, њатто моро ба ѓазаби Худованд гирифтор мекунанд. Яъне мо бояд амалњои худро танњо барои дарёфти ризоияти Худо анљом дињем ва аз риё дур бошем. Мо медонем, ки Худованд ба боигариву насаби мо нигоњ намеку-

над, балки ба амал ва ќалбамон нигоњ мекунад.

Њазрати Пайѓамбар (с) дар њадиси сањењ њафт табаќаи одамонро ном-бар кардаанд, ки дар рўзи Ќиёмат онњо дар зери соя љой мегиранд ва аз љумлаи онњо: «Касоне садаќаро чунон пинњонї медињанд, ки дасти чапашон аз он, ки дасти росташон мекунад, бе-хабар мемонад».

Яъне касе намефањмад, ки ў ба кї дод ва ба чї миќдор дод.

Худованд мефармояд: «Агар ошко-ро садаќа дињед, коре некўст ва агар пинњонї ба бенавоён садаќа дињед, некўтар аст ва гуноњони шуморо дур созад. Ва Худо ба корњое, ки мекунед, огоњ аст», (сураи «Баќара», 271).

Барои њамин ошкор кардани номи садаќадињанда ё дар рўзномаву теле-визион эълон кардани иљрои чунин амалро тавсия намедињанд, магар барои дигаронро ба иљрои он ташвиќ кардан дуруст аст.

Мо набояд фаромўш кунем, ки Ху-дованд њама ваќт аз ниятњои мо огоњ аст ва дар ин маврид мефармояд: «Њар кас дидори Парвардигори худро умед мебандад, бояд кирдори шоиста дошта бошад ва дар парастиши Пар-вардигораш њељ касро шарик насо-зад», (сураи «Кањф», 110).

Дар охир дуо мекунем, ки Худованд дилу ният ва амалњои моро аз њамаи намудњои риё пок гардонад, омин.

Бобои Шарофиддин

Зарурияти ихлос дар амал

Ихлос (садоќат) дар амалу суханонамон

барои ќабул шудани онњо назди офарид-

гор ањамияти аввалиндараља дорад. Њазрати

Умар (р) наќл кардааст: ман шунидам, ки

Расули Худо (с) гуфт: «Савоби амал аз ният

вобаста аст ва њар кас мувофиќи нияташ аљр

мегирад», (Бухорї ва Муслим).

ИНу ОН

Page 13: ํНаҷот №38

18 сентябри соли 2014 13www.nahzat.tj

- љаноби Мавлавї, аз тариќи телевезион наворњои фањшеро тањти унвони “муллои зинокор”-у “муллои фолбин” ва дигару ди-гар ба намоиш гузоштанд, ки эњтимол Шумо њам ин “сањна”-созињоро дида бошед. Шояд аф-роде, ки гумонбар дониста меша-ванд, ба кадом корњои табибї ё љодугарие машѓул буданд. вале њоло назари Шуморо дар мав-риди рисолати аслии домулло ё мулло ва љойгоњу шахсияти чу-нин як чењраи диниро бидонем, ки чї касест?

- Ба номи Худованди бахшан-даи мењрубон ва салому дуруд ба Паёмбари гиромї (с) ва олу асњобашон.

Рисолати аслии мулло ё олимони дин вориси паёмбарон будан ме-бошад ва мисдоќи ин сухани Паём-бар (с) аст, ки “ал-уламоу вараса-тил анбиё”, яъне олимон ворисони паёбаронанд”.

Дигар ба њама маълум аст, ки паёмбарони илоњї чї рисолат до-штанд.

Воќеъан, масъалаи матрањшуда, яке аз масъалањои доѓи рўз ба њисоб меравад. Мушкилї дар он аст, ки њар як табибу љодугар ва ё кадом фолбину масхарабозеро њам, мутаассифона, мулло ном мебаранд. Аввал ин ки он аф-роде, ки ин тоифа аз мардумро “мулло” мегўянд ё њамчун “мулло” хитоб мекунанд, ба вожаи “мулло” сарфањм нарафтаанду намера-

ванд ё муллоро аз фолбину табиб ё соњир фарќ намекунанд. Зеро истилоњи “мулло” ба ањли илм, ба монанди Рўдакї, Саъдї, Љомї ва дигар бузургону шахсиятњое дода мешавад, ки соњиби илму амаланд. Асли калимаи “мулло” аз “малаа”-и арабї гирифта шуда, ба маънои “соњиби илм”, пур аз илм ё лабрез аз илм будан аст. Яъне истилоњи “мулло” ба касе дода мешавад, ки олиму донишманд аст.

Вале тоифаеро, ки дар телевези-он ба мулло нисбат медињанду ба намоиш мегузоранд, онњо мутлаќо мулло нестанд ва аз фарњанги исломї хабаре њам надоранд. Ле-кин мутаассифона, онњоро афроди љоњил мулло унвон кардаанд, чун шинохте нисбати мулло надоранд ва ба дарки рисолати ў њам наме-расанд.

- Пас ин гуна доирањо аз ноогоњї нисбати рўњоният бадгўї меку-над?

- Онњо дар баробари ноогоњии худ, чунин амалро ба он хотир раво мебинанд, ки нисбати Ислом ва бу-зургони он адовату њисси бадбинї доранд. Аз ин рў, бо истифода аз дастуру имконот њарфњои носазое-ро дар баробари номи мулло исти-фода мебаранд ва наворњои сохта-ву бофтаеро пахш месозанд. Ќасд ва њадаф њам як чиз аст: афкори љомеъаро нисбат ба мулло дигар кардан ва таъсири баде расонидан ба љойгоњи ў.

Мањз њамин камбудї ва мушкилот аст, ки аксарият муллоро аз фол-бину љодугар ва ё кадом табибе фарќ намекунад, зеро нафаре, ки мулло шуд, љодугар буда намета-вонад, яъне мулло на љодугар асту на фолбину табиб њам.

Мо дар воќеъ бо исми мулло ка-серо медонем, ки пойбанди шариат ва ањли таќвову парњезгор бошад, ба монанди Мулло Али Ќорї, до-нишманди њама љабањоти улуми исломї бошад. Хадамоти ин абар-марди улуми исломиро, агар дар таърих бихонем, инсон ба ваљд ме-ояд. Ў дар тамоми пањлўњои ањкоми фаръияи амалия мумтоз, њомии дин ва Ислому муслимин буданд.

Аз рўи надонистан ва ноогоњ бу-дани худ масъулин ва доирањои манфиатхоњи замон дар тўли 70 соли даврони Шўравї бо истифо-да аз дин мардумро зери таъсири њамаљонибаи хеш ќарор дода бу-данд. Низоми ваќт ва масъулини он талош мекарданду њадаф до-штанд, ки номи Исломро аз байн бубаранд. Зимнан муллоро, ки олими Ислом ва намояндаи дин ба шумор мерафт, ба зулму асорат кашида, мавриди фишор ќарор ме-доданд.

Аз ин рў, бояд ќайд кард, ки ин фишору пастзанињои феълї идо-маи њамон фаъолиятњои зиддиди-нианд ва доирањое њам бо њамин гуна афкор вуљуд доранд. Касоне, ки нисбати дин ва нисбати мул-лову донишмандони динї нафрат доранд, онњо њоло њам бо усули

бобої муборизаи худро идома до-дан мехоњанд.

Аз ин хотир, ба такрор бояд гуфт, ки њар мусалмоне ваќте мулло бо-шад, дигар ўро љодугар ё соњир хи-тоб кардан бемаънист, чун мулло хуб медонад, ки Паёмбари Худо (с) куштани фарди соњирро иљоза додааст. Соњир, агар мард бошад, кушта ва агар зан њаст, њабс мегар-дад. Ин амал њам дар њоле амалї мешавад, ки агар њукумат ва шари-ъати исломї дар кишвар роиљ бо-шад.

- Чаро шариъат барои зан

њукми њабсро таъин кардаву ба-рои мард ќатлро?

- Барои он ки зан худ заъиф аст ва барои њамин гуна камфањмию соддагиаш шариъати исломї ба-рои ў имтиёзе ќоил шудааст. Аммо барои марде, ки бе ягон узр даст ба сењру љоду мезанад, њукми ќатл таъин шудааст. Яъне ин таќозои шариъати Ислом аст.

Вале мутаассифона, имрўз љодугарро њам мулло мегўянд, як дамгару кадом дуъохонеро њам, ки умуман аз кўчаи илму муллогї убур накардаанд.

Бубинед, ваќте мо, домулло Љомї мегўем, барои мо маълум аст, ки њазрати Љомї устоди замони ху-данд ва ин устодї аз таснифоташ баръало аён аст. Суханаш ба мис-ли дур суфтаву тањлил шудааст, ки ба дарди мардум дакка мехўрад.

ф. Муњаммадалї:

Беэњтиромї ба олим беэњтиромї бар илм аст

Имрўзњо дар шабакањои телевизионњои њукуматї наворњои фањшу зиште ба на-моиш гузошта мешаванд, ки алайњи фарњанги миллатанд. Мењвари “бањс”-и ин гуна намоишњо бадному сиёњ кар-да нишон додани муллоњо мебо-шад, ќишри муњим ва таъсиргузор дар њифзи фарњанги миллат. он њам бо номи “муллои љодугар”, “муллои фол-бин”, “муллои зинокор” ва њаргуна иборасозињои зишт. Мо тасмим гириф-тем, сари ин мавзўъ ва доирањои ибо-расоз суњбате дошта бошем, бо мавлавї Муњаммадалї Файзмуњаммад, раиси ко-миссияи тафтишотии ЊНИТ.

(Идома дар сањ 14)

МуСОЊИБА

Page 14: ํНаҷот №38

www.nahzat.tj18 сентябри соли 201414

Барои мисол, шарњи кито-би “Кофия”-и Ибни Њољиб, ки бо номи “Шарњи Мулло” машњур аст. Ин китобест аз њазрати Љомї ва дар илми нањв ё љумласозии каломи арабї иншо шуда, ки дар ин илм њамто надорад ва иддае аз олимони араб њам ба он њад мањорат надо-штанд, ки китобе дар чунин вазн тасниф кунанд.

Ана ин гуна шахсиятњоро мегўянд мулло, на ин ки на-фаре танњо бо фарќ карда-ни алиф аз лом мулло бо-шад.

Олимони тољик дар гузаш-та, дар мадориси Бухорову Самарќанд тањсил карда, ба унвони мулло соњиб ме-шуданд, њоло чї? Иддае аз ин мардуми авом номи ки-тобу илмњои диниро наме-донанд, вале ба худ унвони “мулло” гирифтаанд.

- Шумо аз самарќанду бухоро ёдовар шуде-ду дар зењнам чизе аз донишомўзони гузаш-та хутур кард. лутфан бигўед, ки дар гузашта чигуна унвони мулло-ро мардум касб мекар-данд? яъне бо чї зањмату мењнат ва дастовардњо?

- Хеле ишораи хуб. Бояд гуфт, воќеъан дар гузашта мардуми форсу тољик барои унвони “мулло”-ро ба даст овардан ба Самарќанду Бухоро, яъне ба марокизи илму фарњанг сафар ме-карданд, чандин сол тањсил карда, ба унвони мулло соњиб мегардиданд ё баъди хатми тањсил дасторбандї мешуд, баъдан ўро мулло ё домулло мегуфтанд.

Аммо њоло ин гуфтањо вуљуд надорад. Касе кам-тар риш монд ё саллае баст, ўро мулло мегўянд, дар њоле ки на аз Ќуръон бохабар асту на аз њадиси набавї. Ин нишонаи аз даст додан ё поин рафтани фарњанги мардуми мост, ки фарќ гузоштан миёни мул-ло ва ѓайримуллоро надо-рад. Камбуд њам дар њамин аст, ки мањорат ё фарњанги шинохтро надорем ё онро аз даст додам. Њар як на-фари соњибриш ва салла-банду яктакпўшро мулло гуфтан айб аст, дар њоле ки намедонем дар зењнаш чизе њаст ё на?!

Худо рањмат ку-над, њазрати Мавлавї Муњаммадљон, устоди моро, ки чор дона риш дошт.

Агар касе ўро аз ќабл на-мешинохт ё аз илмаш огоњ набуд, намефањмид, ки шахсияти мулло ва соњиби илму фарњанги Ислом аст. Яъне ишон на танњо мулло, балки нависанда ва дониш-манди бузурге буд, њатто бар ашъори Бедил му-хаммас њам иншо мекард. Ана онњоро муллои воќеъї мегўянд, на ин ки нафаре сураи мубораки “Фотиња” ё “Алњамд”-ро бо вуљуде ки хато мехонад, унвонаш “мулло” бошад.

- Пас мулло донишманд будан аст. оё чї сифатњои дигареро дар чењраи мул-ло бояд эњсос кард?

- Аввалин сифати мулло, тавре гуфтем, соњиби илм будан аст. Яъне донандаи улуми сарфу нањв, маъо-ниву мантиќ, аз ањкоми фаръияи амалия њам бояд огоњ бошад, усули дин-ро донад, аз њама муњим, аз илми фиќњ ва тафсиру њадис мањорати тадрис до-шта бошад, танњо дар њамин гуна пояњо ин гуна афродро мулло гуфта мумкин аст. Яъне мафњуми “малаъа”, аз илм комил шудан аст, аз тафсир гап зада тавониста-ну аз њадис бохабар будан, њамзамон илми фиќњро хуб донистан, то дар масоили рўзмарраи зиндагї, ба мо-нанди намоз, закоту њаљ ва ѓайра рањгум назанад ва ди-гаронро огоњ созад. Ваќте аз ин масоил огоњии комил до-рад ва метавонад ба суолњои мардум љавоб гўяд, унвони муллоро соњиб шуда мета-

вонад. Акнун ќазоват кунед, онњоеро мулло мегўянд, ки на њадис медонанду на тафсир ва аз фиќњ огоњие њам надоранд. Дар ин њол, ин тоифа мардуме, ки инсонњои беилмро мулло мегўянд, масхаракунандаи илму олиманд, ки соњирро њам мулло мегўянд. Ин нук-та ба манзалаи он аст, ки нафаре дар масоиле илм надорад, вале ўро ба њар тарз, доктору профессор, њатто академик мегўянд. Пас бояд фикр кунанд, ки дигарон дар ин бора чї мегўянд, ваќте нафаре, ки соњиби илм нест, бо унвони баланд хитобаш мекунанд?

- дар иддае аз кишварњо нафаре салла мебандад, ки соњиби илм аст ва ё ка-дом марњалаеро дар илм тай кардааст. дар воќеъ, ин саллаву якта ё љелак чї фазилат ё бартарие

дорад барои як мусал-мон?

- Истифода аз саллаву љелак ё якта ин њам як санъ-ат ё фарњанги либоспўшист, барои нафаре, ки синну со-лаш ба љое расида ё кадом шахсиятест, ки аз илми динї бохабар, агарчи да-стор бастан дар иддае аз кишварњо нишони рўњоният дониста мешавад.

Бастани салла њам яке аз суннатњои Паёмба-ри гиромї (с) аст ва амри мустањаб њам дорад. Ал-батта, салла бастан пеш аз Ислом њам вуљуд дошт ва Њабиби Худо баста-ни салларо манъ накарда буд, баръакс барои афро-ди илмдор ва он нафароне, ки пайваста дар масољид намозњои худро мегузо-ранд, фазилат ва бартарие дорад. Бо салла намоз гу-зоридан дар мазњаби мо, нисбат ба бесалла савоби бештар дорад.

Ќайд кардан бамаврид аст, ки дар Ислом тартиби пўшиши либос вуљуд до-рад. Либоси фарди намоз-хон бояд покиза ва танг набошад, тавре имрўзњо ба назар мерасад. Љои та-ассуф аст, ки мардуми мо бо ворид шудани фарњанги ѓарбї тарзи либоспўширо гум кардаву парвое њам на-доранд, ки фарзандонашон чї либос ва бо кадом тарз ба кўча мебароянд.

- Тавре иттилоъ дорем, имом Абўњанифа (р), яке аз муллоњои аршади замони худ буд ва либоси хуб ба бар дошта, саллаи зебо, њатто љомааш њам шинаму гаронарзиш будааст.

- Аслан инсон ваќте до-ранда ва соњиби неъмат њаст, бояд асари неъма-ташро зоњир намояд. Агар нафари доранда бо ли-боси фаќирона гардад, ин куфрони неъмат ва нишонањои шукр накардан ба неъматњои худодод аст.

Бояд гуфт, либос бояд хуб ва покизаву дарзмол шуда бошад. Дар як суха-наш Абўњанифа (р) гуфта-аст, Шумо саллањоро хубу бузург созед ва остини ли-босатонро кушода, то ши-нохта шавед, яъне либос бояд шинаму зебанда бо-шад...

Бо чунин тарз Имоми Аъ-зам, њамчун мулло, шогир-дони худро таъкид мекард ва он њам ба хотири он буд, ки ба онњо касе беэњтиромї

накунад. Зеро беэњтиромии уламо беэњтиромии илм аст ва беэњтиромии илм куфр. Агар касе нисбати кадом олим ва илмдоре беэњтиромї мекунад, пас ў илмро беэњтиромї кар-дааст. Паёмбар (с) дар ин маврид мефармояд, касе нисбати олиме беэњтиромї мекунад, нисбати ман беэњтиромї кардааст.

Барои њамин, беэњтиромии уламоро, ки аз љониби афроду маќомоти алоњидаи кишвар нисбати онњо сурат мегирад, иддае аз уламо ба куфр њукм кар-даанд.

- Пас ваќте навореро нисбати гумонбаре ба на-моиш гузошта, алайњаш њарфњои бад мегўянд, ки шояд ў чунин љиноят на-карда бошад, агар карда бошад њам, њукми додгоњ содир нашудааст, дар ин маврид назари Шумо чист?

- Њадафи ин гуна намоишњо маълум аст, тав-ре дар боло ишора рафт, ин бадбиниест нисбати Ислому муслимин. Вале агар амали онњое, ки чу-нин “сањна”-созї мекунанд, барќасдона бошад, кофир мешаванд, аслан ин гуна одамњо дин надоранд.

Мо тарафдори он гурўње нестем, ки фосиќу фољир бошанду бо гуноњ кардан муљозот нашаванд. Ал-батта, касе гуноњ карда-аст, бояд љавоб гўяд, чї рўњонист ва чї муаллим ё кадом корманди њукуматие.

Дар ин маврид боз њам суоле њаст, ки оё ба ин гуна амал аз ЊКТ ё ЊХДТ даст намезананд, дигар гурўњу табаќањо њам ин гуна корњоро содир наме-кунанд? Албатта, њамагуна инсон айбу нуќсон ва хатогї дорад, бубинед зиндонњо пур аз афроди гунањгор аст. Вале дар ин намоишњо фаќат дар шакли сиёњ ва паст карда нишон дода-ни исломиён аст, чї аъзои Нањзати Исломї бошад ё ѓайри он, дар њоле ки кадо-ме аз ин гуна “љинояткор”-њо аъзои ЊНИТ набуданду нестанд. Яъне асли њадаф зарба задан ба намояндаи дин ва бадном кардани Ис-лом аст. Ѓараз дин аст, ки бо ин васила худро душма-ни Ислом месозанд ва душ-мани Исломро мусалмон гуфта намешавад.

- њазрати Мавлавї, дар

ин маврид чї машварату маслињате доред ба да-стандаркорони ин гуна наворњои видеої?

- Худованд дар Ќуръони азимушшаънаш мефармо-яд: “вало таљассасў”, яъне айбљўї накунед, аз њоли мардум айб маљўед. Вале кори аввали ин тоифаи масъулин тарки амри Худо-ванд будааст, яъне айбљўї кардан.

Барои айбљўї дар кишвар нињоди масъул аст, ки ва-зифааш дунболи гумонбар-шудаву гунањгорон гаштан аст, то тибќи ќонун муљозот шаванд.

Дар Ислом њам муњтасибу муфаттишон буданд, ки ќозї њукми онњоро меба-ровард. Бале, шахсан ман њам љонибдори онам, ки љинояткор ба љазои аъ-молаш бирасад, албатта, тибќи ќонуни мављуда.

Вале бояд гуфт, ифшо кардани гуноњ як гуноњи ди-гар аст. Дар њоле ки додгоњ њукм накардааст, њељ кас њуќуќ надорад гумонбар-шудаеро гунањкор дониста, айбашро ифшо намояд.

Дигар ин ки ифшо карда-ни айби гумонбаршуда як навъ таблиѓи љиноят њам њаст.

Паёмбар (с) мефармояд: гуноњ кардан як гуноњ асту ифшо кардани он гуноњи дигар. Гуноњи бадтаринаш њам он аст, ки як гуноњро ба шакли таблиѓ ба намоиш мегузоранд. Ваќте инсоне амали зишт кард, гунањгор ё бадбахт аст, вале ин гуноњро таблиѓ намудану фош кардан, бадбахти-ву гунањгории сахттар до-рад. Яъне таблиѓу ташвиќи гуноњест ба шакли гуноњ. Аз ин рў, гуноњи дуввумї ваз-нинтар аст.

Бадбахтї дар он аст, ки гунањкори азимеро бо до-дани пора озод месозанд.

Ба њар њол, дуъо меку-нем, ки Аллоњи мењрубон кишвар ва мардуми Тољикистонро обод нигоњ бидораду сериву пуриро арзонї, роњбарони киш-варро аз хурд то бузургаш адолату тавфиќ бидињад, то фаъолияти худро сидќан пеш бубаранд.

- Ташаккур барои як чу-нин суњбати пурмуњтаво Мусоњиб Абдуррањмони

Сиддиќшоњ

Беэњтиромї ба олим беэњтиромї бар илм аст

(Идома аз сањ 13)

МуСОЊИБА

Page 15: ํНаҷот №38

18 сентябри соли 2014 15www.nahzat.tj

љоМї-донИШМандИ ИлоњИётПайѓамбарони маънї равшангарони фикранд,Дар њар куљо тапад дил, бошад љањони Љомї.Аброр сабња созанд, ањрор туњфа оранд,Хоки мазори Љомї, наќди равони Љомї.Бархост боди шавќе аз љониби Самарќанд,К-аз бўи мушкбезаш шуд зинда љони Љомї.Аз Ѓазна то Бухоро в-аз Вахш то Њирот аст,Њам љилвагоњи Љомї, њам ошёни Љомї.Таљлили ин бузургон таъзими илму фазл аст,Фархунда бод ин љашн бар пайравони Љомї.

Халилуллоњ ХалилїБа илмњои илоњиёт Абдурањмони

Љомї аз мавќеи тасаввуф ва ирфон наздик шуда, нуктањои онро аз рўи фањмиши сўфиёна ва ахлоќии худ тављењ медињад.

«ШавоњИд-ан-нубувват»Номи пурраи ин китоб «Шавоњид-

ан-нубувват ли таќвият-ил-яќини ањл-ил-футувват» буда, асоси он бар муќаддимаву њафт рукн ва хо-тима нињода шуда, дар он рољеъ ба мафњуму маънии «набї» ва «ра-сул», њаёт, тарзи зиндагї ва адабу атвори Муњаммад – пайѓамбар ибни Абдуллоњ, сияру ањвол ва каромоту фазоили пайравони ў – ањли оила-аш, чањор халифаи аввал – Абубакру Умар ва Усмону Алї, дувоздањ имо-ми гурўњи исноашара, сањобањо, то-беъин ва табаъатобеъин то табаќаи сўфия наќлу ривоятњои зиёд оварда шудааст. Муаллиф мувофиќи аќидаи ањли суннат ва љамоат доир ба маъ-нии набї ва расул бањс карда, наќлу ривоят ва гуфторњои ин гурўњро оид ба зуњури аломатњои пайѓамбарии Муњаммад(с), ки гўё пеш аз таваллу-ди ў, дар замони зиндагиаш ва баъди вафоташ ба вуќуъ пайваста будааст, далелњо ва шавоњиди пайѓамбарии Муњаммад ибни Абудллоњ, уќубати мухолифони дини ислом ва мун-кирони пайѓамбари мусулмононро мавриди баррасї ќарор медињад. Абдурањмони Љомї «Шавоњид-ан-нубувват»-ро соли 1480 бо илти-моси Алишери Навої ва шогирдо-ни дигараш, ки барои онњо пештар «Нафањот-ул-унс»-ро навишта буд, дар заминаи китобњои дар ин хусус мутолиа кардааш, навиштааст. Дар ин хусус дар оѓози он худи муаллиф хабар медињад:

Дар он ваќт итмоми ин даст дод,Ки «таммамтуњу» буд таърихи сол.Калимаи «таммамтуњу» моддаи

таърих буда, аз он 885 ба даст мео-яд, ки он санаи њиљрї буда, ба соли 1480-1481 мелодї баробар аст.

«Шавоњид-ан-нубувват»-ро Мавло-но љузви маънавии аввали «Нафањот-ал-унс» дониста, чунин мешуморад, ки ин ду китоб дар якљоягї дар бораи бузургони оини ислом тасаввуроти кофї дода метавонанд. Асари мав-риди тавсиф ба насри тарѓиботии тољикї навишта шуда, дар он њадис ва ашъори арабии зиёд ва дар ду-се маврид ашъори тољикї ба кор бур-да шудааст ва аз ин рў омўхтани он

барои муайян кардани сабку услуби насрнависии Љомї аз ањамият холї нест. Њамчунин ин асар барои ба таври илмї омўхтани таърихи ислом, аќоиди динї-тасаввуфї ва афкори фалсафии он маълумоти фаровон медињад. Барои мисол, як порчаи хурдро аз ин асар ба мулоњизаи хо-нандагон пешкаш менамоем: «Ра-сул салаллоњи алайњи васаллам шахсеро чанд шутурвор хурмо дод. Он шахс гуфт: «Ё Расулуллоњ, ме-тарсам, ки баъд аз ту маро он ато надињанд». Расул (с) фармуд, ки «Шояд бидињанд». Он шахс гуфт: «Кї бидињад?» Расул салаллоњи алайњи васаллам фармуд, ки: «Абубакр». Он шахс он суханро ба амиралмуъ-минин Алї разияллоњу анњу бозгуфт. Фармуд, ки бозгард ва бипурс, ки баъди Абўбакр маро кї он ато хоњад дод? Расул салаллоњи алайњи ва-саллам фармуд, ки: «Умар бин-ал-Хаттоб». Бори дигар амиралмуъми-нин Алї разиаллоњу анњу фармуд, ки бипурс, ки баъд аз Умар кї ато хоњад дод? Расул салаллоњи алайњи васаллам фармуд, ки: «Усмон». Алї разияллоњу анњу чун онро шунид хомўш шуд». Ва: «Имом Мустаѓфарї рањматуллоњ гуфтааст, ки љамоате дар сояи дарахтони њарам фуруд омада буданд, кўмоче пухтанд ва нонхўриш надоштанд. Яке аз эшон тир бар камон нињод ва оњуеро ши-кор кард. Дег барнишонданд ва ме-пухтанд. Ногоњ оташи азим аз зери дег берун омад ва он ќавмро тамом бисўхт, бе он ки љомањо ва матоъњои эшон бисўзад ва он дарахтонро, ки дар сояи он буданд осебе расад».

«ЧИњИл њадИс»Ин асари Љомї бо номњои «Арба-

ин», «Арбаина њадис», «Тарљумаи арбаин», «Тарљумаи чињил њадис» ва ѓайра низ шинохта мешавад. Онро Љомї соли 1481 дар муддати якчанд рўз навишта, 40 њадиси Пайѓамбарро барои осон кардани фањм ва њифзи он ба тољикї тарљума кардааст. Он аз як муќаддимаи кўтоњи мансур, асли арабии њадисњо, чињил дубайтї дар тарљумаи онњо, як љумлаи арабї ва дубайтии тољикї хотима иборат аст. Шеваи кори Мавлоно чунин аст: Ав-вал њадисњо ба арабї оварда шуда, баъд њар кадоме дар бањри хафиф ба тољикї гардонда мешаванд.

Абдурањмони Љомї њадисњоеро баргузида тарљума кардааст, ки бештар љанбаи ахлоќї дошта, оид ба дўстї, рафоќат, нигоњ доштани эњтироми модар, нафъ расонидан ба мардум, вафо ба ањд, људу сахо, бахшиш ва бахшоиш, барњам дода-ни кинаву адоват, рашку њасад, фурў нишондани буѓзу ѓазаб, пургўиву мардумозорї ва амсоли инњо бањс мекунад. Ба ин ќитъа таваљљуњ фар-моед:Некбахт он касе, ки менабарад,Рашк бар некбахтии дигарон.Сахтии рўзгор нодида,Панд гирад зи сахтии дигарон.

«Шарњи њадис», рисолаи нињоят хурд буда, бо номи «Шарњи њадиси Аберазин ал-Уќайлї» низ маълум аст. Он дар вараќи урфї аз як сањифа бештарро намегирад ва рољеъ ба

тављењи як њадисе, ки аз забони Абе-разин ал-Уќайлї оварда мешавад, бањс мекунад.

Дар нусхаи 1331 куллиёти Љомї ному нисбаи муњаддис ба тарзи Аберазин ал-Уќайлї сабт гардида, мањз њамин тарзи навишти он сањењ аст, зеро сухан дар бораи Аберазин Лаќит ибни ал-Мунтафиќ ибни Омир ибни Аќил ал-Омирї ал-Уќайлї ме-равад, ки аз асњоби Пайѓамбари ис-лом будааст.

Соли таълифи рисолаи мавриди гуфтугў номаълум буда, он бо рубо-ии зерин оѓоз меёбад:Эй пок зи њайизу мубарро зи макон,Холї зи ту не даруну беруни љањон.Аз кунњи Ту, к-аш на ном бошад, на нишон,Дар ситри амост дидаи аќлу гумон.

Худи њадис ин аст: «Мин Абира-зин ал Аќил разияллоњу ъанњ аннању ќол: Ќолат ё Расулаллоњ! Инна раб-бано ќабла ан яхлуќа халќању? Ќол: Кона фи ъамоу мо тањтању њаво, ва мо фавќању њаво ва халаќа Аршању ъалал мои»

Дар шањри ин њадис Љомї аз на-зари ањли ирфон оид ба њаќиќати мутлаќ, вањдати њаќиќии вуљуд ва касрати нисбии он, шаш дараљаи хилќат, ки баъди он инсон комил мегардад, сухан меравад. «Шарњи њадиси Аберазин ал-Уќайлї бо ин рубої поён мепазирад:Хуш он ки расидагон ба асрори ќидам,Чун дар назар оваранд ин тоза раќам.Њар њарфи хато, ки љаста бошад зи ќалам,

Шўянд ба оби афву борони карам.Рисолаи мазкур барои дониста-

ни назари фалсафии Љомї, ќудрати ў дар донистани нозукињои забони арабї, илми њадис, таърихи тасав-вуф ва фањмиши ў оид ба вањдати вуљуд, ё ин ки вањдат дар касрат ањамияти калон дорад.

«Тафсир». Давлатшоњи Самар-ќандї хабар медињад, ки Љомї дар охири умр ба навиштани тафсир машѓул буд. Аммо њаминро дар на-зар доштан лозим аст, ки Давлатшоњ тазкираи худро соли 1487 ба охир расонда буд ва баъди ин Љомї боз 5 сол умр дид ва албатта, тафсир навиштани Љомї бояд пеш аз соли 1487 сурат гирифта бошад. Дар асо-си гуфтаи муњаќќиќон ба чунин ху-лоса омадан мумкин, ки Љомї сураи «Фотиња» ва сураи «Баќара»-ро то ояти 40-ум, ки маънояш «ва аз Ман битарсед» аст, тафсир намудааст. Мавлоно Љомї дар яке аз номањояш, ки ба садри Султон Яъќуби Туркман шоир Ќозї Исои Соваљї (вафот с.1491) фиристодааст, ба ў маълум мекунад, ки дергоњ буд, ки дар хо-тири фотир мегузашт, ки «Тафсири сураи «Ихлос» ва таќрири сурати их-тисос ќаламї карда, самти арз ёбад, аммо ба воситаи тавањњуми густохї дар њайизи таваќќуф ва тарохї ме-монд… тањрики ин силсила ва тасли-ки ин марњала ба инояти… он љониб ба зуњур омад». Ин мактуб собит менамояд, ки Љомї сураи аввали Ќуръон «Фотиња»-ро дар њаќиќат њам тафсир карда, онро ба дўсташ Ќозї Исо ба Табрез фиристода будааст.

«рИсолаИ

МаносИкИ њаљ ва уМра».Дар ин рисола, ки асосан барои

фирќаи сўфия навишта шудааст, фароизу дарбоистњои аркони њаљ ва умра, одоби зиёрати марќади Пайѓамбар дар Мадина ва тарзи боздиди турбатњои бузургони дин мувофиќи мазњаби ањли суннат ва љамоат баён мегардад. Рисо-ла таљикї бошад њам, дуоњои он ва баъзе порчањои дигар арабї буда, муаллиф онро дар Баѓдод њангоми сафараш ба Маккаву Мадина бом-додони рўзи панљшанбеи 22-юми шаъбони санаи январи соли 1473 ба охир расонидааст. Дар ин хусус дар поёни бисёр нусхањои он чунин иборањо дида мешавад: «Фараѓа мин таълифињо зањватун явми-л-хамиси-сония вал-ишрина мин шаъбон-ил-мунтазам фї шуњури санатун сабъа ва сабъина ва самонамиата би мадинат-ис-саломан би Баѓдодин ва фї-њил таваљљуња ило байтуллоњ-ил-њаром ва ано ал-фаќир Абдурањмон бин Ањмад ал-Љомї…»

Гумон меравад, ки дар нусхаи асл ин иборат мављуд будааст ва дар баъзе нусхањои дигар он ай-нан кўчонда шудааст. Бинобар ин, мављудияти ин ибора њанўз автограф (нусхаи асл) будани чунин нусхањоро исбот намекунад.

Барои намуна иќтибосе аз рисолаи мазкур меорем, ки аз фоида холї нест: «Аломати ќабули њаљ дањ чиз аст: аввал зуњд дар дунё ва дуюм, иќбол бар охират ба тањсили асбоби меод ва сеюм, зањмат аз халќ дур до-штан ва чорум, тањаммули зањматњои халќ ба адами мукофоти бадињо ќавлан ва феълан кардан, панљум, дар њама ањвол бо ёрон ва њамроњон ба хулќи хуш зистан ва шашум, луќма аз халќ, он чї муяссар шавад, дареѓ надоштан ва њафтум, тарк кар-дани њар маъсияте, ки пеш аз њаљ аз вай дар вуљуд меомада ва њаштум, суњбати ёрони батолат ва љањолатро ба суњбати ањли салоњ ва адолат ба-дал кардан ва нуњум, маљолиси сањву ѓафлатро ба маљолиси зикру яќза му-авваз гардонидан ва дањум, ба гуза-ронидани њаљ уљбе дар худ нодидан ва бар касе, ки њаљ накарда бошад, такаббур нанамудан ва аломати тар-ки уљб он бошад, ки сухани њаљ дар маљолис бисёр нагўяд ва ба он ифти-хор наљўяд».

Чунон ки мебинем, ба ин масъала њам Љомї аз нуќтаи назари ахлоќи њамида наздик мешавад.

«рИсолаИ кабИрИ

МаносИкИ њаљ»Дар ин хусус шогирди Мавло-

но Абдуѓафури Лорї чунин хабар медињад: «Њазрати эшон дар мано-сики њаљ ду рисола навиштаанд, яке саѓир, ки машњур аст ва яке кабир, ки бар чањор мазњаб навиштаанд дар роњи Макка ва он дар арафот гум шуда, аз ин љињат машњур нест, аз барои он ки мусаввадаи асл на-буда». Яъне ин китоб њанўз дар соли 1472 гум шуда будааст.

Ба њамин тариќ Абдурањмони Љомї чун олими варзида дар чан-дин риштањои илму дониш сањми арљманде гузоштааст.

Тањияи С.Шарифов

Ба ифтихори 600-солагии Мавлоно Абдурањмони љомї

чеЊРА

Page 16: ํНаҷот №38

www.nahzat.tj18 сентябри соли 201416

Муњаррир:Њикматуллоњ

САйФуЛЛоЊЗоДА[email protected]

Телефон: 918-66-98-46

Котиби масъул:Шоњ Абдї

Хабарнигорон: Субњияи Њомид

Умед Сиддиќшоњ

Нашрия дар сомонаи

www.nahzat.tj ќобили дарёфт аст

Телефон: 625-77-28

Њафтавор тањти раќами

0104/рз дар Вазорати

фарњанги

љумњурии Тољикистон

номнавис шудааст ва бо

теъдоди 4300 нусха дар

матбааи “Муаттар”-и

ЊНИТ ба чоп мерасад.

Супориши раќами 170.

Нархаш шартномавї.

Суратњисоби мо:

20402972316264,

«АМОНАТБОНК»

НИШОНИИ ИДОРА: ш. Душанбе, кўчаи Борбад, хонаи раќами 1, дафтари марказии Њизби Нањзати

Исломии Тољикистон, ТеЛ: 625-77-28

Њафтанома дар заминаи гуногунандешї маќолањоеро

низ ба нашр мерасонад, ки хилофи мавќеи ЊНИТ

ва нашрия мебошанд. Масъулияти дурустии

аснод ва далели њамагуна маводи воридшуда ба дўши

муаллифон аст.Дастхат ва аксњо

баргардонида намешаванд.«Наљот» меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистиро дар Тољикистон эътироф

намудаву менамояд. Нашрия аз гузориши

хабаргузорињои «Авесто», «Tojnews», «Азия плюс»,

«Ozodagon», «форс», «Islamnews/ru», сомонаи

родиоњои «Озодї» ва «ВВС», истифода мекунад.

Гар гурезї бар умеди роњате,З-он тараф њам пеш ояд офате.Њељ кунље бе даду бе дом нест,Љуз ба хилватгоњи Њаќ ором нест.

(Мавлонои Румї)

аз калоМИ раббонїОнњое, ки ба оятњои Худо куфр ме-

варзанд ва паёмбаронро ба ноњаќ мекушанд ва аз миёни мардум онњоеро, ки ба адл амр менамоянд, ба ќатл мерасонанд,онњоро, њатман, ба азоби дардноке мужда бидењ! (сураи «Оли Имрон», ояти 21).

Онњо касоне мебошанд, ки аъмо-лашон дар дунё ва охират ботил (ва нобуд) гаштааст ва барояшон њељ (њомї ва) мададгороне набошад (су-раи «Оли Имрон», ояти 22).

Пас чї гуна (бувад њол) ваќте, ки љамъ кунем ишонро дар рўзе, ки њељ шакке нест дар он ва тамом (пурра) дода шавад њар шахсеро љазои он чиро амал карда ва ишон ситам кар-да нашаванд (сураи «Оли Имрон», ояти 25).

аз ањодИсИ ШарИфПаёмбар (с) мефармоянд:«Њар кї

се духтар дошта бошад ва онњоро љой дињаду парвариш намояд ва ба онњо рањм намояд, барояш албатта, љаннат вољиб мегардад. Пас аз ми-ёни мардум марде савол кард: Эй Расули Худо (с), агар ду духтар до-шта бошад? Фармуданд: агарчи ду духтар дошта бошад»

Паёмбар (с) инро се бор такрор намуданд: «Вой бар њолаш, вой бар њолаш, вой бар њоли касе, ки падару модараш назди ў ба пирї расиданд, яке аз ишон ё њар дуяшон, вале ў (ба сабаби хидмат накардани ишон ва ба даст наовардани ризояшон) дохили љаннат нагашт» ( ба ривояти Имом Муслим).

Абдуллоњ ибни Умар (р) ривоят мекунад, Паёмбар (с) мефармоянд: «Ман шуморо даъват мекунам, ки ба Худо ширк наёваред, нафсеро, ки Худованд њаром намудааст, ба ноњаќ накушед, зино накунед, дуздї накунед ва маводи масткунанда-ро нанўшед. Њар касе, ки инњоро анљом дод, њадди шариатро ба ў љорї мекунам ва он барояш кафо-рат мешавад. Ва њар киро, ки Ху-дованд ўро пўшонад, пас њисоби ў дар дасти Худованд аст. Аммо касе, ки ин гуфтањои болоро анљом на-дод, ман барояш љаннатро кафолат медињам» (ривояти Насої).

Паёмбар (с) фармуданд:«Њамоно, ки дунё ширину сабз аст ва Худо-

ванд шуморо дар он халифа гардо-нидааст ва ба сўятон менигарад, ки чї гуна амал мекунед. Пас шумо аз дунё њазар кунед ва аз занон њазар кунед, зеро аввалин фитнаи банї Исроил дар занон буд» ( ба ривояти Имом Муслим).

аз калоМИ

ёронИ расулуллоњ (с)Мардуми камњавсала ва пастфи-

трат њарисони љањонанд (њазрати Абубакри Сиддиќ (р)).

Ба ёд дошта бошед, Худованд (љ) њељ ќавмеро комёб намесозад, то нияташон дуруст набошад (њазрати Умар (р)).

На он ќадар мумсикї кунед, ки њељ масраф накунед ва на он ќадар фарохдилї, ки чизе намонад (њазрати Усмон (р)).

Бењтарин сухан он аст, ки гўш аз шунидани он безор набошад ва зењн аз шунидани он озор набинад (њазрати Алї (р)).

Рўзе Талња (р) як ридо (болопўш, або)-и фохире бар тан дошт ва дар роњ мерафт, ки ногањон як марде њамроњаш шуд, сипас бо њиллае ри-доашро аз танаш дуздида гурехт. Мардум ўро дошта гирифтанд, ле-кин ваќте ки Талња (р) њоли ўро дид, аз рањму шафќат гуфт: Баргардоне-даш бар ў!! Пас њангоме дузд Талња (р)-ро дид, хиљил шуда сарашро љунбонида, ридоро ба назди Талња (р) гузошт. Аммо Талња (р) аз рўи њилму тавозуъ ба ў гуфт: «Бигир, Худованд (љ) баракат бидињад туро дар ин либос, ба тањќиќ ман аз Худо (љ) шарм мекунам, ки шахсе дар ягон чизи ман орзу кунаду ман ўро ноу-мед созам» (аз китоби «Њулият-ул-авлиё»1\88).

аз ГуфторИ бузурГонАз бухлу (њасад) дурї гузин, ки он

одамро расво месозад (Имоми Аъ-зам (р)).

Рўзи растохез, ки «Имрўз муњр менињем бар дањонашон ва су-хан мегўяд бо мо (гувоњї медињад) дастњояшон ва низ гувоњї медињад пойњояшон ба амале, ки мекарданд (дар дунё) (сураи «Ёсин» ояти 65), шаммае аз хасоиси ўст, агар Расу-ли Худо рўи худро аз шумо тофта (бигўяд:)«Эй душманону бадхоњони шариати анвари Ман, аз Худо на-тарсидед, мулоќоти имрўзаи моро мулоњиза накардед, ба шариати матини Ман, ки ба шумо амонат супорида будам, хиёнат намудед,

мењнатњоеро, ки барои тамњиди асоси ин дини ќавиам кашида бу-дам, зоеъ сохтед, биравед эй хо-инони њуќуќи шаръ, эй дуздони авомири илоњї, «Ин он дўзахест, ки ваъда дода мешуд шуморо» (су-раи «Ёсин» ояти 63), гўяд, ба љуз шармандагї чї узре доред? (аз ки-тоби «Мунозара»-и Абдурауфи Фи-трат).

Мамлакат бояд иќтисоди сањењ до-шта бошад, дар ѓайри ин сурат во-баста хоњад шуд, аммо аз иќтисод муњимтар фарњанги сањењ аст ва агар фарњанги сањење дар мамлакат барќарор набошад, мамлакат навка-ри аљнабињо мегардад ва ба домани ину он меафтад.

Љињод дар Ислом мунњасир дар маънои набард ва ќитол бо тир ва найза ва шамшер нест, чунон ки дар њадиси сањењ аз Паёмбар (с) риво-ят шуда, ки аз Њазраташ суол шуд: кадом љињод бартар аст? Паёмбар (с) фармуд: «Гуфтори њаќќе дар муќобили подшоњи золиме (доктор Юсуф Ќарзовї).

Зиндагї аз хушї ва нохушї ба-рои хирадманд саросар тамошо ва тафрењ аст (Муњаммади Њиљозї).

Њакимон гуфтаанд: «Оби њаёт агар фурўшанд филмасал (барои мисол) ба оби рўй доно нахарад, ки мурдан ба иллат, бењ аз зиндагонї ба ма-заллат (Саъдии Шерозї).

Мардуми Тољикистон баъд аз ни-зои дохилї як зиндагии метавон гуфт тинљу осоиштае ба худ касб кардаанд, аммо то ба њол ангезањои зери хокистар нињонанд, ки мета-вонанд њар лањза аланга гиранд ва сулњу амнияту осоиштагии киш-варро мувољењ ба хатар гардонанд (устод, Сайид Абдуллоњи Нурї).

Ваќте интихобкунанда ба касе овоз медињад, гўйё дар њаќќи ў шањодат медињад, ки ў аз назари амонат, диёнат, салоњияти ин корро дорад. Агар воќеъан, овоздињанда медонад шахсе, ки ба ў овоз медињад, орї аз ин сифот аст, алораѓми он ба вай овоз медињад, инро шањодати дурўѓ мегўянд, ки аз љумлаи гуноњони ка-бира аст (устод Муњаммадшариф Њимматзода).

Нависанда њам монанди бофанда аст. Мебофад.

Агар вай матоъ ва гилем бофад, ин китоб мебофад.

Аммо агар вай аз нахњои зери да-сташ бофад, ин аз торњои асаби худ мебофад. (професор Р. Мусулмони-ён).

Фароњамсоз Муњиддин Асозода

Панду андарз

Раёсати шуъбаи Навоњии тобеъи марказ, њамчунин раёсати бахши ЊНИТ дар шањри Вањдат нисбати даргузашти модари мењрубони Сайидљаъфар Њасанов, узви фаъоли њизб, сокини шањри Вањдат ба ишон ва пайвандону наздикони марњум тасаллият арз медоранд.

Раёсати бахши ЊНИТ дар вилояти Суѓд нисбати даргузашти модари котиби бахши ноњияи Б. Ѓаффуров, Нуров Алиљон, изњори тасаллият намуда ба фарзандони марњум сабри љамил хоњонанд.

Кормандони бахши ноњиявии ЊНИТ дар шањри Исфара ба Маљидов Њодибой бинобар даргузашти модарашон ва ба Мансуров Насиббой бо даргузашти модаркалонашон изњори њамдардї менамоянд. Инна лиллоњи ина илайњи рољиъун.

ТАъЗИЯ

НАСИЊАТ гЎШ КуН, љОНО...