26
1 ҚАРЗИ №5593-TJ СОЗИШНОМА ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРӢ (Лоиҳаи рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ - РАОМ) байни ҶУМҲУРИИ ТОҲИКИСТОН ва АССОСИАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РУШД аз ________ соли 2015

ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

  • Upload
    others

  • View
    1

  • Download
    0

Embed Size (px)

Citation preview

Page 1: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

1

ҚАРЗИ №5593-TJ

СОЗИШНОМА ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРӢ

(Лоиҳаи рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи

Марказӣ - РАОМ)

байни

ҶУМҲУРИИ ТОҲИКИСТОН

ва

АССОСИАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РУШД

аз ________ соли 2015

Page 2: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

2

ҚАРЗИ №5593-TJ

СОЗИШНОМА ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРӢ

Созишномаи мазкур “__” ________ соли 2015 байни Ҷумҳурии

Тоҷикистон (“Грантгиранда”) ва Ассотсиасияи Байналмилалии Рушд

(“Ассотсиасия”) ба имзо расонида шудааст. Грантгиранда ва

Ассотсиатсия ба мувофиқаи зайл расиданд:

АЗБАСКИ:

(А) Ассотсиатсия мактуби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии

Тоҷикистонро аз 4 ноябри 2014 гирифт, ки ҷонибдории онро аз

Барномаи рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказии (РАОМ) ба беҳтар

намудани алоқаи нақлиётии байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ

тавассути қитъаҳои роҳи афзалиятноки байнисарҳадӣ, дастгирии

беҳбудӣ дар таҷрибаи истифодабарӣ ва нигоҳдории роҳҳо (Барнома)

равонагардида тасдиқ менамояд; ва

(В) Бо қаноатмандӣ аз асоснокии техникию иқтисодӣ ва

афзалиятнокии лоиҳаи (Лоиҳа) дар Замимаи 1 ба Созишномаи мазкур

тавсифёфта Грантгиранда бо мактуб аз 19 апрели соли 2013 ба

Ассотсиатсия муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки дар маблағгузории

Лоиҳа ҳамчун марҳилаи дуюми барномаи РАОМ мусоидат карда шавад;

Грантгиранда ва Ассотсиатсия бо Созишмаи мазкур ба мувофиқаи

зайл расиданд:

МОДДАИ 1 – МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ, МАФҲУМҲО

Page 3: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

3

1.01. Шартҳои умумӣ (тавре дар Замима ба Созишномаи мазкур дарҷ

ёфтаанд) ҷузъи ҷудонопазири Созишномаи мазкур ба шумор

мераванд.

1.02. Агар аз матн маънои дигар барнаояд, истилоҳоти бо ҳарфи калон

овардашудае, ки дар Созишномаи мазкур истифода гардидаанд,

дорои ҳамон маъное мебошанд, ки дар Шартҳои умумӣ ё Замима

ба Созишномаи мазкур дода шудааст.

МОДДАИ II - МАБЛАҒГУЗОРӢ

2.01. Ассотсиасия дар асоси мўҳлату шартҳои дар Созишномаи мазкур

баёншуда ва ё зикргардида, ҷиҳати расонидани кўмак дар

маблағгузории лоиҳа, ки дар Замимаи 1 ба Созишномаи мазкур

(“Лоиҳа”) тавсиф ёфтааст, розӣ аст ба Грантгиранда ба маблағи

ҳамарзиш ба бисту шаш миллиону панҷсад ҳазор Ҳуқуқҳои

Махсуси Қарзӣ (26 500 000 ҲМҚ) қарз (“Маблағгузорӣ”) пешниҳод

намояд.

2.02. Грантгиранда воситаҳои Маблағузориро метавонад мутобиқи

муқаррароти Фасли IV Замимаи 2 ба Созишномаи мазкур гирад.

2.03. Андозаи ҳадди аксари хидматонаи аз ҷониби Грантгиранда бинобар

захиракунии Бақияи маблағҳои нагирифтаи Маблағгузорӣ

пардохташаванда нисфи як фоизро (1/2 аз 1 %) дар як сол ташкил

медиҳад.

2.04. Мўҳлати пардохт 15 май ва 15 ноябри ҳар сол мебошад.

2.05. Маблағи асосии Қарз мутобиқи ҷадвали пардохти дар Замимаи 3 ба

Созишномаи мазкур пардохта мешавад.

2.06. Асъори пардохт доллари ШМА мебошад.

МОДДАИ III - ЛОИҲА

Page 4: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

4

3.01. Грантгиранда ҷонибдории худро аз ҳадафҳои Лоиҳа баён

менамояд. Бо ин мақсад Грантгиранда татбиқи Лоиҳаро тавассути

Вазорати нақлиёт мутобиқи муқаррароти Моддаи IV Шартҳои

умумӣ таъмин менамояд.

3.02. Бо муқаррароти Фасли 3.01. Созишномаи мазкур маҳдуд нашуда ва

ба истиснои ноилшавӣ ба созиши дигар байни Гратгиранда ва

Ассотсиатсия, Грантгиранда татбиқи Лоиҳаро мутобиқи

муқаррароти Замимаи 2 ба Созишномаи мазкур таъмин менамояд.

МОДДАИ IV – ЭЪТИБОР ПАЙДО КАРДАН; ҚАТЪИ АМАЛ

4.01. Шартҳои иловагии Эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур

чунинанд:

(а) Созишномаи дар бораи маблағгузорӣ (Созишномаи грантӣ)

аз номи Грантгиранда дар натиҷаи амалҳои зарурии Ҳукумат

ба таври дахлдор маъқул дониста ва ё тасдиқ карда шуда,

ҳамаи шартҳое, ки ҷиҳати эътибор пайдо кардан ё барои дар

доираи он гирифтани маблағ ҳуқуқ пайдо кардани

Грантгиранда (аз эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур

фарқкунанда) заруранд, иҷро шаванд.

(б) Грантгиранда оид ба насб ва мутобиқсозии таъминоти

барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии

муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ қарордод

баста, омўзиши кор бо системаи навро барои истифодаи он аз

ҷониби кормандони муҳосиботи худ ва машваратсӣ оид ба

идоракунии молия пешбинӣ намояд.

(в) Грантгиранда барои расонидани кўмак ба сармуҳосиби

Вазорати нақлиёт дар татбиқи Лоиҳаи мазкур қарордоди

қобили қабули Ассотсиатсияро дар хусуси кирояи

машваратчӣ оид ба идоракунии молия ба имзо расонад.

4.02. Мўҳлати ниҳоии эътибор пайдо кардан яксаду ҳаштод (180) рўз пас

аз санаи ба имзо расонидани Созишномаи мазкур мебошад.

Page 5: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

5

4.03. Бо мақсади риояи Фасли 8.05. (б) Муқаррароти умумӣ, мўҳлати

қатъ гардидани амали ўҳдадориҳои Грантгиранда тибқи Созишномаи

мазкур (ба истиснои ўҳдадориҳои пардохт) бист (20) солро аз санаи ба

имзо расидани Созишномаи мазкур ташкил медиҳад.

МОДДАИ V - НАМОЯНДАГОН; СУРОҒАҲО

5.01. Намояндаи Грантгиранда Вазири молияи Грантгиранда мебошад.

5.02. Суроғаи Грантгиранда:

Вазорати молия

кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3

Душанбе, 734025

Ҷумҳурии Тоҷикистон

(992-372) 213320

5.03.Суроғаи Ассотсиатсия:

International Development Association

1818 H Street, N.W.

Washington, D.C.20433

United States of America

Суроғаи телеграф: Телекс: Факс:

INDEVAS 248423 (MCI) 1-202-477-6391

Washington, D.C.

СОЗИШНОМА дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сана ва

соли дар боло зикргардида ба имзо расонида шуд.

Аз тарафи ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Page 6: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

6

Имзо____________________

Намояндаи масъул

Насаб, ном ва номи падар:_________________________

Вазифа:_________________________

Аз тарафи АССОСИАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РУШД

Имзо____________________

Намояндаи масъул

Насаб, ном ва номи падар:_________________________

Вазифа:_________________________

ЗАМИМАИ 1

Page 7: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

7

Тавсифи Лоиҳа

Мақсади Лоиҳа беҳтар намудани алоқаи нақлиётии байни

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ва тавассути қитъаҳои роҳи

афзалиятноки байнисарҳадӣ дар вилояти Суғд, ҳамзамон дастгирии

такмил додани таҷрибаи истифодабарии роҳҳо ва идоракунии дороиҳои

марбут ба роҳ мебошад.

Лоиҳа аз қисмҳои зерин иборат мебошад:

Қисми 1: Таъмири асосии қитъаҳои роҳи афзалиятнок дар

вилояти Суғд

Таъмири асосии қитъаи роҳ бо дарозии тахминан 70 километр дар

вилояти Суғд қад-қад ва наздикии роҳи пайвасткунандаи Кучқоқ-Ким-

Исфара-Гулистон, Деҳмой-Пролетар-Маданият и Конибодом-Патар

тавассути иҷрои корҳо хизматрасонии машваратӣ.

Қисми 2: Такмили таҷрибаи истифодабарии роҳҳо ва идоракунии

хоҷагии роҳ

Таъминот бо молҳо ва расонидани хизматҳои машваратӣ ҷиҳати

такмили таҷрибаи истифодабарии роҳҳо ва идоракунии хоҷагии роҳ, бо

шумули: (i) омўзиши стандарту меъёрҳои стандартӣ ва андозаҳои вазни

воситаҳои нақлиёт, сарборӣ ба меҳвар ва меъёргузорӣ, таҳияи нақшаи

назорати сарборӣ ба меҳвар ва маблағгузории таҷҳизоте, ки барои амалӣ

намудани нақшаи назорати сарборӣ ба меҳвар; (ii) хариди

профилографи марбут ба роҳ; ва (iii) дастгирии ҷорисозии ниҳоии

системаи идоракунии хоҷагии роҳ ва таҳияи Стратегияи рушди бахши

нақлиёт дар Вазорати нақлиёти Грантгиранда.

Қисми 3: Идоракунӣ ва татбиқи Лоиҳа

Дастгирии ҳамоҳангсозӣ, татбиқ ва идоракунии Лоиҳа тавассути

пешниҳоди молҳо хизматрасонии машваратӣ, Таълим ва маблағгузории

хароҷоти иловагии амалиётӣ, аз ҷумла аудити берунаи Лоиҳа.

Page 8: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

8

ЗАМИМАИ 2

Иҷрои Лоиҳа

Фасли 1. Механизмҳои иҷро

А. Механизмҳои институтсионалӣ

Грантгиранда Лоиҳаро мутобиқи механизмҳои зерини

институтсионалӣ ва механизмҳои дигар амалӣ менамояд:

1. Грантгиранда тавассути Вазорати нақлиёт амал карда,

Лоиҳаро мувофиқи талабот, меъёрҳо, механизмҳои ташкилӣ ва

расмиёти амалиётии дар Дастури амалиётии Лоиҳа, Санади қолабии

сиёсати муҳоҷират ва баҳодиҳии таъсиррасонӣ ба муҳити зист (БТМЗ)

амалӣ менамояд ва бе розигии пешакии Ассотсиатсия гузашт кардан,

ворид намудани тағйирот, бекор кардан ё даст кашидан аз иҷрои ягон

муқаррароти Дастури амалиётии Лоиҳа, Санади қолабии сиёсати

муҳоҷират ва БТМЗ наметавонад.

2. Дар давоми тамоми мўҳлати татбиқи Лоиҳа Грантгиранда

Гурўҳи татбиқи Лоиҳаро (ГТЛ) бо захираҳои ташкилию кадрӣ ва

супоришҳои техникии қобили қабули Ассотсиатсия таъмин менамояд.

3. Грантгиранда дар давоми ду (2) моҳ аз санаи эътибор пайдо

кардани Лоиҳа пурракунии штатҳои ГТЛ-ро бо хизматчиёни дахлдори

давлатӣ ва ба имзо расони шартномаҳои меҳнатиро бо машваратчиёни

махсуси дар банди 2 боло зикргардидаи ҳар яке дорои тахассусу

таҷрибаи қобили қабули Ассотсиатсия таъмин менамояд.

Page 9: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

9

В. Пешгирии коррупсия

Грантгиранда татбиқи Лоиҳаро мутобиқи муқаррароти Дастур

оид ба пешгирии коррупсия таъмин менамояд.

С. Чораҳои муҳофизат

1. Грантгиранда тавассути Вазорати нақлиёт амал карда, ўҳдадор

мешавад, ки:

(а) то оғози ҳар гуна корҳо дар қаламрави татбиқи Лоиҳа дар он

қитъаҳои роҳе, ки дар онҳо метавонад ҷудо кардани замин ё

кўчонидани аҳолии маҳаллӣ талаб карда шавад, мутобиқи

Санади қолабии сиёсати муҳоҷират Нақшаи инфиродӣ ё

Нақшаи амалиёти қобили қабули Ассотсиатсияро оид ба

кўчонидани аҳолӣ таҳия менамояд, инчунин тибқи

муқаррароти Санади қолабии сиёсати муҳоҷират чунин

Нақшаи амалиётро интишор намуда, аз рўи он машваратҳо

мегузаронад;

(б) Лоиҳаро мутобиқи Нақша ё Нақшаҳои муҳоҷират вобаста ба

ҳолати мушаххас амалӣ менамояд;

(в) ягон муқаррароти Нақша ё Нақшаҳои муҳоҷират вобаста ба

ҳолати мушаххас бе розигии пешакии Ассотсиатсия тағйир

намедиҳад, боз намедорад ё бекор намекунад.

2. Грантгиранда тавассути Вазорати нақлиёт амал карда,

(а) то оғози ҳар гуна корҳо аз рўи Лоиҳа дар Нақшаи инфиродии

амалиёт оид ба ҳифзи муҳити зисти қобили қабули

Ассотсиатсияро мутобиқи БТМЗ таҳия менамояд;

(б) Лоиҳаро мутобиқи БТМЗ ва Нақшаи инфиродии амалиёт оид

ба ҳифзи муҳити зист амалӣ менамояд;

(в) ягон муқаррароти Нақшаи инфиродии амалиёт оид ба ҳифзи

муҳити зистро бе розигии пешакии Ассотсиатсия тағйир

намедиҳад, боз намедорад ё бекор намекунад.

Page 10: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

10

Фасли II. Мониторинг, ҳисобот ва баҳодиҳии Лоиҳа

А. Ҳисобот оид ба Лоиҳа

1. Грантгиранда мониторинг ва баҳодиҳии ҷараёни татбиқи Лоиҳаро

гузаронида, мутобиқи муқаррароти Фасли 4.08 Шартҳои умумӣ

ва дар асоси индикаторҳои қобили қабули Ассотсиатсия оид ба

Лоиҳа ҳисобот тартиб медиҳад. Ҳар чунин Ҳисобот оид ба Лоиҳа

як давраи давомнокиаш як нимсолаи тақвимиро дар бар гирифта,

бояд на дертар аз чилу панҷ (45) рўз пас аз гузаштани давраи

ҳисоботие, ки чунин ҳисобот фаро мегирад, ба Ассотсиатсия

пешниҳод карда шавад.

2. Барои ҳадафҳои Фасли 4.08(с) Шартҳои умумӣ ҳисобот дар бораи

татбиқи Лоиҳа ва нақшаи бо он вобаста, ки тибқи Фасли

зикргардида зарур аст, ба Ассосиатсия на дертар аз 28 феврали

соли 2020 пешниҳод карда мешавад.

3. То 30 июни соли 2017 ё дигар чунин мўҳлате, ки бо Ассотсиатсия

мувофиқа карда мешавад, Грантгиранда якҷоя бо Ассосиатсияи

шарҳи фосилавии амалӣ намудани чорабиниҳоро дар доираи

Лоиҳа (Шарҳи фосилавӣ) мегузаронад. Пас аз гузаронидани чунин

Шарҳи фосилавӣ Грантгиранда бояд барои андешидани тадбирҳои

бо Ассотсиатсия мувофиқашуда оид ба ислоҳи камбудиҳо зуд ва

саъю талош амал кунад.

В. Идоракунии Молиявӣ, ҳисоботҳои молиявӣ ва аудит

1. Грантгиранда пешбурди низоми идоракунии молиявиро

мувофиқи муқаррароти Фасли 4.09 Шартҳои умумӣ амалӣ ва ё

таъмин менамояд.

2. Грантгиранда ҳисоботи фосилавии семоҳаи аудитнашудаи

молиявиро оид ба Лоиҳа на дертар аз чилу панҷ (45) рўз пас аз ба

Page 11: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

11

охир расидани ҳар семоҳаи тақвимӣ таҳия ва ба Ассостсиатсия

пешниҳод менамояд, ки шаклу мазмуни он Ассосиатсияро қонеъ

мегардонанд.

3. Грантгиранда аудити Ҳисоботҳои молиявии худро мутобиқи

муқаррароти Фасли 4.09 (б) Шартҳои умумӣ ва мутобиқи

Стандартҳои байналмилалии аудит таъмин менамояд. Ҳар аудити

Ҳисоботҳои молиявӣ бояд давраи давомнокиаш як соли молиявии

Грантгирандаро дар бар гирад. Ҳисоботҳои молиявии аудитшуда

барои ҳар як чунин давра бояд ба Ассосиатсия на дертар аз шаш

(6) моҳи ба охир расидани чунин давра пешниҳод карда шаванд.

Фасли III. Харид

А. Умумӣ

1. Молҳо, корҳо ва хизматрасониҳои ғайримашваратӣ. Хариди

тамоми молҳо, корҳо ва хизматрасониҳои ғайримашваратии барои

татбиқи Лоиҳа заруре, ки маблағгузории онҳо бояд аз ҳисоби

воситаҳои маблағгузорӣ амалӣ карда шавад, мутобиқи талаботи

дар Фасли I Дастур оид ба харид баёнгардида ва ё ишорашуда ва

тибқи муқаррароти ин Фасл анҷом дода мешавад.

2. Хизматрасониҳои машваратӣ. Хариди тамоми хизматрасониҳои

машваратии барои татбиқи Лоиҳа заруре, ки маблағгузории онҳо

бояд аз ҳисоби воситаҳои маблағгузорӣ амалӣ карда шавад,

мутобиқи талаботи дар Фаслҳои I ва IV Дастур оид ба интихоби

машваратчиён баёнгардида ва ё ишорашуда ва тибқи муқаррароти

ин Фасл анҷом дода мешавад.

3. Мафҳумҳо. Истилоҳоти бо ҳарфи калон ишорагардидае, ки дар

Замимаи мазкур барои тавсифи усулҳои алоҳидаи харид ва

усулҳои аз ҷониби Ассосиатсия баррасӣ намудани қарордодҳои

алоҳида истифода мешаванд, мансуб ба усулҳои марбута мебошад,

ки вобаста аз ҳолати мушаххас дар Фаслҳои II ва III Дастур оид ба

Page 12: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

12

Харид ва ё Дастур оид ё Фаслҳои II, III, IV и VДастури интихоби

машваратчиён тавсиф ёфтаанд.

Б. Усулҳои муайяни хариди мол, кор ва хизматрасониҳои

ғайримашваратӣ

1. Савдои байналмилалии озмунӣ. Ба истиснои ҳолатҳои дигаре, ки

дар банди 2 дарҷ ёфтааст, мол, кор ва хизматрасониҳои

ғайримашваратӣ тибқи қарордодҳое харид карда мешаванд, ки

дар асоси Савдои Байналмилалии Озмунӣ баста шуданд.

2. Усулҳои дигари хариди мол, кор ва хизматрасониҳои

ғайримашваратӣ. барои хариди мол, кор ва хизматрасониҳои

ғайримашваратӣ тибқи қарордодҳои дар Нақшаи харид

зикргардида метавонанд усулҳои зерини хариди аз Савдои

байналмилалии озмунӣ фарқкунанда истифода карда шаванд:

(а) Савдои миллии Озмун, ба шарти иҷрои муқаррароти иловагии

дар Илова ба Замимаи 2 пешбинигардида;

(б) Харид дар савдои озод;

(в) Бевосита бастани қарордодҳо

В. Усулҳои муайяни хариди хизматрасонии машваратӣ

1. Интихоб аз рўи сифат ва арзиш. Агар дар банди 2 зер тартиби

дигар пешбинӣ нашуда бошад, хизматрасонии машваратӣ бояд

дар асоси қарордодҳое харида шавад, ки дар асоси Интихоб аз рўи

сифат ва арзиш баста шудаанд.

2. Усулҳои дигари ҳариди ҳизматрасонии машваратӣ. Усулҳои

зерини хариди аз Интихоб аз рўи сифат ва арзиш фарқкунанда

метавонанд барои хариди хизматрасонии машваратӣ тибқи

қарордодҳои дар Нақшаи харид зикргардида истифода шаванд:

(а) Интихоб аз рўи сифат;

(б) Интихоб дар доираи буҷети муайян;

(в) Интихоб аз рўи арзиши камтарин;

Page 13: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

13

(г) Интихоб аз рўи дарҷаи тахассуси машваратчиён;

(д) Интихоб аз манбаи ягона; ва

(е) Интихоби машваратчиёни инфиродӣ.

Г. Баррасии қарорҳо дар бораи харид аз ҷониби Ассотсиатсия

Дар Нақшаи харид он қарордодҳое зикр карда мешаванд, ки бояд

аз тарафи Ассосиатсия пешакӣ баррасӣ карда шаванд. Тамоми

қарордодҳои дигар бояд мавриди баррасии минбаъдаи Ассосиатсия

қарор дода шаванд.

Фасли IV. Гирифтани воситаҳои Маблағгузорӣ

А. Умумӣ

1. Грантгиранда мутобиқи муқаррароти Моддаи II-и Шартҳои

умумӣ, Фасли мазку рва чунин дастурҳои иловагӣ, ки Ассосиатсия

метавонад дар бораи онҳо Грантгирандаро огоҳ кунад (аз он ҷумла

“Дастури Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба пешниҳоди маблағ барои

татбиқи лоиҳаҳо” аз моҳи майи соли 2006, ки аз тарафи

Ассосиатсия мунтазам таҷдиди назар гардида, мутобиқи чунин

дастурҳо нисбати Созишномаи мазкур истифода бурда мешаванд),

метавонад воситаҳои Маблағгузориро барои маблағгузории

Хароҷоти ҷоизи дар ҷадвали банди 2 зикргардида гирад.

2. Дар Ҷадвали зерин категорияҳои Хароҷоти ҷоизе ки метавонанд аз

ҳисоби воситаҳои Маблағгузорӣ («Категория»), маблағи Грант аз

рўи ҳар категория, инчунин фоизи хароҷоте, ки бояд дар доираи

Хароҷоти ҷоиз ҳар категория пардохта шавад, нишон дода

шудаанд.

Категория

Маблағи

ҷудогардидаи

Грант

(дар ҲМҚ

ифодагардида)

Фоизи хароҷоти

маблағгузоришаванда

(ба истиснои ААИ,

боҷу хироҷ гумрукӣ)

Page 14: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

14

(1) Корҳо аз рўи Қисми 1

Лоиҳа

26 500 000 83%

МАБЛАҒИ УМУМӢ 26 500 000

В. Шартҳои гирифтани маблағ; мўҳлати гирифтани маблағ

1. Сарфи назар аз муқаррароти Қисми А-и Фасли мазкур, гирифтани

воситаҳои маблағгузорӣ барои мақсадҳои зерин роҳ дода

намешавад:

(а) барои пардохтҳое, ки то санаи ба имзо расидани Созишномаи

мазкур анҷом дода шудаанд; ва

(б) аз рўи Категорияи (1), ба истиснои ҳолатҳое, Нақшаи чораҳо

оид ба ҳифзи муҳити зист ва Нақшаи амалиёт оид ба

кўчонидани аҳолӣ мутобиқи бандҳои 1 ва 2 Қисми 1.С

Замимаи 2 ба Созишномаи мазкур таҳия гардидаанд.

2. Санаи қатъшавии Лоиҳа 31 августи соли 2020 мебошад.

Page 15: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

15

ИЛОВА БА ЗАМИМАИ 2

САВДОИ МИЛЛИИ ОЗМУНӢ

Расмиёти хариде, ки мутобиқи усули Савдои миллии озмунӣ

гузаронида мешавад, дар гузаронидани тендер аз рўи усули харид бо

иштироки номаҳдуд, тавре дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти

соли 2006, №168 “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва

хизматрасонӣ” (дар таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели

соли 2012, №815 “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва

хизматрасонӣ”) (“ҚХД”) муайян шудааст, ифода меёбад, ба шарте ки

чунин расмиёт ба инҳо мутобиқ бошад: (а) муқаррароти бандҳои 3.3 ва

3.4 Дастур оид ба харид (мутобиқи талаботи банди 3.3 Дастур); ва (б)

талаботи зерин:

Иштирок дар савдо

1. Ҳуқуқи иштирок дар савдо: Ҳуқуқи иштирокчиёни савдо барои

иштирок дар ҷараёни харид ва бастани қарордоди аз тарафи Бонки

умумиҷаҳонӣ маблағгузоришаванда мутобиқи Фасли 1 Дастур оид

ба харид муайян карда мешавад. Мувофиқан ҳеҷ яке аз

иштирокчиёни воқеӣ ё эҳтимолии савдо бо сабабҳое, ки аз

сабабҳои дар Фасли 1 Дастур оид ба харид зикргардида фарқ

мекунанд, наметавонад ҳамчун ваколат надошта барои бастани

қарордоди аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузоришаванда

эълон карда шавад;

2. Афзалияти миллӣ: Афзалияти миллӣ ҳангоми арзёбии дархостҳои

тендерӣ дар асоси асли баромади иштирокчии савдо, мол,

хизматрасонӣ ё захираҳои корӣ ва ё дар асоси барномаҳои

имтиёзнок роҳ дода намешавад.

3. Ҳуҷҷатҳои тендерӣ: Ташкилотҳои харидкунанда ҳуҷҷатҳои

тендерии намунавии қонеъкунандаи талаботи Бонки

Page 16: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

16

умумиҷаҳониро истифода мебаранд. Ҳуҷҷатҳо бо мақсади таъмини

сарфакорӣ, самаранокӣ, шаффофият ва мутобиқат бо муқаррароти

Фасли 1 Дастур оид ба харид тартиб дода мешаванд. То аз тарафи

Бонки умумиҷаҳонӣ маъқул дониста шудани намунаи тағйирёфтаи

ҳуҷҷатҳои стандартии тендерии Грантгиранда намунаи ҳуҷҷатҳои

стандартии озмунӣ барои НКС Бонки умумиҷаҳонӣ барои

минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор дода

мешавад.

4. Мўҳлати амали дархости тендерӣ: Мўҳлати амали дархости

тендерӣ бояд барои дар бар гирифтани ҳар мўҳлате, ки метавонад

барои маъқул донистан ва ба қайд гирифтани қарордод, тавре дар

ҚХД пешбинӣ гардидааст, кофӣ бошад. Тамдиди мўҳлати амали

дархости тендерӣ, агар ин бо ҳолатҳои мустасно асоснок карда

шуда бошад, мумкин аст аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни савдо то

гузаштани ин мўҳлат дар шакли хаттӣ дархост шавад, ба шарте,

агар чунин тамдид ба мўҳлати ҳадди ақале, ки барои арзёбӣ,

бастани қарордод ва/ё ба анҷом расонидани ҷараёни бақайдгирӣ

зарур аст, дархост шавад. Тамдиди минбаъдаи мўҳлат бе розигии

хаттии пешакии Бонки умумиҷаҳонӣ иҷозат дода намешавад.

5. Тахассус: Меъёрҳои тахассус дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ дақиқ муайян

карда шудаанд. Ҳамаи меъёрҳои дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ

муайянгардида ва танҳо чунин меъёрҳо барои муайян намудани

тахассусии иштирокчӣ истифода шаванд. Тахассус дар асоси қабул

ё рад кардан баҳо дода шуда, системаи балгузорӣ истифода

намегардад. Чунин баҳодиҳӣ пурра ба қобилият ва захираҳои

иштирокчии воқеӣ ё эҳтимолӣ барои иҷро намудани қарордод, бо

дарназардошти омилҳои объективӣ ва ҳисобшаванда, аз ҷумла

инҳо асос меёбад: (i) таҷрибаи дахлдори умумӣ ва инфиродӣ ва бо

муваффақият ба анҷом расонидани қарордодҳои ба ин монанд дар

Page 17: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

17

давраи муайян; (ii) вазъи молиявӣ ва дар ҳолати зарурӣ

(iii) иқтидор/маҳсулнокии объектҳои сохтмон ва/ё истеҳсолӣ.

Расмиёти баҳодиҳии пешакии тахассус ва ҳуҷҷатҳои қобили қабули

Бонки умумиҷаҳонӣ барои қарордодҳои калонҳаҷм ҷиҳати иҷрои

корҳои маҷмўӣ ва/ё махсус истифода мешавад. Санҷиши

иттилооте, ки иштирокчии савдо дар асоси он аз баҳодиҳии

пешакии тахассус гузаштааст, аз ҷумла ўҳдадориҳои он ва

мавҷудияти захираҳои инсонӣ ва таҷҳизот дар лаҳзаи бастани

қарордод гузаронида мешавад. Ҳангоми хариди мол ва корҳо бе

баҳодиҳии пешакии тахассус, тахассуси иштирокчии савдои барои

бастани қарордод тавсияшаванда тавассути баҳодиҳии минбаъдаи

тахассус бо истифода аз меъёрҳои тахассусии дар ҳуҷҷатҳои

тендерӣ зикргардида муайян карда мешавад.

6. Кафолат: Кафолат дар шакли дар пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои

тендерӣ дода мешавад. Мўҳлати амали кафолати тендерӣ илова ба

мўҳлати ибтидоии амали дархости тендерӣ ё ҳар даврае, ки агар

зарур шавад, мўҳлати ибтидоии амали дархости тендерӣ метавонад

тамдид карда шавад, бисту ҳашт (28) рўзро ташкил медиҳад.

7. Пешкаш намудан ва кушодани дархостҳои тендерӣ: Ба

иштирокчиёни эҳтимолии савдо барои омода сохтан ва пешкаш

намудани дархостҳои тендерӣ аз санаи интишори даъват барои

иштирок ё аз санаи дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои тендерӣ, вобаста

ба он, ки кадоме аз ин ҳодисаҳо охирин рўй медиҳад, на камтар аз

сӣ (30) рўз дода мешавад. Дархостҳои тендерӣ метавонанд ба

воситаи почта ва ё шахсан дастрас карда шаванд. Дархостҳои

тендерӣ дарҳол пас аз фаро расидани мўҳлати ниҳоии пешниҳоди

Page 18: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

18

онҳо дар ҳузури иштирокчиёни хоҳишманд боз карда мешаванд.

Протоколи кушодани дархостҳо аз тарафи ҳамаи аъзои комиссияи

тендерӣ дарҳол пас аз кушодани дархостҳо имзо карда мешавад. Ба

ҳамаи иштирокчиёни савдое, ки дархостҳои тендерӣ пешкаш

намудаанд, ва ба Бонки умумиҷаҳонӣ бетаъхир нусхаи протоколи

кушодани дархостҳо аз рўи қарордодҳое, ки бояд мавриди

баррасии пешакии Бонки умумиҷаҳонӣ гарданд, дода мешавад.

Рад кардани дархостҳо ҳангоми кушодани онҳо роҳ дода

намешавад.

8. Баҳодиҳии пешниҳодот ва бастани қарордодҳо. Ба иштирокчиёни

савдо ширкат варзидан ҳангоми баҳодиҳии пешниҳодот иҷозат

дода намешавад ва ягон маълумот дар бораи баҳодиҳии

дархостҳои тендерӣ ба иштирокчиёни савдо то замони дар бораи

бастани қарордод огоҳ карда шудани онҳо пешкаш карда

намешавад.

Меъёрҳои баҳодиҳӣ дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ дақиқ муайян шудаанд.

Баҳодиҳии дархостҳо қатъиян мутобиқи меъёрҳои дар ҳуҷҷатҳои

озмунӣ муайянгардида гузаронида мешавад. Ҳамаи меъёрҳои

баҳодиҳии жархости тендерӣ, ба ғайр аз нарх, бо пул ҳисоб карда

мешаванд. Системаи баллҳо истифода намешавад. Ҳангоми

баҳодиҳии дархости тендерӣ балли камтарин ё фоиз барои

муҳимияти лоиҳа дода намешавад. Иштирокчиёни савдо дар асоси

ихтилофоти начандон калони ҷузъӣ аз иштирок хориҷ карда

намешаванд. Қарордодҳо бо иштирокчии ихтисосманде баста

мешаванд, ки дархости тендерии онҳо, тавре муқаррар гардид, (i)

ба талаботи дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ муайянгардида нисбатан пурра

ҷавобгў мебошад ва (ii) нархи камтарини арзиши баҳододашударо

пешниҳод мекунад.

Page 19: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

19

Аз иштирокчии савдо талаб карда намешавад, ки ба сифати шарти

басташавии қарордод ўҳдадориҳоеро қабул кунад, ки дар

ҳуҷҷчатҳои озмунӣ дарҷ нагардидаанд, ё ба тариқи дигар дархости

тендерии дар ибтидо пешниҳодгардидаро тағйир диҳад.

9. Сметаҳои хароҷот: Сметаҳои хароҷот маълумоти маҳрамона буда,

набояд ба иштирокчиёни эҳтимолии савдо ошкор карда шаванд.

Рад кардани дархостҳои тендерӣ дар асоси муқоиса бо сметаҳо ва/ё

андозаи ҳадди аксари буҷет бе розигии пешакии хаттии Бонки

умумиҷаҳонӣ роҳ дода намешавад.

10. Рад кардани дархостҳо ва гузаронидани савдои такрорӣ: Рад

кардани дархостҳо танҳо дар он асос, ки дар онҳо ҳадди қаблан

муайяншуда ё меъёри нархҳо зиёдтар нишон дода шудааст, роҳ

дода намешавад. Рад кардани ҳамаи дархостҳои тендерӣ (ё

дархости ягонаи тендерӣ – дар ҳолате, ки агар танҳо як дархости

тендерӣ ворид шуда бошад), бекор кардани ҷараёни харид ва

даъват намудани иштирокчиёни нави савдо барои пешниҳоди

дархостҳои тендерӣ бе розигии пешакии хаттии Бонки умуиҷаҳонӣ

роҳ дода намешавад.

11. Тағйирот дар қарордод: Нисбати қарордодҳое, ки мавриди

баррасии пешакии Бонки умумиҷаҳонӣ қарор дода мешаванд,

Грантгиранда қабл аз розӣ шудан бо инҳо бояд розигии Бонки

умумиҷаҳониро дар шакли мактуб дар хусуси мухолиф набудани

он гирад: (i) тамдиди назарраси мўҳлати барои иҷрои қарордод

пешниҳодгардида; (ii) тағйироти назаррас дар ҳаҷми

хизматрасониҳои пешбининамудаи қарордод ё ҳар тағйироти

назаррас дар шартҳои қарордод; (iii) ҳар иҷозат барои ворид

намудани иловаҳо ё тағйирот (ба истиснои ҳолатҳои фавқулоддаи

фаврӣ), ки дар алоҳидагӣ ё дар якҷоягӣ бо иҷозати қаблан барои

ворид намудани иловаҳо ё тағйирот додашуда боиси зиёда аз

Page 20: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

20

понздаҳ фоиз (15%) зиёд гардидани маблағи ибтидоии қарордод

мегарданд; ё (iv) қатъи пешбинишудаи қарордод. Ба Бонки

умумиҷаҳонӣ нусхаи ҳамаи тағйироти ба қарордод воридшаванда

пешниҳод карда мешавад.

12. Қаллобӣ ва коррупсия: Ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва қарордоде, ки

қобили қабули Бонки умумиҷаҳонӣ дониста мешаванд, бояд

муқаррароти инъикоскунандаи сиёсати Бонки умумиҷаҳониро дар

мавриди таъини муҷозот ба шахсони ҳуқуқӣ ё воқеии дар қаллобӣ

ё коррупсия дастдошта, тавре дар Дастур оид ба харид муайян

шудааст, дар бар гиранд.

13. Ҳуқуқ барои гузаронидани санҷиш ва аудит: Мутобиқи Дастур

оид ба харид ба ҳар ҳуҷҷати тендерӣ ва қарордоди аз ҳисоби

воситаҳои маблағгузорӣ пардохтшаванда бояд муқаррароти

ўҳдадоркунандаи иштирокчиёни савдо, таҳвилгарону пудратчиён,

зерпудратчиёни онҳо, агентҳо, кормандон, машваратчиён,

таҳвилгарони хизматҳо ё аҳли шартнома ҷиҳати розӣ шудан барои

аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ гузаронидани санҷиши ҳисобҳои

худ, ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари мансуб ба

пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва иҷрои чунин қарордодҳо,

инчунин барои гузаронидани аудити ин ҳуҷҷатҳо аз тарафи

аудиторони таъиннамудаи Бонки умумиҷаҳонӣ ворид карда шавад.

Амалҳое, ки барои дар амал халал расонидан ба Бонки

умумиҷаҳонӣ ҷиҳати истифода намудани ҳуқуқи худ ба

гузаронидани санҷиш ва аудити пешбининамудаи Дастур оид ба

харид равона гардидаанд, тавре дар Дустур оид ба харид муайян

гардидааст, амалияи обструксионистӣ мебошанд.

Page 21: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

21

ЗАМИМАИ 3

Ҷадвали пардохт

Санаи пардохт Маблағи асосии Қарзи

пардохташаванда

(бо фоиз)*

15 май и 15 ноябри ҳар сол

аз 15 майи соли 2021 сар карда, то

санаи 15 ноябри соли 2052

1,5625%

* Фоиз фоизе мебошад, ки ба маблағи асосии Қарзи пардохташаванда

ҳисоб ва зам карда мешавад, агар Ассостсиатсия мутобиқи Фасли 3.03 (б)

Шартҳои умумӣ тартиби дигареро пешбинӣ нанамояд.

Page 22: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

22

ЗАМИМА

Фасли 1. Мафҳумҳо

1. «Дастур оид ба пешгирии коррупсия» маънои «Дастур оид ба роҳ

надодан ва пешгирӣ намудани коррупсия ҳангоми татбиқи

лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби қарзҳои ББТР ва қарзу грантҳои АБР

маблағгузорӣ мешаванд» аз 15 октябри соли 2006, ки моҳи январи

соли 2011 таҷдиди назар гардидааст.

2. «Категория» маънои категорияи дар ҷадвали Фасли IV-и Замимаи 2

ба Созишномаи мазкур зикргардидаро дорад.

3. «Дастур оид ба кирояи машваратчиён» маънои «Дастур оид ба

интихоб ва кирояи машваратчиён аз ҷониби қарзгирандагони

Бонки умумиҷаҳонӣ аз рўи қарзҳои ББТР ва қарзу грантҳои АБР»-

ро ифода мекунад, ки моҳи январи соли 2011 аз тарафи Бонки

умумиҷаҳонӣ интишор гардида, моҳи июли соли 2014 таҷдиди

назар шудааст.

Page 23: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

23

4. «Баҳодиҳии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ё «БТМЗ» маънои

баҳодиҳии таъсиррасонии экологии барои Ассосиатсия қобили

қабулро дорад, ки санаи 27 августи соли 2014 қабул ва 3 октябри

соли 2014 интишор гардида, ба ғайр аз муқаррароти дигар инҳоро

дар мегирад: (i) шарҳи муфассали қитъаҳои татбиқи

пешбинигардидаи чорабиниҳои лоиҳавӣ; (ii) оқибатҳои манфии

экологии эҳтимолӣ ва воқеии чорабиниҳои дар банди (i) боло

зикргардида; ва (iii) формати НТҲМЗ (Нақшаи тадбирҳо оид ба

ҳифзи муҳити зист) бо ифодаи таҷрибаи беҳтарин ва тадбирҳое, ки

бояд дар ҷараёни татбиқ ва мавриди истифода қарор додани Лоиҳа

бо мақсади сабук кардан, бартараф намудан ё дар акси ҳол, ҷуброн

намудани оқибатҳои манфии экологии татбиқи Лоиҳа андешида

шаванд.

5. «Созишнома дар бораи маблағгузорӣ (Созишномаи грантӣ)»

маънои Созишнома дар бораи маблағгузориро, ки худи ҳамон рўз

байни Грантгиранда АБР баста шуда, мутобиқи он АБР барои

Лоиҳа ба андозаи бисту шаш миллиону панҷсад ҳазор Ҳуқуқҳои

махсуси қарзӣ (4 700 000 ҲМҚ) пешниҳод намудааст ё бояд

пешниҳод намояд.

6. «Шартҳои умумӣ» маънои «Шартҳои умумиии қарз ва грантҳои

Ассосиатсияи байналмилалии рушд»-ро аз 31 июли соли 2010

дорад.

7. «Хароҷоти иловагии амалиётӣ» маънои хароҷоти иловагии

Вазорати нақлиёт бо сабаби татбиқ, идоракунӣ ва мониторинги

Лоиҳа, аз ҷумла хароҷот барои интишори маълумоти марбут ба

Лоиҳа, сафархарҷӣ, хароҷоти кирояи манзил ва шабонарўзӣ зимни

сафарҳои хизматии марбут ба татбиқи Лоиҳа аз рўи меъёрҳои дар

талабот нисбати идоракунии молияи Дастури амалиётии Лоиҳа

зикргардида; хароҷоти марбут ба иҷора ва харидани воситаҳои

нақлиёт; хариди маводи масрафшаванда ва пардохти ҳаққи

хизматрасонии коммуналӣ; музди меҳнати кормандониқарордодӣ;

пардохти хизматрасонии почта, хароҷот барои реклама, хароҷот

Page 24: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

24

барои хизматҳои тарҷумонҳо, пардохти ҳаққи хизмати бонкҳои

тиҷоратӣ, пардохти хизматрасонии алоқа, хароҷот барои харид ва

хизматрасонии техникии техникаи компютерӣ, таъминоти

дастгоҳӣ ва барномавиро дорад, ки бояд ҳамасола бо Ассостсиатсия

мувофиқа карда шаванд, вале ба истиснои хароҷот барои пардохти

музди меҳнати шахсони мансабдор ва/ё хизматчиёни хизмати

давлатии Грантгиранда, инчунин ҳар ҳиссаҷудокуниҳои иҷтимоӣ аз

музди меҳнати онҳо.

8. «Стандартҳои байналмилалӣ оид ба аудит» маънои Стандартҳои

байналмилалии фаъолияти аудиториро дорад, ки аз ҷониби

Шўрои стандартҳои байналмилалии аудит ва кафолати сифати

Федератсияи байналмилалии муҳосибон ба табъ расонида шудааст.

9. «Вазорати нақлиёт» маънои Вазорати нақлиёти Грантгиранда ё ҳар

ворисони ҳуқуқии онро дорад.

10. «ГТЛ» маънои Гурўҳи татбиқи лоиҳаҳоро дорад, ки дар назди

Вазорати нақлиёт бо фармони Вазир аз 1 августи соли 2014 дар

бораи таъсиси гурўҳҳои татбиқи лоиҳаҳо барои мақсадҳои

идоракунии ҷории Лоиҳа таъсис дода шуда, дар банди 2 Фасли 1.А

Замимаи 2 зикр гардидааст.

11. «Дастур оид ба харид» маънои Дастур оид ба хариди мол, кор ва

хизматрасонии ғайримашваратӣ аз ҷониби қарзгирандагони Бонки

умумиҷаҳонӣ аз рўи қарзҳои қарзҳои ББТР ва қарзу грантҳои АБР»

дорад, ки моҳи январи соли 2011 қабул гардида, моҳи июли соли

2014 таҷдиди назар карда шудааст.

12. «Нақшаи харид» маънои нақшаи хариди Грантгирандаро барои

Лоиҳа аз 15 декабри соли 2014 дорад, ки дар банди 1.18 Дастур оид

ба харид ва банди 1.25 Дастур оид ба интихоби машратчиён зикр

гардидаааст, бо дарназардошти тағйироте, ки метавонад бо мурури

Page 25: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

25

замон мутобиқи муқаррароти бандҳои зикргардида ба он ворид

карда шавад.

13. «Нақшаи амалиёт оид ба кўчонидани аҳолӣ» ё «НАКА» маънои

ҳуҷҷати инфиродиро оид ба қитъаҳои алоҳидаи роҳ дорад, ки

мутобиқи банди 1 Фасли 1.С Замимаи 2 ба Созишномаи мазкур аз

ҷониби Грантгиранда қабул гардида, қобили қабули Ассотсиатсия

мебошад ва илова ба муқаррароти дигар дар он барномаи амалиёт,

тадбирҳо ва сиёсати ҷуброн ва кўчонидани шахсон, аз ҷумла

механизмҳои пардохти ҷубронпулӣ ва кўчонидани аҳолӣ, буҷет ва

хароҷоти сметавӣ, инчунин сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар

баробари механизмҳои дахлдори институтсионалӣ, механизмҳои

мониторинг ва ҳисоботдиҳии қобили таъмин намудани татбиқи

зарурии талаботи дар он муайяншуда ва алоқаи мутақобил оид ба

риояи чунин талабот барои қитъаҳои алоҳида, аз ҷумла НАКА

баён шудаанд.

14. “Санади қолабии сиёсати муҳоҷират” ё “СҚСМ” маънои санадро

аз 25 августи соли 2014 дорад, ки аз ҷониби Грантгиранда таҳия ва

тасдиқ гардидааст, инчунин дар кишвар интишор гардида, дар

сомонаи иттилоотии “Infoshop”-и Бонки умумиҷаҳонӣ 3 октябри

соли 2014 ҷойгир карда шудааст ва расмиёти кўчонидани аҳолӣ,

механизмҳои институтсионалӣ, меъёрҳои комилҳуқуқӣ, ҳуқуқ ба

гирифтани ҷубронпулӣ, аз ҷумла расмиёти баҳодиҳӣ,

муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ва иштироки аҳли ҷомеа, мониторинг ва

баҳодиҳӣ, инчунин меъёрҳои ифшо намудани иттилоотро, ки бояд

ҳангоми таҳияи Нақшаи амалиёт оид ба кўчонидани аҳолӣ

истифода гарданд, пешбинӣ менамояд.

15. “Нақшаи чораҳо оид ба ҳифзи муҳити зист” ё “НЧҲМЗ” маънои

ҳуҷҷати инфиродиро марбут ба қитъаи алоҳидаи роҳ дорад, ки аз

ҷониби Грантгиранда таҳия гардида, дар БТМЗ зикр ва дар банди 4

Фасли 1.А Замимаи 2 ба Созишномаи мазкур тавсиф ёфта, қобили

қабули Ассотсиатсия мебошад ва корҳоеро дар бар мегирад, ки

бояд аз ҷониби Грантгиранда дар доираи Лоиҳа иҷро карда

Page 26: ҚАРЗИ №5593-TJ · барномавии муҳосибавии 1С барои баҳисобгирии муҳосибавӣ, тартиб додани буҷет ва ҳисоботдиҳӣ

26

шаванд. Он дар баробари механизмҳои дахлдори институтсионалӣ

ва механизми мониторинг ва ҳисоботдиҳии қобили таъмин

намудани татбиқи зарурии талаботи дар он муайяншуда ва алоқаи

мутақобил оид ба риояи чунин талабот тафсилоти чорабиниҳои

пешбинишаванда оид ба идоракунии хавфҳои эҳтимолии экологӣ,

сабук сохтан, кам кардан ва/ё ҷуброн намудани оқибатҳои манфии

экологии марбут ба амалӣ намудани чорабиниҳоро дар доираи

Лоиҳа муайян менамояд.

16. “Ҳиссаҷудокуниҳои иҷтимоӣ” маънои ҳама гуна ҳиссаҷудокунӣ ё

пардохтҳо барои суғуртапулӣ ё кўмакпулӣ аз рўи беморӣ, бекорӣ,

суғуртаи корношоямӣ, пардохти ҷубронпулӣ ба кормандон,

нафақа аз рўи синну соли нафақавӣ (нафақа ва таъминоти

иҷтимоӣ) ва суғуртаи шахсиро дорад, ки пардохтҳоро ҷиҳати

истифодаи тадриҷии имтиёзҳои минбаъда нисбати кормандони

ҷалбгардида ташкил медиҳанд.

17. “Таълим” маънои сафарҳои омўзишӣ, курсҳои таълимӣ,

семинарҳо, конференсияҳо ва чорабиниҳои дигари таълимии

марбут ба Лоиҳа, ки ба қарордодҳо барои хариди молу

хизматрасонӣ дохил нагардидаанд, аз ҷумла хароҷот барои маводи

таълимӣ, иҷораи биною таҷҳизот, сафарҳо, хароҷоти шабонарўзии

таълимгирандагон ва устодон, инчунин пардохти ҳаққи хизмати

устодонро, бо дарназардошти буҷети солонаи бо Ассостсиатсия

мувофиқашуда, дорад.