192
ТАҲЛИЛИ САРЧАШМАҲО (АДАБИЁТ) Рақами шартнома EDH- I-00-05-00029-00 Рақами дархост AID-OAA-TO-10-00010 18 майи 2011 Ин тадқиқот аз тарафи Креатив Ассошиэйтс Интернэйшнл Инк барои Оҷонсии Амрико оид ба Рушди Байналмилалӣ омода карда шуд

ТАҲЛИЛИ САРЧАШМАҲО (АДАБИЁТ)schooldropoutprevention.com/wp-content/files/reports/Literature_Re… · ТАҲЛИЛИ САРЧАШМАҲО (АДАБИЁТ) Рақами

  • Upload
    others

  • View
    3

  • Download
    0

Embed Size (px)

Citation preview

  • ТАҲЛИЛИ САРЧАШМАҲО (АДАБИЁТ)

    Рақами шартнома EDH- I-00-05-00029-00

    Рақами дархост AID-OAA-TO-10-00010

    18 майи 2011

    Ин тадқиқот аз тарафи Креатив Ассошиэйтс Интернэйшнл Инк барои Оҷонсии Амрико оид ба

    Рушди Байналмилалӣ омода карда шуд

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб

    Намудани Хонандагон

    Taҳлили сарчашмаҳо (адабиёт)

    Пешниҳод карда шуд ба:

    Ожонсии Амрикоӣ барои Рушди Байналмилалӣ

    (United States Agency for International Development)

    Вашингтон, ДС

    Пешниҳод карда шуд аз тарафи:

    Креатив Ассошиэйтс Интернэйшнл

    (Creative Associates International)

    Вашингтон, ДС

    18 майи соли 2011

  • DEC Муқаррароти пешниҳодшуда

    a.

    Рақами ҷоизаи Ожонси

    Амрикоӣ барои рушди

    байналмилалӣ(USAID)

    Шартномаи No. EDH-I-00-05-00029-00

    Фармоиши кор AID-OAA-TO-10-00010

    b. Унвони ҳадаф ва рақами

    USAID Дар мардум сармоягузорӣ кардан (IIP)

    c. Унвони барнома ва

    рақами USAID Барномаи Озмоишии USAID оид ба Пешгирии Тарки

    Мактаб дар минтақаи Осиё ва Шарқи наздик

    d. Соҳа ва бахши барномаи

    USAID,

    Таълим (соҳаи барнома 3.2)

    Таълими асосӣ (бахши барнома 3.2.1)

    e. Номи адабиёт Таҳлили адабиёт – Пешгирии тарки мактаб

    f. Номи муаллиф(ҳо) Лори Браш, Ҷенифер Шин, Раҷани Шреста, Карен

    Тиетҷен

    g. Номи контрактор

    Креатив Асошиэйтс Интернэйшнл

    Хиёбони Висконсин 5301, НЙ, Сиют 700

    Вашингтон, ДС 20015

    Телефон: 202 966-5804 Факс: 202 363-4771

    Тамос: [email protected]

    h.

    Дастгирии USAID

    Бахши амалиётӣ ва

    КОТР

    АМЕ/ME/ТС

    Ребека Адамс, КОТР

    i. Санаи нашр 18 майи соли 2011

    j. Забони ҳуҷҷат Тарҷума аз англисӣ ба тоҷикӣ

    Ин адабиёт бо дастгирии мардуми Амрико аз тариқи Ожонсии Амрикоӣ оид ба

    Рушди Байналмилалӣ омода карда шуд (USAID). Мӯҳтавои ин адабиёт дастоварди

    танҳо Креатив Асошиэйтс Интернэйшнл мебошад ва шарт нест, ки нуқтаи назари

    USAID ва ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи i

    Мундариҷа

    Рӯйхати ҷадвалҳо .............................................................................................. iiError! Bookmark not defined.

    Рӯйхати ихтисорот ................................................................................................................................................... iii

    Маълумоти асосӣ ................................................................................................................................................. iv

    1.0 Муқаддима ..................................................................................................................................................... 1

    1.1 Мақсади таҳлил ................................................................................................................................... 1

    1.2 Таърифи «тарки мактаб» .................................................................................................................. 2

    1.3 Методолоия барои таҳлил ва интихоби барномаҳои амалӣ 3

    1.4 Таҳияи гузориш .................................................................................................................................. 6

    2.0 Замина ва хусусиётҳои талабагон ва ҷавонони дар хавфи тарки мактаб қарордошта .................... 7

    2.1 Доираи мушкилоти тарки мактаб .................................................................................................. 7

    2.2 Омилҳое, ки ба тарк кардани мактаб аз тарафи талабагон вобастагӣ доранд .................... 9

    3.0 Барномаҳои амалӣ барои пешгирии тарки мактаб ..................................................................... 16

    3.1 Типологияи барномаҳои амалӣ .................................................................................................... 16

    3.2 Натиҷаи арзёбии бодиққати барномаҳои амалии тарки мактаб ......................................... 20

    3.2.1 Интихоби барномаҳои амалӣ ....................................................................................... 20

    3.2.2 Шарҳи барномаҳои амалии бодиққат арзёбишуда .................................................... 23

    3.2.3 Баҳодиҳии самаранокии барнома .......................................................................... 28

    3.3 Шарҳи барномаҳои амалӣ оид ба тарки мактаб, ки ба критерияи Барномаи Озмоишии

    Пешгирии тарки мактаб ҷавобгӯ нестанд ..................................................................................... 35

    3.3.1 Интихоби барномаҳои амалӣ ................................................................................. 35

    3.3.2 Шарҳи барномаҳои амалӣ, ки ба критерияи Барномаи Озмоишии Пешгирии

    тарки мактаб (БОПТМ) ҷавобгӯ нестанд ……………………. ................................................ 37

    3.3.3 Баҳодиҳии самаранокии барнома ................................................................................ 41

    4.0 Хулосаҳо ва Тавсияҳо .................................................................................................................................. 43

    Масдарҳои истифодашуда ................................................................................................................................ 47

    Замимаи A: Омори таълимӣ барои кишварҳои БОПТМ ............................................................................ 56

    Замимаи B: Омилҳои хавф барои тарки мактаб ............................................................................................. 60

    Замимаи C: Хулосаи барномаи амалии тарки мактаб, ки ҷавобгӯи критерияи БОПТМ мебошад74

    Замимаи D: Хулосаи барномаи амалии тарки мактаб, ки ба критерияи БОПТМ ҷавобгӯ

    намебошад…... ....................................................................................................................................................... 169

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи ii

    Рӯйхати ҷадвалҳо

    Ҷадвали 1: Маълумот оид ба Тарки мактаб

    Ҷадвали 2: Шумораи (Фоизи) тадқиқоте, ки саҳми назарраси ҳар як омили хавфро

    ба тарки мактаб нишон медиҳад

    Ҷадвали 3: Омилҳои муҳими хавф аз рӯи дараҷаи мактаб (Фақат ИМА)

    Ҷадвали 4: Робитаи Омилҳои Хавф ва навъҳои Барнома

    Ҷадвал 5: Рӯйхати Барномаҳои амалии бодиққат арзёбишуда

    Ҷадвали 6: Гурӯҳбандии барномаҳои амалии бодиққат арзёбишудаи тарки мактаб

    Ҷадвали 7: Пешниҳодҳо барои барномаҳои амалӣ аз тадқиқоти кишварҳои рӯ ба тараққӣ

    Ҷадвали 8: Натиҷаҳои гуногун, ки аз хизматрасониҳои ҳар як барномаи амалии

    байналмилалии бодиққат арзёбишуда таъсир ёфтаанд

    Ҷадвали 9: Рӯйхати барномаҳои арзёбишудаи тарки мактаб, ки ба ягон критерияи

    арзёбии БОПТМ (SDPP) ҷавобгӯ набуданд

    Ҷадвали 10: Гурӯҳбандии барномаҳои амалие, ки ба тамоми критерияи бо далел

    асосёфтаи БОПТМ (SDPP) ҷавобгӯ набуданд

    Ҷадвали 11: Натиҷаҳои гуногуни аз тарафи хизматрасониҳои ҳар як барнома амалӣ

    таъсирефта, ки ба критерияҳои арзебии БОПТМ ҷавобгу набуданд.

    Ҷадвали A-1: Омори таълимӣ барои кишварҳое, ки БОПТМ (SDPP) амалӣ карда

    мешавад

    Ҷадвали B-1: Омилҳои хавф барои тарки мактаб дар ИМА ва кишварҳои узви Ташкилот

    Барои Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (ТБҲИР)

    Ҷадвали B-2: Омилҳои хавф барои тарки мактаб дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ

    Ҷадвали C-1: Барномаҳои амалии тарки мактаб, ки ба тамоми критерияи БОПТМ (SDPP)

    ҷавобгӯ буданд

    Ҷадвали D-1: Барномаҳои байналмилали оид ба тарки мактаб, ки ба тамоми критерияи

    БОПТМ (SDPP) ҷавобгӯ набуданд

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи iii

    Рӯйхати ихтисорот

    ALAS Комёбӣ барои талабагони асли Амрикои лотинӣ ба воситаи

    Муваффақияти академии БОПТМ дар ИМА

    BRIGHT Ҷавобҳои Буркино барои беҳтар намудани имкониятҳои духтарон

    барои муваффақ шудан, барномаи таълимӣ дар Буркино Фасо

    EdStats Омори Таълимӣ

    EMIS Системаи информатсионии идоракунии таълим

    FFE Ғизо барои Таълим, барномаи пешгирии тарки мактаб дар

    Бангладеш

    HIV/AIDS Вируси норасоии масунияти одам

    OECD Ташкилот барои ҳамкории иқтисодӣ ва рушд

    PACES Барномаи таъмини хароҷоти мактаби миёна, барномаи пешгирии

    тарки мактаб дар Коломбия

    PATH Барномаи Пешравӣ тавассути Тандурустӣ ва Таълим, барномаи

    пешгирии тарки мактаб дар Ҷамайка

    PRAF Барномаи кӯмак ба оилаҳо, барномаи пешгирии тарки мактаб дар

    Гондурас

    PROGRESA Барномаи таълимӣ, тандурустӣ ва ғизо, барномаи пешгирии тарки

    мактаб дар Мексика

    QED Тарҳи таҷрибавӣ

    RCT Нақшаи назорати тасодуфӣ /муолиҷа

    SDPP Барномаи Озмоишии пешгирии тарки мактаб

    UIS Институти Омор, Ташкилоти СММ барои Таълим, Илм ва Фарҳанг

    UNESCO Ташкилоти СММ барои Таълим, Илм ва Фарҳанг

    USAID Ожонсии Амрико барои Рушди Байналмилалӣ

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи iv

    Маълумоти фишурда

    Ҳадафи Барномаи озомишии пешгирии тарки мактаб (БОПТМ) ин озмоиш ва

    санҷиши самаранокии барномаҳо барои пешгирии тарки мактаб дар чор

    кишвари Осиё ва Ховари Миёна ба мисли Камбоҷа, Ҳиндустон, Тоҷикистон ва

    Тимури Шарқӣ, ки Ожонсии Амрико барои рушди баналмилалӣ дар ин

    кишварҳо фаъолияти худро ба роҳ мондааст, мебошад. Дар соли аввал БОПТМ

    барномаҳои амалиро тарҳрезӣ намуда, дар ду соли дигар нақшаҳоро амалӣ

    мекунад, ки муваффақ шудани онҳоро дар паст намудани шумораи хонандагони

    тарки мактаб намуда арзёбӣ мекунад.

    БОПТМ – тарки мактабро ҳамчун хатми давраи асосии хониш дар кишвар шарҳ

    медиҳад ва ин барнома вазифадор аст, то барномаҳои амалиро барои хонандагон

    дар мактаби ибтидоӣ ё миёна бо назардошти ниёзҳои кишварҳои алоҳида ва

    хусусиётҳои тарки мактаб тарҳрезӣ намояд. Омори ташкилоти Созмони Милали

    Муттаҳид оид ба Таълим, Илм ва Фарҳанг (UNESCO) вобаста ба чор кишвари

    мазкур нишондодҳои гуногуни иштирок дар мактабро нишон медиҳад. Талабагон

    дар Тоҷикистон дар давраи ибтидоӣ хеле кам тарки мактаб менамоянд;

    бақайдгирии расмии онҳо барои ин марҳила 97 фоизро ташкил медиҳад. Давраи

    ташвишовар барои талабагон дар ин кишвар давраи миёна мебошад. Дар

    давлатҳои Камбоҷа, Ҳиндустон ва Тимури Шарқӣ нисбат ба Тоҷикистон дараҷаи

    пасти бақайдгирӣ дар давраи мактабҳои ибтидои мушоҳида мешавад, ки

    тақрибан 76 то 90 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра барои баъзе гурӯҳҳои

    талабагони ҷавон барои дастрасӣ ба мактабҳои ибтидоӣ ва таҳсил ба

    мушкилиҳои зиёд дучор мегарданд ва сатҳи бақайдгирии талабагон дар

    мактабҳои миёна нисбатан паст мебошад.

    Адабиёт як сурати равшани хусусиятҳои хонандагонеро, ки тарки мактаб мекунад,

    нишон медиҳад. Дар ИМА ва дар кишварҳои узви Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ

    ва рушд ин талабагон сустхон буда дар синфашон мондаанд, дар дарсҳо

    номунтазам иштирок мекунанд ва ба назар мерасад, ки онҳо барои ба мактаб

    рафтан шавқу рағбат надоранд ва мушкилоти асосии онҳо интизом мебошад.

    Онҳо одатан аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки

    ноустувориҳои иқтисодӣ мавҷуданд ва сабаби паст будани шароити иқтисодии

    оила ё қонеъ гардонидани ниёзи як талаба дар ба даст овардани маблағ ё

    дастгирии оила дар иҷрои корҳои хона баён карда мешавад. Дар баробари

    мушкилоти молиявӣ аз чор мушкили монанд мебошанд, ки дар ИМА ва

    кишварҳои узви Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд асосӣ ҳисобида

    мешаванд: хониши паст, дар як синф мондан ва ё калон будани синну сол барои

    мактабхонӣ, иштироки суст дар дарсҳо, майлу рағбат надоштан ба мактаб. Илова

    бар ин, тарки мактаб дар кишварҳои тараққикунанда бештар аз тарафи духтарон

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи v

    рух медиҳад, ки ё нуқси ҷисмонӣ доранд ё мушкили саломатӣ ва аз масофаи дур

    аз хона ба мактаб мераванд ва дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

    Таҳлили сарчашмаҳо 26 барномаи пешгирии тарки мактабро баён мекунад, ки ба

    меъёрҳои асосии вобаста ба мавзӯъ ҷавобгӯ мебошад (аз ҷумла меъёрҳои иштирок

    дар дарсҳо, дар мактаб мондан, ё пешравӣ дар хониш) вақти муайяни муносиб

    (барнома ва баҳодиҳӣ бояд аз соли 1990 то 2010 сурат бигирад), намунаи муносиб

    (таваҷҷӯҳ ба талабагони мактаб, ки дар хавфи тарки мактаб қарор доранд) ва

    тарҳи муносиби баҳодиҳӣ (назорати тасодуфӣ/ чораҳои ҳал ё як тарҳи таҷрибаи

    қавӣ). Аз 26 барномаи мазкур 6 барномааш дар ИМА ва 20-тои он дар давлатҳои

    рӯ ба тараққӣ фаъолият мекунанд.

    Барномаҳои тарки мактаб дар Америка аз барномаҳои тарки мактаби дар хориҷ

    буда, дар заминаи гурӯҳи мақсаднок барои барномаҳои амалӣ фарқ мекунанд,

    вале, методологияи баҳодиҳӣ\арзёбии онҳо монанд мебошад. Аз ин рӯ,

    барномаҳои амрикоӣ асосан хонандагони мактабҳои асосӣ ва миёнаро мавриди

    ҳадаф қарор доданд дар ҳоле, ки барномаҳои амалигардонидаи дар хориҷбуда

    шогирдони мактабҳои ибтидоиро мавриди ҳадаф қарор медиҳанд. Аксари

    тадқиқот дар ҳар ду гурӯҳ, ки ҷавобгӯи меъёрҳои дақиқи мо барои тарҳи нақшаи

    муносиб нақшаҳои тасодуфии назорат буданд, ки имкониятҳои калони муайян

    намудани гуногунии таъсиротро дар байни гурӯҳҳои асосан баробари талабагон

    пешниҳод мекунанд.

    Фаъолиятҳое, ки аз тарафи барномаи тарки мактаб дар ИМА пешниҳод карда

    мешаванд аз он фаъолиятҳои дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳам дар интихоби

    фаъолиятҳо, ки бояд пешниҳод карда шаванд ва ҳам дар фаъолиятҳои омехта

    фарқ мекунанд. Дар ИМА барои пешниҳод намудани ҳам дастгирӣ барои таълим

    ва ҳам фаъолиятҳои шахсӣ/иҷтимоӣ тамоюли қавие вуҷуд дорад, ки талабагони

    дар хавф қарордошта метавонад фанҳоро беҳтар дарк намоянд ва ҳангоми бо

    мушкилоти шахсӣ ё иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудан кӯмаки муфид ба даст оранд. Аз

    шаш панҷ барномаи ИМА баъзе компонентҳои таълимиро дар худ ҷо намуданд;

    дар умум ҳамаи барномаҳо компонентҳои шахсӣ/иҷтимоиро дар бар гирифтаанд.

    Илова бар ин нисфи барномаҳои амрикоӣ бахшҳои сохторӣ доранд, ки муҳити

    хонданро аз тариқи ташкил кардани синфҳои хурд ё ворид намудани тағйирот ба

    барномаи дарсӣ, барои муносибтар кардани онҳо барои талабагон тағйир

    медиҳанд. Ҳеч яке аз ин барномаҳои мазкур фаъолиятҳои ҳавасмандкунии

    молиявӣ ё хизматрасониҳои тиббӣ пешниҳод намекунанд.

    Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бошад ҳавасмандкунии молиявӣ барои

    фиристодани талаба ба мактаб яке аз фаъолиятҳои роиҷ ба шумор меравад. Аз 20

    барномаҳои боддиқат арзёбигардида (65%) сездаҳ барнома маблағ ирсол

    намудаанд, стипендия (идрорпулӣ), варақаҳои пардохт, хӯрок барои оила,

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи vi

    воситаҳои мактабӣ, ё либоси мактабӣ барои талабагоне, ки ба таври доимӣ ба

    мактаб мераванд пешниҳод намуданд ва дар 11 ҳолат дахолати молиявӣ чораи

    ягонае буд, ки пешниҳод карда шуд. Камтар аз се яки барномаҳои байналмилалӣ

    компонентҳои таълимӣ, тиббӣ ё сохториро дар бар мегиранд; танҳо як барнома

    кӯмакҳои шахсӣ/иҷтимоӣ пешниҳод мекунад.

    Вобаста ба самаранокии онҳо дар зиёд намудани иштироки талабагон, кам

    кардани сатҳи тарки мактаб ё кафолат додани пешравии талабагон дар мактаб,

    натиҷаи намудҳои гуногуни барномаҳои амалӣ омехта мебошанд. Дахолатҳои

    молиявии бодиққат арзёбишуда тағйироти мусбати қобили зикрро дар 12 аз 13

    ҳолат (92%) нишон доданд ва тағйироти сохторӣ дар се аз чор ҳолат муваффақ

    буданд(75%), дастгирии таълимӣ дар ду аз се ҳолат самаранок буд (50%) ва

    барномаҳои тиббӣ ба натиҷаҳои таълимӣ дар ду аз панҷ тадқиқот таъсир

    расониданд (40%). Як барномаи шахсӣ/иҷтимоӣ муваффақият ба даст овард, аммо

    дар ҳоле, ки ӯ намудҳои гуногуни барномаи амалиро дар бар мегирифт барои он

    ки онро 100 фоиз муассир гӯем, мӯҳлати дарозтар лозим аст

    БОПТМ аз арзёбии таҳлили сарчашмаҳо се дарси асосӣ бардошт кард. Аввал ин

    адабиёт нишон медиҳад, ки омилҳои муайян, ки рафтори талабаро дар мактаб

    баён мекунанд ва ба тарки мактаб вобастаанд: махсусан хониши суст, дар синф

    мондан ё барои синфи муайян калонсол будан, иштироки ғайри мунтазам дар

    дарсҳо ва надоштани шавқу рағбат ба мактаб мебошанд. Барномаҳои амалӣ

    мумкин аст тарзе омода карда шаванд, ки ин мушкилоти муайяни талабагонро

    нисбат ба мактаб бартараф созанд. Дуввум ин, ки барномаҳои амалӣ гуруҳи

    мақсаднокро аз рӯи хусусиятҳое гендерӣ (духтарон), мушкилотҳои маъюбӣ ё

    сиҳат, ё зиндагии онҳо дар деҳот, ё дар масофаи дур аз мактаб шарҳ медиҳанд

    барои он, ки ин хусусиятҳо талабагонеро, ки мумкин аст тарки мактаб намоянд,

    муайян мекунад. Ин барнома барои ҳар як минтақаи муайяне, ки лозим аст дар

    он масъалаи омилҳои муҳим барои талабагон ва оилаҳо ҳал карда шавад, омода

    карда шудааст. Дар охир, ҳар як барнома ба баҳодиҳӣ\арзёбии аз нигоҳи

    методологӣ қавӣ ва ба маврид ба нақша гирифта шуда зарурат дорад, ки аз рӯи он

    барномаи амалӣ сари вақт ва бодиққаттар амалӣ карда мешавад.

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 1

    1.0 Муқаддима

    1.1 Мақсади таҳлил

    Ҳадафи Барномаи Озмоиши Пешгирии Тарки Мактаб (БОПТМ) ин пешниҳоди

    дастурамалҳои бо далелҳо асосёфта барои рисолати Ожонсии Амрико оид ба

    рушди байналмилалӣ (USAID) ва кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна мебошад,

    ки тавассути озмоишӣ пешгирӣ намудани тарки мактаби хонандагон ва

    санҷиши самаранокии фаъолиятҳои амалӣ дар чор кишвари таҳти пушиш

    қарордошта: Камбоҷа, Ҳиндустон, Тоҷикистон ва Тимури Шарқӣ ба даст

    оварда шудаанд. Дар соли аввали лоиҳа, кормандони БОПТМ дар ИМА ва

    кишварҳои номбаршуда бояд сарчашмаҳоро таҳлил намуда, барномаҳои

    амалии бодиққат арзёбӣ шударо барои кам кардани шумораи талабагони

    тарки мактаб намуда муайян намоянд ва барномаҳои амалиро тавре таҳия

    намоянд, ки дар ҳар як кишвари интихобшуда имконияти бештари комёб

    шудани онҳо вуҷуд дошта бошад. Дар ду соли пай дар пайи барнома,

    кормандон бояд он лоиҳаҳоро амалӣ намуда, чӣ гуна комёб шудани онҳоро

    барои кам кардани тарки мактаби хонандагон пеш аз хатми давраи таҳсилоти

    асосиашон арзёбӣ намоянд.

    Гузаронидани таҳлили сарчашмаҳо оид ба тарки мактаб дар ибтидои БОПТМ

    ба якчанд мақсадҳо фоида мерасонад. Аввал, пеш аз тарҳрезӣ намудани ягон

    иқдоми нав ба пуррагӣ донистани проблемае, ки бояд ҳал шавад ва чораҳоеро

    ки пеш аз ин барнома амалӣ карда шуданд, зарур аст. Дар талошҳо барои кам

    намудани тарки таҳсил дар мактабҳои рӯи дунё, тадқиқотчиён хусусиятҳои

    талабагонеро, ки тарки мактаб намуданд ва инчунин заминаи оила, ҷомеа ва

    мактабро аз наздик арзёбӣ намуданд. Сипас онҳо барномаҳои гуногунро

    амалӣ намуданд, ки баъзе аз ин барномаҳо нисбати дигарҳо муваффақияти

    беҳтар ба даст оварданд. Ошноӣ бо ин тадқиқот тамоми фаъолиятҳои ояндаи

    БОПТМ-ро роҳнамоӣ мекунад.

    Дуввум, таҳиякунандагони барнома ҳар чӣ бештар аз аҳамияти таҳия намудани

    тарҳи барнома аз руи қарори далелҳои қавии самаранокии усулҳои монанд

    огоҳ мешаванд. Баррасии натиҷаҳои баҳодиҳии барномаҳои амалӣ, усулҳои

    бодиққати баҳодиҳиро истифода бурда, оид ба интихобе ки таҳиякунандагон

    дар бораи омилҳои муносиби мазмун барои барномасозӣ истифода мебаранд,

    намудҳои фаъолияте, ки манфиат доранд ва ҳатто дар бораи намудҳои

    тренингҳое, ки татбиқкунандагони барнома барои самаранокии барнома ниёз

    доранд, маълумот медиҳанд.

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 2

    Сеюм, барои комёб шудани ҳар як лоиҳа муҳим аст, ки татбиқкунандагон

    мақсади асосии фаъолияташонро ба дигарон расонанд\ шарик созанд ва

    дастгирии васеъро дар кишварҳое, ки фаъолият мекунанд ҳосил намоянд.

    Расонидани маълумот ба дигарон тавассути барномаҳои гуногун дар бораи

    фаъолиятҳои тавсияшуда, арзиш ва натиҷа метавонад як гурӯҳи асосии

    аҳолиро барои дастгирии фаъолиятҳои дар кишвар анҷомёфта водор созад ва

    умед аст, ки ин барнома бо тамом шудани маблағгузории аввалия устувор боқӣ

    бимонад.

    Чорум, таҳлили адабиёт метавонад барои сиёсатмадорон, дигар

    таҳиякунандагони барномаҳо ва тадқиқотчиён дар бисёре аз кишварҳое, ки бо

    чунин мушкилот дар заминаи тарки мактаби талабагон бе хатм намудани як

    марҳила рӯ ба рӯ ҳастанд, роҳнамоӣ кунад. Пешниҳод намудани хулосаҳои

    тадқиқотҳое, ки анҷом дода шуданд фикрҳоро дар доираи истифодабарии

    дӯстона омода намуда қайд мекунад, ки аксари натиҷаҳо метавонанд ба

    дигарон дар ҳоле, ки онҳо барои талабагон дар кишварҳояшон барои пайдо

    кардани роҳҳои беҳтарин кӯмак расонанд.

    1.2 Таърифи «тарки мактаб»

    Пеш аз сар намудани озмоиши барномаҳои амалӣ бисёр муҳим аст, ки ба як

    фаҳмиши муштараки истилоҳи «тарки мактаб» бирасем, ки он дар БОПТМ

    истифода бурда шавад. Барои таърифи «тарки мактаб» маъмулан ягон

    таърифи умумӣ қабул карда нашудааст. Ташкилоти СММ оид ба таълим, илм

    ва фарҳанг (2005) тарки мактабро ба таври зайл шарҳ медиҳад: «талабагоне, ки

    дар мактаб номнавис шуданд ва пас аз он мактабро тарк гуфтанд». Барои ба

    таври дақиқ муайян намудан кӣ будани он талабагон муҳим аст, ки а)

    марҳилаҳои таълим, ки «мактаб» аз он ташкил ёфтааст ва б) чӣ маъно доштани

    «дар мактаб» бодиққат баён карда шавад.

    Дархост барои лоиҳаи барнома, тарки мактабро ҳамчун «шогирдоне, ки давраи

    асосии таълимиро дар як кишвар хатм накарданд», шарҳ медиҳад (саҳифаи 20)

    ва муқаррар мекунад, ки БОПТМ бо давраҳои ибтидоӣ ва миёнаи таълимӣ кор

    мекунад ва аз ин рӯ пешниҳод кардани як таърифи возеҳи солҳои мактабхонӣ

    бояд дар назар гирифта шавад. Бо мақсади муайян намудани дохилкунии

    барномаҳои ғайрирасмӣ ба таърифи «мактаб» БОПТМ аз таърифи ташкилоти

    СММ оид ба таълим, илм ва фарҳанг (UNESCO) пайравӣ мекунад, ки

    мувофиқи он кӯдакон дар таълими ғайрирасмӣ қарордошта он вақт дар

    «мактаб» буда ҳисоб мешаванд, агар барномаи муайяни таълими ғайрирасмӣ

    ҳамчун эквиваленти пурраи таълими расмии ибтидоӣ эътироф карда шавад.

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 3

    Барои муайян намудани кӣ «берун аз мактаб» ва кӣ «дар мактаб» мебошад,

    Ташкилоти СММ оид ба таълим, илм ва фарҳанг (UNESCO) гурӯҳи аввалро

    ҳамчун он касоне, ки«дар давоми соли хониш ба мактаб дастрасӣ надоранд» ва

    гурӯҳи дуввумро ҳамчун талабагоне, ки ҳадди ақал як рӯз ба мактаб рафтаанд,

    муқаррар мекунад. Аз ин рӯ, талаба дар он ҳолат тарки мактаб намуда ҳисоб

    мешавад, ки агар он талаба ҳадди ақал як рӯз дар дарс иштирок кардааст ва дар

    якчанд мавриди пайдарпай дар давоми сол дар дарс иштирок накардааст.

    Консортсиуми Тадқиқоти дастрасӣ ба таълим (Креатив, 2010) ин падидаро

    чунин шарҳ медиҳад:

    (1) Хонанда мумкин аст бо сабаби муваққатии эҳтиёҷоти иқтисодӣ ба мактаб

    рафтанро қатъ кунад. Ин талаба мумкин аст дар кишту кор, ғундоштани

    ҳосил ба муддати як моҳи пурра ба хонаи хешонаш фиристода шуда

    бошад, ё барои пул кор кардан фиристода шуда бошад, вале дар назар

    дошта мешавад, ки ӯ пас аз анҷом ёфтани корҳо ба мактаб бармегардад.

    (2) Хонанда мумкин аст бо сабаби як воқеаи вазнин ба мисли вафоти падару

    модар ё муҳоҷирати оила ба мактаб наравад, гарчанде, ки умеди ба мактаб

    баргаштани ӯ ҳаст.

    (3) Хонандае ба муддати дароз дар мактаб набудааст ва мехоҳад, ки ба мактаб

    баргардад, вале синну солаш калон мебошад, ки шояд шарм кунад ва дар

    баъзе кишварҳо мувофиқи сиёсат ба ӯ иҷозати хондан дода намешавад.

    Аз тариқи фаҳмиши роҳҳое, ки хонанда ба мактаб рафтанро бас мекунад ва

    қабул кардани таърифи Ташкилоти СММ оид ба таълим, илм ва фарҳанг

    (UNESCO), ки асоси он иштироки хонанда ба дарс дар давоми соли хониш аст-

    БОПТМ метавонад барномаҳоеро омода намояд, ки майлу рағбати талабаҳоро

    тағйир дода, онҳоро ба мактаб бозгардонад.

    1.3 Усулҳои таҳлил ва интихоби барномаҳои амалӣ

    Бо мақсади дастрас намудани сарчашмаҳо барои таҳлил, кормандони БОПТМ

    мавзӯъҳои «тарки мактаб», «иштироки бад дар дарсҳо» ва «дар синф мондан»-

    ро ҷустуҷӯ ва истифода намуданд.

    Интихоби «иштироки бад дар дарсҳо» аз таърифоти Ташкилоти СММ оид ба

    таълим, илм ва фарҳанг (UNESCO) гирифта шудааст, ки ба таври возеҳ ба

    ҳузури воқеии талаба дар дарс ё иштирок накардани ӯ дар дарс, ки мавқеяшро

    муайян мекунад, такя мекунад. Ба таври давомнок дар дарсҳо иштирок

    накардан баъзе вақтҳо ба тарки мактаб баробар мебошад ва чуноне, ки баъдтар

    дар ҳисобот баррасӣ карда шудааст, ин одатан як муқаддима барои ҳамешагӣ

    тарки мактаб кардан аст. Дар синф монондани талабагон барои кам ва ё ҳеҷ

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 4

    иштирок накардан дар дарсҳо инчунин як муқаддимаи тарки мактаб мебошад,

    ки БОПТМ «дар синф мондан»-ро ҳамчун як ибора дар тадқиқот истифода

    бурдааст.

    Кормандон барои арзёбии тадқиқот дар а)интернет ва дар б) китобхона

    маълумот ва маҷаллаҳое, ки бо таълим ва иқтисод ва в) дар сомонаҳои

    ташкилотҳо дар ИМА, ки бо тарки мактаб сару кор доранд (ба мисли

    Клирингҳоус Чӣ кор Мекунад, Маркази миллии пешгирии тарки мактаб,

    Маркази мактаби миёна) ташкилотҳои ба он монанд дар хориҷ (ба мисли

    Ташкилот барои ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD, КРИЕТ, ЮНЕСКО,

    Бунёди кӯдакони СММ) ва он ташкилотҳое, ки лоиҳаҳои байналмилалии оид

    ба таълимро амалӣ ва арзёбӣ намуданд (ба мисли Академия Рушди Таълим,

    Институти Амрикоӣ оид ба тадқиқот, Системаи байналмилалии идоракунӣ,

    Барномаи Таълими Босифат, Бонки Ҷаҳонӣ) ҷустуҷӯ намуданд. Сипас онҳо

    маълумотҳои зарурии дар ин ҳуҷҷатҳо ва гузоришҳо пайдо кардаро пайгирӣ

    намуданд. Бештар он чизе, ки мо дарёфтем, ин шарҳи хусусиятҳои талабагоне,

    ки тарки мактаб намуданд буд, ки ба баҳодиҳии иловагӣ ба барномаҳои тарки

    мактаб мусоидат мекунад. Мо инчунин бо тадқиқотчиён, ки барои

    гузаронидани чунин арзёбиҳо шинохта шудаанд дар тамос шудем, то боварӣ

    ҳосил кунем, ки мо маълумоти пурра ва навтаринро оиди тамоми лоиҳаҳо дар

    даст дорем. Илова бар ин, мо ба кормандони худ дар кишварҳои БОПТМ

    вазифа супоридем, ки оид ба тарки мактаб мақолаҳои тадқиқотӣ ва мақолаю

    маълумотҳо ҷамъ кунанд.

    Бо мақсади интихоб намудани равишҳои муассир барои барномаҳои амалӣ,

    кормандони БОПТМ аксари вақти рӯзро дар таҳлили ҳар як маълумот оид ба

    арзёбӣ мегузаронданд. Барномаҳои амалии «муассир»-е, ки интихоб карда

    мешаванд, ки бояд ба иштироки талаба дар мактаб таъсир расонида, бодиққат

    арзёбӣ карда шаванд. Ҳар яке бояд ба критерияҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

    Мавзӯъ/ натиҷа, мувофиқат. Арзёбӣ бояд меъёри синну соли муайяни дар

    мактаб будани хонандаро (мисол: ҳанӯз дар мактаб дар охири сол ё аз

    нав номнавис кардан дар соли оянда), пешравӣ дар хониш (мисол: ба

    синфи дигар гузаронида шуд ё синфи аз ҳама болоиро дар марҳилаи

    муайян хатм кард), ё дар дарсҳо иштирок кардан (ба таври мунтазам ба

    дарс ҳозир шудан), ва тамоми нишондиҳандаҳои он, ки хонандагон

    тарки мактаб намекунанд, бояд дар бар гирад. Бисёре аз барномаҳои

    амалӣ, ки сифати таълимро дар мактаб боло мебаранд мумкин аст, ки

    сатҳи тарки мактабро коҳиш диҳанд, вале тадқиқоти чунин барномаҳо

    танҳо дар таҳлили сарчашмаҳо ворид хоҳанд шуд, агар онҳо яке аз се

    натиҷаи дар боло зикр шударо муайян намоянд.

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 5

    Аҳамияти вақт. Ҳар як барнома бояд ба таври кофӣ нав ва дар соли 2011

    қобили иҷро бошад, гарчанде, ки он дар байни солҳои 1990 ва 2010

    арзёбӣ шудааст.

    Мувофиқати намуна. Мувофиқи дастурамалҳои USAID, барои БОПТМ

    барномаи амалӣ бояд ба талабагоне, ки дар мактабанд ва дар хавфи

    тарки таҳсил қарор доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир намояд ва бояд ҷой, мӯҳлати

    давомнокии фаъолиятҳо, амалҳои пешниҳодшуда, талабот барои тренинги

    кормандон ва хароҷотро тасвир намояд.

    Мувофиқати нақшаи тадқиқот. Бо истифода аз критерияҳои

    омодагардида аз тарафи Клирингҳоус Чӣ кор Мекунад? (What Works

    Clearinghouse), Бахши шӯъбаи маъорифи ИМА, ки барои арзёбии

    самаранокии кори ислоҳоти мактабҳо меъёрҳои қатъӣ муқаррар

    намудааст, арзёбии барномаҳои амалӣ бояд: а) нақшаи назорат/ислоҳи

    тасодуфии фаъолиятҳо ё б) нақшаҳои таҷрибавӣ, ки дар ибтидо ислоҳот

    ва муқоисаи баробари гурӯҳҳо ва таҷрибаи пасти тарккунӣ ё дараҷаи

    пастро аз сар мегузаронанд ва ё аз нақшаи қатъшудаи регрессивии

    дараҷаи паст истифода мебарад.

    26 арзёбӣ, ки ба тамоми критерияҳо ҷавобгӯ ҳастанд, «барномаҳои боддиқат

    арзёбишуда» ҳисобида мешаванд ва ба таври муфассал дар ҳисобот баррасӣ

    шуда, хулосаи онҳо дар Замимаи С баён карда шудааст; ҳашт арзёбие, ки ба ин

    критерияҳо ҷавобгӯ набуданд, ба таври муфассал пешниҳод карда нашуданд

    (ниг. Замимаи D).

    Нақшаҳои дақиқи арзёбӣ

    Дар нақшаи назорат/ислоҳи тасодуфӣ, хонандагони муносиб ба гуруҳҳои назорат ва ислоҳот бо истифода аз ҷадвали рақамҳо , ё аз рӯи тартиби ҳарфҳои алифбо ба таври ҳар як

    нафари дуюм барои ислоҳот тавсия шуданд. Дар нақшаи таҷрибавӣ тадқиқотчиён бо истифода

    аз якчанд хусусият, мактаб ё хонандагонро муқоиса мекунанд, мисол: онҳо мумкин аст

    барномаро дар як мактаб амалӣ намуда, мактаби наздикбударо барои муқоиса интихоб

    намоянд. Дар ин кор бояд кафолат дода шавад, ки заминаи хусусиятҳои асосии хонандагон ва

    таҷрибаҳои мактабӣ ба қадри имкон ба якдигар монанд мебошанд (усули “ҷуфтро муқоиса

    кунед”). Нақшаи қатъшудаи регрессивӣ одатан ҳамон вақт истифода карда мешавад, ки ҳамаи

    хонандагони муносиби барномаи амалӣ ин барномаро дастрас бошанд. Барои шарҳ додани

    гурӯҳҳои ислоҳӣ ва муқоисавӣ, тадқиқотчиён ҳилаҳои он хонандагонро истифода мекунанд, ки

    дараҷаи паст аммо ба зинаи мувофиқат наздиканд ва аз барномаҳои амалӣ бархурдор ҳастанд,

    ҳамчун «исолоҳотӣ» ва онҳое, ки дараҷаи баланд доранд аммо ба зинаи мувофиқат наздик

    мебошанд ва аз барномаҳои амалӣ бархурдор нестанд, ҳамчун «муқоисавӣ» истифода

    мешаванд

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 6

    1.4 Омода намудани гузориш

    Қисмати боқимондаи ин гузориш ба чор бахш тақсим мешавад. Бахши дуввум

    шарҳи хусусиятҳои талабагон ва ҷавононеро, ки дар хавфи тарки мактаб қарор

    доранд, пешниҳод мекунад. Он бо баррасии доираи мушкилоти тарки мактаб

    оғоз ёфта, сипас омилҳои хавфро, ки пайваста дар ин адабиёт пеш меоянд

    шарҳ медиҳад, то он гурӯҳи талабагонеро муайян намояд, ки имкон аст бештар

    мактабро пеш аз хатм кардан партофта раванд. Баъзе ин омилҳои хавф

    метавонанд дар оғозӣ давраи ибтидоӣ санҷида шаванд; дигар омилҳо ҳангоме,

    ки талабагон ба синфҳои давраи асосӣ ва болоии мактаб ворид мешаванд,

    муҳимтар мегарданд. Бахши сеюм далелҳоро оид ба барномаҳо амалӣ таҳлил

    намуда, типологияи барномаҳои амалиро барои пешгирии тарки мактаб

    пешниҳод менамояд, ва ба типологияи омилҳои хавф, ки дар бахши аввал

    баррасӣ шудаанд муқоиса мекунад, самаранокии давомнокии барномаҳои

    амалиро имтиҳон мекунад, ва он барономаҳоеро, ки ба тамоми критерияҳои

    арзёбӣ ҷавобгӯ набуданд, баҳо медиҳад. Бахши чорум тавсияҳоро барои

    банақшагирии барномаҳои тарки мактаб, ки аз тадқиқоти хусусиятҳои

    талабагони тарки мактаб намуда ва барномаҳои амалие, ки барои пешгирии

    он кӯмак мерасонад, пешкаш менамояд.

    Ба ин гузориш чор замима (а) ҷадвали омори асосии таълимӣ барои ҳар яке аз

    чор кишваре, ки БОПТМ амалӣ карда мешавад, (б) ҷадвали ҳуҷҷатҳои

    тадқиқот, ки омилҳои гуногунро оид ба тарки мактаб баррасӣ мекунанд, (в)

    ҷадвали шарҳи 26 барномаи бодиққат арзёбишудаи барномаҳои амалӣ оид ба

    тарки мактаб, 1-2 саҳифа хулосаҳо барои ҳар як мавзӯъ ва (г)ҷадвали шарҳи

    ҳашт барномаи амалӣ, ба критерияҳои бодиққати арзёби БОПТМ ҷавобгӯ

    нестанд, илова карда шудаанд.

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 7

    2.0 Замина ва хусусиятҳои талабагон ва ҷавонони дар хавфи

    тарки мактаб қарордошта

    2.1 Доираи мушкилоти тарки мактаб

    Дар муддати ду даҳаи гузашта бисёре аз ташаббусҳои байналмилалӣ барои

    пешниҳод намудани дастрасии умумӣ ба таълими асосӣ нигаронида шудааст,

    ки дар ин замина пешравиҳо ба қайд гирифта шуданд. Мувофиқи маълумоти

    ташкилоти СММ оид ба таълим, илму фарҳанг (UNESCO) (2010) шумораи

    умумии талабагоне, ки аз мактаб дур мондаанд, дар давоми шаш сол тахминан

    38 фоиз, ки ин аз 115 миллион дар солҳои 2001/02 то ба 71 миллион дар соли

    2007 коҳиш ёфтааст. Тахминан 44 фоизи хонандагони берун аз мактаб монда

    ягон бор ба мактаб нарафтаанд. Аз 56 фоизи хонандагоне, ки ба мактаб

    рафтаанд фоизи баланди онҳо пеш аз хатм намудани давраи таълимӣ ё

    гузаштан ба давраи дигари таълимӣ дар хавфи тарки мактаб қарор доранд.

    Андозаи мушкилот дар байни минтақаҳо ва ҳатто дар дохили онҳо фарқ

    мекунад. Дар Сахараи ҷанубии Африка, 64 фоизи талабагони берун аз мактаб

    монда аз эҳтимол дур аст, ки ягор бор дар мактаб номнавис шуда бошанд, дар

    ҳоле, ки дар шарқ, ҷануб ва ғарби Осиё ва кишварҳои ҳавзаи уқёнуси Ором

    фақат 20 то 30 фоизи кӯдакони аз мактаб дурмонда эҳтимол аст, ки дар мактаб

    ягор бор номнавис шуда бошанд, лекин 60 фоизи онҳо тарки мактаб

    намудаанд. Имконияти дар мактаб мондан махсусан дар Ҳиндустон, Покистон,

    Бангладеш ва Непал паст мебошад: 70 фоизи кӯдакони аз мактаб берун монда

    дар Ҳиндустон, 50 фоиз дар Покистон, 40 фоиз дар Бангладеш ва Непал тарки

    мактаб намудаанд. Дар Осиёи Марказӣ фоизи зиёдтари талабагони синну соли

    давраи ибтидоӣ дошта, ки тарки мактаб намуданд (38%), тамоман ба қайд

    гирифта нашудаанд (35%) ва дер ба мактаб рафтаанд (27%)-ро ташкил

    медиҳад.

    Барои кишварҳое, ки ин барномаро амалӣ мегардонанд, ҷадвали 1 маълумоти

    тозатаринро оид ба сатҳи расмии бақайдгирӣ аз хазинаи маълумоти институти

    омори ташкилоти СММ оид ба таълим, илму фарҳанг (UNESCO) ва

    маълумотро оид ба сатҳи тарки мактаб аз базаи маъулмоти омори таълими

    Бонки Ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Бояд гуфт, ки маълумоте, ки аз солҳои охир

    мавҷуд аст, дар байни давлатҳо ва базаҳои маълумотӣ фарқ дорад. Гурӯҳи

    давлатҳо ду намунаи гуногуни бақайдгириро нишон медиҳанд. Хонандагон дар

    Тоҷикистон аз як тараф қариб ҳамаашон дар мактаб номнавис карда мешаванд

    ва хеле кам дар давраи ибтидоӣ (синфҳои 1-9) тарки мактаб мекунанд. Сатҳи

    расмии бақайдгирӣ дар соли 2008 дар ин гурӯҳи синну сол барои духтарон 95

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 8

    фоиз ва барои писарон 99 фоиз буд. Гарчанде, ки омор барои сатҳи тарки

    мактаб аз хазинаи омори таълим дастрас набуд, Системаи идоракунии

    маълумоти таълими Тоҷикистон барои соли 2009-10 сатҳи пасти тарки

    мактабро дар марҳилаи ибтидои, ки камтар аз 1 фоиз дар синфои 1-4 ва 4 фоиз

    дар синфҳои 5-9 аст, нишон дод. Сатҳи умумии бақайдгирӣ барои мактабҳои

    миёна (дар синфҳои 10-11) барои духтарон 77 фоиз ва барои писарон 88 фоиз

    мебошад ва мувофиқи маълумоти расмӣ сатҳи тарки мактаб дар давраи

    мактаби миёна 5 фоизро ташкил медиҳад. 1

    Гарчанде, ки ин дараҷаҳои бақайдгирӣ барои мактабҳои миёна дар кишварҳои

    рӯ ба тараққӣ нисбатан баланданд, бисёр муҳим аст қайд карда шавад,ки сатҳи

    бақайдгирии духтарон дар мактаб ба таври назаррас нисбат ба писарон

    пасттар аст. Аз ин рӯ, аксари талабагон дар Тоҷикистон дар мактаб номнавис

    мешаванд ва дар баъзе мактабҳо тарки таҳсил мушоҳида карда мешавад, ки он

    асосан дар солҳои мактабҳои миёна рух медиҳад ва духтарон нисбат ба писарон

    зиёдтар тарки таҳсил мекунанд.

    Ҷадвали 1: Маълумот оид ба тарки мактаб2

    Кишвар

    Сатҳи умумии

    бақайдгирӣ дар

    давраи ибтидоӣ

    Сатҳи тарки мактаб

    дар давраи ибтидоӣ

    Сатҳи умумии

    бақайдгирӣ дар

    давраи мактаби

    миёна

    Духтарон Писарон Духтарон Писарон Духтарон Писарон

    Камбоҷа

    (2007) 88% 92% 43% 48% 32% 36%

    Ҳиндустон

    (2005) 87% 91% 35% 34% нест нест

    Тоҷикистон

    (2008) 95% 99% нест нест 77% 88%

    Тимури

    Шарқӣ (2008) 74% 77% 32% 22%

    33% (2007) 30% (2007)

    Камбоҷа, Ҳиндустон ва Тимори Шарқӣ бошанд дар умум сатҳи пасти расмии

    бақайдгирӣ дар мактабҳои ибтидоӣ (аз 74 фоиз барои духтарон дар Тимори Шарқӣ то

    92 фоиз барои писарон дар Камбоҷа) ва сатҳи баландтари тарки мактаб дар давраи

    1Тарки мактаб бар асоси дараҷаи номнавис шудани хонандагон барои тамоми синфҳо ғайр аз синфи 9

    ҳисоб карда мешавад. Барои синфи 9, “дар синф” тарки мактаб бар асоси шумораи хонандагоне, ки

    синфи 9-умро хатм намудаанд, ҳисоб карда мешавад. 2 Дараҷаи расмии номнавискунӣ аз пойгоҳи маълумоти Институти омори UNESCO, Сатҳи тарки мактаб

    аз пойгоҳи маълумоти омори таълимии Бонки Ҷаҳонӣ. Тамоми маълумот нишондиҳандаи омори соли

    гузашта мебошад.

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 9

    ибтидоӣ (аз 22 фоиз барои писарон дар Тимори Шарқӣ то 48 фоиз барои писарон

    дар Камбоҷа) доранд, ки барои баъзе гурӯҳи талабагони ҷавон барои дастрасӣ

    пайдо кардан ба мактаб ва мондан дар мактаби ибтидоӣ мушкилоти бештар

    эҷод мекунад. Камбоҷа ва Тимори Шарқӣ нисбати Тоҷикистон сатҳи хеле

    пасти номнавис шудани талабагонро дар мактаби миёна нишон медиҳанд, ки

    ин аз се яки талабагони ба қайд гирифта мешаванд ва гуфта мешавад, ки

    нисбатан шумораи ками талабагон ин давраро ба охир мерасонанд. Тарки

    мактаб дар ин кишварҳо як масъалаи муҳим мебошад, ки он дар давраи

    ибтидоии мактаб шурӯъ мешавад ва бо мурури калон шудани синну соли

    талабагон зиёд мешавад. (Барои тафсилоти бештари ин маълумот, лутфан

    Замимаи А-ро бубинед)

    2.2 Омилҳое, ки ба тарки мактаби талабагон вобастагӣ доранд

    Дар вақти санҷиши хусусиятҳои талабагоне, ки тарки мактаб мекунанд,

    истифода аз тадқиқоти дақиқе, ки дар ИМА оид ба талабагон ва ҷавонон

    гузаронида шудааст муфид мебошад, чунки ин тадқиқот муфассал ва дақиқ аст

    ва дар бисёре аз мавридҳо ба меъёрҳои дақиқ барои нақшаи тадқиқот ва

    таҳлилҳо ҷавобгӯ мебошад. Муҳим аст қайд карда шавад, ки аксари ҳолатҳои

    тарки мактаб дар ИМА дар байни талабагони мактабҳои миёна мебошанд,

    гарчанде мувофиқи қонунҳои кишвар тамоми талабагон ҳадди ақал то синни

    16 солагӣ бояд дар мактаб бошанд ва ҳукумат кормандони масъулро ба кор

    қабул мекунад, ки талабагони мактабгурезро ба таври доимӣ баргардонда ба

    мактаб биёранд. Ин маълумот мумкин аст барои кишварҳое, ки мушкилоти

    тарки мактаб дар байни талабагони калонсол вуҷуд дорад, муфид бошад.

    Ҷадвали 2 омилҳои асосии хавфро барои хонандагони тарки мактаб намуда

    чуноне, ки дар сарчашмаҳои ИМА ва ҳам хориҷ аз он нишон дода шудааст,

    хулоса мекунад. Дар умум, омилҳо самт ва сифати ҳар як хусусиёти вобаста ба

    тарки мактабро муайян менамоянд. Тақрибан дар тамоми ҳолатҳо, робитаи

    манфӣ байни омил ва тарки мактаб ҳам барои кишварҳои тараққикарда ва ҳам

    тараққӣ кунанда монанд мебошад. Ягона ҳолати истисно ин гендер (ҷинс)

    мебошад: дар ИМА ва кишварҳои узви ташкилот барои ҳамкории иқтисодӣ ва

    рушд асосан бачаҳо тарки мактаб мекунанд, дар ҳоле, ки дар кишварҳои рӯ ба

    тараққӣ духтарҳо бештар тарки мактаб мекунанд. Тадқиқотҳои махсусе, ки

    дар ин ҷадвал саҳм гузоранд дар Замимаи Б зикр карда шудаанд, ки

    имконияти ба таври дақиқ муайян кардани омилҳои дар ҳар як тадқиқот

    мавриди баррасӣ карор доштаро доранд. Барои осон намудани шарҳ, омилҳои

    хавф дар ҷадвалҳо ба чор «қисм» тақсим карда шудаанд: хусусиятҳои

    инфиродӣ, оила, мактаб ва ҷомеа, ки ба манбаи омил вобастагӣ доранд. Дар

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 10

    дохили ҳар як қисм, омилҳо ба он гурӯҳҳое ҷудо мешаванд, ки ба ҳамдигар

    мувофиқанд.3

    Қисми «инфиродӣ» маълумоти асосиро оид ба синну сол ва гендер (ҷинс) дар

    мавриди номнавис шудан дар мактаб; масъулиятҳои барвақтии талаба дар

    хона ва дар кор, муносибатҳои иҷтимоӣ, муомила ва рафтор (мисол як талаба

    бо кадом рафиқонаш чӣ хел муомила мекунад); иштрок дар ҷараёни хониш (то

    кадом андоза муваффақ мегардад); иштирок дар мактаб (нерӯ ва ҳавасмандие,

    ки як талаба нисбати мактаб нишон медиҳад); ва рафтор дар мактаб (масъалаи

    интизом)-ро дар бар мегирад. Қисми «оила» маълумоти асосиро дар бораи

    оила (мавқеи пасти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сатҳи пасти маълумотнокии падару

    модар) ва меёрҳои иштироки оила дар мактаб ва ӯҳдадориҳои он оид ба фаро

    гирифани фарзандон бо таҳсил (робитаи суст бо мактаб, аҳамияти кам додан

    ба таҳсил) дар бар мегиард. Қисми «мактаб» аз меъёрҳои сохторӣ (дур будани

    масофа аз хонаи хонанда то мактаб; надоштани имкониятҳои муносиб) ва

    меёрҳои амалӣ (сифати пасти дарсдиҳӣ, надоштани барномаи дарсии

    муносиб) иборат аст. Дар охир қисми «ҷомеа» нишондиҳандаҳои минтақае, ки

    мактаб талабагонро ба он ҷалб мекунад (шаҳр ё деҳот; вуҷуд доштани низоъ,

    ҳолатҳои фавқулодда ё ҳолати ноустувори сиёсӣ), дар бар мегирад. Бахшҳои бо

    хатти сиёҳ навишташуда дар ду тарафи рости сутунҳо, нишондиҳандаи бештар

    аз се яки мақолаҳои таҳлилшуда мебошанд.

    Ҷадвали 2: Шумораи(фоиз) натиҷаи тадқиқотҳои ҳар як омили хавф, ки

    ба таври назаррас ба тарки мактаб таъсир мерасонанд

    Омил

    ИМА ва

    кишварҳои узви

    ташкилот барои

    ҳамкории

    иқтисодӣ ва рушд

    (N=16)

    Кишварҳои рӯ

    ба тараққӣ

    (N=26)

    Қисми инфиродӣ

    Хусусиятҳои асосии инфиродӣ

    Синну соли калон дар вақти номнавис кардан

    (синну соли калон барои синфи муайян)

    -- 5 (19%)

    Гендер 4 3 (19%) – мард 9 (35%) – зан

    Доштани маъюбияти ҷисмонӣ/бемории бардавом 5 (31%) 12 (46%)

    3 Бояд қайд намуд, ки тадқиқотчиёни гуногун то андозае таърифҳои гуногунро истифода бурдаанд, аз ин

    рӯ забоне, ки дар ҷадвал истифода шудааст ба таври дақиқ бо забони матни онҳо мувофиқат намекунад. 4 Дар ИМА ва кишварҳои узви созмони ҳамкории иқтисоди барои рушд, мардҳо бештар тарки мактаб

    мекунанд; дар кишварҳои тараққикунанда бошад духтарон бештар тарки мактаб мекунанд.

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 11

    Омил

    ИМА ва

    кишварҳои узви

    ташкилот барои

    ҳамкории

    иқтисодӣ ва рушд

    (N=16)

    Кишварҳои рӯ

    ба тараққӣ

    (N=26)

    Масъулиятҳои барвақтии шахси ба воя расида

    Хароҷоти иқтисодӣ/имкониятҳо/коркунӣ 5 (31%) 19 (73%)

    Издивоҷ/Сарпарастии оила 5 (31%) 7 (27%)

    Рафтори иҷтимоӣ, арзишҳо ва ахлоқ

    Хавфи баланди гурӯҳҳо/рафтори иҷтимоӣ 4 (25%) --

    Ҳавас ба он талабагоне, ки тарки мактаб намудаанд -- 3 (12%)

    Иҷрои фаъолияти мактабӣ

    Натиҷаи сусти хониш 13 (81%) 9 (35%)

    Такрорӣ хондан як синф/синну соли калон барои

    мактабравӣ

    8 (50%) 10 (38%)

    Машғулиятҳои мактабӣ

    Иштироки суст 11 (69%) 8 (31%)

    Умеди кам ба таълим 3 (19%) --

    Ӯҳдадориҳои кам /надоштани рағбат ба мактаб 9 (56%) 10 (38%)

    Рафтор дар мактаб

    Рафтори бад/қонунвайронкунӣ 8 (50%) 2 (8%)

    Қисми Оила

    Хусусиятҳои асосии оила

    Камбизоатӣ/Мақоми пасти иҷтимоӣ-иқтисодӣ 8 (50%) 19 (73%)

    Ақалиёти қавмӣ/табақа/забон 4 (25%) 7 (27%)

    Сатҳи пасти саводнокии падару модар 4 (25%) 12 (46%)

    Бо падару модари ҳақиқӣ зиндагӣ накардан 6 (38%) 7 (27%)

    Падару модари бекор 2 (13%) 4 (15%)

    Шумори зиёди хоҳару бародар махсусан аз

    панҷсола хурдтар

    3 (19%) 5 (19%)

    Нооромии оила (талоқ, марг) 4 (25%) 5 (19%)

    Бисёр кӯчидани падару модар аз як ҷо ба ҷои дигар 6 (38%) 7 (27%)

    Машғулияти оила/кафолати он ба таълим

    Хоҳару бародарон тарки мактаб намуданд 3 (19%) --

    Алоқаи суст бо мактаб 6 (38%) 2 (8%)

    Ба мактабхонӣ аҳамияти кам додан 4 (25%) 5 (19%)

    Қисми Мактаб

    Сохтор

    Бақайдгирии зиёди талабагон 3 (19%) --

    Таваҷҷуҳи бештар ба хонаводаҳои камбизоат ва

    ақалиятҳо

    3 (19%) --

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 12

    Омил

    ИМА ва

    кишварҳои узви

    ташкилот барои

    ҳамкории

    иқтисодӣ ва рушд

    (N=16)

    Кишварҳои рӯ

    ба тараққӣ

    (N=26)

    Масофа бисёр дур /шумораи ками мактабҳо 1 (6%) 11 (42%)

    Надоштани имкониятҳо (ҳоҷатхонаҳо) ва маводҳои

    таълимӣ --

    4 (15%)

    Надоштани мактаб баъди даври ибтидоӣ -- 2 (8%)

    Фаъолият

    «сифат»-и пасти мактаб 1 (6%) 6 (23%)

    Хатарнок (дастаи авбошон, танбеҳи ҷисмонӣ) 3 (19%) 6 (23%)

    Сифати пасти дарсдиҳӣ/дараҷаи баланди

    ғайриҳозирии муаллимон -- 5 (19%)

    Надоштани алоқа бо калонсолон дар мактаб 4 (25%) --

    Забони таълим забони модарии талаба нест 1 (6%) 3 (12%)

    Надоштани барномаҳои муносиб 4 (25%) 3 (12%)

    Бедиққатӣ ба дарсдиҳӣ 6 (38%) --

    Қисми Ҷомеа

    Шаҳр/Маҳаллаи қашшоқ -- 1 (4%)

    Деҳот -- 8 (31%)

    Шумораи зиёди камбизоатҳо, ақалиёт, кӯдакони

    дар хориҷ таваллудшуда, падар ё модари танҳо,

    падару модари маълумоташон паст

    3 (19%) 1 (4%)

    Сар задани низоъ, ҳолатҳои фавқулодда,

    ноустувории сиёсӣ -- 4 (15%)

    Мафҳумҳои фарҳангии гузаронидани анъанаҳо, ки

    садди роҳи мактабанд -- 2 (8%)

    Дар ИМА ва кишварҳои узви созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд гурӯҳи

    омилҳои гуногун вуҷуд дорад, ки талабаҳои дар хавфи тарки таҳсил қарор

    доштаро муайян мекунанд. Ин талабагоне, ки баҳои паст мегиранд, одатан дар

    синфҳояшон такрорӣ мондаанд, ғайри мунтазам дар дарсҳо иштирок

    мекунанд, ва ба назар мерасад, ки рағбат ё ҳавасмандӣ ба мактаб надоранд ва

    бисёртарашон мушкилоти интизом доранд. Онҳо асосан аз оилаҳои

    камбизоат ва доимо ҷойивазкунанда (муҳоҷир) мебошанд, бо ҳарду волидайни

    ҳақиқиашон зиндагӣ намекунанд ва падару модари онҳо бо мактаб кам алоқа

    доранд. Вақте, ки аз онҳо суол карда мешавад, онҳо даъво мекунанд, ки ба дарс

    додан дар мактаби онҳо таваҷҷуҳи зиёд дода намешавад. Аз ин рӯ, барои он,

    ки таҳиякунандагон барои барномаҳои амалӣ нақшаҳо тартиб медиҳанд, хуб

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 13

    мешуд, ки ба баланд бардоштани сатҳи иштирок дар мактаб, хониши хуб ва

    беҳтар кардани рафтор диққат диҳанд.

    Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ сурати ҳол дигар хел ба назар мерасад. Дуруст

    аст, ки ду омили асосӣ дар 73 фоизи тадқиқот тағйирёбандаҳои иқтисодӣ

    мебошанд. Яке дар Қисми Оила камбизоатии оила мебошад ва омили дигар

    дар Қисми Инфиродӣ эҳтиёҷи талаба барои дарёфт намудани пул ё анҷом

    додани корҳо дар хона мебошад. Аҳамияти масъалаҳои молиявӣ ва воқеияти

    он, ки онҳо аксари вақт монеъи роҳи талабагон барои иштирок дар дарсҳо

    мешаванд, махсусан дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва дуруст ба назар мерасад,

    ки таҳиякунандагони нақшаи барномаҳои амалӣ бояд он равишҳоеро интихоб

    намоянд, ки ба таври мустақим масъалаи эҳтиёҷоти молиявӣ ҳал карда шавад.

    Илова бар масъалаҳои молиявӣ якчанд масъалаҳои дигар ҳастанд, ки нисбатан

    ба таври такрорӣ зикр карда мешаванд. Дуруст аст, ки ин дар кишварҳои рӯ ба

    тараққӣ талабагоне, ки мумкин тарки мактаб менамоянд, дар мактаб хониши

    суст нишон медиҳанд ва дар синфашон мондаанд ё барои он синф синну

    солашон калон аст; онҳо инчунин ба мактаб тавҷҷӯҳ ва ё рағбати кам доштанро

    нишон медиҳанд. Илова бар ин тарки мактаб дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ

    бештар аз тарафи духтарон сурат мегирад, ки нуқси ҷисмонӣ ё бемориҳои

    такрорӣ дошта, сатҳи маълумотнокии падару модарашон паст аст ва ба мактаб

    аз масофаи нисбатан бисёр дур аз хона меоянд. Бояд қайд намуд, ки адабиёт

    оид ба тарки мактаб дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба масъалаҳои вобаста ба

    рафтор, ки дар байн талабагони дар хавф қарордошта дар ИМА ва кишварҳои

    узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дида мешавад, ишора намекунад.5

    Дар сарчашмаҳои аз тамоми гӯшаҳои дунё расида, ба таври умум мувофиқат

    шудааст, ки тарки мактаб на фақат як воқеаи танҳо, балки як ҷараён мебошад,

    яъне ҷараёне, ки мумкин аст барвақттар дар мактаби ибтидоӣ шурӯъ шавад,

    вале муддате зиёдеро то ба ноком шудан дар баргаштан ба мактаб давом

    медиҳад. (Ҳант, 2008). Дар ИМА Маркази миллии пешгирии тарки мактаб

    (Ҳаммонд, 2007) омилҳоеро, ки талабагони синфҳои ибтидоӣ, миёна ва миёнаи

    пурра дар бар мегиранд, муайян намудааст. Натиҷаи онҳо дар Ҷадвали 3

    пешниҳод карда шудаанд. Хоначаҳои холӣ барои синну соли муайян чунин

    маъно дорад, ки ин омил дар ягон тадқиқот чун омори муҳим нишон дода

    нашудааст, ва «1» маънои онро дорад, ки тадқиқот омилро муҳим донистанд

    ва «*» он маъноро дорад, ки ҳадди ақал ду тадқиқот омилро муҳим арзёбӣ

    мекунанд.

    5 Мушкилоти рафтор мумкин аст, ки дар кишварҳои тараққикунанда вуҷуд дошта бошад. Муаллимон

    дар кишварҳои гуногун танбеҳи ҷисмониро барои вайрон кардани қоидаҳо истифода мебаранд ва баъзе

    мушкилоти онҳо бо талабагон ба ончи дар ИМА баён шуд, монанд бошанд.

  • Барномаи Озмоишии Пешгирии Тарки Мактаб, Таҳлили Сарчашмаҳо, Майи 2011 Саҳифаи 14

    Дар ҷадвали зерин мумкин аст, ки сабабҳои фарқи тарки мактаби талабагонро

    дар синфҳои гуногун мушоҳида намуд. Ҳадди ақал ду тадқиқот нишон доданд,

    ки дар марҳилаи ибтидоӣ талабгоне, ки бо баҳои паст мехонанд, дар синф

    мондаанд ё барои дар синфашон хондан синну солашон калон аст, дараҷаи

    ғайри ҳозир буданашон дар дарсҳо баланд аст ва аз оилаҳои камбизаот

    мебошанд ва эҳтимоли тарки мактаб доранд, аммо дигар хусусиятҳо ба мисли

    таъсири ҳамсолон ё ӯҳдадориҳои оила нисбати таҳсил то ба ҳол кор

    накардаанд. Масъулиятҳои ибтидоии хонандагон, таъсири ҳамсолон ва алоқаи

    оилаи хонанда ба таълим, мисли синну соли талаба бисёр муҳим мебошанд.

    Барои таҳиякунандагони барномаи амалӣ муҳим аст, ки омилҳои хавфро, ки ба

    синну соли хонанда мувофиқанд, ба инобат гиранд.

    Ҷадвали 3: Омилҳои муҳими хавф дар сатҳи мактаб (Фақат ИМА) 6

    Омилҳои хавф Синфи

    K-5

    Синфҳои

    6-8

    Синфҳои

    9-12

    Хусусиятҳои асосии Инфиродӣ

    Надоштани қобилият барои омӯзиш ё

    эҳсосоти будан

    1 1

    Масъулиятҳои ибтидоии хонанда

    Миқдори зиёди соатҳои корӣ 1 *

    Сарпараст/ вазифаи волидайн доштан *

    Муносибатҳои иҷтимоӣ, арзиш ва рафтор

    Хавфи баланди гурӯҳи ҳамсолон * 1

    Хавфи баланди рафтори иҷтимоӣ * 1

    Берун аз мактаб дар заминаи иҷтимоӣ фаъол

    будан

    1

    Иҷрои фаъолияти мактаб

    Хониши суст * * *

    Дар синф мондан/синну соли калон барои

    дар синф мондан

    * * *

    Машғулиятҳои мактабӣ

    Иширок/ҳозирии паст * * *

    Умеди пасти таълим * *

    Майлу рағбати паст 1 1

    Аҳамияти кам ба мактаб 1 *

    Иштирок накардан дар барномаҳои берун аз

    дарсӣ

    1 *

    6 Маркази Миллии пешгирии тарки мактаб, саҳифаи 6. Ба қайд гирифта шавад, ки рӯйхати омилҳ