63
1 Хушхабар аз Марқӯс Пешгуфтор Ин Хушхабарро яке аз имондорони аввал ба номи Юҳаннои Марқӯс аз рӯи гуфтаҳои Петрус, шогирди Исои Масеҳ навиштааст. Аз рӯи замони навишташуданашон Хушхабар аз Марқӯс пештар аз се Хушхабари дигар навишта шудааст. Азбаски дар китоби Марқӯс калимаҳои зиёди арамеӣ ва расму оинҳои яҳудӣ шарҳ дода шудаанд, бинобар ин фаҳмида мешавад, ки Хушхабар аз Марқӯс барои халқҳои ғайрияҳудӣ навишта шудааст. Муаллиф бо нақли худ дар дили хонандаҳо боварӣ ҳосил кардан мехоҳад, ки Исо боқудрат аст, ки одамонро аз рӯҳҳои нопок, касалиҳо ва марг халос кунад. Инчунин муаллиф хотиррасон кардан мехоҳад, ки пайрави Исо будан осон нест, чунки пайрав бояд монанди Исо ба дигарон хизмат кунад ва ба ранҷу азоб кашидан тайёр бошад. Дар байни чор Хушхабари Аҳди Нав ин китоби Хушхабар аз рӯи ҳаҷмаш кӯтоҳтарин мебошад. Дар вақти нақл кардани аз ҳаёт ва таълимоти Исо муаллиф бештар ба ҳодисаҳои аҷибу мӯъҷизаовар диққати хонандаро ҷалб мекунад. Бинобар ин нақли воқеаҳо аз оғози хизмати Исо сар мешавад ва аллакай аз боби аввалин мо дар бораи мӯъҷизаҳои бузурги Ӯ мехонем, ки: Ӯ баъд аз интихоби чор шогирдаш дарҳол мардеро, ки гирифтори рӯҳи нопок буд шифо медиҳад; хушдомани Шимъӯнро, тӯдаи одамони беморро ва инчунин марди махавро шифо медиҳад. Гаштаю баргашта Марқӯс аз мӯъҷизаҳои шифобахши

Хушхабараз Марқӯс Пешгуфтор„Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!“». 4 Ин шахс Яҳё пайғамбар

  • Upload
    others

  • View
    12

  • Download
    0

Embed Size (px)

Citation preview

1

Хушхабар азМарқӯс

ПешгуфторИн Хушхабарро яке аз имондорони аввал ба

номи Юҳаннои Марқӯс аз рӯи гуфтаҳои Петрус,шогирди Исои Масеҳ навиштааст. Аз рӯи замонинавишташуданашон Хушхабар аз Марқӯс пештар азсе Хушхабари дигар навишта шудааст.Азбаски дар китоби Марқӯс калимаҳои зиёди

арамеӣ ва расму оинҳои яҳудӣ шарҳ дода шудаанд,бинобар ин фаҳмида мешавад, ки Хушхабар азМарқӯс барои халқҳои ғайрияҳудӣ навишта шудааст.Муаллиф бо нақли худ дар дили хонандаҳо боварӣҳосил кардан мехоҳад, ки Исо боқудрат аст, киодамонро аз рӯҳҳои нопок, касалиҳо ва марг халоскунад. Инчунин муаллиф хотиррасон карданмехоҳад, ки пайрави Исо будан осон нест, чункипайрав бояд монанди Исо ба дигарон хизмат кунадва ба ранҷу азоб кашидан тайёр бошад.Дар байни чор Хушхабари Аҳди Нав ин китоби

Хушхабар аз рӯи ҳаҷмаш кӯтоҳтарин мебошад. Дарвақти нақл кардани аз ҳаёт ва таълимоти Исомуаллиф бештар ба ҳодисаҳои аҷибу мӯъҷизаовардиққати хонандаро ҷалб мекунад. Бинобар ин нақливоқеаҳо аз оғози хизматиИсо сармешавад ва аллакайаз боби аввалин мо дар бораи мӯъҷизаҳои бузургиӮ мехонем, ки: Ӯ баъд аз интихоби чор шогирдашдарҳол мардеро, ки гирифтори рӯҳи нопок буд шифомедиҳад; хушдомани Шимъӯнро, тӯдаи одамонибеморро ва инчунин марди махавро шифо медиҳад.Гаштаю баргашта Марқӯс аз мӯъҷизаҳои шифобахши

Марқӯс 1:1 2 Марқӯс 1:5Исо нақл мекунад ва аз ин нақлҳо маълум мешавад,ки Исо бо қудрати Худо шифо медод.Дар айни ҳол роҳбарони динӣ Исоро қабул

намекарданд ва низоъ ба миён оварда, роҳи куштаниИсоро меҷустанд. Дар сурате ки девҳо дар пешиқудрати Исо сархам мешуданд ва медонистанд, ки ӮНаҷотдиҳанда аз тарафи Худо аст, вале Исо ба онҳоиҷозат намедод, ки инро ба дигарон гӯянд. Ин китобпур аз тасвири мӯъҷизотест, ки ҳам одамони оддӣ ваҳам пайравони Исоро ба ҳайрат меоварданд. Аммо,мувофиқи китоби Марқӯс, мӯъҷизаи калонтариниИсо ин буд, ки чӣ тавр Ӯ ранҷу азоби зиёд кашид ваҷони худро фидо кард. Аввалин шуда ин мӯъҷизаросардори лашкарҳои румӣ фаҳмид. Вай тарзи дарсалиб ҷон додани Исоро дида, гуфт: «Ин одам дарҳақиқат Писари Худо буд» (Марқӯс 15:39).

Таълимоти Яҳёи Таъмиддиҳанда1 Хушхабар дар бораи Исои Масеҳ, ки Писари

Худо аст, чунин сар мешавад: 2 Дар китоби Ишаъёпайғамбар суханони Худо омадаанд:«Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам,то ба омаданат роҳ тайёр кунад.3Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд:„Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост

намоед!“».4 Ин шахс Яҳё пайғамбар буд, ки ба биёбон

омада, ба эълон кардан даромад, ки мардум бароибахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, азгуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд.

5 Аҳолии шаҳри Ерусалим ва мардуми тамомисарзамини Яҳудия пеши Яҳё ба биёбон меомаданд.Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳородар дарёи Урдун таъмид медод.

Марқӯс 1:6 3 Марқӯс 1:186Яҳё либосе аз пашми шутур ва камарбанди чармӣ

дошт. Хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд. 7 Ӯ бамардум эълон карда мегуфт: «Аз паси ман як нафаремеояд, ки аз ман тавонотар аст. Вай он қадартавоност, ки ман ҳатто сазовори хам шуда кушоданибанди пойафзоли Ӯ нестам. 8 Ман шуморо бо обтаъмид медиҳам, вале Ӯ шуморо бо Рӯҳи Муқаддастаъмид медиҳад».

Таъмиди Исо9 Рӯзе Исо аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини

Ҷалил буд, ба назди Яҳё рафт ва Яҳё Ӯро дар дарёиУрдун таъмид дод. 10 Вақти аз об баромадан Исодид, ки осмон кушода шуд ва Рӯҳи Муқаддас басурати кабӯтаре поён фаромада, дар болои Вай қароргирифт. 11 Сипас аз осмон овозе садо дод: «Ту Писариазизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам».

12 Рӯҳи Муқаддас фавран Исоро ба биёбон равонакунонд. 13 Ӯ дар он ҷо чил рӯз монд ва иблис Ӯромеозмуд. Дар биёбонИсо дар байниҳайвоноти ваҳшӣбуд ва фариштагон ба Ӯ хизмат мекарданд.

Оғози хизмати Исо14 Пас аз дастгир шудани Яҳё Исо ба сарзамини

Ҷалил омад, то ки хушхабари Худоро ба мардумэълон бикунад. 15 Ӯ мегуфт: «Вақт фаро расидва подшоҳии Худо наздик аст. Тавба карда, азгуноҳҳоятон даст кашед ва ба ин хушхабар имоноваред».

16 Рӯзе Исо аз назди кӯли Ҷалил мегузашт, киба об тӯр андохта истодани Шимъӯн ва бародари ӯАндриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд. 17 Исоба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то баҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам».18 Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, Ӯро пайравӣкарданд.

Марқӯс 1:19 4 Марқӯс 1:3119 Каме дуртар рафта Исо писарони Забдойро дид,

ки Ёқуб ва Юҳанно ном доштанд. Онҳо дар қаиқихуд тӯрҳоимоҳигириро таъмирмекарданд. 20Дарҳолонҳоро даъват намуд ва онҳо падарашон Забдойро бомардикорон дар қаиқ монда, Ӯро пайравӣ карданд.

Шифои марди девона21Сипас онҳо башаҳриКафарнаҳумомада, даррӯзи

истироҳат, ба ибодатхона рафтанд. Дар он ҷо Исоба таълим додани мардум оғоз намуд. 22Мардум азтаълими Ӯ қоил монданд, чунки Ӯ бо қудрат таълиммедод, ки шариатдонон ин тавр набуданд.

23Айнан ҳамон вақт марде гирифтори рӯҳи нопок,ки дарибодатхона буд, фарёд зад: 24«ЭйИсоиНосирӣ,Ту ба мо чӣ кор дорӣ?! Магар барои нобуд карданимоомадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худоҳастӣ!»

25 Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд,ки хомӯш шавад ва аз даруни он одам берун барояд.26 Рӯҳи нопок ӯро ба замин афтонда, бо овози баландфарёд заду аз вай берун шуд. 27 Ҳама дар ҳайратмонданд ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чист? Ин яктаълимоти навест! Ӯ ҳатто ба рӯҳҳои нопок чунонбоқудратона амр медиҳад, ки онҳо ба Вай итоатмекунанд?» 28 Овозаи Исо зуд дар тамоми гӯшавуканори сарзамини Ҷалил паҳн шуд.

Исо беморонро шифо медиҳад29 Ҳамин ки Исо аз ибодатхона баромад бо

ҳамроҳии Ёқуб ва Юҳанно ба хонаи ШимъӯнуАндриёс рафт. 30 Вақте ба он ҷо расиданд, ба Исозуд хабар доданд, ки хушдомани Шимъӯн таб карда,дар бистар хобидааст. 31 Вай назди бемор омад ва аздасташ гирифта, ӯро бархезонд. Таби бемор паст шудва ӯ машғули меҳмоннавозӣ гардид.

Марқӯс 1:32 5 Марқӯс 1:4532 Ҳамон бегоҳ, ҳангоми нишасти офтоб мардум

ҳамаи беморону девонагонро ба назди Исо оварданд.33 Тамоми аҳолии шаҳр ҳам назди дари хонаи онҳоҷамъ омаданд. 34 Ӯ одамони зиёдро аз бемориҳоигуногун шифо дод, бисёр девҳоро берун кард ванагузошт, ки девҳо чизе бигӯянд, зеро онҳо кӣ буданиӮро медонистанд.

Дуои Исо дар хилватгоҳ35 Саҳарии барвақт, ҳанӯз субҳ надамида, Исо

бархесту ба ҷои хилвате рафта, дуо кард. 36Шимъӯнва ҳамроҳонаш бошанд, ба ҷустуҷӯи Исо баромаданд.37 Ӯро ёфта, ба Вай гуфтанд: «Ҳама Шуморо ҷустуҷӯмекунанд». 38Вале Исо гуфт: «Биёед, ба шаҳру деҳотигирду атрофниз биравем, то киМан бамардумионҷоҳам хушхабарро эълон намоям, чунки барои иҷроиҳамин кор Ман омадаам».

39 Баъд Ӯ ба тамоми гӯшаву канори сарзаминиҶалил сафар карда, дар ибодатхонаҳо мардумротаълим медод ва девҳоро аз одамон берун мекард.

Покшавии марди махав40 Рӯзе ба назди Исо марди махав омад. Вай ба зону

нишаста зорӣ карда гуфт: «Агар хоҳед, метавонедмаро пок созед». 41 Дили Исо ба ҳоли мард сӯхт вадасташро ба вай расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам!Покшав!» 42Фавран касалиимард нест шуда, баданашпок гашт.

43 Исо ӯро зуд ҷавоб дода таъкидкунон 44 гуфт:«Дар ин бора зинҳор ба ҳеҷ кас нагӯй, балки ростназди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ ва бароипок шудани худ, ҳамон тавре ки Мӯсо фармудааст,қурбонӣ бикун, то ба онҳо шаҳодате гардад». 45 Валеон мард берун баромада ошкоро ин хабари хушропаҳн мекард. Барои ҳамин Исо дигар озодона ба

Марқӯс 2:1 6 Марқӯс 2:12шаҳр даромада натавонист, балки дар саҳро монд. Бовуҷуди ин, мардум аз ҳама ҷо ба назди Ӯ меомаданд.

2Шифо ёфтани марди шал

1Пас аз чанд рӯз Исо башаҳри Кафарнаҳум баргаштва овозаи дар хона буданаш зуд дар ҳама ҷо паҳншуд.2 Хона ва беруни он чунон пуродам шуд, ки ҳаттоҷои сӯзан афтодан намонда буд. Исо ба онҳо каломиХудоро таълим медод. 3 Ҳамин вақт боз одамонеомаданд, ки чор нафаре аз онҳо шалеро бо ҷойгаҳашбардошта назди Исо меоварданд. 4 Вале аз бисёриимардум ба Ӯ наздик шуда натавониста, боми хонароаз болои сари Исо кушоданд ва дар он шикофе карда,шалро якҷоя бо ҷойгаҳаш поён фароварданд. 5 Исоимони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, гуноҳҳоятбахшида шуданд!»

6 Баъзе аз шариатдононе, ки дар он ҷо нишастабуданд, аз дили худ чунин фикрҳо мегузаронданд:7 «Ӯ чаро чунин суханони кофирона мегӯяд! Ҳеҷкас ба ғайр аз Худо гуноҳи инсонро бахшиданаметавонад».

8 Исо ҳамон лаҳза дар дилаш фикри онҳорофаҳмида гуфт: «Чаро чунин фикрҳо доред?9 Кадомаш осонтар аст: ба шал гуфтани он ки„гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё ки „бархез,ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард?“ 10 Пас, Ман ба шумоисбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи заминқудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад». Сипас ба шалнигариста гуфт: 11 «Ба ту мегӯям, бархез, ҷойгаҳатробардошта ба хонаат рав».

12Он мард аз ҷояш хеста, фавран ҷойгаҳашро ҷамъкарду дар пеши назари мардуми дарҳайратмонда

Марқӯс 2:13 7 Марқӯс 2:20

равона шуд. Ҳама Худоро ситоиш карда, ба якдигармегуфтанд: «То ҳол монанди ин чизе надида будем!»

Шогирди Исо шудани Левӣ13Исо боз ба соҳили кӯл рафт. Мардум дар гирди Ӯ

ҷамъомаданд ваӮонҳоро таълимдод. 14ҲангомеИсороҳашро давом дод Левии писари Ҳалфиро дид, киба ҷамъоварии андозу хироҷ машғул буд, ба ӯ гуфт:«Биё, пайрави Ман шав». Левӣ бархест ва аз паси Ӯравона шуд.

15 Вақте ки Исо бо шогирдонаш дар хонаи Левӣтаоммехӯрд, бисёр андозгирон ва онҳое, ки гунаҳкорҳисоб мешуданд, низ дар сари он дастархон буданд,чунки бисёриҳо аз пайи Исо мерафтанд.

16 Баъзе шариатдонон, ки фарисӣ буданд, Исоро бо«гунаҳкорону» андозгирон дар сари як дастархондида, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Ӯ боандозгирону гунаҳкорон аз як дастархон хӯрокмехӯрад?»

17 Исо инро шунида, ба онҳо гуфт: «Ба табиб наодамони солим, балки беморон мӯҳтоҷанд. Манҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балкигунаҳкоронро даъват намоям».

Савол дар бораи рӯза18 Дар он айём ҳам пайравони Яҳё ва ҳам

фарисиён рӯза гирифта буданд. Баъзе касон наздиИсо омада пурсиданд: «Чаро пайравони Яҳё вапайравони фарисиён рӯза мегиранду шогирдониШумо намегиранд?»

19 Исо ба онҳо гуфт: «Оё дӯстони домод дарҷашни арӯсӣ, ки домод ҳанӯз ҳамроҳашон аст, рӯзамегиранд? То домод бо онҳост, онҳо рӯза гирифтанаметавонанд? 20 Вале вақте мерасад, ки домод аз

Марқӯс 2:21 8 Марқӯс 3:2байнашон гирифта мешавад ва он рӯз онҳо низ рӯзамегиранд.

21 Касе аз матои нав ба либоси кӯҳна ямоқнамекунад. Чун кунад ямоқи нав аз либоси кӯҳнаҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам аёнтар мешавад.22 Инчунин касе шароби навтайёршударо ба машкичармини кӯҳна намерезад, чун бирезад ҳангомиба ҷӯш омадани шароб машк дарида, ҳам шаробмерезад ва ҳам худи машк аз кор мебарояд. Бинобарин шароби навтайёршударо ба машки нав мерезанд».

Савол дар бораи рӯзи истироҳат23 Як рӯзи истироҳат Исо ва шогирдонаш аз

киштзори гандум мегузаштанд ва дар аснои роҳшогирдон хӯшаҳои гандумро мечиданд. 24 Баъзе азфарисиён ба Исо гуфтанд: «Барои чӣ онҳо кори даррӯзи истироҳат раво набударо мекунанд?»

25 Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар дар навиштаҷотнахондаед, ки шоҳ Довуд вақте ки бо ҳамроҳонашгурусна монд ва эҳтиёҷ дошт, чӣ кор кард? 26 Вақтеки Абётор сарвари рӯҳониён буд, Довуд ба хонае,ки ҳузури Худоро дошт, даромада, нони ба Худотақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низдод. Ҳол он ки аз рӯи шариат фақат рӯҳониён ҳақдоштанд он нонро бихӯранд».

27 Боз давом дод: «Рӯзи истироҳат барои инсонофарида шудааст, на инсон барои рӯзи истироҳат.28 Бинобар ин Фарзанди Инсон соҳиби ҳатто рӯзиистироҳат аст».

3Шифо додан дар рӯзи истироҳат

1 Бори дигар Исо ба ибодатхона рафт ва дар онҷо марди дасташ хушкшудае буд. 2 Баъзе одамон

Марқӯс 3:3 9 Марқӯс 3:13Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё он мардро даррӯзи истироҳат шифо мебахшад ё не. Агар шифобахшад, Ӯро айбдор кунанд. 3Исо ба он марди дасташхушкшудае гуфт, ки дар назди ҳама рост истад.

4 Сипас ба тарафи онҳо нигоҳ карда гуфт: «Бафикри шумо дар рӯзи истироҳат чӣ равост: некӣ ёбадӣ кардан; наҷот додани ҷон ё нобуд кардани он?»Аммо онҳо хомӯш буданд. 5 Исо бо ғазаб ба онҳонигоҳ карду аз якравиашон ғамгин гашт ва ба онмард гуфт: «Дастатро дароз кун!» Вай дасташро дарозкарду дасташ сиҳат шуд. 6 Фарисиён аз ибодатхонабаромада, зуд бо аъзоёни ҳизби ҳиродиён муҳокимакарда, нақшаи куштани Исоро кашиданд.

Мардум аз пайи Исо мераванд7 Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш ба тарафи кӯл

равона шуд, мардуми бисёре аз сарзамини ҶалилуЯҳудия, 8 аз шаҳри Ерусалим, инчунин аз сарзаминиАдӯму атрофи дарёи Урдун ва аз Суру Сидун аз пасиӮ мерафтанд. Мардуми зиёд дар бораи корҳои Исошунида, ба гирди Ӯ ҷамъ меомаданд. 9 Аз сабабибисёрии мардум Исо ба шогирдонаш фармуд, кибарояш қаиқе тайёр кунанд, то ки одамон Ӯро пахшнакунанд. 10 Азбаски Исо беморони зиёдеро шифобахшида буд, ҳамаи беморон аз ҳар тараф Ӯро пахшмекарданд, то дасташон ба Ӯ расаду шифо ёбанд.11Рӯҳҳои нопок баробари дидани Ӯ худро дар наздашба замин мепартофтанд ва фарёдзанон мегуфтанд:«ТуПисариХудо ҳастӣ!» 12ВалеИсо бо таъкиди қатъӣба онҳо амр мекард, ки Ӯро маълум накунонанд.

Интихоби дувоздаҳ вакил13 Сипас Исо ба баландие баромада, онҳоеро ки

мехост, ба наздаш даъват кард ва онҳо омаданд.

Марқӯс 3:14 10 Марқӯс 3:27

14 Баъд аз байни онҳо дувоздаҳ нафарро вакил таъиннамуд, ки доимо бо Ӯ бошанд, то ки онҳоро бароиба мардум эълон кардани хушхабари Худо фиристад15 ва онҳо қудрати берун кардани девҳоро доштабошанд.

16 Он дувоздаҳ нафар инҳоянд: Шимъӯн, ки Исоӯро Петрус меномид, 17 Ёқуб ва Юҳанно, ки писарониЗабдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд»меномид, 18 Андриёс, Филиппус, Барталмо, Матто,Тумо, Ёқуб, ки писари Ҳалфӣ буд, Таддо, ШимъӯниВатандӯст 19 ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исохиёнат мекунад.

Тӯҳмат дар ҳаққи ИсоБаъд Исо ба хона рафт. 20 Мардуми зиёде боз

ҷамъ омадаанд, ки Ӯ ва шогирдонаш ҳатто фурсатихӯрок хӯрдан наёфтанд. 21 Бо шунидани ин хабараҳли оилаи Исо ба наздаш омада, хостанд Ӯро бохуд баранд, зеро одамон мегуфтанд, ки Ӯ аз ақлбегона шудааст. 22 Гурӯҳе аз шариатдонон, ки азЕрусалимомадабуданд, чунинмегуфтанд: «ӮдархудБаал-Забул, сардори девҳоро дорад ва бо қудрати вайдевҳоро берун мекунад».

23 Исо онҳоро ба наздаш даъват карда, бо масалгуфт: «Чӣ тавр шайтон худашро берун кардаметавонад? 24 Давлате, ки дар дохили худ азҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, устувор намемонад.25 Хонаводае, ки байни аъзоёнаш ҷудоӣ афтодааст,устувор намемонад. 26 Агар шайтон бар зидди худашбиҷангад ва дар худ ҷудоӣ дошта бошад, устуворнамемонад, балки нобуд мешавад.

27 Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси пурзӯрзада даромада, молу мулкашро гирифта барад, то

Марқӯс 3:28 11 Марқӯс 4:5аввал дасту пои шахси пурзӯрро набандад, ана баъдхонаашро ғорат карда метавонад.

28 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳе, киинсон мекунад ва ҳар сухани кофиронае, ки мегӯяд,бахшида мешавад. 29 Вале агар касе бар зидди РӯҳиМуқаддас сухани кофирона гӯяд, ҳаргиз бахшиданамешавад ва ин гуноҳаш то абад хоҳад монд». 30Инсуханонро Исо ба хотири он гуфт, ки баъзеҳо дарборааш «Ӯ дар худ рӯҳи нопок дорад» мегуфтанд.

Модар ва бародарони Исо31Он гоҳмодар ва бародарониИсо омада, дар берун

истода, шахсеро фиристоданд, ки Ӯро даъват кунад.32 Исо дар байни мардум нишаста буд, ки онҳо баӮ гуфтанд: «Модар ва бародарону хоҳаронатон дарберун истодаанд ва Шуморо мепурсанд». 33 Ӯ дарҷавоб гуфт: «Модар ва бародарони Ман кистанд? —34 ва ба атрофиёнаш нигоҳе карду давом дод, — Ана,инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд. 35 Ҳар кӣхости Худоро ба ҷо орад, бародар, хоҳар ва модариМан аст».

4Масал дар бораи деҳқон

1 Бори дигар Исо дар канори кӯл ба мардумтаълиммедод ва тӯда-тӯдаи одамон дар гирдашҷамъомаданд. Бинобар ин Ӯ маҷбур шуд, ки ба қаиқнишаста, аз кӯл ба мардуме, ки дар соҳил буд, сухангӯяд. 2 Ӯ таълим додани бисёр чизҳоро ба онҳо бомасалҳо сар кард. Ӯ гуфт:

3 «Гӯш кунед! Рӯзе як деҳқон барои кишт карданмебарояд. 4 Вақте ки дона мепошад, як миқдорион ба пайраҳа меафтад ва паррандаҳо омада, онроаз замин чида пок-покиза мехӯранд. 5 Миқдори

Марқӯс 4:6 12 Марқӯс 4:17дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Азсабаби чуқур набудани хоки замин он зуд месабзад.6 Вале бо баромади офтоб майсаи навхез пажмурдашуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштан хушкмешавад. 7 Як миқдори дигараш ба миёни хорҳомеафтад ва хорҳо қад кашида майсаи баромадаропахш мекунанду намегузоранд, ки он ҳосил диҳад.8 Лекин як ҳиссаи донаҳо ба замини хуби ҳосилхезафтода, месабзад ва қад кашида сӣ, шаст ва садбаробар зиёдтар ҳосил медиҳад».

9Боз гуфт: «Пас ҳар кӣМаромешунавад, бигзор гӯшкунад!»

10 Вақте ки Ӯ танҳо буд, он дувоздаҳ нафар вапайравонаш аз Ӯ маънои масалро пурсиданд. 11 Исоҷавоб дод: «Худо ба шумо сирру асрори подшоҳиихудро ошкор кардааст. Вале барои онҳое, ки бо монестанд, ҳама чиз бо мақолу масалҳо таълим додамешавад, 12 то ки онҳо„бо чашмони худ нигоҳ кунанду набинанд,бо гӯшҳои худ шунаванду нафаҳмандва сӯи Худо рӯ нагардонанд,то Худо гуноҳҳояшонро бубахшад“».

Маънидод кардани масал дар бораи деҳқон13 Баъд аз онҳо пурсид: «Магар маънои ин масалро

нафаҳмидед? Пас ҳамаи масалҳои дигарро чӣ таврмефаҳмед?

14 Деҳқон каломи Худоро мекорад. 15 Он ҳиссаидонаҳо, ки ба пайраҳа меафтанд, монанди он аст,ки баъзе касон каломро мешунаванд, вале шайтонзуд омада, каломи дар дили онҳо кошта шударомедуздад. 16 Донаҳои ба замини санглох афтодакасоне мебошанд, ки каломро шунида, якборабо хушҳолӣ онро қабул мекунанд, 17 вале азбаски

Марқӯс 4:18 13 Марқӯс 4:28реша надоранд, муддати кӯтоҳ бардошт мекунанд.Баъд вақте ки аз барои калом ба душворӣ ва азобдучор мешаванд, зуд имони худро аз даст медиҳанд.18 Донаҳое, ки ба замини хорзор меафтанд, монандион аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, 19 аммоғаму ташвиши зиндагӣ, орзуи бойигарӣ ва майлурағбат ба чизҳои дигар фикру хаёлашонро ба худбанд карда, каломро пахш менамоянд ва дар натиҷаонҳо ҳеҷ ҳосиле намеоранд. 20 Вале донаҳое, ки базамини ҳосилхез меафтанд, монанди он аст, ки баъзекасон каломро мешунаванду қабул мекунанд ва сӣ,шаст ва сад баробар бештар ҳосил медиҳанд».

Дар бораи чароғ21 Баъд аз онҳо пурсид: «Магар чароғро барои он

меоранд, ки зери тағора ё кате гузоранд? Оё онроба чароғпоя намегузоранд? 22 Ҳамин тавр, ҳар чӣпинҳон ва пӯшида аст, ошкор ва равшан мегардад.23Пас, ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!

24 Суханони мешунидаатонро бо диққат мулоҳизанамоед. Бо кадом санги тарозу шумо баркашед, боҳамон санги тарозу ва ҳатто зиёдтар аз он ба шумобаркашида мешавад. 25 Зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯбоз ҳам зиёдтар дода мешавад ва касе, ки надорад,ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифтамешавад».

Масал дар бораи сабзиши дона26Исо суханони худро давом дода гуфт: «Подшоҳии

Худо монанди он аст, ки шахсе ба замин донаҳомепошад 27 ва шабҳо хоб мераваду рӯзҳо бедормешавад, донаҳо бошанд, сабзида нашъунамомеёбанд. Вале он шахс намедонад, ки сабзиш чӣтавр сурат мегирад. 28 Чунки худи замин донаҳоромесабзонад. Аввал дона сабзида қад мекашад, баъд

Марқӯс 4:29 14 Марқӯс 4:38хӯша пайдо шуда, аз дона пур мешавад. 29 Ҳаминки хӯшаҳо пухта мерасанд, вай бо дос меояд, чункимавсими ҳосил расидааст».

Масал дар бораи донаи хардал*30 Инчунин Исо гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ

монанд кунем? Бо кадом масал онро шарҳ диҳем?31 Вай монанди донаи хардалест, ки ҳангоми коштаназ ҳамаи донаҳои рӯи замин майдатарин мебошад,32 вале баъд аз кошта шудан, калон мешаваду аз ҳамагиёҳҳо баландтар мегардад ва шохаҳояш то андозаебаланд мешаванд, ки паррандаҳо дар сояаш лонамесозанд».

33 Ҳамин тавр, ба қадре ки мардум фаҳмидаметавонист, Ӯ каломи Худоро ба тариқи чунинмасалҳои зиёд баёнмекард. 34Исо ба онҳо ҳама чизробо масал таълим медод, вале маънои масалҳоро башогирдонаш дар танҳоӣ мефаҳмонд.

Исо тӯфонро ором мекунад35 Бегоҳии ҳамон рӯз Ӯ ба шогирдонаш гуфт:

«Биёед, ба канори дигари кӯл гузарем». 36Сипас, онҳомардуми дар соҳил ҷамъомадаро тарк карданд ва бақаиқе, ки Исо дар он нишаста буд, савор шуда, ба роҳдаромаданд. Бо Ӯ қаиқҳои дигар ҳам равона шуданд.

37 Ногаҳон тӯфони сахте сар шуд. Мавҷҳо бозарб ба қаиқ бармехӯрданд ва оқибат қаиқ аз обпур шуд. 38 Аммо Исо дар қафои қаиқ сарашро баболишт гузошта мехобид. Шогирдонаш Ӯро бедоркарда гуфтанд: «Устод! Магар парво надоред, ки момемирем?!»* 4:29 4:30 Хардал — (горчитса) гиёҳе, ки баландиаш аз 120 см. тоба чору ним метр рафта мерасад, донааш бошад, аз ҳамаи донаҳо ватухмҳои растаниҳои дигар хурдтар аст.

Марқӯс 4:39 15 Марқӯс 5:1039Ӯ бархест ва бодро таъна зада, ба кӯлфармон дод:

«Хомӯш шав! Ором бош!» Ҳамон лаҳза бод аз вазиданбозмонд ва дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд.

40 Исо ба шогирдонаш гуфт: «Чаро ин қадартарсидед? Оё ҳоло ҳам боварӣ надоред?» 41Вале онҳо,дар ҳолате ки тарсу ҳарос тамоми вуҷудашонро фарогирифта буд, ба якдигар мегуфтанд: «Ин кӣ аст, киҳатто бод ва кӯл ба Ӯ итоат мекунанд!»

5Исо девонаро шифо медиҳад

1Ҳамин тавр, Исо ва шогирдонаш ба тарафи дигарикӯл, ба сарзамини Ҷадариён расиданд. 2 Ҳангомиба соҳил фаромадани Исо, якбора як шахсе, кигирифтори рӯҳи нопок буд, аз қабристон берунбаромада, ба тарафиӮдавид. 3Инмарддарқабристонзиндагӣ мекард ва ҳеҷ кас ӯро бо занҷир ҳам баста,нигоҳ дошта наметавонист. 4 Борҳо дасту пояшробо занҷирҳо баста ва завлона карда буданд, вале ӯзавлонаҳоро шикаста, занҷирҳоро пора-пора мекард.Касе барои ром кардани вай қувват надошт. 5 Ӯ шабурӯз доимодар қабристон ва теппаҳо дод задамегаштухудро бо сангҳо зада, маҷрӯҳ мекард.

6 Вақте ки ӯ Исоро аз дур дид, давон-давон баназдаш омада саҷда кард. 7-8 (7–8) Исо ба вай фармондод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вайбошад, бо тамоми овозаш фарёд зада гуфт: «Эй Исо,Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз бароиХудо маро азоб надеҳ!»

9 Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод:«Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем». 10Вай аз Исозорию тавалло кард, ки онҳоро аз он маҳалла беруннакунад.

Марқӯс 5:11 16 Марқӯс 5:2211 Ҳамин вақт як галаи калони хукон дар болои

теппае мечарид. 12 Рӯҳҳои нопок аз Исо хоҳиш кардагуфтанд: «Моро ба мобайни хукҳо фирист ва иҷозатдеҳ, ки ба онҳо дохил шавем». 13 Исо ба онҳо иҷозатдод. Он гоҳ рӯҳҳои нопок аз он мард берун баромада,дохили хукҳо шуданд. Тамоми галаи хукон, китақрибан ду ҳазор сар буд, аз баландӣ ҷаста худро бакӯл партофта ғарқ шуданд.

14 Хукбонҳо бошанд, ба шаҳру деҳоти атрофгурехта, дар ҳама ҷо ин ҳодисаро ба мардум нақлкарданд. Мардум берун баромаданд, то бубинанд,ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. 15 Пас онҳо дар гирдиИсо ҷамъ омада, диданд, ки ҳамон девонае, кигирифтори лашкари девҳо буд, акнун дар тан либосдораду бо ақли солим нишастааст ва хеле тарсиданд.16 Шоҳидони ин воқеа, ҳодисаи бо девонаву хукҳорӯйдодаро нақл мекарданд. 17 Он гоҳ мардум аз Исохоҳиш карданд, ки аз сарзаминашон биравад.

18 Ҳангоме ки Исо ба қаиқ савор мешуд, марде, кипештар гирифтори девҳо буд, аз Вай илтимос кард,ки ӯро ҳам бо худ бубарад. 19 Аммо Исо хоҳиши ӯрорад карда гуфт: «Ба хонаат баргард ва ба хешу таборатнақл кун, ки Худованд дар ҳаққи ту чӣ кор ва чӣғамхории бузурге кард». 20 Ӯ низ равона шуд ва дартамоми гӯшаву канори ДаҳШаҳр ба ҳама эълон кардамегуфт, ки Исо барояш чӣ кори бузурге кардааст ваҳама аз шунидани ин дар ҳайрат мемонданд.

Духтари Ёир ва шифо ёфтани зани бемор21 Исо ба қаиқ савор шуда, ба тарафи дигари кӯл

рафт. Вақте ки ба соҳил расид, мардуми зиёде наздиӮ ҷамъ омаданд. 22 Дар ҳамин вақт марде бо номиЁир, ки яке аз сардорони ибодатхонаи он шаҳр буд,омада Исоро дидан замон, худро пеши пойҳои Ӯ

Марқӯс 5:23 17 Марқӯс 5:35партофт. 23 Ӯ зорикунон гуфт: «Духтарам дар дамимарг аст. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки биёед вадастатонро бар ӯ бигузоред, то шифо ёбаду зиндамонад». 24 Исо бо ӯ ба роҳ даромад ва аз паси онҳомардуми бешуморе ҳам равона шуданд, ки аз ҳартараф Исоро фишор медоданд.

25Даронҷо як зане буд, ки дувоздаҳ сол боз касалиихунравӣ дошт. 26 Ҳарчанд вай аз муолиҷаи табибонизиёддардкашида, тамомидороияшро сарфкарда буд,саломатиаш хуб намешуд. Баръакс, аҳволаш торафтбадтар мешуд.

27-28 (27–28) Вақте ки ӯ дар бораиИсошунид, аз дилашгузаронд: «Агар ақаллан ба либосаш даст расонам,шифо меёбам». Барои ҳамин он зан аз байни тӯдаиодамон гузашта, аз ақиб ба Исо наздик шуду баҷомааш даст расонд. 29 Худи ҳамон лаҳза хунравиашбозмонд ва ӯ ҳис кард, ки шифо ёфтааст.

30 Ҳамон лаҳза Исо низ ҳис кард, ки аз Ӯ қувваеберунрафт ва бамардумигирду атрофашнигоҳкардапурсид: «Кӣ ба ҷомаам даст расонд?»

31ШогирдонашбаӮ гуфтанд: «Мебинед, ки баШумоаз ҳар тараф фишор меоранд ва боз мепурсед, ки баШумо кӣ даст расонд?»

32ВалеИсо ба атрофиён нигоҳмекард, то касеро, киба ҷомааш даст расонда буд, пайдо кунад. 33 Зане, киазшифоёбиашогоҳ буд, ҷуръат карда, тарсону ларзонбаИсоназдик омад ва худропешипойҳоиӮпартофта,ҳақиқати ҳолро нақл кард. 34Исо ба ӯ гуфт: «Эй зан,туро имонатшифо дод! Рав ва дар амон бошу саломатгард!»

35 Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, чанд нафар аз хонаиЁир хабар оварда, гуфтанд: «Духтаратон гузашт. Базаҳмат додани устод дигар ҳоҷате нест».

Марқӯс 5:36 18 Марқӯс 6:336 Исо инро шунида, ба сардори ибодатхона гуфт:

«Натарс! Фақат имон дошта бош». 37Инро гуфт ва бағайр аз Петрус, Ёқуб ва бародари ӯЮҳанно ба дигарониҷозат надод, ки ҳамроҳаш бираванд.

38Вақте ба хонаиЁиррасиданд, диданд, ки одамонизиёде бо шӯру ғавғо гиряву нола мекарданд. 39 Исоба хона даромада ба онҳо гуфт: «Чаро шӯру ғавғобардошта, гиря мекунед? Духтар намурдааст, фақатхобидааст».

40 Бо шунидани ин суханон мардум ба ҳолашхандиданд. Вале Исо ҳамаро берун карда, бо падарумодари духтар ва ҳамроҳонаш ба хонае, ки духтархобида буд, даромад. 41 Исо дасти беморро гирифтагуфт: «Талита қуми!», ки маънояш «Эй духтар,бархез!» аст. 42 Он духтар, ки дувоздаҳсола буд, зудбархест ва ба роҳ гаштан даромад. Онҳо аз диданиин дар ҳайрат монданд. 43Исо онҳоро ҷиддӣ таъкидкарда гуфт, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд ва хоҳишкард, ки ба духтар хӯрок бидиҳанд.

6Халқи Носира Исоро рад карданд

1 Исо бо шогирдонаш аз он ҷо баромада, ба шаҳриНосира, ки дар он ҷо ба воя расида буд, баргашт.2 Рӯзи истироҳат Ӯ дар ибодатхона ба таълимдодани мардум шурӯъ кард. Бисёр касоне, ки Ӯромешуниданд, ба ҳайрат афтода, чунин мегуфтанд:«Аз куҷо Вай ҳамаи ин чизҳоро дорад? Ин чӣ ҳикматеба Ӯ дода шудааст? Чӣ хел мӯъҷизаҳои бузург бодастони Ӯ иҷро шудаанд? 3Магар Ӯ ҳамон дуредгарнест, ки модараш Марям, бародаронаш Ёқуб, Юшо,Яҳудо ва Шимъӯн ҳастанд ва хоҳаронаш ҳам дарбайни мо зиндагӣ мекунанд?» Пас Ӯро рад карданд.

Марқӯс 6:4 19 Марқӯс 6:144 Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беифтихор

намешавад, магар ин ки дар диёр, байни хешонва хонадони худ қадр надорад».

5 Бинобар ин Исо дар он шаҳр мӯъҷизаи бузургенишон дода натавонист, танҳо ба чанд бемор дастрасонда, онҳоро шифо дод. 6Ӯ аз беимонии онҳо дарҳайрат буд.

Исо дувоздаҳ вакилашро мефиристадИсо ба деҳоти атроф рафта, мардумро таълим

медод. 7 Вай дувоздаҳ вакилашро ба пешаш даъваткард ва ба онҳо қудрати ба рӯҳҳои нопок амркарданро дода, ҷуфт-ҷуфт ба ҳар тараф фиристод.8-9 (8–9) Ӯ ба онҳо фармуд: «Ба ғайр аз асо ҳамроҳи худчизе нагиред: на хӯрок, на борхалта, на ҳамёнипул вана либоси иловагӣ. Танҳо пойафзоли оддӣ бипӯшед.10 Ба ҳар ҷое, ки расидед, то вақти рафтанатон фақатдар як хона бимонед ва онро иваз накунед. 11Агар дарон ҷо шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумогӯш надиҳанд, аз он ҷо биравед ва чанги он ҷойро азпойҳои худ биафшонед, то шаҳодати айбдор буданионҳо гардад».

12 Пас онҳо рафта, эълон мекарданд, ки ҳама боядтавба карда ба Худованд рӯй оваранд. 13Онҳо девҳоизиёдеро берун карда, бисёр беморонро бо молиданиравған шифо бахшиданд.

Марги Яҳёи Таъмиддиҳанда14 Шоҳ Ҳиродус* аз ин корҳо бохабар шуд, чунки

номи Исо дар ҳама ҷо шӯҳрат меёфт. Баъзеҳо дарбораи Исо мегуфтанд, ки ин Яҳёи Таъмиддиҳандазинда шудааст ва барои ҳамин ҳам чунин қудрати* 6:14 6:14 Шоҳ Ҳиродус — дар ин ҷо Ҳиродус Антипас мебошад, киҳокими сарзамини Ҷалил буд.

Марқӯс 6:15 20 Марқӯс 6:24мӯъҷизакорӣ дар ҳаёташ амал мекунад. 15 Баъзеидигарон мегуфтанд, ки ин Илёс пайғамбар аст.Қисми дигари одамон мегуфтанд, ки Ӯ яке азпайғамбарони давраҳои қадим аст.

16 Аммо вақте Ҳиродус инро шунид, гуфт: «Ин Яҳёаст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо карда будам ваҳоло ӯ аз нав зинда шудааст».

17-18 (17–18) Зеро чунин ҳодиса рӯй дода буд:Ҳиродус ба занӣ Ҳиродияро, ки зани бародарашФилиппус буд, гирифт. Барои ҳамин Яҳё ба Ҳиродусмегуфт: «Хонадоршавии шумо бо Ҳиродия, ки занибародаратон аст, раво нест». Аз ин рӯ, Ҳиродус якдаста одамонробароидастгиркарданиЯҳёфиристод.Онҳо ӯро дастгир карда, баста ба ҳабс андохтанд.

19 Дар дили Ҳиродия зидди Яҳё кина пайдо шудва ӯ хост, ки Яҳёро бикушад, лекин ин корро карданаметавонист, 20 чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид.Вай медонист, ки Яҳё марди худотарс ва муқаддасаст, барои ҳамин ҳам ӯро эҳтиёт мекард. Гарчандесуханони Яҳё ӯро нороҳат мекарданд, ба ҳар ҳолонҳоро гӯш кардан барояш маъқул буд.

21 Рӯзе барои Ҳиродия фурсати муносибе фарорасид: Ҳиродус дар рӯзи таваллуди худ зиёфатеороста, ҳамаи мансабдорон, сарлашкарон вамардуми баобрӯи сарзамини Ҷалилро даъват намуд.22 Вақте ки духтари Ҳиродия ба базм омада рақсид,ӯ Ҳиродус ва меҳмононашро мафтун кард. Аз инрӯ, Ҳиродус ба вай гуфт: «Ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ,бароят медиҳам». 23 Подшоҳ Ҳиродус қасам хӯрдагуфт: «Ҳар чӣ ки пурсӣ медиҳам, то ҳатто нисфимамлакатамро».

24 Духтар рафта аз модараш маслиҳат пурсид, кичӣ талаб кунад. Ҳиродия ҷавоб дод: «Сари ЯҳёиТаъмиддиҳандаро талаб кун».

Марқӯс 6:25 21 Марқӯс 6:3725Духтар базудӣ назди шоҳ омада гуфт: «Мехоҳам,

ки худи ҳозир сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯитабақе ба ман ҳадя кунед».

26 Шоҳ хеле ғамгин шуд, вале аз барои қасамихӯрдааш ва меҳмононаш хоҳиши духтарро радкардан нахост. 27 Бинобар ин шоҳ даррав ба ҷаллодфармуд, ки сари Яҳёро барояш гирифта биёрад.Ҷаллод ба ҳабсхона рафта, сари Яҳёро аз танаш ҷудокарду 28 рӯи табақ гузошта ба духтар оварда дод.Духтар бошад, онро ба модараш дод.

29 Ҳангоме ки шогирдони Яҳё аз ин хабар ёфтанд,омада, ҷасади ӯро гирифтанду бурда гӯронданд.

Бо панҷ нону ду моҳӣ сер кардани зиёда аз панҷ ҳазоркас

30 Вакилон ба назди Исо баргашта кори кардаашонва ба мардум чизи таълим додаашонро нақл карданд.

31 Азбаски рафтуомади мардум чунон зиёд буд,ки Исо ва вакилонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрданнадоштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Танҳо худатон биёед,ки ҷои хилвате биравем ва каме истироҳат кунед».32 Пас, ба қаиқ савор шуда, худашон танҳо ба ҷоихилвате рафтанд.

33 Бисёр одамон рафтани онҳоро диданд ваонҳоро шинохта, аз ҳар қишлоқ пиёда аз пасашоншитофтанду пеш аз онҳо ба онмаҳал омада расиданд.34 Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеродида, ба ҳолашонраҳмашомад, зеро ки онҳомонандигӯсфандони бе чӯпон буданд ва ба онҳо таълимдодани чизҳои зиёдеро сар кард.

35 Бегоҳӣ шогирдон назди Исо омада гуфтанд: «Иняк ҷои беодам аст, вақт ҳам дер шуд. 36 Мардумрофиристед, ки ба деҳоту қишлоқҳои атроф рафта,барои худ хӯрдание харанд». 37Вале Исо гуфт: «Шумоба онҳо хӯрок диҳед». Шогирдон пурсиданд: «Ба

Марқӯс 6:38 22 Марқӯс 6:50фикри шумо, мо бояд рафта ба дусад динор† нонхарида, ба онҳо диҳем?» 38 Исо гуфт: «Рафта бинед,ки шумо чӣ қадар нон доред». Онҳо фаҳмида омадаба Ӯ гуфтанд: «Ҳамагӣ панҷ нону ду моҳӣ ҳаст».

39 Он гоҳ Исо фармуд, ки шогирдонаш мардумрогурӯҳ-гурӯҳ рӯи сабза шинонанд. 40 Одамон богурӯҳҳо панҷоҳ ва саднафарӣ нишастанд. 41 Исоон панҷ нон ва ду моҳиро ба дасташ гирифта,ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ванонҳоро пора карда, бо моҳӣ ба шогирдонаш дод,онҳо бошанд, ба мардум тақсим карданд. 42 Ҳамато сер шудан хӯрданду 43 шогирдон аз нонпорава моҳиҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабадро пуркарданд. 44Шумораи мардоне, ки нон хӯрданд, панҷҳазор нафар буд.

Дар рӯи об роҳ рафтани Исо45 Баъд аз он Исо зуд ба шогирдонаш фармуд, ки

ба қаиқ савор шуда, пешопеш ба сӯи Байт-Сайдораҳсипор шаванд, то худаш мардумро ҷавоб диҳад.46 Пас аз ҷавоб додани мардум Исо барои дуо карданба кӯҳ баромад.

47Шомгоҳон қаиқ ба миёни кӯл расид, Исо бошад,дар соҳил танҳо монда буд. 48 Вақте Исо дид,ки шогирдонаш бо азоб зидди боди мухолиф шиномекунанд, субҳидам рӯ-рӯи об қадамзанон ба тарафионҳо равона шуд. Вай аз назди онҳо гузашта рафтанӣбуд, 49 вале шогирдон дар рӯи об роҳ рафтани Ӯродида, фикр карданд, ки ин арвоҳ аст ва аз тарс фарёдзаданд.

50 Азбаски ҳама Ӯро дида тарсиданд, Исо фавранба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед».† 6:37 6:37 Динор — дар ин ҷо тангаи румӣ мебошад, ки арзишаш бамаоши якрӯзаи коргар баробар буд.

Марқӯс 6:51 23 Марқӯс 7:551 Баъд ба қаиқ савор шуд ва ҳамон замон бод азвазидан монд. Шогирдон бениҳоят ҳайрон монданд,52 чунки аз сабаби якравиашон ҳанӯз ҳодисаи зиёдшудани нонро нафаҳмиданд.

Шифоёфтани беморон53 Онҳо ба соҳили дигар расида, дар сарзамини

Ҷинесор қарор гирифтанд. 54 Ҳамин ки онҳо аз қаиқфаромаданд одамон Исоро шинохтанд. 55 Онҳо зудба тамоми гирду атроф рафта, беморонро, ҳатто боҷойгаҳашон бардошта, ба ҳар ҷое, ки мешунидандИсо буд, меоварданд. 56 Ба ҳар ҷое, ки Исо мерафт,чи дар деҳоту чи дар шаҳрҳо, одамон беморонросари роҳи Ӯ гузошта, илтимос мекарданд, ки ақалланба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки дастмерасонд, шифо меёфт.

7Поку нопок

1 Рӯзе чанд нафар аз фарисиён ва шариатдононаз Ерусалим ба назди Исо омаданд. Онҳо гирди Ӯҷамъ омада 2 диданд, ки баъзе шогирдонаш бо дасти«бетаҳорат», яъне ношуста хӯрок мехӯранд.

3 Ҳол он ки яҳудиён, махсусан фирқаи фарисиён,то даме ки дастҳояшонро мувофиқи урфу одатҳоиаҷдодон нашӯянд, ҳаргиз хӯрок намехӯрданд.4 Инчунин ҳеҷ чизро аз бозор то нашӯянднамехӯрданд. Боз бисёр урфу одатҳои дигарро риоямекарданд, монандишустани пиёла ва дегу табақҳоибиринҷӣ.

5 Фарисиён ва шариатдонон аз Исо пурсиданд:«Барои чӣ шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодониморо риоя накарда, бо дастҳои бетаҳорат хӯрокмехӯранд?»

Марқӯс 7:6 24 Марқӯс 7:15-166 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳақ буд Ишаъё

пайғамбар, вақте оид ба шумо, дурӯяҳо пешгӯӣ кардагуфта буд:„Худо мегӯяд:«Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф

мекунанд,вале дилашон аз Ман дур аст.

7Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд,чунки қонуну қоидаҳои инсониро „қонуниХудо“ гуфта таълим медиҳанд!»“

8 Шумо фармудаҳои Худоро як тараф гузошта, баурфуодатҳоиинсонӣпайравӣмекунед. 9Шумобароинигоҳ доштани урфу одатҳои худ шуда моҳиронафармудаҳои Худоро беэътибор мемонед.

10 Масалан, Худо ба воситаи Мӯсо фармудааст:„Падару модари худро эҳтиром кунед“ ва „ҳар кӣ дарҳаққи падар ё модараш сухани қабеҳ гӯяд, ҷазояшмарг аст“. 11 Шумо бошед, таълим медиҳед, киагар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расондатавонад, вале ёрӣ нарасонда гӯяд, ки ман инро баХудо мебахшам, 12 шумо дигар намегузоред, ки вайба падару модараш ягон кӯмаке кунад. 13Ҳамин тавршумо суханони Худоро бо урфу одатҳои худ барҳамдода, насл ба насл инро ёд медиҳед ва бисёр корҳоимисли ин мекунед».

14 Исо мардумро боз наздаш даъват намуда гуфт:«Ҳамаатон Маро гӯш карда, бифаҳмед.

15-16 (15–16) Ҳар чизе ки аз берун ба даруни одаммедарояд, вайро ҳаром карда наметавонад, аммо ончизе, ки аз даруни одам берунмебарояд, вайро ҳароммекунад*».* 7:15–16 7:15–16 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохилшудааст: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад».

Марқӯс 7:17 25 Марқӯс 7:2817 Вақте ки Исо аз назди мардум рафта, ба хона

даромад, шогирдонаш аз Ӯ маънои ин масалропурсиданд. 18 Вай ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳаминро нафаҳмида бошед? Магар намедонед, ки он чӣба даруни одам аз берун медарояд, ӯро ҳаром карданаметавонад? 19 Чунки хӯрок ба дили шумо дохилнамешавад, балки аз меъдаи шумо гузашта, берунмебарояд» (бо ин суханонИсо эълон кард, ки ҳар гунахӯрок ҳалол аст).

20 Баъд илова кард: «Он чизе, ки аз даруни худиинсонмебарояд, ӯро ҳароммекунад. 21-22 (21–22) Чункимаҳз аз дохил, аз дили инсон ниятҳои бад берунмеоянд, ба монанди алоқаи беникоҳ, дуздивуодамкушӣ ва бахилӣ, фиребу найранг, бадкоривубадахлоқӣ, ҳасаду тӯҳматкунӣ, мағрурӣ вабефаросатӣ. 23 Ҳамаи ин бадиҳо аз даруни инсонберун баромада, ӯро ҳаром мекунанд».

Имони як зан24 Аз он ҷо Исо ба шаҳри Сур рафт. Ӯ ба хонае

даромад ва нахост, ки касе омаданашро фаҳмад. Валеин кор ба Ӯ муяссар нашуд.

25 Зане, ки духтари хурдсолаш гирифтори рӯҳинопок буд, аз омадани Исо зуд бохабаршуда, ба наздиӮ омад ва ба пеши пойҳояш афтод. 26Вай зани юнонӣ,зодаи Финиқияи Сурия буд. Ӯ илтимос кард, ки Исодевро аз духтараш берун кунад.

27 Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор аввал фарзандон сершаванд, чунки нони фарзандонро гирифта ба сагондодан нодуруст аст».

28 Вале зан ҷавоб дод: «Дуруст аст, хоҷаам,вале сагон ҳам нонпораҳои аз дастархони кӯдаконафтодаро чида мехӯранд».

Марқӯс 7:29 26 Марқӯс 8:329 Он гоҳ Исо ба зан гуфт: «Барои чунин ҷавобат

метавонӣ ба хонаат баргардӣ, ки дев аз духтарат дуршудааст».

30 Зан ба хонааш омада дид, ки дев аз духтарашберун шуда, вай ором хобидааст.

Шифо ёфтани марди кар31 Сипас, Исо аз Сур баромада, бо роҳи Сидун ба

тарафи кӯли Ҷалил ба ноҳияи Даҳ Шаҳр равона шуд.32Дар он ҷо ба наздаш мардеро оварданд, ки кар будузабонаш мегирифт. Онҳо илтимос карданд, ки Исобар ӯ даст гузошта, шифояш диҳад.

33 Исо ӯро аз байни мардум ба як тараф бурда,ангуштонашро ба гӯши вай гузошт ва туф карда,ангуштонашро ба забони мард расонд. 34 Баъд баосмон нигариста оҳе кашиду гуфт: «Ифатаҳ!», кимаънояш «Кушода шав!» мебошад. 35 Он мард зудшифо ёфта, гӯшҳояш кушода шуданд, забонаш озодгашт ва ӯ бурро гап зада метавонистагӣ шуд.

36 Исо ба онҳо гуфт, ки ба касе чизе нагӯянд, валеҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, онҳо ҳамонқадар зиёдтар овозаҳо паҳн мекарданд. 37 Мардумқоил шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Ҳар коре, кимекунад, хуб аст. Ӯ ҳатто карҳоро шунаво мекунадузабони гунгҳоро мекушояд».

8Сер кардани тақрибан чор ҳазор кас

1 Дар яке аз ҳамин рӯзҳо боз тӯда-тӯдаи одамонба назди Исо ҷамъ омаданд ва чизи хӯрданиенадоштанд. Исо шогирдонашро ба наздаш даъваткарда гуфт: 2 «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо серӯз боз бо Ман ҳастанд ва ҳеҷ хӯрдание надоранд.3 Агар онҳоро гурусна ба хонаҳояшон фиристам,

Марқӯс 8:4 27 Марқӯс 8:15

дар роҳ аз ҳол мераванд ва баъзеи онҳо аз роҳи дуромадаанд».

4Шогирдонаш гуфтанд: «Магар касе метавонад дарин биёбон ин қадар одамро аз нон сер кунад?»

5 Исо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» Гуфтанд:«Ҳафтто».

6 Ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯи замин шинанд.Баъд он ҳафт нонро гирифта, ба Худо шукр гуфтва онро пора карда, ба шогирдонаш дод, ки тақсимкунанд ва онҳо нонро ба мардум тақсим карданд.7Онҳо инчунин чанд моҳии майда ҳам доштанд. ИсоХудоро барои онҳошукр гуфта, фармуд, ки онмоҳиҳониз байни мардум тақсим шаванд. 8 Мардум хӯрдасер шуданд ва аз хӯроки боқимонда ҳафт сабадикалонро пур карданд. 9 Дар он ҷо қариб чор ҳазорнафар буданд ва Исо онҳоро ҷавоб дод.

10Баъд якбораӮбошогирдонашба қаиқ саворшуда,ба ноҳияи Далмонуто раҳсипор гашт.

Фарисиён нишона талаб мекунанд11Сипас чанд нафаре аз фарисиён назди Исо омада,

бо Ӯ баҳсу мунозираро сар карданд ва Ӯро озмуданӣшуда, талаб намуданд, ки ба онҳо ягон нишонае азҷониби Худо диҳад.

12 Исо аз дилаш оҳи вазнине кашида гуфт: «Бароичӣиннаслнишонае талабмекунад? Ба ростӣ башумомегӯям, ба ин насл ягон нишона дода намешавад».

13Пас онҳоро монда, ба қаиқ савор шуду ба тарафидигари кӯл рафт.

Хамиртуруши фарисиён ва Ҳиродус14Шогирдони Исо фаромӯш карданд, ки ба қаиқ бо

худ нон бигиранд ва ҳоло фақат як нон доштанд.15 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз

Марқӯс 8:16 28 Марқӯс 8:27хамиртуруши шоҳ Ҳиродусу фарисиён эҳтиёткунед».

16 Шогирдон бо якдигар муҳокима кардамегуфтанд: «Ӯ аз сабаби нон надоштанамон инрогуфт». 17 Вале Исо аз суханони онҳо дарак доштагуфт: «Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред?Магар то ҳол дарк намекунед ва нафаҳмидед? Ёгарданшах шудаед? 18 Шумо, ки чашм доред, чаронамебинед? Гӯш дореду чаро намешунавед? Оёфаромӯш кардед? 19 Ҳангоми панҷ ҳазор мардро бопанҷ нон сер карданам чанд сабадро аз нонпораҳопур кардед?» Ҷавоб доданд: «Дувоздаҳ сабад».

20 Гуфт: «Вақте ки бо ҳафт нон чор ҳазор нафарросер кардам, чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?»Гуфтанд: «Ҳафт сабад!» 21 Ба онҳо гуфт: «Оё то ҳолнамефаҳмед?»

Шифо ёфтани кӯр22 Вақте ки онҳо ба Байт-Сайдо расиданд, чанд

нафаре марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳишкарданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад. 23 Исодасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд.Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида,дастонашро бар Ӯ гузошту пурсид: «Ягон чизмебинӣ?»

24 Мард боло нигариста гуфт: «Мардумро мислидарахтоне мебинам, ки роҳ мераванд». 25 Исо боридигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Индафъа мард бо диққат нигоҳ кард ва чашмонашшифоёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид. 26 Исо ӯро ба хонаашфиристода таъкид кард, ки ба деҳа барнагардад.

Фикри Петрус дар бораи Исо27 Исо бо шогирдонаш ба деҳаҳои атрофи шаҳраки

Қайсарияи Филиппус сафарашро давом дод. Дар роҳ

Марқӯс 8:28 29 Марқӯс 8:38азшогирдонашпурсид: «Одамон дар бораи кӣ буданиМан чӣ мегӯянд?»

28 Онҳо ҷавоб доданд: «Баъзеҳо мегӯянд, киШумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, дигарон, ки Илёспайғамбаред, қисми дигари одамон мегӯянд, киШумо яке аз пайғамбарони гузашта ҳастед».

29 Он гоҳ Исо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Марокӣ мешуморед?» Петрус гуфт: «Ту Масеҳ, яънеТаъиншудаи Худо ҳастӣ». 30Исо онҳоро таъкид кард,ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.

Пешгӯйии Исо дар бораи марги худ31 Баъд Исо ба шогирдонаш таълим додани онро

сар кард, ки Фарзанди Инсон бояд ранҷу азобизиёде кашад ва пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ вашариатдонон аз Вай рӯ мегардонанд ва Ӯ куштамешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад.

32 Исо ин суханонро кушоду равшан гуфт,вале Петрус Ӯро ба як сӯ кашида, ба сарзанишкардан даромад. 33 Лекин Исо рӯяшро гардонда башогирдонаш нигоҳ карду Петрусро сарзаниш намудагуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Ту фикри Худоронадорӣ, балки фикри инсонӣ мекунӣ».

34 Баъд Исо шогирдон ва мардумро ба наздашҷамъ карда гуфт: «Ҳар касе аз шумо, ки мехоҳадпайрави Ман бошад, бояд аз манфиатҳои худ дасткашида, салиби азобу маргашро бардошта барад, онгоҳ Маро пайравӣ кунад. 35 Ҳар кас, ки ҳаёташронигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, валеҳар кас, ки ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳриҳаёти худаш мегузарад, онро нигоҳ медорад. 36 Баодам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба дастовараду ҷонашро аз даст диҳад? 37 Одамизод баривази ҷони худ ҳеҷ товоне дода наметавонад. 38Касе,ки дар ин рӯзгори пур аз гуноҳу беимонӣ аз Ман ва

Марқӯс 9:1 30 Марқӯс 9:10

суханонамшармкунад, ФарзандиИнсонниз, ҳангомекибошӯҳрату ҷалолиПадараш, ҳамроҳифариштаҳоимуқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард».

91 Исо ба онҳо боз ин тавр гуфт: «Ба ростӣ ба шумо

мегӯям, чанд нафароне, ки дар ин ҷо ҳастанд, ҳанӯздар қайдиҳаёт буданашонбо тамомиқудрат омаданиподшоҳии Худоро мебинанд».

Дигаргун шудани Исо2 Пас аз шаш рӯз Исо танҳо Петрус, Ёқуб ва

Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта, ба болои кӯҳи баландбаромад. Дар он ҷо рангу рӯи Исо дар пеши назаришогирдонаш дигаргун шуд. 3 Либоси Ӯ дурахшида,аз барф ҳам сафедтар гашт, то ба дараҷае, ки дар рӯизамин ҳеҷ кас аз он сафедтар карда наметавонад. 4Онгоҳ барояшон Илёс ва Мӯсо намудор шуданд, ки боИсо сӯҳбат мекарданд.

5 Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Устод, бароямонхуб аст, ки ин ҷо бошем. Биёед се хаймае месозем,яке барои Шумо, дигаре ба Мӯсо ва боз ба Илёс».6 Петрус намедонист, ки чӣ гӯяд, чунки ҳамаи онҳосахт тарсида буданд. 7 Баъд абре пайдо шуда, онҳоробо сояаш фаро гирифт ва овозе аз он шунида шуд:«Ин Писари азизи Ман аст, суханони Ӯро гӯш кунед».8 Ногаҳон онҳо ба атроф назар андохта, ғайр аз Исокасеро надиданд.

9Вақте ки аз кӯҳмефаромаданд, Исо онҳоро таъкидкард, ки то аз нав зиндашуданиФарзандиИнсон аз ончӣдидаанд, ба касе чизенагӯянд. 10Бароиҳаминонҳоба касе дар ин бобат даҳон намекушоданд, агарчи дарбайни худ маънои ибораи «аз нав зинда шудан»-ромуҳокима мекарданд.

Марқӯс 9:11 31 Марқӯс 9:2111Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Чаро шариатдонон

мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?»12 Исо ҷавоб дод: «Дуруст, аввал Илёс омада, ҳама

чизро барқарор мекунад. Вале Фарзанди Инсон,чунон ки дар борааш навишта шудааст, азоб кашида,хору зор мегардад. 13 Аммо дар бораи Илёс мегӯям,ки ӯ омада буд ва айнан ҳамон тавре, ки дар бораиӯ навишта шуда буд, дар ҳаққи ӯ ҳар чӣ ки хостанд,карданд».

Аз рӯҳи нопок шифо ёфтани писарбача14 Вақте ки онҳо ба назди шогирдони дигар

омаданд, диданд, ки мардуми зиёде дар гирди онҳоҷамъ шудаанд ва чанд нафар аз шариатдонон боонҳо баҳсу мунозира доранд. 15 Ҳамин ки мардумИсоро диданд, хеле ҳайрон шуда, давон-давон баистиқболаш рафтанд.

16 Исо пурсид: «Дар бораи чӣ бо онҳо баҳсмекунед?» 17 Марде аз байни мардум ҷавоб дод:«Устод, писарамро назди Шумо овардам. Ӯ гап заданаметавонад, зеро гирифтори рӯҳи нопок аст. 18 Ҳаргоҳ ки рӯҳи нопок писарамро бигирад, ӯро бар заминмезанад ва даҳонаш кафк мекунад, дандонҳояш баякдигар мечаспанд ва баданаш мисли чӯб карахтмешавад. Аз шогирдони Шумо хоҳиш кардам,ки рӯҳи нопокро аз ӯ берун кунанд, вале онҳонатавонистанд».

19 Исо гуфт: «Эй насли беимон! То кай ҳамроҳишумо бошам ва то кай ҳамаи шуморо тоқат кунам?Писарро пеши Ман биёред».

20 Пас ӯро оварданд ва ҳамин ки рӯҳ Исоро дид,писарро сахт ларзонд. Бача ба рӯи замин ғалтида ғелмезад ва аз даҳонашкафкмебаромад. 21Исо аз падариӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб

Марқӯс 9:22 32 Марқӯс 9:32дод: «Аз бачагиаш. 22 Рӯҳи нопок борҳо ӯро ба обуоташ андохта, мехост нобудаш кунад. Ба мо раҳмкунед ва агар илоҷашро ёбед ба мо мадад кунед».

23 Исо ба мард гуфт: «Чӣ? „Агар илоҷашро ёбам“?Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст».24Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам,вале ёрӣ диҳед, ки имонам қавитар гардад».

25 Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омадаҷамъмешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок амр кард:«Эйрӯҳикариву гунгӣ! Ба тумегӯям, азинбача берунбаро ва дигар ба ӯ надаро!» 26 Рӯҳи нопок наъраезада, бори дигар бачаро сахт ларзонда, аз ӯ беруншуд. Ранги бача монанди мурда шуд, барои ҳаминбисёриҳо «Вай мурдааст» гуфтанд. 27 Вале Исо дастиӯро гирифта, аз ҷояш хезонд ва бача ба пояш истод.

28Баъдтар, вақте ки Исо ба хона даромад шогирдондар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо рӯҳи нопокроберун карда натавонистем?»

29 Исо гуфт: «Ин зот танҳо бо дуо* берун кардамешавад».

Исо бори дигар дар бораи маргаш нақл мекунад30 Исо ҳамроҳи шогирдонаш он ҷоро монда, аз

Ҷалил гузашта рафт. Вай намехост, ки касе аз инбохабар шавад, 31 чунки Ӯ шогирдонашро таълимдода мегуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамонсупорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, вале баъдаз се рӯз Вай аз нав зинда мешавад».

32 Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмидандуаз пурсидан тарсиданд.

Кӣ аз ҳама бузургтар аст?* 9:29 9:29 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «бо дуо ва рӯза»омадааст.

Марқӯс 9:33 33 Марқӯс 9:43-4433 Онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум расида, ба хонае

даромаданд ва Исо аз шогирдонаш пурсид: «Дар роҳбо якдигар дар бораи чӣ баҳс мекардед?» 34 Онҳохомӯш буданд, зеро дар роҳ баҳс мекарданд, ки кӣаз ҳама бузургтар аст. 35 Пас, Исо нишасту дувоздаҳшогирдро ҷамъ карда гуфт: «Ҳар кӣ дар сафи пешшудан хоҳад, бояд аз ҳама ақиб ва дар хизмати ҳамабошад».

36 Баъд кӯдакеро гирифта дар байни онҳо гузошт.Сипас, ӯро ба бағал гирифта, ба шогирдонаш гуфт:37 «Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири Ман қабулмекунад, дар асл Маро қабул мекунад. Ҳар касе, киМаро қабул мекунад, на Маро, балки фиристандаиМаро қабул мекунад».

Касе, ки бар зидди мо нест, тарафдори мост38 Сипас Юҳанно ба Исо гуфт: «Устод, мардеро

дидем, ки аз номи Шумо девҳоро берун мекард, валеазбаски ӯ бо мо набуд, кӯшиш кардем, ки ӯро аз инкор боздорем».

39 Аммо Исо гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Ҳаркасе, ки аз номи Ман мӯъҷиза мекунад, наметавонадбаъд аз фурсате дар бораи Ман сухани баде бигӯяд.40 Зеро касе ки бар зидди мо нест, тарафдори мост.41 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба шумо фақатба хотири он, ки шогирди Масеҳ ҳастед, ақаллан якпиёла об диҳад, ҳаргиз бе мукофот нахоҳад монд».

Он чизе, ки моро гирифтори гуноҳ мекунад42 «Вале агар шахсе сабабгори он гардад, ки яке аз

ин пайравони хурди Ман гумроҳ шавад, беҳтар аст,ки ба гардани он шахс санги осиёбро баста, ба баҳрпартоянд.

43-44 (43–44) Агар дастат туро ба гуноҳ кардан водорсозад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки

Марқӯс 9:45-46 34 Марқӯс 10:1

бе як даст буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду дастдошта бошию ба оташи дӯзах афтӣ.†

45-46 (45–46) Агар поят туро ба гуноҳ кардан водорсозад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, кибе як по буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду по доштабошию ба дӯзах партофта шавӣ.‡

47 Агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад,онро канда парто, зеро бароят беҳтар аст, ки як чашмдошта бошию ба подшоҳии Худо дароӣ, аз он ки дучашм дошта бошиву ба дӯзах партофта шавӣ, 48 „кидар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳхомӯш намегардад“.

49Чун ҳар кас бо оташ намакин мешавад.§ 50Намакчизи хуб аст, вале агар сифаташро гум кунад, бо чӣонро намакин карда метавонед? Пас шумо низ дархуд намак дошта бошед ва бо якдигар дар сулҳу салоҳзиндагӣ кунед».

10Таълими Исо дар бораи талоқ

1 Исо он ҷоро монда, ба тарафи сарзамини Яҳудиява қисми шарқии дарёи Урдун рафт. Боз мардумизиёде дар он ҷо ҷамъ омаданд ва Ӯ низ аз рӯи одат батаълими онҳо шурӯъ кард.† 9:43–44 9:43–44 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохилшудааст: «ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳхомӯш намегардад» (Ниг. ояти 48). ‡ 9:45–46 9:45–46 Дар баъзенусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «ки дар он ҷо кирмҳоҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад» (Ниг. ояти 48).§ 9:49 9:49 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «ваҳар қурбонӣ бо намак намакин карда мешавад».

Марқӯс 10:2 35 Марқӯс 10:152Он гоҳ чанд нафар фарисиён омада, Ӯро озмуданӣ

шуда, савол доданд: «Оё аз рӯи шариат мумкин аст,ки мард аз занаш ҷудо шавад?»

3 Исо ҳам аз онҳо пурсид: «Мӯсо дар ин борачӣ фармудааст?» 4 Ҷавоб доданд: «Мӯсо иҷозатдодааст, ки мард талоқномае навишта, аз занашҷудо шавад». 5 Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Мӯсо азсабаби гарданшахии шумо бароятон чунин иҷозатронавишта буд. 6 Вале аз ибтидои офариниши ин дунёХудо „онҳоро мард ва зан офаридааст“.

7-8 (7–8) „Бинобар ин мард аз падару модарашҷудо шуда, бо ҳамсараш мепайвандад, то ки на дунафар, балки як тан шаванд“. Акнун онҳо на ду тан,балки якто ҳастанд. 9 Пас, он чиро ки Худо бо ҳампайвастааст, инсон набояд ҷудо кунад».

10 Вақте ки онҳо ба хона баргаштанд, шогирдонашдар ин бора аз Исо пурсиданд. 11 Исо ба онҳогуфт: «Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо шуда, занидигармегирад, нисбат ба ҳамсари аввалааш гунаҳкордар алоқаи беникоҳ ҳисоб мешавад. 12 Ҳамчунинагар зан аз шавҳараш ҷудо шуда, ба марди дигар башавҳар барояд, гунаҳкор дар алоқаи беникоҳ ҳисобмешавад».

Исо кӯдаконро баракат медиҳад13 Рӯзе одамон фарзандонашонро назди Исо

оварданд, то ки Ӯ ба онҳо даст гузошта, баракатдиҳад. Вале шогирдон онҳоро сарзаниш карданд.

14Исо рафтори шогирдонашро диду ба ғазаб омадагуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд ва пешироҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳоеподшоҳӣмекунад, кимислиинкӯдаконҳастанд. 15Баростӣ башумомегӯям, ҳар касе, ки подшоҳии Худоромонанди кӯдак қабул накунад, ҳеҷ гоҳ ба ин подшоҳӣдохил намешавад».

Марқӯс 10:16 36 Марқӯс 10:27

16 Баъд кӯдаконро ба оғӯш гирифт ва ба болоисарашон даст гузошта, онҳоро баракат дод.

Марди сарватманд17 Вақте ки Исо ба роҳ баромад, марде ба наздаш

давида омада дар пешашба зону афтод ва пурсид: «Эйустоди нек! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣнасибам гардад?»

18 Исо гуфт: «Чаро Маро нек мегӯӣ? Ғайр аз Худокаси нек нест. 19 Худат фармоиши Худоро медонӣ:одамкушӣнакун, алоқаибеникоҳнакун, дуздӣнакун,шаҳодати бардурӯғ надеҳ, касеро фиреб надеҳ вападару модаратро ҳурмату эҳтиром намо».

20 Мард ҷавоб дод: «Эй устод! Ҳамаи инфармоишҳоро аз хурдсолиам риоя кардаам».

21 Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Бату фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар чӣ, ки дорӣ,бифурӯш ва пулашро ба бечорагон тақсим бикун, онгоҳ соҳиби ганҷинаи осмонӣ мегардӣ. Баъд омада,Маро пайравӣ намо».

22 Вале он мард, ки бойигарии зиёде дошт, азшунидани чунин суханон рӯҳафтода шуду ғамгин бахонааш баргашт.

23Исо ба гирду атроф нигоҳ карда, ба шогирдонашгуфт: «Ба подшоҳии Худо дохил шудани одамонибой чӣ душвор аст». 24 Шогирдон аз суханони Исоба ҳайрат афтоданд. Пас Исо такрор карда гуфт:«Эй фарзандонам! Ба подшоҳии Худо дохил шуданчӣ душвор аст. 25 Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутуросонтар аз он, ки шахси сарватманд ба подшоҳииХудо дохил шавад».

26 Шогирдон беш аз пеш дар ҳайрат монда, баякдигар мегуфтанд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?»27 Исо ба шогирдонаш нигоҳ карда гуфт: «Ба инсон

Марқӯс 10:28 37 Марқӯс 10:34

ин корро кардан ғайриимкон аст, вале на ба Худо; боХудо аз ӯҳдаи ҳар кор баромадан мумкин аст».

28 Он вақт Петрус ба Исо гуфт: «Ана, мо азбаҳри ҳама чиз баромада, Шуморо пайравӣ кардем».29 Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агаркасе ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳри хона,бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ёзаминҳояш гузашта бошад, 30 ҳоло дар вақти ҳозирасад баробар зиёдтар хонаҳо, бародарону хоҳарон,модарону фарзандон, заминҳо ва баробари ҳамаи иназобҳо низ пайдо мекунад ва дар оянда ҳаёти абадӣниз насибаш мегардад.

31 Лекин бисёри онҳое, ки ҳоло дар сафи пешҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд ва онҳое, ки дарсафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд».

Исо бори сеюм дар бораи марги худ нақл мекунад32 Онҳо ба сӯи Ерусалим раҳсипор шуданд. Исо

пешопеш мерафт. Шогирдони дарҳайратмонда ваодамон бо тарс аз паси Ӯ қадам мезаданд. Исодувоздаҳ шогирдашро ба як тарафе бурда, бори дигаргуфт, ки дар Ерусалим Ӯро чӣ сарнавиште интизораст. 33 Ӯ гуфт: «Мо ба Ерусалим рафта истодаем,ки дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардоронирӯҳонӣ ва шариатдонон фурӯхта мешавад. Онҳо Ӯроба марг маҳкум мекунанду баъд ба дасти беимононмесупоранд. 34 Беимонон бошанд, Ӯро масхаракарда, ба Вай туф мекунанд ва латукӯб карда бақатл мерасонанд, вале Ӯ пас аз се рӯз аз нав зиндамешавад».

Хоҳиши Ёқуб ва Юҳанно

Марқӯс 10:35 38 Марқӯс 10:4535ЁқубуЮҳанноиписарони ЗабдойпешиИсо омада

гуфтанд: «Устод, мо мехоҳем, ки хоҳишамонробароямон иҷро кунед».

36 Исо пурсид: «Чӣ хоҳиш доред? Бароятон чӣкор кунам?» 37 Гуфтанд: «Вақте ки Шумо бо шӯҳратуҷалол подшоҳӣ мекунед, иҷозат диҳед, яке аз дастирост ва дигаре аз дасти чапатон бишинем».

38 Исо ҷавоб дод: «Шумо намефаҳмед, ки чироталаб карда истодаед. Магар аз он косае, ки Манбояд бинӯшам, нӯшида метавонед ва магар бо оназоби марговаре, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳамтаъмид гирифта метавонед?»

39 Ҷавоб доданд: «Бале, метавонем». Аммо Исо баонҳо гуфт: «Хӯш, аз косаи Ман хоҳед нӯшид ва боазобе, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмидхоҳед гирифт. 40 Аммо ба интихоб кардани касоне,ки аз дасти чапу рости Ман мешинанд, Ман ҳақнадорам. Ба ин ҷойҳо касоне мешинанд, ки Худоонҳоро пешакӣ таъин кардааст».

41 Даҳ шогирди дигар инро шунида, ба ЁқубуЮҳанно сахт қаҳрашономад. 42Пас, Исо ҳамаионҳорогирд оварда гуфт: «Шумо хуб медонед, ки подшоҳонва бузургони халқҳо ба мардуми худ зӯроварӣмекунанд ва ҳукмашонро ба онҳо мегузаронанд.43 Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад.Баръакс, ҳар кас ки дар байни шумо бузург буданмехоҳад, бояд хизматгори шумо бошад 44 ва ҳар касе,ки мехоҳад дар сафи пеш истад, бояд ғуломи ҳамабошад.

45 Ҳатто Фарзанди Инсон барои он наомадааст, кикасе ба Ӯ хизмат кунад, балки омад, то ки ба дигаронхизмат кунад ва барои нархи наҷоти бисёр одамонросупоридан ҷонашро фидо кунад».

Шифо ёфтани нобино

Марқӯс 10:46 39 Марқӯс 11:346Баъд онҳо ба Ериҳӯ омада расиданд. Вақте киИсо

бо шогирдонаш ва мардуми зиёде аз ин шаҳр берунмерафтанд, дар канори роҳ Бартимай ном нобиное,ки писари Тимай буд, нишаста садақа мепурсид.

47 Чун Бартимай шунид, ки Исои Носирӣ аз он роҳмегузарад, фарёд зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд,ба ман раҳм кунед!» 48 Бисёриҳо ӯро сарзаниш кардагуфтанд, ки хомӯш шавад. Вале ӯ овозашро боз ҳамбаландтар карда фарёд мезад: «Эй Насли Довуд, баман раҳм кунед!»

49Исо аз роҳаш бозистода гуфт: «Ба вай бигӯед, киинҷобиёяд». Мардумнобинороҷеғ зада гуфтанд: «Азҷоят хез, натарс, зеро Ӯ туро ба наздаш ҷеғ мезанад».

50Бартимай ҷомаашро кашида, аз ҷояшпарида хества назди Исо омад. 51 Исо аз вай пурсид: «Ту чӣмехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?»Нобино гуфт: «Устод,мехоҳам бино шавам». 52 Исо ба ӯ гуфт: «Бирав,имонат туро шифо дод». Он мард ҳамон лаҳза биношуд ва аз паси Исо рафт.

11Ба Ерусалим омадани Исо

1 Баъд Исо ва шогирдонаш ба наздикии Ерусалим,ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаитеппаи Зайтун ҷойгир шудаанд, рафта расиданд. Ӯду шогирдашро пешопеши худ фиристода, 2 ба онҳогуфт: «Ба қишлоқи дар пешистода равед. Ҳамин киба он ҷо мерасед, харкурраи бастаеро мебинед, киҳанӯз ба он касе савор нашудааст. Бандашро кушода,онро ба ин ҷо биёред. 3 Агар касе бипурсад, ки чароин корро мекунед, бигӯед, ки вай ба Худованд даркоршуд ва Ӯ ба зудӣ онро ба ҷояш бармегардонад».

Марқӯс 11:4 40 Марқӯс 11:14

4 Он ду шогирд рафта, харкурраеро, ки дар канорикӯча, дар назди дарвозае баста шуда буд, ёфтанд.Вақте банди онро мекушоданд 5 баъзе аз одамони онҷо истода пурсиданд: «Чӣ кор карда истодаед? Чаробанди харкурраро мекушоед?» 6Шогирдон суханониИсоро такрор карданд ва одамон ба онҳо иҷозатдоданд.

7 Пас онҳо харкурраро ба назди Исо оварда,ҷомаҳояшонро ба болои харкурра партофтанд ваИсо ба он савор шуд. 8 Бисёр одамон ҷомаҳои худросари роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, дигарон бошанд,навдаҳои сербарги аз саҳро буридаашонро пеши роҳиӮ мегузоштанд.

9 Мардуме, ки аз пешу қафои Ӯ мерафтанд, фарёдмезаданд:«Шаъну шараф ба Худо!Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!10 Муборак бошад подшоҳии аҷдоди мо Довуд, ки

наздик омада истодааст!Шаъну шараф ба Худо дар осмон!»

11 Ҳамин тавр, Исо ба Ерусалим омада, ба ХонаиХудо рафт ва ҳама чизро аз назар гузаронд. Азбаскибевақт шуда буд, бо дувоздаҳ шогирди худ ба Байт-Ҳинӣ равона шуд.

Исо дарахти анҷирро лаънат мекунад12 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз Байт-Ҳинӣ

мерафтанд, Исо гурусна монд. 13 Каме дуртардарахти сербарги анҷирро дида, ба сӯяш рафт. Ӯмехост анҷире пайдо кунад, вале ба он наздик омададид, ки даршохаҳояш ғайр аз барг чизи дигаре набуд,чунки ҳанӯз вақти анҷир набуд. 14Сипас, Исо дарахтианҷирро лаънат карда гуфт: «Аз ин пас касе ҳаргизаз ту дигар мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инрошуниданд.

Марқӯс 11:15 41 Марқӯс 11:25-26Исо Хонаи Худоро тоза мекунад

15 Ҳангоме ки ба Ерусалим даромаданд, Исоба Хонаи Худо рафт ва онҳоеро, ки дар он ҷомашғули хариду фурӯш буданд, берун ронда, мизҳоипуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонрочаппа кард. 16 Вай нагузошт, ки касе чизеро бароисавдо аз саҳни Хонаи Худо гузаронад.

17 Сипас мардумро таълим дода гуфт: «Оё навиштанашудааст, ки „хонаи Ман ҷои дуогӯӣ барои тамомихалқҳо номида мешавад“? Шумо бошед, онро балонаи дуздон табдил додаед».

18 Чун шариатдонон ва сардорони рӯҳонӣ инсуханонрошуниданд, роҳи чӣ тавр ба қатл расонданиИсоро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо аз Исо тарсиданд, зеротамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат мондабуданд.

19 Худи ҳамон бегоҳ Исо бо шогирдонаш аз шаҳрберун рафт.

Дарахти хушкидаи анҷир20 Саҳарии рӯзи дигар онҳо дар роҳ ҳамон дарахти

анҷирро диданд, ки аз решааш хушк шудааст.21 Петрус ҳодисаи рӯзи гузаштаро ба ёд оварда гуфт:«Устод, нигоҳ кунед! Дарахти анҷир, ки онро лаънаткардед, хушк шудааст!»

22Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед.23 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар касе ба ин кӯҳфармон дода гӯяд: „Бархезу ба баҳр биафт“ ва дардилаш шубҳае надошта бошад, балки бовар кунад,ки он чӣ мегӯяд, ҳамон тавр мешавад, он гоҳ ҳамончиз барояш рӯй медиҳад. 24 Барои ҳамин ҳам башумо мегӯям, ҳар чӣ дар дуо талаб мекунед, боваркунед, ки аллакай онро гирифтаед ва он аз они шумомешавад. 25-26 (25–26) Вале ҳангоми дуо кардан, агар

Марқӯс 11:27 42 Марқӯс 12:1аз касе хафагие дошта бошед, ӯро бубахшед, то киПадари осмонӣ низ гуноҳҳоятонро ба шумо бахшидатавонад».*

Саволуҷавоб дар бораи ҳуқуқи Исо27 Онҳо боз ба Ерусалим омаданд. Вақте ки Исо

дар саҳни Хонаи Худо рафтуо мекард, сардоронирӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм назди Ӯ омада28пурсиданд: «Ту бо кадомҳуқуқин корҳоромекунӣ?Ин ҳуқуқро ба Ту кӣ додааст?»

29 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ба шумо саволемедиҳам. Агар ҷавоб диҳед, Манҳамбашумомегӯям,ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам. 30 Ба Манбигӯед, ки ҳуқуқи таъмиддиҳиро ба Яҳё Худо ё инсондода буд?»

31 Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Агар бигӯем, киХудо дода буд, Ӯ мегӯяд: „Пас чаро ба ӯ боварнакардед?“ 32 Агар бигӯем: „Инсон“…», (онҳо азмардум метарсиданд, зеро ҳамаи мардум имондоштанд, ки Яҳё пайғамбари Худост).

33 Оқибат, онҳо ба Исо «намедонем» гуфта ҷавобдоданд. Исо низ ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумонамегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам».

12Масал дар бораи иҷоракорони бераҳм

1 Баъд Исо ба мардум бо масалҳо гап заданросар кард: «Марде токзоре бунёд карда, атрофи онродевор гирифт. Барои фишурдани ангур ҳавзчае тайёркарда, дидбонгоҳе сохт ва токзорро ба деҳқонониҷора дода ба сафар баромад.* 11:25–26 11:25–26 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохилшудааст: «Аммо агар шумо дигаронро набахшед, Падари осмонӣ низгуноҳҳои шуморо намебахшад».

Марқӯс 12:2 43 Марқӯс 12:132 Дар мавсими ҳосилғундорӣ соҳиби токзор

хизматгорашро назди иҷоракорон фиристод, токи ҳаққашро аз ҳосили боғ бигирад. 3 Вале онҳоон хизматгорро гирифта заданду бо дасти холӣбаргардонданд. 4 Соҳиби токзор хизматгоридигареро фиристод, вале онҳо ба сари вай зада, бо ӯбеномусона рафтор карданд. 5 Баъд боз хизматгоридигареро фиристод, лекин ӯро куштанд. Бисёрхизматгорони дигареро ҳам, ки мефиристод, ёмезаданд, ё мекуштанд.

6 Ҳамин тавр, дар хонаи соҳиби токзор ба ғайраз писари азизаш каси дигаре намонд. Оқибат,„писарамроҳатманиззату эҳтироммекунанд“ гуфта,писарашро фиристод. 7 Вале иҷоракорон ба якдигаргуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ватокзор аз онимомешавад!“ 8Сипас, ӯро дастгир кардакуштанд ва ҷасадашро берун аз токзор партофтанд.

9 Акнун соҳиби токзор чӣ кор мекунад? Меравадуон иҷоракоронро мекушад ва токзорро ба дигаронмедиҳад.

10Оё шумо дар навиштаҷот нахондаед:„Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як

сӯ партофтанд,санги асосии таҳкурсии бино гардид.11Ин кори Худованд аства ба назарамон аҷиб менамояд“».

12Азбаски роҳбаронихалқфаҳмиданд, киИсо боинмасал онҳоро мисол овардааст, хостанд Ӯро дастгиркунанд, вале аз мардумметарсиданд, бинобар ин Ӯроба ҳоли худ гузошта рафтанд.

Савол дар бораи супоридани андозу хироҷ13 Дертар чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиён ба

назди Исо фиристода шуданд, то ки Ӯро бо сухан ба

Марқӯс 12:14 44 Марқӯс 12:23дом афтонанд. 14 Онҳо омада гуфтанд: «Устод, момедонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва хушомадгӯимардум нестед, чунки ба мавқею дараҷаи онҳоэътибор намедиҳед, балки роҳҳои Худоро аз рӯиҳақиқат таълим медиҳед. Ҳоло бигӯед, оё раво аст,ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?15Мо бояд онро супорем ё не?» Исо аз дурӯягии онҳобохабар буда чунин гуфт: «Чаро мехоҳедМаро ба домафтонед? Ба Ман динореро биёред, ки бубинам».

16 Вақте динорро ба Ӯ доданд, пурсид: «Дар рӯиин акс ва номи киро мебинед?» Онҳо ҷавоб доданд:«Императорро».

17Он гоҳИсо ба онҳо гуфт: «Он чи аз ониимператораст, ба император бидиҳед ва он чи аз они Худост, баХудо». Онҳо аз ҷавоби Исо дар ҳайрат монданд.

Савол дар бораи аз нав зиндашавӣ18 Баъд баъзе аз саддуқиён (онҳо аз нав

зиндашавиро инкор мекарданд) ба назди Исо омадапурсиданд: 19 «Устод, Мӯсо дар шариат ба мо чуниннавиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфтабимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорадва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун наслибародари марҳумаш бидонад. 20 Инак, ҳафт бародарбуданд. Бародари калонӣ зан гирифт ва бефарзандмурд. 21 Баъд бародари дуюм ҳамсари ӯро ба занӣгирифта, ӯ ҳам бефарзанд мурд. Бо бародари сеюмҳам ҳамин тавр рӯй дод. 22 Бо ҳамин сурат ҳамаиҳафт бародарон бефарзанд вафот карданд. Баъд азҳама он зан ҳам аз дунё гузашт. 23 Пас, рӯзе, кимурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме азонҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро базанӣ гирифта буданд!»

Марқӯс 12:24 45 Марқӯс 12:3424 Исо ҷавоб дод: «Хатои шумо дар он аст, ки на

мазмунинавиштаҷотромедонедунақудратиХудоро.25 Вақте ки мурдаҳо зинда мешаванд, дигар на занмегиранд ва на шавҳар мекунанд, балки мислифариштаҳои осмон мегарданд. 26 Вале дар бораизинда шудани мурдаҳо магар аз китоби Мӯсо дарбораи ҳодиса бо бутта нахондаед, ки чӣ тавр Худо баМӯсо гуфтааст: „Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ваХудои Ёқуб ҳастам“. 27 Ӯ на Худои мурдагон, балкиХудои зиндагон аст. Шумо хатои калон мекунед».

Муҳимтарин қонуни Худо28 Яке аз шариатдонон ба назди онҳо омада баҳсу

мунозираашонро шунид. Вақте ӯ дид, ки Исо ба онҳочӣ ҷавоби хубе дод, пурсид: «Аз тамомифармоишҳоиХудо кадомаш аз ҳама муҳимтар аст?»

29 Исо ҷавоб дод: «Аввалин фармоиши муҳим инаст: „Эй қавми Исроил, гӯш кунед! Худованд Худоимо Худованди яккаву ягона аст. 30 Худованд Худоихудро бо тамоми дилу ҷонатон, бо тамоми ақлуҳушатон ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидоред“.31Дуюмашчунинмебошад: „Ҳаршахсеро, ки наздикишумост, мисли худ дӯст бидоред“. Ҳеҷ фармоише азҳардуи ин бузургтаре нест».

32Шариатдон гуфт: «Устод, ҳақ ба ҷониби Шумост.Шумо бисёр хуб гуфтед, кифақат як Худо вуҷуд дорадва ғайр аз Ӯ Худои дигаре нест. 33Инчунин, Худоро азтаҳти дил, бо тамоми ақлу ҳуш ва қуввати худ дӯстдоштан ва шахси наздики худ бударо ҳам мисли худдӯст доштан муҳимтар аз қурбон кардани ҷонвар вадигар намудҳои қурбонӣ мебошад».

34 Исо дид, ки шариатдон оқилона сухан меронад,бинобар ин ба ӯ гуфт: «Шумо ба подшоҳии Худо

Марқӯс 12:35 46 Марқӯс 12:43наздик ҳастед». Пас аз он дигар ҳеҷ кас ҷуръатнакард, ки ба Исо саволе диҳад.

Масеҳ аз кадом насл аст?35 Вақте Исо дар Хонаи Худо ба мардум таълим

медод, аз онҳо пурсид: «Барои чӣ шариатдононмегӯянд, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо аз наслиДовуд аст? 36Дар ҳоле ки худи Довуд бо таъсири РӯҳиМуқаддас чунин гуфта буд:„Худованд ба Худованди ман фармуд:«То вақте ки душманонатро зери поят нагузорам,

аз дасти ростам бишин»“.37 Худи Довуд Таъиншудаи Худоро „Худованд“

номид, пас чӣ тавр Вай аз насли Довуд шудаметавонад?»Мардуми зиёде суханони Ӯро бо хушнудӣ гӯш

мекарданд.38 Сипас Исо онҳоро таълим дода гуфт: «Аз

шариатдонон эҳтиёт бошед. Ба онҳо маъқул аст,ки либосҳои қимат пӯшида гарданд ва мардум дарбозорҳо ба онҳо саломдиҳанд. 39Онҳо дӯстмедоранд,ки дар ҷойҳои беҳтарини ибодатхонаҳо бишинандва дар тӯю зиёфатҳо бологузар бошанд. 40 Онҳонамоишкорона дуру дароз дуомехонанд, вале дар аслмолумулкибевазанонро хӯрда ғоратмекунанд! Онҳоҷазои сахттар мебинанд».

Хайрияи бевазани бечора41 Баъд Исо рӯ ба рӯи сандуқи хайрия нишаста,

ба сандуқ пул андохтани мардумро тамошо мекард.Баъзеҳо, ки бою бадавлат буданд, пули зиёде хайрмекарданд.

42 Ҳамин вақт як бевазани бечора ҳам омада, дутангаи хурди мисинро, ки арзиши кам дошт, басандуқ андохт. 43 Исо шогирдонашро ба наздашдаъват карда гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям,

Марқӯс 12:44 47 Марқӯс 13:8ки ин бевазани бечора аз ҳамаи дигарон дидазиёдтар хайрот кард. 44 Чунки онҳо аз зиёдатиибойигариашон хайрия карданд, вай бошад, ҳамаи ончизеро, ки дошт, тамоми ризқу рӯзиашро хайриякард».

13Вайроншавии Хонаи Худо

1 Вақте Исо аз Хонаи Худо мебаромад, яке азшогирдонаш гуфт: «Устод, бинед, ин биноҳои ХонаиХудо чӣ қадар боҳашамат ҳастанд! Чӣ сангҳоибузурге доранд!»

2Исо ҷавоб дод: «Шумо ҳоло ин биноҳои бузургромебинед? Санг бар болои сангаш намонда, ҳамааш базамин яксон мешавад».

Азобу шиканҷаҳо3 Вақте Исо дар болои теппаи Зайтун, рӯ ба рӯи

Хонаи Худо менишаст, Петрус, Ёқуб, Юҳанно ваАндриёс дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: 4 «Ба мо бигӯед,ки ҳамаи ин воқеаҳо кай рӯй медиҳанд ва иҷрошудани ҳамаи инро аз кадом нишона мефаҳмем?»

5 Исо ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касешуморо гумроҳ накунад. 6 Зеро бисёр касоне пайдомешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду„Ман ҳамонам“ мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳмекунанд. 7 Вақте ки садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоромешунавед, ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳобояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расиданиохирзамонро надорад. 8 Як халқ бо халқи дигарҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷуммекунад. Дар бисёр ҷойҳо заминҷунбӣ рӯй дода,қаҳтию гуруснагӣ меояд. Ҳамаи ин монандисаршавии дарди зоидан аст.

Марқӯс 13:9 48 Марқӯс 13:209 Худатонро эҳтиёт кунед, зеро шуморо ба назди

қозӣ бурда, дар ибодатхонаҳо қамчинкорӣ мекунандва ба сабаби Маро пайравӣ карданатон шумо дарназди ҳокимону подшоҳонистодашаҳодат хоҳед дод.10 Пеш аз ҳама хушхабар бояд ба тамоми халқиятҳоэълон карда шавад.

11 Вақте шуморо дастгир карда ба ҷавобгарӣмекашанд, ташвиш накашед, ки чӣ бояд бигӯед.Ҳар чӣ ҳамон лаҳза ба дилатон андохта мешавад,бигӯед, чунки он вақт на шумо, балки Рӯҳи Муқаддасба воситаи шумо сухан меронад.

12 Бародар бародари худро ба қатл мефиристад ваинчунин падар фарзандони худро. Фарзандон бападару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро бадасти марг месупоранд. 13 Ба сабаби Маро пайравӣкарданатон ҳамашуморо бадмебинанд. Вале касе, кито ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт.

Ғаму андӯҳи бузург14 Аммо вақте ки харобазори нафратангезеро дар

ҷое мебинед, ки он набояд бошад (бигзор хонандабифаҳмад, ки ин чӣ маъно дорад), он гоҳ онҳое,ки дар Яҳудия ҳастанд, бояд ба кӯҳистон гурезанд.15 Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтаничизе поён нафарояд ва ба хона надарояд. 16 Агаркасе дар саҳро бошад, барои гирифтани ҷома ҳамбарнагардад. 17 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳоҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдакиширхор хоҳанд дошт!

18 Пас дуо кунед, ки ин ҳодиса ба зимистонрост наояд. 19 Зеро дар он айём чунон мусибатерӯй медиҳад, ки аз замони дунёро офариданиХудо то ба ҳол чунин нашуда буд ва дигар ҳаргизнахоҳад шуд. 20 Агар Худованд он рӯзҳои мусибатро

Марқӯс 13:21 49 Марқӯс 13:31

кӯтоҳ намекард, дар рӯи замин ягон инсон зинданамемонд. Вале ба хотири интихобкардагонашХудованд он рӯзҳоро кӯтоҳ кардааст.

21 Агар ҳамон вақт касе ба шумо гӯяд, ки „Ана,Таъиншудаи Худо дар ин ҷост“ ва ё „Нигоҳ кунед, Ӯдар он ҷост“, ба суханонаш бовар накунед. 22 Зероодамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғТаъиншудаи Худо ва пайғамбар меноманд ва чунинмӯъҷизаҳову аҷоибот нишон медиҳанд, то ки агаршавад интихобшудагони Худоро гумроҳ кунанд.23 Инак, бохабар бошед. Ана Ман ҳамаашро ба шумопешакӣ гуфтам.

Омадани Фарзанди Инсон24Дар ҳамон рӯзҳо, баъд аз он мусибатҳо,

офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣнамедиҳад,

25 ситораҳо аз осмон поён меафтанд ва ҳама чиз даросмон ба ҷунбиш меояд.

26 Он вақт мардум Фарзанди Инсонро мебинанд,ки болои абрҳо бо қудрату ҷалоли бузургмеояд. 27 Ӯ фариштаҳояшро мефиристад, тоинтихобкардагонашро аз чор тарафи дунё ва азтамоми гӯшаву канори замину осмон гирд оваранд.

Масал дар бораи дарахти анҷир28 Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки

шохаҳояшмуғча карда барг бароварданро сар кунанд,шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд.29 Ҳамин тавр, вақте мебинед, ки ин ҳодисаҳо баамал меоянд, донед, ки вақт наздик, дар дами остонааст. 30 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамониин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо баамал меоянд. 31 Замину осмон нест мешаванд, аммогуфтаҳои Ман то абад мемонанд.

Марқӯс 13:32 50 Марқӯс 14:5

Маълум набудани рӯзу соати омадани Фарзанди Инсон32Лекин кай фаро расидани он рӯз ё он соатро ғайр

аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон наПисар.

33 Пас, ҳушёру бохабар бошед, зеро намедонед, кион вақт кай фаро мерасад. 34 Ин монанди он аст,ки марде ба сафар рафта, барои ҳар як хизматгорихуд вазифаи махсусе медиҳад ва ба дарвозабонмефармояд, ки посбонӣ кунад.

35 Пас шумо низ ҳушёр бошед, чун намедонед,ки соҳиби хона кай бармегардад, бегоҳӣ ё нимаишаб, вақти ҷеғзании хурӯс ё бомдодон. 36 Мабодо ӯногаҳон баргашта шуморо дар хоб наёбад. 37Он чӣ башумо мегӯям ба ҳама дахл дорад: ҳушёр бошед!»

14Нақшаи куштани Исо

1 То иди Балогардон ва иди Фатир ду рӯз мондабуд. Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон роҳи боҳила дастгир карда, ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯмекарданд. 2 Онҳо мегуфтанд: «Дар рӯзҳои ид инкорро кардан мумкин нест. Шояд одамон шӯришмебардоранд».

Аз рӯи ҳурмат рехтани атри қиматбаҳо3 Исо дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯн ном

махав меҳмон шуда буд. Дар вақти таомхӯрӣ занеомад ва як кӯзачаи сангини гаронбаҳоро пур аз атриқиматбаҳо оварда, онро шикасту ба сари Исо рехт.

4 Баъзеҳо аз ин кори зан ба ғазаб омада, ба якдигаргуфтанд: «Чаро ӯ ин атри пурқиматро исроф кард?5Ин атрро ба маблағи зиёда аз сесад динор* фурӯхта,* 14:5 14:5 Динор — ниг. 6:37.

Марқӯс 14:6 51 Марқӯс 14:15

пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд».Ва занро сахт сарзаниш мекарданд.

6 Вале Исо гуфт: «Ӯро ба ҳолаш гузоред, чаро ӯроташвиш медиҳед? Вай бароям кори калон кард.7Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд ва ҳар вақт, кихоҳед, шумо метавонед ба онҳо ёрӣ кунед, вале Манбо шумо ҳамеша намемонам.

8 Ин зан ҳар чӣ аз дасташ омад, кард. Ӯ атрро бабаданамрехт, то онробарои гӯронидан тайёрнамояд.9 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ҳар гӯшаву каноридунё, ки хушхабар эълон карда мешавад, кори кардаиин занро барои ба ёд овардани ӯ нақл хоҳанд кард».

Хиёнати Яҳудо10Он гоҳ яке аз дувоздаҳ шогирдони Исо, ки номаш

Яҳудои Исқарют буд, ба назди сардорони рӯҳонӣрафт, то Исоро ба онҳо таслим кунад. 11 Онҳо азшунидани ин хеле хушҳол шуда, ба ӯ пул ваъдакарданд. Пас, Яҳудо фурсати қулай меҷуст, то киИсоро ба дасти онҳо бисупорад.

Охирин хӯроки идонаи Исо бо шогирдон12 Рӯзи аввали иди Фатир, ки мардум барраи

балогардонро қурбонӣ мекарданд, шогирдон аз Исопурсиданд: «Дар куҷо мехоҳед, ки мо рафта бароятондастархони иди Балогардонро тайёр намоем?»

13 Исо ду нафар шогирдашро фиристода гуфт: «Башаҳр равед ва мардеромебинед, ки кӯзаи обмебарад.Аз паси ӯ биравед. 14 Ба ҳамон хонае, ки он мардмедарояд, шумо ҳам дароед ва ба соҳиби хона бигӯед:„Устод мепурсад, ки куҷост меҳмонхонаи ӯ, ки дарон ҳамроҳи шогирдонаш хӯроки иди Балогардонрохӯрда тавонад?“ 15 Вай ба шумо болохонаи калонеронишон медиҳад, ки аллакай ғундошта ба тартиб

Марқӯс 14:16 52 Марқӯс 14:26оварда шудааст ва шумо дар ҳамон ҷо бароямондастархон тайёр кунед».

16Пас шогирдон ба шаҳр рафтанду ҳамон тавре, киИсо гуфта буд, шуд ва онҳо хӯроки иди Балогардонротайёр намуданд.

17 Бегоҳирӯзӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш омад.18 Вақте ки дар гирди дастархон нишаста хӯрокмехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, якеаз шумо, ки ҳоло бо Ман хӯрок хӯрда истодааст, баМан хиёнат мекунад».

19 Онҳо хеле ғамгин шуда, пайдарҳам ба пурсидандаромаданд: «Мабодо ин ман набошам?» 20 Исоҷавоб дод: «Ин корро яке аз дувоздаҳ нафари шумомекунад, ки луқмаи нонашро бо Ман дар як коса таркарда истодааст.

21 Бо Фарзанди Инсон он чӣ дар навиштаҷот дарбораашнавишташудааст, рӯймедиҳад. Аммо вой барҳоли он касе, ки ба Фарзанди Инсон хиёнат мекунад.Барои вай беҳтар мешуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд».

Таоми шоми Худованд22 Ҳангоме ки онҳо мехӯрданд Исо нонро ба даст

гирифта, шукри Худоро карду онро пора карда баонҳо тақсим намуду гуфт: «Бигиред, ки ин баданиМан аст».

23Пас косаро гирифта, шукри Худоро карду онро башогирдонашдодваҳамаионҳо аз оннӯшиданд. 24Исоба онҳо гуфт: «Ин хуни Ман аст, ки барои тасдиқкардани аҳди Худо ба хотири одамони зиёде рехтамешавад. 25 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки акнун Маназ меваи нави токи ангур фақат дар подшоҳии Худохоҳам нӯшид, лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам».

26 Баъд онҳо Худоро ҳамду саногӯён ба теппаиЗайтун равона шуданд.

Исо инкори Петрусро пешгӯӣ мекунад

Марқӯс 14:27 53 Марқӯс 14:4027ПасИсо башогирдон гуфт: «Ҳамаишумопайравӣ

кардани Маро бас мекунед, чунки дар навиштаҷотпешгӯйии Худо омадааст: „Чӯпонро мекушам вагӯсфандони рама пароканда мешаванд“. 28 Аммо,вақте ки аз нав зинда мешавам, пешопеши шумо бавилояти Ҷалил меравам».

29Петрус гуфт: «Ҳарчанд ки ҳама пайравӣ карданиШуморо бас кунанд ҳам, ман ин корро намекунам».

30 Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, имрӯз,худи ҳамин шаб, ҳанӯз хурӯс ду бор ҷеғ назада, ту себор Маро инкор мекунӣ».

31 Вале Петрус бо қатъият гуфт: «Ҳатто агарҳамроҳи Шумо ҷон додан лозим ояд, ҳаргиз Шумороинкор намекунам». Дигарон низ чунин гуфтанд.

Охирин дуо дар боғи Ҷатсамонӣ32 Онҳо ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсамон ном дошт ва

Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Шумо дар ин ҷо бошед, Манрафта дуо мекунам». 33 Ӯ бо худ Петрус, Ёқуб ваЮҳанноро бурд. Ғаму аламаш сахт шиддат меёфт ва34 Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам балаб расидааст. Ин ҷо бимонеду бедор бошед».

35 Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва худро рӯизаминпартофта дуо кард, ки агаршавад он вақти азобба сараш наояд. 36 Сипас гуфт: «Эй Падарҷон, бароятҳама чиз имконпазир аст. Ин косаи азобро аз сариМан дур кун. Аммо на хости Ман, хости Ту шавад».

37Баъд баргашта дид, ки шогирдонаш хобидаанд. Ӯба Петрус гуфт: «Шимъӯн, ту хобидаӣ? Магар як соатбедор истода натавонистӣ? 38 Бедор бимонед ва дуокунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳатон ба интайёр аст, аммо табиати инсониатон нотавон».

39 Пас, боз рафта бо ҳамон суханони пештараашдуо кард. 40 Бори дигар баргашта омаду онҳоро боз

Марқӯс 14:41 54 Марқӯс 14:52

дар хоб дид, чунки онҳо сахт хоболуд буданд ванамедонистанд, ки ба Исо чӣ ҷавоб диҳанд.

41 Вай бори сеюм баргашта, ба онҳо гуфт: «Шумоҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Бас, акнун соати онрасидааст, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкоронтаслим карда мешавад. 42 Биёед, бархезед, меравем.Нигоҳ кунед, ана таслимкунандаи Ман ҳам наздикомад».

Дастгир кардани Исо43Якбора, ҳанӯзӮ суханашротамомнакарда, Яҳудо,

яке аз дувоздаҳ шогирдаш расида омад ва ҳамроҳашяк тӯда одамони чӯбу шамшер дар даст аз ҷонибисардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавмбуданд. 44 Инак, хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чуниншарт карда буд: «Бидонед, касеро, ки бӯсидам,ҳамоншахсест, ки бояд дастгир кунеду таҳти назоратгирифта баред».

45Яҳудо дарҳол ба Исо наздикшуду «Устод!» гуфта,Ӯро бӯсид. 46 Пас онҳо Исоро дастгир карданд.47 Ҳамон замон як нафар аз ҳозирон шамшерро азғилофкашиду ба сӯи ғуломи сарварирӯҳониён ҳамлакарда, гӯши вайро бурида партофт.

48 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Шумо магар Маророҳзан гумон мебаред, ки барои дастгир карданам бочӯбу шамшерҳо омадаед? 49Ман ҳар рӯз бо шумо дарХонаи Худо будам ва таълим медодам, аммо шумоМаро дастгир намекардед. Вале, бигзор гуфтаҳоинавиштаҷот ба амал оянд». 50 Ҳамон вақт ҳамаишогирдонаш Ӯро танҳо гузошта гурехтанд.

51 Як ҷавоне аз паси Исо рафт, ки дар танаш ҳеҷчиз надошту фақат бо матои катонӣ худро печондабуд. Вақте сарбозон Ӯро дастгир карданд, 52 вай халосхӯрду матои катонӣ дар дасти онҳо монд, худаш танибараҳна гурехт.

Марқӯс 14:53 55 Марқӯс 14:64

Исо дар ҳузури шӯро53 Исоро ба хонаи сарвари рӯҳониён бурданд.

Ҳамаи сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирониқавм дар он ҷо ҷамъшуданд. 54Петрус ҳам, ки дуртараз паси онҳо меомад, ба ҳавлии сарвари рӯҳониёндаромада, дар назди хизматгорон нишаст, то ки дароташи гулхан гарм шавад.

55 Сардорони рӯҳонӣ ва ҳамаи аъзоёни шӯрокӯшиш мекарданд, ки бар зидди Исо далеле ба дастоварда, Ӯро ба қатл расонанд, вале ҳеҷ далеле пайдонакарданд. 56 Бисёриҳо бар зидди Исо шаҳодатидурӯғ доданд, аммо гуфтаҳояшон ба ҳам мувофиқнамеомад. 57 Баъзеҳо аз ҷо бархеста, ба Исо чунинтӯҳматҳо карданд: 58 «Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт:„Ман ин Хонаи Худоро, ки бо дасти инсон сохташудааст, вайрон мекунам ва баъд аз се рӯз дигаре бекӯмаки инсон месозам“». 59 Вале шаҳодати онҳо бархилофи якдигар буд.

60 Он вақт сарвари рӯҳониён дар ҳузури ҳамабархеста, аз Исо пурсид: «Ин чӣ айбномаҳое, ки барзидди Ту шаҳодат медиҳанд? Чаро Ту ҳеҷ ҷавобенамедиҳӣ?» 61 Аммо Исо хомӯш истода, ҳеҷ ҷавобенадод. Сарвари рӯҳониён боз пурсид: «Магар ТуТаъиншуда ваПисариХудое ҳастӣ, ки баӮ ҳамду саномехонем?»

62 Исо гуфт: «Ҳастам† ва рӯзе Фарзанди Инсонромебинед, ки аз тарафи рости Худои Пурқудратнишаста дар рӯи абрҳои осмон меояд».

63 Он гоҳ сарвари рӯҳониён либосашро даррондагуфт: «Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест!64Худатоншунидед, киӮ суханоникофирона гуфт. Ба† 14:62 14:62 «Ман ҳастам» — ин номест, ки Худо бо он худро номидабуд (ниг. Хуруҷ 3:14).

Марқӯс 14:65 56 Марқӯс 14:72чӣ қарор меоед?» Пас ҳамаи онҳо Ӯро айбдор карда,ба марг маҳкум намуданд.

65 Баъд баъзеҳо ба туф кардан ба Исо даромаданд.Онҳо чашмони Ӯро баста, ба рӯяш торсакӣ задамепурсиданд: «Агар пайғамбар бошӣ, бигӯй, ки Турокӣ зад?» ва сарбозон ҳам Ӯро бурда заданд.

Исоро инкор кардани Петрус66-67 (66–67) Петрус ҳоло ҳам дар ҳавлӣ назди гулхан

нишаста, худро гарм мекард. Ҳамин вақт яке азканизакони сарвари рӯҳониён ӯро дид ва ба ӯ бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Ту ҳам ҳамроҳи ИсоиНосирӣ будӣ!»

68 Петрус инро инкор карду «Намедонам ванамефаҳмам, ки чӣ мегӯӣ» гуфта, ба тарафи дигариҳавлӣ гузашт.‡

69 Канизак Петрусро бори дигар дид ва баҳозирбудагон гуфт: «Ин мард ҳам яке аз шарикониИсо аст!» 70 Петрус инро боз инкор кард. Дертарҳозирбудагон ба Петрус гуфтанд: «Аниқ ту шарикионҳоӣ, чунки ҷалилӣ ҳастӣ!»

71 Петрус бошад, ба сараш лаънатҳо хонда, қасамхӯрда гуфт: «Ин одамеро, ки дар борааш мегӯед,намешиносам».

72 Худи ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм ҷеғ зад ваПетрус суханони Исоро ба ёд овард, ки гуфта буд:«Пеш аз он ки хурӯс ду бор ҷеғ занад, ту се борМаро инкор мекунӣ». Он гоҳ Петрус худро доштанатавониста ба гиря даромад.

15Исо дар ҳузури Пилотус

‡ 14:68 14:68 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст:«Ҳамон замон хурӯс ҷеғ зад».

Марқӯс 15:1 57 Марқӯс 15:151 Саҳарии барвақт сардорони рӯҳонӣ, пирони қавм

бо шариатдонон ва тамоми аъзоёни шӯро дар маҷлисба як қарор омаданд. Онҳо Исоро баста, ба наздиҳокими румӣ Пилотус фиристоданд ва ба дасти ӯсупориданд.

2 Пилотус аз Исо пурсид: «Оё Ту Шоҳи Яҳудиёнҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ҳамон тавре ки худатонмегӯед».

3 Сардорони рӯҳонӣ Исоро аз бисёр ҷиҳат айбдормекарданд. 4 Пилотус аз Ӯ пурсид: «Чаро ҷавобнамедиҳӣ? Бубин, Туро чӣ қадар айбдор мекунанд».5Вале Исо боз ҳам чизе нагуфт ва Пилотус дар ҳайратмонд.

6 Аз рӯи одат Пилотус дар ҳар ҷашнгирии ин идяк нафар маҳбусеро, ки мардум талаб мекард, озодменамуд. 7 Дар он вақт Бараббос ном марде, ки бошариконаш дар шаҳр шӯриш бардошта одам куштабуд, дар ҳабс менишаст. 8 Мардум хоҳиш карданд,ки Пилотус мисли ҳарсола як нафар маҳбусро озодкунад. 9 Пилотус пурсид: «Мехоҳед, ки ШоҳиЯҳудиёнро бароятон озод кунам?» 10 Чун мефаҳмид,ки сардорони рӯҳонӣ Исоро аз рӯи ҳасад ба дасти ӯсупорида буданд.

11 Вале сардорони рӯҳонӣ мардумро ба ошӯбоварданд, то ба ивази Исо озод кардани Бараббосроталаб кунанд. 12Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас, боон касе, ки шумо Ӯро Шоҳи Яҳудиён меномед, чӣ коркунам?»

13Онҳо фарёд заданд: «Ба салиб мехкӯб кунед!»14 Пилотус гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие

кардааст?» Лекин онҳо боз баландтар фарёд заданд:«Ӯро мехкӯб кунед!»

15Пилотус танҳо барои қонеъ гардондани талаботихалқ Бараббосро барояшон озод карда, фармон дод,

Марқӯс 15:16 58 Марқӯс 15:26

ки Исоро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯбкунанд.

Сарбозон Исоро масхара мекунанд16 Сарбозон Исоро ба ҳавлии дарбор бурда,

аскарони зиёдро ҷамъ карданд. 17 Баъд ба Исоҷомаи бунафшранг пӯшонданд ва аз хор тоҷе бофта,ба сараш гузоштанд. 18 Ба Ӯ таъзим карда фарёдмезаданд: «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» 19Онҳо бо чӯбба сарашмезаданд, ба Ӯ туфмекарданд ва дар наздашба зону истода, ба Ӯ саҷда менамуданд. 20 Вақтеки онҳо масхара додани Ӯро бас карданд, ҷомаибунафшрангро аз танаш кашида, либоси худашропӯшонданд ва барои ба салиб мехкӯб кардан Ӯро азон ҷо берун бурданд.

Ба салиб мехкӯб шудани Исо21Дар роҳ онҳо бо як роҳгузари қуриние вохӯрданд,

ки аз саҳро бармегашт. Он мард Шимъӯн номдошт ва падари Искандару Руфис буд. Сарбозон ӯромаҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардоштабарад. 22 Баъд Исоро ба ҷое оварданд, ки Ҷолҷото,яъне «Ҷои косахонаи сар» ном дошт. 23 Сарбозонба Ӯ майи бо мӯр* омехтаро доданд, вале Ӯ онроқабул накард. 24 Он гоҳ Исоро ба рӯи салиб мехкӯбкардандулибосашробайнихудтақсимкарданӣшуда,бо партофтани қуръа соҳибшавандаи онро муайянкарданд. 25 Соати нӯҳи саҳар буд, ки Ӯро рӯи салибмехкӯб карданд. 26Дар лавҳаи айбнома бар зиддиИсонавиштанд: «Шоҳи Яҳудиён».* 15:23 15:23 Мӯр — моддаи равған монанди зардранг, ки аз буттагирифта мешавад ва аз он доруворӣ барои сабук кардани дард тайёрмекунанд.

Марқӯс 15:27-28 59 Марқӯс 15:3927-28 (27–28) Ҳамроҳи Исо боз ду дуздро аз тарафи

чапу росташ ба салибҳои дигар мехкӯб карданд.†29 Одамоне, ки аз он ҷо мегузаштанд, сар ҷунбонда

Исоро мазоқ карда мегуфтанд: «Ту-ку мехостӣ ХонаиХудоро вайрон карда, дар муддати се рӯз онро аз навсозӣ, 30 пас, ҳоло аз салиб поён фаромада, худатронаҷот деҳ?»

31 Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон низ Ӯромасхаракунон ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронронаҷот медоду худашро наҷот дода наметавонад.32 Бигузор Таъиншудаи Худо, ки Шоҳи Яҳудиён аст,акнун аз салиб поён фарояд, то мо инро дида, имоноварем!» Ҳатто онҳое, ки ҳамроҳаш мехкӯб шудабуданд, Ӯро таҳқир мекарданд.

Марги Исо33Нисфирӯзӣ ҳама ҷоро торикӣ фаро гирифт ва он

то соати се давом кард. 34 Дар соати се Исо бо садоибаланд фарёд зад: «Элла! Элла! Лама сабақтанӣ?»,яъне «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарккардӣ?» 35 Баъзе аз ҳозирон инро шунида, гуфтанд,ки Исо Илёс пайғамбарро садо мекунад. 36 Сипас якнафар давида латтаеро ба сирко тар кард ва ба сарияк чӯб гузошту барои нӯшидан ба Исо дароз кард вагуфт: «Истед, бинем-чи, оё Илёс омада, Ӯро аз салибгирифта поён мефарорад ё не?!» 37 Баъд Исо нолаибаланде карда ҷон дод.

38Худи ҳамин вақт пардае, ки ҷои муқаддастариниХонаи Худоро ҷудо мекард, аз боло то ба поёнашдарида, ду порашуд. 39Вақте сардори лашкари румиидар рӯ ба рӯи салибистода дид, ки Исо чӣ тавр фарёд† 15:27–28 15:27–28 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохилшудааст: «Ин ҳам дар навиштаҷот пешгӯӣ шуда буд: „Ӯ низ ба қаториҷинояткорон дохил мешавад“».

Марқӯс 15:40 60 Марқӯс 16:1

зада ҷон дод, гуфт: «Дар ҳақиқат ин мард ПисариХудо буд!»

40 Чанд зан ҳам он ҷо буданд, ки аз дур инҳодисаҳоро медиданд. Дар байни онҳо МарямиМаҷдалия, Салӯмит ва Марям, ки модари Ёқубихурдсол ва Юшо буд, низ ҳузур доштанд. 41 Онҳодар Ҷалил Исоро пайравӣ мекарданд ва дар эҳтиёҷашкӯмак мерасонданд. Бисёр занони дигар низ, киҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омаданд, дар он ҷо буданд.

Гӯронидани Исо42 Шом шуд ва мардум ба рӯзи истироҳат тайёрӣ

медиданд. 43 Юсуф ном шахс аз шаҳри Аромот, киаъзои обрӯманди шӯро буд ва омадани подшоҳииХудоро интизорӣ мекашид, боҷуръат ба наздиПилотус рафт ва ҷасади Исоро талаб кард. 44Пилотусҳайрон шуд, ки Исо ба ин зудӣ мурдааст, бинобар инсардори лашкарро даъват карда, аз ӯ пурсид, ки оёИсо аллакай мурдааст.

45 Вақте он сардори лашкар тасдиқ кард, Пилотусҷасади Исоро ба Юсуф супорид. 46Юсуф суфи сафедхарид ва ҷасадро аз салиб поён фароварда, кафанпечкарду ба даруни қабре, ки дар ғоре канда шуда буд,гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабрғелонда, онро маҳкам кард. 47 Марями Маҷдалия ваМарям,модариЮшодиданд, ки ҷасад ба куҷо гузошташуд.

16Зиндашавии Исо

1 Вақте ки рӯзи истироҳат ба охир расид, МарямиМаҷдалия, Марям, ки модари Ёқуб буд ва Салӯмитрафта, равғани хушбӯй хариданд, то ки ба бадани Исо

Марқӯс 16:2 61 Марқӯс 16:14бимоланд. 2 Ва саҳарии барвақти рӯзи якшанбе, баъдаз баромадани офтоб ба сӯи қабр раҳсипор шуданд.

3Дар роҳ ба якдигар мегуфтанд: «Кӣ санги калонроаз даромади қабр барои мо мебардорад?» 4 Вақте киназди қабр расиданд, диданд, ки он санги бениҳояткалони қабр як сӯ ғелонда шудааст.

5Пас ба даруни қабр даромада диданд, ки як ҷавонебо либоси сафед дар тарафи рост нишастааст. Занонба ҳайрат афтоданд.

6Вале ҷавон ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед! ШумоИсои Носирии ба салиб мехкӯбшударо меҷӯед. Вайаз нав зинда шуд ва дар ин ҷо нест! Ба ҷое, киҷасадашро гузошта буданд, нигоҳ кунед! 7 Ҳолорафта, ба шогирдонаш ва ба Петрус бигӯед, ки Исопешопеши шумо ба Ҷалил меравад, то шуморо дар онҷо бубинад, чунон ки ба шумо гуфта буд».

8 Занҳо тарсону ларзон берун баромада, аз наздиқабр гурехтанд ва ба касе чизе нагуфтанд, чунки дарҳарос буданд.

Зоҳиршавии Исо ба шогирдонаш[ 9 Исо субҳи рӯзи якшанбе аз нав зинда шуд ва

аввал баМарямиМаҷдалия, ки аз вуҷуди ӯ ҳафт девроберун карда буд, худро зоҳир кард. 10 Марям наздишогирдони гирёнумотамзада рафта ин хабарро гуфт.11 Вале онҳо суханони ӯро шунида, бовар накарданд,ки Исо зинда асту Марям Ӯро дидааст.

12БаъдИсо худро дар сурати дигар ба душогирдаш,ки ба деҳа мерафтанд, зоҳир кард. 13 Онҳо баргашта,инро ба дигарон нақл намуданд, аммо ҳеҷ кас басуханони онҳо бовар накард.

14 Дар охир Исо ба он ёздаҳ шогирдаш, дар вақтихӯрок хӯрданашон, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабабибеимонӣ ва якравиашон сарзаниш кард, зеро ба

Марқӯс 16:15 62 Марқӯс 16:20суханони касоне, ки Ӯро баъд аз марг зинда дидабуданд, бовар накарданд.

15 Баъд ба онҳо гуфт: «Ба тамоми дунё рафта,хушхабарро ба ҳама эълон бикунед! 16 Касоне,ки имон биоваранд ва таъмид бигиранд, наҷотмеёбанд, вале касоне, ки имон наоваранд, маҳкуммешаванд. 17 Дар ҳаёти касоне, ки имон меоваранд,чунин аломатҳо пайдо мешаванд: онҳо бо номи Мандевҳоро меронанд ва бо забонҳои нав сухан мегӯянд;18онҳоморҳоро бо дастмегиранд ва агар заҳр хӯранд,зараре намебинанд; даст бар беморон мегузоранд ваонҳо шифо меёбанд».

19 Вақте ки сӯҳбати Исои Худованд бо онҳо тамомшуд, Вай ба сӯи осмон бурда шуд ва аз тарафи ростиХудо нишаст. 20 Шогирдон рафта, хушхабарро дарҳама ҷо эълон мекарданд. Худованд ҳам мададгорионҳо буд ва бо мӯъҷизаҳое, ки онҳо нишон медоданд,гуфтаҳояшонро тасдиқ мекард. Омин.* ]

* 16:20 16:9–20 Ин оятҳо на дар ҳамаи нусхаҳои қадими навиштаҷотдохил шудаанд.

63Хушхабар

Portions of the Holy Bible in the Tajik language of TajikistanЧасти Библии в таджикском языке Таджикистан

Copyright © 2010, 2014 Фонди «Калом»Language: тоҷикӣ (Tajik)This translation is made available to you under the terms of the Creative CommonsAttribution-Noncommercial-No Derivatives license 4.0.Youmay share and redistribute this Bible translation or extracts from it in any format,provided that:

You include the above copyright and source information.You do not sell this work for a profit.You do not change any of the words or punctuation of the Scriptures.

Pictures includedwith Scriptures and other documents on this site are licensed just forusewith those Scriptures and documents. For other uses, please contact the respectivecopyright owners.2014-04-02PDF generated using Haiola and XeLaTeX on 11 Jan 2020 from source files dated 30 Dec20191f8fe4f8-d37a-5948-a2bf-cc6be88e89cb