4
Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон! Хафтаномаи чамъиятию сиёси Имруз № 20-21 (299-300) аз 28 сентябри соли 2015 email: [email protected] www.tojinfo.ru Исфара, кeчаи Марказb-10. Тел: 2-61-62 Ибод Файзулло - 80 сол КӮҲИ ПАНҶУМ (Эҳдо ба Ибодулло Файзулло) Исфара гар бо фари худ, Файзу ҳусни тоза дорад. Дар ҷаҳон бо Чоркӯҳаш, Шӯҳрату овоза дорад. Чоркӯҳаш чор девор, Осмон боми диёр аст. Шаб ба мисли чилчароғаш, Моҳу ахтар шӯълабор аст. Зодааш шуд кӯҳи панҷум, Дар шумори чор кӯҳаш. Исфара бо кӯҳи дигар, Мекунад афзун шукӯҳаш. Чор кӯҳи рангаи он, Ганҷҳо дар сина дорад. “Кӯҳи панҷум” дар замираш, Аз сухан ганҷина дорад. Чоркӯҳ гар рӯд дорад, Монад аз туғён замоне. Рӯдбори Кӯҳи панҷум, Ҷӯш дорад ҷовидонӣ. Моҳиёни лангарашро, Дидаам бо дидаи сар. Шуд ба чашми дил намудор, Рӯди дигар, пур зи гавҳар. Чоркӯҳо, бар канорат, Омадам баҳри зиёрат. Баъд аз ин бар Кӯҳи панҷум, Меравам баҳри ибодат. Саидалӣ МАЪМУР. Ибод Файзулло 12 апрели соли 1935 дар деҳаи Чоркӯҳ, дар оилаи инсони бомаърифату бофарҳанг ва яке аз шахсони барӯманди Ис- фара ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ва факултаи таъриху филоло- гияи Донишгоҳи далватии Тоҷикистон соли 1959 фаъо- лияти меҳнатиашро ба ҳайси корманди рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” оғоз на- мудааст. Дар вазифаҳои мудири шӯъба ва котиби масъули он кор карда- аст. Соли 1963 бошад, муҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва соли 1965 ко- тиби КМ Комсомоли Тоҷикистон интихоб мешавад. Соли 1969 фаъолияти меҳнатиаш ҳамчун муовини му- дири шӯъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон идома ёфта, соли 1977 дар мактаби олии партия- вии Маскав таҳсил кард. Солҳои 1977-1979 сармуҳаррири рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” шуда кор кард. Солҳои 1979-1981 мудири шӯъбаи маданияти КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, cолҳои 1981-1991 котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 1991 то охири умр сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Душанбе” буд. Китобҳои “Ба сӯи нур”, “Рӯ ба офтоб”, Садоқат”, Роҳҳои зиндагӣ”, Гулхани дӯстӣ”, “Пада- рон ва фарзандон”, “Дур аз фронт”, Ошёни баланд”, Қиссаи бешаи сабз”, “Борони баҳорон”, “Савганд”, “Қарзи фарзандӣ”, “Аскари қаторӣ”, “Лаҳзаҳои дидор” ва “Кӯҳи панҷум” ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ибод Файзулло Ходими шоис- таи фарҳанги Тоҷикистон буда, дорандаи ҷоизаи Лоҳутӣ мебо- шад. Борҳо депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст. Нафақахӯри аҳамияти Ҷумҳуриявӣ барои хизматҳои махсус буд. Нашри махсус 20-21 2015.qxp имруз_Layout 1 25.09.2015 11:57 Страница 1

20 21 2015 qxp имруз layout 1

  • Upload
    -

  • View
    257

  • Download
    8

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: 20 21 2015 qxp имруз layout 1

Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

Имруз№ 20-21 (299-300) аз 28 сентябри соли 2015 email: [email protected] www.tojinfo.ru Исфара, кeчаи Марказb-10. Тел: 2-61-62

Ибод Файзулло - 80 солКӮҲИ ПАНҶУМ

(Эҳдо ба Ибодулло Файзулло)

Исфара гар бо фари худ,Файзу ҳусни тоза дорад.Дар ҷаҳон бо Чоркӯҳаш,Шӯҳрату овоза дорад.

Чоркӯҳаш чор девор,Осмон боми диёр аст.Шаб ба мисли чилчароғаш,Моҳу ахтар шӯълабор аст.

Зодааш шуд кӯҳи панҷум,Дар шумори чор кӯҳаш.Исфара бо кӯҳи дигар,Мекунад афзун шукӯҳаш.

Чор кӯҳи рангаи он,Ганҷҳо дар сина дорад.“Кӯҳи панҷум” дар замираш,Аз сухан ганҷина дорад.

Чоркӯҳ гар рӯд дорад,Монад аз туғён замоне.Рӯдбори Кӯҳи панҷум,Ҷӯш дорад ҷовидонӣ.

Моҳиёни лангарашро,Дидаам бо дидаи сар.Шуд ба чашми дил намудор,Рӯди дигар, пур зи гавҳар.

Чоркӯҳо, бар канорат,Омадам баҳри зиёрат.Баъд аз ин бар Кӯҳи панҷум,Меравам баҳри ибодат.

Саидалӣ МАЪМУР.

Ибод Файзулло 12 апрели соли1935 дар деҳаи Чоркӯҳ, дар оилаиинсони бомаърифату бофарҳангва яке аз шахсони барӯманди Ис-фара ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёнава факултаи таъриху филоло-гияи Донишгоҳи далватииТоҷикистон соли 1959 фаъо-лияти меҳнатиашро ба ҳайсикорманди рӯзномаи“Тоҷикистони Советӣ” оғоз на-мудааст.

Дар вазифаҳои мудири шӯъба

ва котиби масъули он кор карда-аст. Соли 1963 бошад,муҳаррири рӯзномаи “КомсомолиТоҷикистон” ва соли 1965 ко-тиби КМ Комсомоли Тоҷикистонинтихоб мешавад.

Соли 1969 фаъолиятимеҳнатиаш ҳамчун муовини му-дири шӯъбаи маданияти КМ ПКТоҷикистон идома ёфта, соли1977 дар мактаби олии партия-вии Маскав таҳсил кард. Солҳои1977-1979 сармуҳарририрӯзномаи “Тоҷикистони

Советӣ” шуда кор кард.Солҳои 1979-1981 мудири

шӯъбаи маданияти КМ ҲизбиКоммунисти Тоҷикистон,cолҳои 1981-1991 котибиИттифоқи нависандагониТоҷикистон ва аз соли 1991 тоохири умр сармуҳарририрӯзномаи “Паёми Душанбе” буд.

Китобҳои “Ба сӯи нур”, “Рӯ баофтоб”, Садоқат”, Роҳҳоизиндагӣ”, Гулхани дӯстӣ”, “Пада-рон ва фарзандон”, “Дур азфронт”, Ошёни баланд”, Қиссаи

бешаи сабз”, “Борони баҳорон”,“Савганд”, “Қарзи фарзандӣ”,“Аскари қаторӣ”, “Лаҳзаҳоидидор” ва “Кӯҳи панҷум” бақалами ӯ тааллуқ доранд.

Ибод Файзулло Ходими шоис-таи фарҳанги Тоҷикистон буда,дорандаи ҷоизаи Лоҳутӣ мебо-шад. Борҳо депутати СоветиОлии РСС Тоҷикистон интихобшудааст.

Нафақахӯри аҳамиятиҶумҳуриявӣ барои хизматҳоимахсус буд.

Нашри махсус

20-21 2015.qxp имруз_Layout 1 25.09.2015 11:57 Страница 1

Page 2: 20 21 2015 qxp имруз layout 1

“Имрeз” № 20-21 (299-300) аз 28 сентябри соли 2015 email: [email protected] Ca[ифаи 2.

1.МУҲАММАД...Ниҳоят, аз азобу шиканҷа ва

истинтоқи полис, гумрук ва марз-бон раҳоӣ ёфта, худро дар саҳниҳавлии фурӯдгоҳи Внуководидам. Ба истиқболам ҷавонихушсимо, хушқадду қомат, хушрӯва дилҷӯе мехчагул ба даст, хандаба лаб меомад.

-Расидан бахайр! – гуфт худродартоз ба бағали пиронаам писар-вор андохта, -Маскав пешкаш! Ҳаҳамин тавр гуфт ӯ, гӯиё, ки хӯҷаин,ё мири ин шаҳри азим бошад вабағочамро аз даст гирифта, сӯимошини кироя роҳнамун гашт.

Гузаштам, шистам, оҳи сабукеаз сина кашидам. Хушҳол, зинда-дил, меҳрубон ва ҳамоно хандаба-лаб буд. Сар ба китфонам ниҳод,дастам гирифт, фишурд. –БӯиТоҷикистон, накҳати кишвараммеояд аз шумо, - ҳамин тавр гуфтва ашк сари мижгонҳои дарозу ба-зебаш ҳалқа зад ва ӯ дар ҳаминҳолат дар назарам боз ҳам зебо-тар тофт.

Сабукрав вориди роҳиҷангалзори пуршукӯҳ гашт, анбӯҳидарахтони сарв, ки ба танпироҳани испед кашида, аз наво-зиши насими шӯх нозукадоёна сарба китфони ҳам мениҳоданд, дарин нимарӯзии пурсафо банаварӯсон монандӣ доштанд.Шукӯҳу шаҳомати роҳи ҳамворувасеъ ва пурмошин беназир буд.Эълону реклам ва чароғони чашм-рабо фаровон буд. Ва банда,ростӣ, Москваи пешинро нашинох-там. Солиёни зиёд наомада будам.Омаду рафт ҳам душворшудааст...

-Кам не, ғам не, дар Маскавтоҷикон бисёранд, - бо кадом якандешае гуфт ҷавони хушодобухушсалиқа, -кӯшиши зиёде ба харҷдода мешавад, ки ҳама сарҷамъ,муттаҳид, ҳамдаму ҳамнафасбошем ва ризқу рӯзиямонро бозаҳмати хеш пайдо кунем.Мулоқот, шабнишинӣ,дидорбиниҳо барпо мешаванд.Иду айёмро якҷоя мегузаронем.Ва дар ин кори хайр СафоратиТоҷикистон дар Русия, Иттиҳодибайналмиллалии нависандагон,тоҷирон ва корчаллонҳои баоруномус, ҳайати эҷодии ҳафтавори“Чархи гардун”, ки бароиҳамватанонамон дар Маскав инти-шор мешавад, саҳмгиранд.

Рафтаравон самимӣ, дилпазир,айни муддао ҳарф мезадмусоҳибам. Ва банда эҳсос кар-дам, ки таи чанд соли дар Маскавхондану зистану кор карданаш ӯдониши зиёде андӯхта, оламуодам дида, сабзида хеле камолёфтааст.

Ифтихор кардам аз тоҷикписариарзанда ва зебандаи миллатумеҳани хеш.

* * *Мошин дар кӯчаи Яртсевскаяи

Маскав, рӯ ба рӯи мағозаимӯҳташами “Рамстор” қарор ги-рифт.

-Меҳмони ман мешавед, - гуфтҷавон кӯлбори маро ба даст ги-рифта, - дам ғанимат, одамғанимат гуфтаанд. Читу шуда ома-дед. Завҷаам Гулнорабону бапалавпазӣ усто. Сӯҳбате то субҳ

барпо хоҳем кард. ҶиянчаҳоятонМероҷу Монигул ва Ромиш ҳамхурсанд мешаванд. Воқеан ин хур-диамон зодаи Маскав аст. Канӣ,пеш гузаред, марҳамат...

...Аҷаб гуворо буд лаҳзаидидорбинӣ бо шогирди деринаам-собиқ корманди як қаторрӯзномаҳои Ҷумҳурӣ, барандаигуфторҳои телевизиони “Субҳ”,нависанда ва рӯзноманигор, даст-парвари Академияи дипломатииРусия Муҳаммади Эгамзод.

Турфа шогирде, ки дар ҳайраткунад устодро!

2.ҶАМШЕДРӯ ба рӯи Музеи таърихӣ

муҷассамаи Маршали овозадорЖуковро, ки аспсавор буд, дармайдони машҳури Манежная та-рабхона, растаи мағозаҳо, гул-гашту фаввораҳоро дида,ҳайратам афзуд.

-Аҷаб давре, аҷоиб замоне, -гуфтам ба худ ва ҳамин лаҳзачашмам ба пештоқи меҳмонхонаи“Маскав” бархӯрд, ки он ҷо акнунба ҷои номи пешинааш “Балтика”сабт шудааст.

-Оё ман саҳв мекунам? – пурсонмешавам аз раҳгузаре, - номимеҳмонхона дигар шудааст?

-Не, не ин ҳамон “Москва”...-Пас чаро “Балтика” навишта-

анд?Ҷавоне, чеҳракушоде аз

кунҷкобиам огаҳӣ ёфта, наздаммеояд.

-Аз Тоҷикистонед аз афташ?-Шукри Худо.-Ассалому алайкум.-Ваалейкум ассалом. Ташаккур

барои одобатон.-Салому алейк як чизи меро-

сист.-Маъқул. Шумо кистед?-Ман? Як тоҷикписаре. Номам

Ҷамшед. Рӯзгор маҷбурам кард, кидар ин ҷоҳо мардикорӣ кунам...Аммо шумо аз номи меҳмонхонапурсон шудед?

-Бале, ин ҷо замоне “Москва”навиштагӣ буд...

-Ҳозир номи пивои машҳур“Балтика”-ро навиштагӣ. Як навъреклом. Оё майли нӯшидан надо-ред?

-Не, не писар, биёед беҳтарашсӯи Майдони Сурх қадам занем.

Сайру гашт, мубодилаи афкорва сӯҳбатҳо бо тоҷикписаре дарМаскав хуш буд маро.Адабиётдӯст, шеъргӯ ҷавоне буда-аст. Чанд байти ба русӣ навишта-ашро мутантан қироат кард. Азишқу ихлосу муҳаббати ноком, аздарди ғарибӣ, аз пазмониҳои киш-вар ва падару модар буд ашъ-ораш. Хуш ҳарф мезад, тозабаёнбуд.

-Ба Ватан кай баргаштанӣШумо? – суолаш додам ҳангоме,ки аз паҳлӯи ҳардуямон зебоса-наме, тозалибосе, танноз вамаҳҷабине хиромон гузашта рафт.Арӯси ҳақиқиро мемонд, олиҳаиҳусну ҷамол буд.

Хаёл кардам, ки ҷавон сӯи вайдидаи ҳавас медӯзад. Не, бепарвобуд. Ба дилаш оташе ҷо карданӣшуда, аз Ҳофиз ёд кардам:

Бибурд аз ман қарору тоқату ҳуш,

Буте сангиндилу симинбаногӯш.

Нигоре, чобуке шӯхе, париваш,

Ҳарифе, маҳваше, сарви қабопӯш.

Не, вай риштаи суханро сӯидигар кашид:

-Зеботар аз инҳо дар диёри ху-дамон бисёр. Андаки дигар пулкор кунам, домодзеб шавам,иншооллоҳ, бармегардам. Пари-ваше он ҷо тӯйро бесаброна инти-зор аст...

Гирди лабонам ханда гул кард.* * *

Сонӣ... ҳо, ҳангоми шаббахайрфаҳмидам, ки ин ҷавони хушму-омила, суханшинос, шеърдӯстҶамшед яке аз фарзандони ши-носи деринаам – собиқадори кониангишти Шӯроби ИсфарамарзСахиюллохӯҷаи Файзулло буда-аст.

Чун дар истгоҳи “Ҷавонӣ” азқатораи метро фаромад, ба дилгуфтам:

-Ризқу рӯзиятро ёб, ба дилдо-даат пайванд шав, домоди базеб!

3. ЛЮДМИЛА -Ба Подолск чӣ хел равам? Дур

аст магар ин маҳал? Дар куҷост,дар кадом самт?

-Он ҷо чӣ мехоҳед? Хеш, ақрабо,дӯсте доред? –дар ҷавобипурсишҳоям чанд суоле пешовард марде, ҷомадонбадасте.

-Людмиларо дидан мехоҳам.Волкова Замоне…

-Ошиқаш будед?-Не-не бародар. Вай пеш аз

тӯфонҳои Ҷумҳурӣ дарҳамсоягиам мезист, шавҳарашЮрий шикори моҳиро дӯст ме-дошт. Андаке саросема шуданд.Ва ин тарафҳо кӯч бастанд.

Афсар будааст он мард. ЗодаиПодолск. Ҳамсафар шудем. Та-моми роҳ қиссаҳо мекард. Гӯшашдодам.

-Солҳои Ҷанги Бузурги ВатанӣПодолск пуштибони Маскав буд,-нақлашро идома дод ӯ аз тирезаиқатораи байнишаҳрӣ ба берун ни-гариста. –Ҳа-а бисёрҷавонмардони ин сарзамин хонимуқаддасашонро дифоъ карда,намонданд, ки фашисти хунхорсар ба Маскав халонад. Ҳо, нигоҳкунед, ана он муҷассама ба ёдишаҳидон аст. Ана ваяш ибодат-хона. Кӯлоҳи Мономах мегӯянд.Диққат диҳед. Бино ба шакликӯлоҳ бунёд шуда, ки дар бобашривоят бисёр аст.

Вай баъди ин шарҳу баён рӯ баҷониби ман гардонд.

-Ҳо, воқиан шумо аз Людмилапурсон шудед. Ин ҷо Людмилаҳобисёр. Нею агар Людмила Никола-евна бошад, медонам.

Шавҳараш Пётр-а? -Бале-бале.-Паҳлӯи рӯди Пахра зиндагӣ до-

ранд. Людмила сарвари бензоко-лонка. Шавҳараш устои мошин.Як-ду бор ҳамроҳ моҳидорӣ раф-тем. Ҳамин, ки сайдаш бароргирад, «Ёр чедалӣ» гуфта сурудамехонад. Хаёлам дар вақташ дарбиёбонҳои Туркманистон будагӣ.Аҷаб марде!

Мо аз қатора фаромада, авто-

буссавор сӯи Пахра равон шудем. -Чун автобус бозистод, ӯ ҷониби

бинои панҷошёнае ишора кардагуфт:

-Ҳо, ҳамон бино-ошёнаи чорум.Ва бо ман гарм хайрбод карда,

вориди дарахтзорони зиёд рафта-гор шуд. Бардам, паҳлавононақадам мезад ва аз ҳамин қарибиҳосуруди форами Соловей –Седойба гӯш мерасид:

Неслышны в саду даже шорохи,Все здесь замерло до утра.Если бы вы знали, Как мне дороги Подмосковные

вечера. Эҳтимол афсарро маъшуқааш

ба истиқбол меомад…* * *

Людмила Николаевна Волкова –собиқ корманди телевизионитоҷик, баъдан мутахассиси Куми-таи касбию техникии Тоҷикистонбо шавҳараш Юрий Серафимовичдар Подолск дар Пахра маро бошодмониҳои зиёде истиқбол кар-данд.

Аҷаб, аҷоиб, ҳамсояҳое доштамзамоне.

4. ШАВҚАТ-АКОМӯи сари испедаш қуллаҳои

пурбарфи кӯҳсорони тоҷикро ме-монд.

Ҳангоме вориди утоқи кориашшудам, ки гуфтугӯи телефонӣдошт. Аз ҷой нимхез шуда, ишо-раи нишастан кард. Гапашидома ёфт:

-Аз корҳои идора хавотир на-шавед. Супоришҳоидирӯзаатон иҷро шуданд, ғамисаломатиатонро хӯред. Ҳавоқеан анҷумани нависанда-гони Тоҷикистон ба сатҳи ба-ланд гузашт. Меҳмон Бахтӣраис интихоб шуд. Шумо ӯромешиносед. Шоир, драммана-виси хубест. Вакилон табри-коти шумо-пири адабиётро хушпазируфтанд, салому паёмизиёде тақдим дошта гуфтанд,ки 90 кам аст, 100 сола шавед!

-Бо Сергей Владимирович,бо Михалков гуфтугӯ доштам, -гӯшакро ба ҷояш монда бо та-бассуми базебаш сӯям омад,оғӯш кашид, ба бағал зер кард.-«О қадаш, о бараш занад.Биёед, биёед. Кадом шамол па-ронд, кай омадед».

Ибораи «Қадду бар» як лутф,як ишораи нозуке ба сӯҳбатихосаи ҳардуямон дар хонаиистироҳатии нависандагониУмумииттифоқ – «Передел-кино» буд. Баъди субҳонаҳарду дар ҷангалзорон рӯ-рӯибаргҳои тиллоранг қадам меза-дем, ки нохост ҷавондухтарегӯиё аз ғайб пайдо гашт, ки боқадду бараш парии афсона-виро мемонд. Салом дода гу-зашта рафт.

Моту маҳбут шудем. Ё гули боғи Ирам. Ё сарви

бӯстон хонамат!Ҳамин тавр гуфтам яке ба худ

омада ва бо шӯхӣ илова кар-дам,-акаатон устод ФотеҳНиёзӣ беҳуда романи худро«Ҳар беша гумон мабар, ки хо-лист» ном наниҳода буданд…

-О қадаш, о бараш занаде!-

нохост нидо карданд Шавқат-ако. Рост-рост. Беша аз хубрӯёнхолӣ набудааст. Файзисаҳархезӣ ҳамин аст. Хаёламакнун илҳом ҷӯш мезанад.

Таззодҳо, навгониҳо он субҳбисёр буданд. Андаке пештарқадам задем, ки яке дарпайроҳа шоираи машҳуриукраинӣ Светлана Йовенкодучор омад. Ин ҳамон шоира-ест, ки ба Тоҷикистон омада,сари тобути устод Турсунзодаашки ҳасрат рехт ва марсияи азҳама аламовар гуфт. Ва ин субҳӯ бар лаб боз шеъри нобедошт. Дар бораи Тоҷикистон.

Ва яке аз дуродур садои наитоҷикӣ ба гӯш расид. Ва мо сӯиин садо, ин наво равон гаштем.Найнавоз дар теппаи сабзпӯш,зери дарахти азими кастона ғелзада, роҳат карда, рӯ ба фазо,рӯ ба само менавохт. Шоиритоҷик Шоҳмузаффар Ёдгорӣбуд ӯ.

Аҷаб субҳи пурфайзе, аҷоибдидорбиниҳое!

…Минбаъд маро пайроҳаҳоиадабиёт ба ин марди шариф –Шавқат-ако дар гӯшаюканорҳои мухталифи ҷаҳонбисёр сайру гашт дод. Даранҷуманҳо, даҳаҳо,ҷашнвораҳо, дар ДушанбеюМаскав, Киеву Минск, ТошкандуБухоро, Хатлону Хуҷанд якҷояширкат варзидем. АммоСамарқанд рафтан ӯро бештархуш буд. Ин ҷо зодгоҳи ӯ ва ба-родари бузургмардаш ФотеҳНиёзӣ аст. Меомад, устодРаҳим Ҳошимро ҳатман ба худмегирифт. Худро ба оғӯшиқаламкашҳои инҷоӣ-БолтаОртиқов, Муқимов, Қамаровмеандохт, ҳатман хона-музеиустод Айнӣ мерафт, болоиқабри Пайрав Сулаймонӣ гул-даста мегузошт, ба мардумкитобҳои тоҷикӣ медод…

ВАТАНБардошти хубе доштам аз са-

фари Маскав. Чеҳраҳо, нигоҳҳо,дидорбиниҳо, лаҳзаҳои гуворо баёдам монданд шабу рӯзҳои дарРусия дар Маскав буданам.

Беҳуда «сафар кардан – ҷаҳондидан» нагуфта будаанд…

Тайёра ба замин нишаст, ғуррид,шӯрид, ба ларза омад. Ба марзубуми худам нишаст. Ба хокам, базаминам, кушода шуд баҳридилам, аз солун ба зинапоя, ба инмарз, ба ин бумқадам ниҳодам.

Рақсидан, сурудан, арғушт раф-тан мехостам. Нидои дилам дарҳамин ҳолат шеъри Мирзои Тур-сунзода шуд.

Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,

Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.

Муддате будам агарчӣ дур, аммо бӯи он,

Мевазонидам бар сар боди фараҳноки Ватан!

Хам шудам.Бӯидам, хоки Тоҷикистонамро.Баҳ, баҳ! Аҷаб бӯе, нагҳате, Сурмаи чашм кардам ин хокро.

ЛАҲЗАҲОИ ДИДОРРӯзноманигор ва нависандаи номдори мо Ибод Файзулло аз олам гузаштааст. Ӯ, ки солҳои сол

сармуҳарририи рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон, “Тоҷикистони советӣ” ва “Паёми Душанбе”-ро ба ӯҳда дошт, дар рушду камоли соҳаи рӯзноманигории тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.

Ибод Файзулло дар мансабҳои баланди ҳизбӣ кор кардааст, солҳои тӯлонӣ котиби Иттифоқинависандагони Тоҷикистон будааст.

Қиссаву повестҳо, очерку лавҳаҳои саршори муҳаббати ӯ дар дили хонандагон мақоми шоистадоранд.

Чанд лавҳае, ки ба хонандагони гиромӣ пешниҳод мешаванд, фурсате пештар аз маргинобаҳангомаш иншо шудаанд ва ҳатто ӯ маҷол наёфт, ки мошиннависи офаридаи худро хонад.

Рӯҳаш шод ва ҷояш ҷаннат бод!

20-21 2015.qxp имруз_Layout 1 25.09.2015 11:57 Страница 2

Page 3: 20 21 2015 qxp имруз layout 1

“Имрeз” № № 20-21 (299-300) аз 28 сентябри соли 2015 email: [email protected] Ca[ифаи 3.

Аз рӯзгори нависандаи зиндаёд...

20-21 2015.qxp имруз_Layout 1 25.09.2015 11:57 Страница 3

Page 4: 20 21 2015 qxp имруз layout 1

Имрeз” № 20-21 (299-300) аз 28 сентябри соли 2015 email: [email protected] Cа[ифаи. 4.

Хаёли нависанда Ибод Фай-зулло ба худ хос ангеза дорад.Ангезаи хаёли баландпарвози ӯин садои қалби пурмеҳр, дилишайдои Ватан, муҳаббати сар-шор ба халқ, ба ёру диёр аст. Ваҳамаи инро адиб тавонистааст,ки ҳамчунон ширин ва бо то-биши рангин, ошиқона, болутфу марҳамати дилпазир дарасарҳояш “Садоқат”, “Рӯ бафотоб”, “Роҳҳои зиндагӣ”, “Па-дарон ва писарон”, “Боронибаҳорон”, “Қиссаи бешаи сабз”,“Савганд”, “Қарзи фарзандӣ”,“Аскари қаторӣ” ва дармаҷмӯаҳои дастҷамъии “Фав-вора”, “Ёдбуд”, “Самимият”,“Суруди одамони наҷиб”,“Ҷони худу ҷони ҷаҳон”, “Дӯстимо, бародари мо”, “Дар оташ”ва “Дӯстон тоҷи сар” баёнсозад. Агар эҷодиёти адиб варӯзноманигори шинохта ИбодФайзуллоро чуқуртар файсалакунем, пас як нуқтаи ниҳоятмуҳимро дар меёбем: яъне, бақавли академик МуҳаммадҷонШукуров, навиштаҳои нави-санда Ибод Файзулло хусу-сияти публисистӣ дошта,таъсири ҷамъиятии ин асарҳобузург аст. Дар асарҳои бадеииИбод Файзулло ҷанбаивоқеънигорӣ хеле хуб ва нотак-рор ба риштаи тасвир кашидашудаанд. Ибод Файзулло нави-сандаест, ки зина ба зина азҷабҳаи рӯзноманигорӣ гузаштва маҳз бо таъсир ва такониматбуот ба олами зебо, рангинва пуршукӯҳу пурифтихор, бабоғи сарсабзу хуррами адабиётворид гардид. Ва бешубҳа, мат-буот дар нумӯъ, ташаккул ва баҳайси як нависандаи хушка-лому соҳибдил ба майдониадабиёт омадани адиб варӯзноманигори маҳбуб ИбодФайзулло мақоми хоса дорад.

- Ман аз сарнавишт ро-зиям, ки рӯзноманигориропешаи худ интихоб кардаам, -мегӯяд устод Ибод Файзулло. –Ва дар ин ҷода раҳнамун вадастгири беназирам устодАминҷон Шукӯҳӣ буданд. Ҳолоёдам меояд, тирамоҳи соли1958 мо – донишҷӯёни соли чо-руми факултаи филологияиДонишгоҳи давлатииТоҷикистонба ноҳияиШаҳритус ба пахтачинӣ бур-данд. Ҳамон ҷо мурғи илҳомамба парвоз омаду аз ҳаётиҳамкурсонам репортаже нави-штам ва онро ба идораирӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ(ҳоло “Ҷумҳурият”) фиристо-дам. Боварам набуд, ки онрочоп мекунанд. Валеғайричашмдошти банда, баъдичанд рӯз он дар саҳифаи ав-вали рӯзнома бо номи“Мусобиқаи ҳамкурсон” батабъ расид. Шодию хурсандииман поён надошт. Охир, ин ав-валин навиштаи ман буд, кирӯи чопро дид!

Пас аз ба поён расидани мав-сими пахтачинӣ ман аз номирӯзномаи “ТоҷикистониСоветӣ” даъватнома гирифтам.Рафтам. Ва мулоқоти нахустин

ва фаромӯшнопазири банда боустоди азиз Аминҷон Шукӯҳӣба вуқӯъ пайваст. Ман суханисамимӣ, чеҳраи гарму ошно вамаслиҳатҳои падаронаи инмарди некномро ҳанӯз ёддорам. Ёд дорам, ки маҳз бодаъват ва кӯшиши устодАминҷон Шукӯҳӣ тақдири манбо рӯзномаи ниҳоят машҳур вамаҳбуби халқи тоҷик“Тоҷикистони Советӣ” сахт дарпайванд шуд. Аввалҳо ба ҳайсиходими шӯъбаи хоҷагииқишлоқ кор кардам. Пас мароба котиботи редаксия гузарони-данд. Баъдан мухбири махсусва мудири шӯъбаи маданиятумаишат таъин гардидам.

...Ибод Файзулло аз устодАминҷон Шукӯҳӣ ба некӣ ёд ме-кунад, дар бораи ин мардимеҳрубон бо меҳру муҳаббатҳарф мезанад. Кор дар матбуотИбод Файзуллоро ба худ биш-носонд, ӯ ҷавҳари зиндагиро,ки дар лаҳзаҳои мухталиф баҳар ранг тобиш мехӯрад, да-рёфт. Омӯхт. Ҳини адои вази-фаи рӯзноманигорӣ ба гӯшавуканорҳои мамлакат ва берун азон сафар кард, бо одамоникасбу кори гуногун вохӯрда, азҳаёту фаъолияти онҳо хабарумақола, очерку лавҳа ва дигарнавиштаҷоти хонданбоб ба табърасонд. Дар баробари ин бобисёр рӯзноманигорону ади-бони маъруфитоҷик, аз қабилиШафқат Саидов, МутеъуллоНаҷмиддинов, Юлдош Зиёев,Абдумалик Баҳорӣ, Шодӣ Саи-дов, Ашӯр Ҳалимов ва дигароняк ҷо кору эҷод намуд, мах-фиёти матбуот варӯзноманигориро аз бар кард.

Устод Ибодулло Файзулло азсоли 1963 то соли 1965 сарда-бири рӯзномаи ҷавонониҷумҳурӣ – “КомсомолиТоҷикистон” буд. Солҳои 1965 –1969 бошад ӯ вазифаи котибикумитаи марказии комсомолиҷумҳурӣ ва солҳои 1965–1975ҷонишини мудири шӯъбаи мада-нияти кумитаи Марказии ҲКТоҷикистонро ба дӯш дошт. Азсоли 1975 то 1977 дар мактабиолии ҳизбии шаҳри Маскавтаҳсил намуда, пасон солҳои1977-1979 вазифаисармуҳарририи рӯзномаиҷумҳуриявии “ТоҷикистониСоветӣ” –ро ба ӯҳда дошт.

Нависанда Ибод Файзуллосолҳои 1979 -1981, ҳини мудиришӯъбаи маданияти КМ ҲКТоҷикистон буданаш, кӯшишкард, ки аз шоирону нависанда-гон ва дигар аҳли эҷодпуштибонӣ кунад, масъалавумушкилоти эшон дар сатҳи болоҳаллу фасл шаванд. Соли 1981нависанда Ибод Файзуллоро ко-тиби правленияи Иттифоқи на-висандагони Тоҷикистонинтихоб намуданд ва ӯ 10 солдар ин вазифа кор кард. .

“...Ибод Файзулло ошиқиВатан буду ҳаст” – чунин ақидадорад сардабири рӯзномаи“Ҷумҳурият”, рӯзноманигориномӣ Мазҳабшои Муҳаббатшо.

- Ибод Файзулло азҷумлаи он қаламкашонеҳастанд, ки маъмулан бо номи“ҷавонони солҳои шастум”, ё“солҳои нафаси гарм” ба май-дони матбуот даромадаанд, -гуфт дар оғози сӯҳбат ба ман му-аллими мӯҳтарам МазҳабшоМуҳаббатшо. Ва ба суханашидома дод: “... Хонандагонирӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”дар солҳои 1959 – 1963 хуб дархотир доранд, ки чӣ тавр одамонҳар рӯзи якшанбе мунтазири

фелетонҳои обдори Ибод Фай-зулло мешуданд. Журналистиҷавон ин жанри публисистироба ҳадди аъло расонд ва мухли-сони зиёдеро барои рӯзномаионвақтаи мо ҷамъ овард.

Дар байни аҳли ҳунар одатшудааст, ки мегӯянд: фалонтеатр театри як актёр ё як кор-гардон аст. Ин албатта муболиғанест. Ҳамон як режиссёр ва ё ак-тёри боҳунар метавонад тамомитеатрро аз паси худ бубарад.Дар матбуот ҳам як сардабир, ёяк журналисти боистеъдод ме-тавонад хусусияти рӯзномаробо қалам ва истеъдодироҳбарии худ дигаргун созад вааз паси худ бибарад. Журнали-сти қаторӣ Ибод Файзулло, кибаъдан ба вазифаисардабирӣ расиданд, Ғоиб На-зарович Қаландаров,Аминҷон Шукӯҳӣ, АшӯрҲалимов, Шодӣ Саид, СамадҒанӣ. Қосим Дайламӣ, Нур Та-баров маҳз ҳамин хелмуҳаррирон буданд. Онҳосимои рӯзномаи моро дарсолҳои гуногун эҷод намуда-анд.

Албатта қалами бурро вазавқи баланди адабӣ азқаламкаш ҷасорату нотарсиротақозо мекунад, ба шарте киин ҷасорату нотарсӣ мутаккова пуштибон дошта бошад.

Баъди интишорифелетонҳои Ибод Файзулло,ки одатан дар саҳифаҳои рӯзиистироҳат чоп мешуданд, ҳамдӯстон ва ҳам душманони на-висанда то рафт меафзуд.Ниҳоят Ибодулло Файзуллоиҷавон барои “тӯҳмат” ба судкашида шуд ва даъвогаронҳам шахсони оддӣ набуданд.Қаҳрамони фелетоне, ки жур-налистро ба суд кашида буд,яке аз роҳбарони мафияипартократӣ ба ҳисоб мерафт.Сардабири ҳамонвақтаирӯзнома, шоире, ки дар онсолҳо ашъораш вирди забониҳама буд, яъне устод АминҷонШукӯҳӣпуштибони журнали-сти боистеъдод ва ояндадоршуд ва ба қавли ҳолдонҳоИбод Файзуллоро аз даҳониаждаҳо кашида гирифт...

Фелетони устод АминджонШукӯҳӣ “Ҳукм”, ки дармаҷаллаи “Хорпуштак” баралайҳи дасисаҳои судкунииИбод Файзулло нигаронидашуда буд, ба ҳалли ҳамагунадаъвоҳо нуқтаи таммат гу-зошта, қаламкаши ҷавонро азтӯҳмату таъқиб раҳо намуд.

Ин ҳодиса як сабақи хелеомӯзандае барои Ибод Фай-зуллои ҷавон шуда буд.Баъди чанде, вақте ки ху-дашро сардабири рӯзномаи“Ҷавонони Тоҷикистон” таъиннамуданд, Ибод Файзуллоҷавонмардии сардабири пеш-тарааш устод АминҷонШукӯҳиро фаромӯш накарда,дар нисбаи ходимони адабиирӯзномаи “ҶавонониТоҷикистон” ба кор мебурд.

Дар рӯзномаи “ҶавонониТоҷикистон” сардабири пеш-тараи он ва дӯсти ҳамақидаваҳамтақдири Ибод ФайзуллоМутеъулло Наҷмиддинов якгурӯҳ донишҷӯёнидонишгоҳро ба кор даъваткарда буд ва ҳама аз он хур-санду дилгарм буданд, ки сар-дабирони онвақта МутеъуллоНаҷмиддинов ва Ибод Фай-зулло барои ҳамкорӣҳамшаҳрию шиносу хешута-бори худро намекофтанд.Онҳо суннатҳои

ватандӯстонаи устодон Ай-ниву Турсунзода, ШукӯҳивуМиршакар, Боқӣ РаҳимзодавуРаҳим Ҷалилу ва дигару дига-ронро идома дода,қаламкашони боистеъдодрокофтаву ёфта, ба кор даъватмекарданд.

Дар шуури равшанфикронион солҳо манфиатиТоҷикистон, забону фарҳангион болотар аз ҳама гунаманфиатҳои маҳаллию хусу-сию хешу таборӣ буд.

Воқеан, мубориза барои азлаҳҷаи кӯчаю бозор пок кар-дани забони адабии мо, эҳёииди Наврӯз, бузургдоштишахсиятҳои бузурги таърихиВатанамон ва дигарсуннатҳои фарҳангӣ маҳзҳамон солҳо шурӯъ шуда, бамуқобилияти сахти мақомотиҳизбӣ ва чекистони ҳамешахушёри режими тоталитарӣ рӯба рӯ мегашт.

Баъдтар Ибод Файзуллороба корҳои созмони ҷавононва ҳизбӣ кашиданд. Дар инмақомот, ки кори ӯ бо рушдупешбурди корҳои фарҳангӣ во-баста буд, Ибод Файзулло то онҷое, ки дар чаҳорчӯбаи талаботимақомоти ҳизбӣ имкониятмеёфт, амалдоронро бароиэҳтиром гузоштан ба хидматиаҳли қалам ва ҳунар даъват ме-намуд.

Фаъолияти Ибод Файзуллодар идораи рӯзномаи“Тоҷикистони Советӣ”, дар думарҳила сурат гирифтааст, Да-враи аввал, чуноне, ки зикр шуд,вай ба ҳайси журналисти қаторӣба ин рӯзнома даъват шуда будва сазовори он гардид, ки“Тоҷикистони Совети” –рорӯзномаи журналист Ибод Фай-зулло мегуфтанд. Марҳилаидуюми ба ин даргоҳи муқаддасисухан омадани нависанда ИбодФайзулло соли 1977 ба вуқӯъпайваст. Ӯро баъди хатми Ака-демияи улуми ҷомеашиносииМаскав сардабири рӯзномаи“Тоҷикистони Советӣ” таъин на-муданд.

Сардабири феълии рӯзномаи“Ҷумҳурият” (“ТоҷикистониСоветӣ”– и собиқ) Мазҳабшоимуҳаббатшо, ки бо нависандаимаҳбуби мо, устод Ибод Фай-зулло собиқаи беш аз сисолаидӯстӣ ва ҳамкорӣ дорад, мегӯяд:Ибод Файзулло марди ҳалим,покиза, одамдӯст, меҳрубон вабо раҳму шавқат аст. Вале ӯ ҳеҷвақт либерали таваккалӣ набу-даасту нест. Дар масъалаҳоиасосӣ, ки аз манфиатҳои Ватан,илму фарҳанги аҷдодии мо бар-меоянд, дар масъалаҳоиэҳтироми қонун ва эҳтиромишахсият Ибод Файзулло одамиқатъӣ, устутвор ва бегузашт аства шояд барои ҳамин ҳам кол-лективе, ки ӯ сарвараш таъинмешавад, ҳамеша иттифоқ,якдил ва ба иҷрои ҳама корҳоидушвор омода аст.

Имрӯзҳо устоди журнали-стони тоҷик, нависандаиҳассос,ватандӯст вабашардӯсти ҳақиқӣ ба нашрияишаҳрии пойтахти мо –“ПаёмиДушанбе” роҳбарӣ мекунад.

“Ман зиёда аз 30 сол аст, кимуаллим Ибод Файзуллоро ме-шиносам, яъне ҳанӯз дар вақтидар рӯзномаи “КомсомолиТоҷикистон” котиби масъулшуда кор карданам. Ҳоло низхушбахтона бо ӯ кор карда исто-даам, - мегӯяд котиби масъулирӯзномаи “Паёми Душанбе”Бобо Расулзода. - Ӯ инсоникомил аст, дорои дили бузург.

Медонам, хуб медонам, ки касеаз ӯ наранҷидааст. Хислати хубдорад муаллим Ибод Файзул-лоев, дардошност ва дар ҳамаҳолат дастгири дигарон аст...”

- Дар хусуси устод ИбодФайзулло ҳар қадар сухани некгӯем, боз ҳамон қадар кам аст,илова мекунад муовинисармуҳаррири рӯзномаи “ПаёмиДушанбе” Отамуроди Бекмурод.– Зеро ман ки бо ӯ якҷоя кор ме-кунам, инро дар фаъолиятиҳамарӯза бараъло мушоҳидамесозам. Ӯ сахтгиру серталаб вадар айни замон шахси мушфиқудилсӯз аст. Ба касе фармоннамедиҳад, танҳо эҳтиромонахоҳиш мекунад, ки ин ё он корроба ҷо оварад. Мо аз устод ИбодФайзулло бисёр омӯхтаем вамеомӯзем...”

Бале, аз устоди мӯҳтарам, на-висанда ва публисисти номӣИбод Файзулло бисёре азрӯзноманигорон сабақ гирифта-анд...

...Агар ҳаёту эҷодиёти устодигиромӣ Ибод Файзуллоро дармаҷмӯъ бингарем ва файсалакунем, пас мебинем, ки он басорангин, пурсамар ва оқилоновуорифона сурат гирифтааст.Шояд дар Тоҷикистон хонае на-бошад, ки аз остонаи дари онустод Ибод Файзулло убур на-карда бошад, шояд ҳамватаненабошад, ки дар сӯҳбати гармусамимии ӯ ҳаловат набурдабошад. Зеро тӯли ин қадар со-лиёни сол муаллими мӯҳтарам,нависанда ва рӯзноманигориписандидаи халқ Ибод Фай-зулло тавассути рӯзномаҳо бомардум ҳар субҳи солеҳон бозабони безабони қиссаҳояш, ха-бару мақолаву фелетонҳоиҷолиб, ёддоштҳовусафарномаҳои хонданбобашдар гуфтугӯ буд. Магар аз индида бузургтар бахт ва толеихудодӣ ҳаст?

www.tajinfo300.ucoz.ru

[email protected]

№ 20-21 (299-300)аз 28.09.2015

ДИРЕКТОРМустафо Эгамов.

САРМУ{АРРИРМашрафxон Эгамов.

ШEРОИ ТА{РИРИЯRудратулло Эшонов.

Зафар Амакxонов.Фирeза Мадаминxонова.

ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНДФаридун Мустафои Эгамзод.

{АМКОРОНИ МО:МИ{Д ша[ри Исфара;

Медиа – холдингиТоxикии “TAJINFO”,

Телевизиони “ИСФАРА”,Рeзномаи “Насими Исфара”.

СУРОUА:ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10.

ошёнаи 1 Тел: +992-3462-2-61-62

(904) 66-22-44E-MAIL: [email protected]

Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ

мерасонад, ки хилофи назараш аст.Барои са[е[иву

дурустии факту раrам[о муаллифонxавобгаранд.

Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома

воридшуда баргардонда намешавад.

{УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА:Xум[урии Тоxикистон.

Дар матбааи ба номи Н.Фахрииша[ри

Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад.

Адади нашр: 1000.

Устоди устодон

Муҳаммади ЭГАМЗОД, аз китоби “Ҳадяи меҳр”.

20-21 2015.qxp имруз_Layout 1 25.09.2015 11:57 Страница 4