4
Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон! Хафтаномаи чамъиятию сиёси Имруз № 5 (315) аз 5 марти соли 2016 email: [email protected] www.tojinfo.ru Исфара, кeчаи Марказb-10. Тел: 2-61-62 www:7imruz.wordpress.com Модарони гиромиқадр. Бонувони арҷманд. Бо арзи эҳтиром ва сами- мияти беандоза дар ин рўзи му- бораку хуҷаста Шуморо бо оғози зеботарин фасли сол – баҳори гулбасар ва ҳам ба иф- тихори Рӯзи Модар табрику таҳният мегӯям. Ҷойизи зикр аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол расман дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани Рўзи Модар нишонаи арҷгузории хоса ба бузургӣ ва азамати шумо - мода- рони поксиришт ва гувоҳи рав- шани мақому манзалати баланди шумо - бонувони азиз дар ҷомеаи навини мо мебошад. Бино бар суханони Асосгу- зори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - “ Аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан - Модар ташкил медиҳад”. Ба эътирофи бузургону мута- факкирони олам Зан - Модар шоҳкории табиат ва тоҷи офари- ниш мебошад, зеро башарият ва дунё дар домони биҳиштии шумо - занону модарони арҷманд парвариш меёбанд. Беҳуда мутафаккире нагуфта- аст:- “Дасте, ки гаҳвораро меҷунбонад, метавонад дунёро таккон диҳад ва оламро идора бикунад”. Воқеан ҳам мақому манзалати Зан - Модар ҳамчун мураббии аҳли башар ва на- хустустоди инсон басо бузург мебо- шад. Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардона- гиву матонати мо натиҷа ва сама- раи заҳмати ша- бонарўзии Шумо - Модарони гиромиқадр аст. Боиси қаноатмандист, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадман- донаи Пешвои миллат, Прези- денти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалигашти силсилаиқдомоти пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеъ, мақому мартабаи Шумо бону- вони саодатманд дар ҷомеаи на- вини мо пайваста боло меравад. Дар ин радиф занони соҳибдилу некназар, меҳнатдӯсту мушкилнописанд ва заковатманду ҳунарманди Исфараи бостонӣ низ дар пеш- бурди ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти сиё- сиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолонаву муваффақона нақши муассир ва саҳми назаррас доранд. Мо бо занони ҳунарманду барӯманди диёр ҳамеша ифтихор ва онҳоро дар сатҳи шои- ста эҳтирому қадр ме- кунем. Модарони арҷманд. Тавре адиби маъ- руфи рус Максим Гор- кий, ки бо шоҳасари худ «Модар» шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуда- аст, гуфта: - «Ҳама зебоиҳое, ки инсоният дорад, аз нури Офтоб ва аз шири Модар аст». Воқеан ҳам, аввалин туҳфаи шумо, Мода- рон ба мо - ҳаёт, дуввум – меҳру муҳаббат ва саввуминаш фаҳму дарк аст. Мо ба хубӣ дарку эҳсос мена- моем, ки Модар ягона ва азизта- рин вуҷуди рӯи замин аст, ки ба мо натанҳо ҳаёт туҳфа мекунад, балки ҳама умр ҳастиву ҷонашро сипар карда, мову ҳаётамонро ҳифзу ҳимоят мена- мояд. Яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии Модарро на- дорад”. Шумо – модарон ва бонувони азизу арҷманд барҳақ гулҳои зебои ин сарзамини ҳамешабаҳор ҳастед, ки бо зе- боиву малоҳат, ҳунари волою маърифат ва меҳру шафқати худ рӯзгори моро таровати хоса мебахшед. Орзуманди он ҳастам, ки чеҳраи шумо чун гул ҳамеша хандону шукуфон бошад! Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гар- мии хонадон, дуогўи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фар- зандон ҳастед. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба- роятон умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст комёбиҳо орзу менамоям. Таманнои онро дорам, ки ҳамаи нияту нақшаҳои зиндагиа- тон ба воқеият табдил ёбанд! Бигзор ба бахти ҳамсарону фарзандон, падарону барода- рон ва дӯстону пайвандони худ саодати рӯзгор насибатон гар- дад! Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, раиси шаҳр: РӮЗИ МОДАР МУБОРАК! Модар азизтарин инсони рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғозмегирад. Зан модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, наху- стин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шуда- аст. Худованд базан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои мо- дарон гузошта, меҳри сар- шор ва муҳаббати гарми модарро бо файзураҳмати Худованд баробар дониста аст. Аз ин лиҳоз, мовуҷуди муқаддаси модарро аз авва- лин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намеку- нем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳамамуҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобастааст. Тавъам омадани ду ҷашн – Рӯзи Модар ва баҳори хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан – модар худ гул ва баҳори зиндагии башараст. Дар ин маврид яке аз бузур- гони гузашта бар ҳақ фарму- дааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии модарро надорад”. Аз ин рӯ ҳамаи шумо – гулҳои ҳамеша баҳори боғи зиндагӣ ва дар симои шумо тамоми занону модарон ва бонувонро ба ифтихори бу- зургдошти Рӯзи модар, ки ба дилу ҷони мо шодиву фараҳ меорад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоем. Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз! “ИМРӮЗ” Офарандагони зиндагӣ Ёд дорам нахустин сухане, ки гуфтаам бо алфози ширини кӯдакона «Модар» буд. Нахустин қадамҳое, ки дар рӯи замин гу- зоштаам ба сӯи ту буд, эй модари ҷон. Модар, зиндагӣ бо ту зебост, зиндагӣ ширин асту ба қимати ҷон баробар, зиндагӣ ба кас як бор эҳё мешавад, аммо дӯст дорам зиндагиеро, ки ту дар ҳарими он ҷо гашта бошӣ. Ман ҳар рӯз чеҳраи зебои модари хеш мебинам, ҳар рӯз аз зангулаи шеваи хандаҳояш маст мешавам. Чашму рӯяш мебӯсам, аз нигоҳҳои шодиомез талаффузҳои пурмафҳуми ширинаш завқ меба- рам. Ҳар рӯз ид дорам бо мода- рам. Модар, садбарге ҳастӣ, ки аз ту бӯи зиндагӣ меояд. Хуштарин орзуҳо аз дуои мода- рон резад, орзуҳои ӯ гарм, чун оғуши хуршед, бузург чун дили меҳрубонаш пайки мурод аз ояндаи нек диҳад. Зери чодари орзуҳои модар кас хушном ва тобанда ахтар, дар сояи қудраташ ҷасуру тавоност. Дасте, ки бӯи тифл ба он нишаста, дасти нарм равонбахши модар аст. Ин дастҳо тақдири одам, тақдири дунё ҷунбонад. Тасанно ба дастони пурмуҳаббати модар, ки баҳри неки умре сӯи фарзанд дароз ме- шаванд. Ашки модар сӯзонтар аз шаро- раи оташ бичакад. Оҳ, агар ин ашк бо гуноҳи фарзанд рехт, ҳезуми тар аст, ки месузад. Модар фа- риштаи пок аст, агар озоре аз ӯ бинӣ бубахшо, дурӯғе гуяд рост пиндор, ранҷе диҳад ба дил нагир, ҳар гуноҳи модар ба хо- тири фарзанд аст. Зиннати бӯстону ҳусни гулбоғҳои зебо аз чист? Гармии пайкари зиндагиро асрорест ниҳон, кай бе хандаи тифл ғунча мешукуфт? Бе умеди модар дили зиндагӣ метапид? Корвони умри одамӣ гузарон аст бебозгашт. Модар зангулаи умр асту тифл са- дояш. Он ҳама кулфате, ки модар барои фарзанд мекашад дар як паллаи бузургтарин тарозуи ҷаҳон вазнин аст. Бори вазнини он як пора дили меҳрубони фар- занд аст. Модар моро ду дасти гиро дода, то дасти дӯст бифшорем, ду чашми бино дода, то баду неки дунё шиносем, лаҳни гӯё дода, то суруди дили ӯ чун селаи парасту ба паҳнои дур бубарем, дунёро дар амони нигаҳ дорем. Боре аз модарам пурсидам: - Модар сиёҳии мӯят кучо шуд? Гуфт: Ба шабҳо додам. Модар, ҳусни накӯят ку? Гуфт: Ба дунё додам. Гуфтам: Модар, хаста шудӣ? Чавобам дод: Ҳаргиз. Шабҳо ба ман субҳи ҷовидон, дунёи уме- дам дод, ки он фарзанди ман аст. Қарзи моро назди модар куҷо итмоме буда, аз ӯ умре қарздорем, қарздори рӯзҳои нек, зиндагии хуб, қарздори калиди бахт, ки барои мо гум кардааст, қарздори муҳаббат ва умед! Ҳастии мо зи ҳастии ӯст! Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст, Дар зери қудуми модарон аст! 5- 2016.qxp имруз_Layout 1 04.03.2016 21:10 Страница 1

5 2016 qxp имруз layout 1

  • Upload
    -

  • View
    269

  • Download
    0

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: 5 2016 qxp имруз layout 1

Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

Имруз№ 5 (315) аз 5 марти соли 2016 email: [email protected] www.tojinfo.ru Исфара, кeчаи Марказb-10. Тел: 2-61-62

www:7imruz.wordpress.com

Модарони гиромиқадр.Бонувони арҷманд.

Бо арзи эҳтиром ва сами-мияти беандоза дар ин рўзи му-бораку хуҷаста Шуморо бооғози зеботарин фасли сол –баҳори гулбасар ва ҳам ба иф-тихори Рӯзи Модар табрикутаҳният мегӯям.

Ҷойизи зикр аст, ки дарТоҷикистони соҳибистиқлолрасман дар сатҳи давлатӣтаҷлил гардидани Рўзи Модарнишонаи арҷгузории хоса бабузургӣ ва азамати шумо - мода-рони поксиришт ва гувоҳи рав-шани мақому манзалатибаланди шумо - бонувони азиздар ҷомеаи навини мо мебошад.

Бино бар суханони Асосгу-зори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, ҶанобиОлӣ, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон: - “ Аслу ҷавҳари Рӯзимодарро муҳаббату самимият,покиву садоқат ва ҳурматуэҳтироми беандоза нисбат баЗан - Модар ташкил медиҳад”.

Ба эътирофи бузургону мута-факкирони олам Зан - Модаршоҳкории табиат ва тоҷи офари-ниш мебошад, зеро башарият вадунё дар домони биҳиштиишумо - занону модарониарҷманд парвариш меёбанд.

Беҳуда мутафаккире нагуфта-аст:- “Дасте, ки гаҳвораромеҷунбонад, метавонад дунёротаккон диҳад ва оламро идора

бикунад”.Воқеан ҳам

мақому манзалатиЗан - Модарҳамчун мураббииаҳли башар ва на-хустустоди инсонбасо бузург мебо-шад.

Зеро ҳамаэъҷозу парвоз,ҳама эҷоду бунёдва ҳама мардона-гиву матонати монатиҷа ва сама-раи заҳмати ша-бонарўзии Шумо -М о д а р о н игиромиқадр аст.

Боиси қаноатмандист, ки маҳзбо шарофати сиёсати хирадман-донаи Пешвои миллат, Прези-денти мамлакат, Ҷаноби Олӣ,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваамалигашти силсилаиқдомотипешгирифтаи ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон, мавқеъ,мақому мартабаи Шумо бону-вони саодатманд дар ҷомеаи на-

вини мо пайваста боло меравад.Дар ин радиф занони

соҳибдилу некназар,меҳнатдӯсту мушкилнописандва заковатманду ҳунармандиИсфараи бостонӣ низ дар пеш-бурди ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти сиё-сиву иқтисодӣ, иҷтимоивуфарҳангӣ фаъолонавумуваффақона нақши муассир васаҳми назаррас доранд.

Мо бо занони ҳунарманду

барӯманди диёрҳамеша ифтихор ваонҳоро дар сатҳи шои-ста эҳтирому қадр ме-кунем.

Модарони арҷманд.Тавре адиби маъ-

руфи рус Максим Гор-кий, ки бо шоҳасарихуд «Модар» шӯҳратиҷаҳонӣ пайдо намуда-аст, гуфта: - «Ҳамазебоиҳое, ки инсониятдорад, аз нури Офтобва аз шири Модараст».

Воқеан ҳам, аввалинтуҳфаи шумо, Мода-

рон ба мо - ҳаёт, дуввум – меҳрумуҳаббат ва саввуминаш –фаҳму дарк аст.

Мо ба хубӣ дарку эҳсос мена-моем, ки Модар ягона ва азизта-рин вуҷуди рӯи замин аст, ки бамо натанҳо ҳаёт туҳфа мекунад,балки ҳама умр ҳастивуҷонашро сипар карда, мовуҳаётамонро ҳифзу ҳимоят мена-мояд.

Яке аз бузургони гузаштабарҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гулеатр, ранг ва зебоии Модарро на-дорад”.

Шумо – модарон ва бонувониазизу арҷманд барҳақ гулҳоизебои ин сарзаминиҳамешабаҳор ҳастед, ки бо зе-боиву малоҳат, ҳунари волоюмаърифат ва меҳру шафқатихуд рӯзгори моро таровати хосамебахшед.

Орзуманди он ҳастам, кичеҳраи шумо чун гул ҳамешахандону шукуфон бошад!

Шумо тарбиятгариқаҳрамонон ва мардони майдон,ғамхору парастори ҳамсаруфарзандон, нигаҳбонуҳимоятгари арзишҳои неку гар-мии хонадон, дуогўи пиру ҷавонва орзуманди хушбахтии фар-зандон ҳастед.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба-роятон умри дароз, саодатирӯзгор, хонаи обод, хотириҷамъу осуда ва дар таълимутарбияи фарзандони солеҳ,худогоҳу худшинос ваватандӯсту ватанпарасткомёбиҳо орзу менамоям.

Таманнои онро дорам, киҳамаи нияту нақшаҳои зиндагиа-тон ба воқеият табдил ёбанд!

Бигзор ба бахти ҳамсаронуфарзандон, падарону барода-рон ва дӯстону пайвандони худсаодати рӯзгор насибатон гар-дад!

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, раиси шаҳр:

РӮЗИ МОДАР МУБОРАК!

Модар азизтарин инсонирӯи замин мебошад вазиндагӣ аз нафаси гармудилнавози ӯ оғозмегирад.Зан – модар сарчашмаимеҳру вафо, олиҳаи зебоӣ,рамзи ишқи ҷовидонӣ, наху-стин мураббӣ ва муаллимифарзанд мебошад. Зеро торупуди модарон аз риштаимеҳру садоқат бофта шуда-аст.

Худованд базан-модарқудрате ато намудааст, киофарандаи зиндагӣ вачароғи ҳар хонадон бошад.

Пайғамбари исломбиҳиштро зери қадамҳои мо-дарон гузошта, меҳри сар-шор ва муҳаббати гармимодарро бо файзураҳматиХудованд баробар донистааст.

Аз ин лиҳоз, мовуҷудимуқаддаси модарро аз авва-лин лаҳзаҳои ҳаёт то дамивопасин фаромӯш намеку-нем ва ӯ ҳангоми шодивунишот ва ғаму андӯҳизиндагӣ ҳамеша ҳамроҳимост. Тарбияи ибтидоӣ, кимарҳалаи аз ҳамамуҳими

умри инсонӣ мебошад, маҳзба заҳмати модар вамуҳаббати ӯ вобастааст.

Тавъам омадани ду ҷашн –Рӯзи Модар ва баҳорихуҷастапай дар кишварибиҳиштосои мо худ рамзибаҳори шукуфони сарзаминиаҷдодиамон мебошад. Зерозан – модар худ гул вабаҳори зиндагии башараст.Дар ин маврид яке аз бузур-гони гузашта бар ҳақ фарму-дааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг вазебоии модарро надорад”.

Аз ин рӯ ҳамаи шумо –гулҳои ҳамеша баҳори боғизиндагӣ ва дар симои шумотамоми занону модарон вабонувонро ба ифтихори бу-зургдошти Рӯзи модар, ки бадилу ҷони мо шодиву фараҳмеорад, самимона табрикгуфта, бароятон саломатӣ,хушбахтиву саодатмандӣ варӯзгори ободу осуда орзуменамоем.

Идатон муборак, модаронухоҳарон ва бонувони азиз!

“ИМРӮЗ”

Офарандагони зиндагӣЁд дорам нахустин сухане, ки

гуфтаам бо алфози шириникӯдакона «Модар» буд. Нахустинқадамҳое, ки дар рӯи замин гу-зоштаам ба сӯи ту буд, эй модариҷон.

Модар, зиндагӣ бо ту зебост,зиндагӣ ширин асту ба қиматиҷон баробар, зиндагӣ ба кас якбор эҳё мешавад, аммо дӯстдорам зиндагиеро, ки ту дарҳарими он ҷо гашта бошӣ. Манҳар рӯз чеҳраи зебои модари хешмебинам, ҳар рӯз аз зангулаишеваи хандаҳояш маст мешавам.

Чашму рӯяш мебӯсам, азнигоҳҳои шодиомез талаффузҳоипурмафҳуми ширинаш завқ меба-рам. Ҳар рӯз ид дорам бо мода-рам.

Модар, садбарге ҳастӣ, ки аз тубӯи зиндагӣ меояд.

Хуштарин орзуҳо аз дуои мода-рон резад, орзуҳои ӯ гарм, чуноғуши хуршед, бузург чун дилимеҳрубонаш пайки мурод азояндаи нек диҳад.

Зери чодари орзуҳои модар касхушном ва тобанда ахтар, дарсояи қудраташ ҷасуру тавоност.

Дасте, ки бӯи тифл ба он нишаста,дасти нарм равонбахши модараст. Ин дастҳо тақдири одам,тақдири дунё ҷунбонад.

Тасанно ба дастонипурмуҳаббати модар, ки баҳринеки умре сӯи фарзанд дароз ме-шаванд.

Ашки модар сӯзонтар аз шаро-раи оташ бичакад. Оҳ, агар ин ашкбо гуноҳи фарзанд рехт, ҳезумитар аст, ки месузад. Модар фа-риштаи пок аст, агар озоре аз ӯбинӣ бубахшо, дурӯғе гуяд ростпиндор, ранҷе диҳад ба дилнагир, ҳар гуноҳи модар ба хо-тири фарзанд аст.

Зиннати бӯстону ҳуснигулбоғҳои зебо аз чист? Гармиипайкари зиндагиро асрорестниҳон, кай бе хандаи тифл ғунчамешукуфт? Бе умеди модар дилизиндагӣ метапид? Корвони умриодамӣ гузарон аст бебозгашт.Модар зангулаи умр асту тифл са-дояш. Он ҳама кулфате, ки модарбарои фарзанд мекашад дар як

паллаи бузургтарин тарозуиҷаҳон вазнин аст. Бори вазнинион як пора дили меҳрубони фар-занд аст.

Модар моро ду дасти гиро дода,то дасти дӯст бифшорем, дучашми бино дода, то баду некидунё шиносем, лаҳни гӯё дода, тосуруди дили ӯ чун селаи парастуба паҳнои дур бубарем, дунёродар амони нигаҳ дорем.

Боре аз модарам пурсидам:- Модар сиёҳии мӯят кучо шуд?Гуфт: Ба шабҳо додам.Модар, ҳусни накӯят ку?Гуфт: Ба дунё додам.Гуфтам: Модар, хаста шудӣ?Чавобам дод: Ҳаргиз. Шабҳо ба

ман субҳи ҷовидон, дунёи уме-дам дод, ки он фарзанди ман аст.

Қарзи моро назди модар куҷоитмоме буда, аз ӯ умреқарздорем, қарздори рӯзҳои нек,зиндагии хуб, қарздори калидибахт, ки барои мо гум кардааст,қарздори муҳаббат ва умед!

Ҳастии мо зи ҳастии ӯст!

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст, Дар зери қудуми модарон аст!

5- 2016.qxp имруз_Layout 1 04.03.2016 21:10 Страница 1

Page 2: 5 2016 qxp имруз layout 1

“Имрeз” № 5 (315) аз 5 марти соли 2016 email: [email protected] Ca[ифаи 2.

Расулзода ДилшодҶабборӣ бо маорифчиёнмулоқот кард

Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣбо намояндагони ҳамаи соҳаҳо мулоқоту сӯҳбатиошкоро доир намуда истодааст. Ин навбат вохӯриишаҳрдори Исфара бо маорифчиён — сарваронимактабҳо, омӯзгорони фаъол ва пешсафони соҳабарпо шуд.

Дар ин мулоқот сардори раёсати маорифи Ис-фара Қаноатхон Абророва оид ба фаъолияти ма-орифчиён дар соли 2015 дар қиёси дигар солҳогузориш дод. Дар гузориши мазкур бобати равандитаъмиру тармими мактабҳо, сохтмони биноҳоииловагӣ, бунёди иншоотҳои таълимӣ, ташкилимактабҳои типи нав ва литсейҳо, равандидохилгардӣ ба мактабҳои олии кишвар тавассутиМаркази миллии тестӣ ва ишғоли ҷойҳои намоёндар озмунҳои фаннӣ дар миқёси вилояту ҷумҳурӣаз ҷониби толибилмони Исфара ибрози назар кард.

Мукаррам Мелиев сарвари мактаб аз деҳаиЧилгазӣ бо ибрози сипос ба таъсис додани литсейи№ 4 дар ин деҳа дар бинои садорати хоҷагӣ омода-гии омӯзгоронро бобати беҳтар кардани сифатитаълиму илмомӯзонӣ баён дошт. Андешаҳи ӯроСофия Ҷалилова ва Меҳрӣ Раҳматова директоронимтму №№ 67 ва 60 тақвият доданд.

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ баъди изҳори назаркардани омӯзгорон нуқтаи назари худро перомунисоҳаи калидӣ будани маориф ва ғамхориҳоиҲукумати Ҷумҳурӣ дар ин самтро бо мисолҳои му-шаххас баён кард. Ҳамзамон дар назди масъулиноид ба зиёд намудани теъдоди қабулшавӣ бамактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ вадар олимпиадаву озмунҳо ширкати муҳассилиниҳамаи мактабҳо ва ишғоли ҷойҳои намоёнро аз та-рафи онҳоро вазифагузорӣ намуд. Инчунин бобатиривоҷи корҳои ободонӣ дар мактабҳо таъкид сохт.Харидории либосҳои мактабӣ аз корхонаҳои ҳудудиИсфара ба бастани шартномаҳои сетарафа дар инсамт аз дархост ва вазифагузориҳои дигари Расул-зода Дилшод Ҷабборӣ дар ин мулоқот буд.

Бояд гуфт, ки айни ҳол дар Исфара 84муассисаҳои таълимӣ амал мекунанд, ки дар онҳобеш аз 3200 омӯзгорон ба тарбияву таълими 46380нафар машғуланд.

Маҷлиси умумии созмони шаҳрииИттиҳоди журналистони Тоҷикистондар Исфара доир ва дар онсармуҳаррири рӯзномаи «НасимиИсфара» Абдумуталиб Шарифовсарвари ин созмон интихоб гардид.

Номбурда дар ин вазифа Суду-риддин Маҳкамовро иваз намуд.

Маҷлиси умумии аъзоёниИттиҳоди журналистони Тоҷикистонбо ширкати 25 нафар аз 33 нафараъзо доир гардида, дар онмасъалаҳои фаъолияти созмонимазкур давоми чор соли охир, ва-зифа ва масъулияти журналистондар партави Паёми Пешвои миллат,Президенти Тоҷикистон мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ва Анҷумани XIVИттиҳоди журналистони Тоҷикистонва масъалаҳои такмили сохторуташкилӣ баррасӣ гардид.

Журналистони Исфара фаъо-лияти созмони шаҳриро дар давраиҳисоботӣ хуб арзёбӣ намуда,вазифаҳо ва самти фаъолиятробарои соли 2016 муайян карданд.Инчунин дар раванди маҷлиси маз-

кур дар назди созмони шаҳрии ИЖТшӯрои журналистони собиқадортаъсис ва Атобоеков БобоҷонНаврӯз сарварӣ он интихоб гашт.Ҳамзамон мутобиқ ба қароримаҷлиси умумии журналистон дарназар аст, ки имсол дар Исфара 70солагии асосгузори радиои Исфара,Корманди шоистаи Тоҷикистон Ато-беков Бобоҷон Наврӯз таҷлил кардашавад.

Инчунин ҳайати нави раёсати соз-мони шаҳрии Иттиҳоди журналистониборат аз ҳафт нафар интихоб гар-дид. Дар кори маҷлис котиби масъ-ули созмони вилоятии Иттиҳодижурналистони Тоҷикистон, мудиришӯъбаи мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии вилояти СуғдКарим Шариф ҳузур ва суханронӣдошт.

Дар фарҷом ба собиқадоронижурналистика СудуриддинМаҳкамов ва Владимир МартиненкоСипосномаи ИЖТ дар вилояти Суғд

ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гар-дид.

Лозим ба зикр аст, ки айни ҳол соз-мони шаҳрии Иттиҳоди журнали-стони Тоҷикистон дар Исфара 33нафарро муттаҳид менамояд.

Раиси журналистони Исфара иваз шуд

Барои аз наздик бо ҷараёни ама-лигашти як қатор лоиҳаҳо шиносшудан намояндагони БарномаиРушди СММ, Ҳукумати ФедератсияиРусия ва консулгарии Русия даршаҳри Хуҷанд ба Исфара омаданд.

Ҳайати меҳмонон иборат аз намо-яндаи доимии СММ дар ТоҷикистонАлександр Зуев, вазоратҳои корҳоихориҷӣ ва рушди иқтисодии Феде-ратсияи Русия Екатерина Фотина ваАнастасия Панькова, ҳамчунин кон-

сули генералии Федератсияи Русиядар шаҳри Хуҷанд Виталий Бондо-ренко зимни сафари худ ба Исфарадар роҳбаладии муовини вазирирушди иқтисод ва савдоиТоҷикистон Умед Давлатзода вараиси шаҳри Исфара РасулзодаДилшод Ҷабборӣ аз Марказитаълимӣ — истеҳсолии атласу ад-расбофии деҳаи Навгилем ваНуқтаи такягоҳии институтибоғпарварии ҶТ дар шаҳри Исфарабоздид ба амал оварданд.

Дар ин рӯз дар доираи амалигар-донии лоиҳаи БР СММ ба нуқтаитакягоҳӣ 2 насоси обкашӣ ва 1 трак-тор тақдим карда шуд, ки бомаблағгузории Ҳукумати Федерат-сияи Русия харидорӣ шудааст.

Ҳайати меҳмонон ҳамзамон азнамоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳоикоркард ва банду басти меваи хушкишаҳри Исфара дидан намуда, азҷаҳду талоши ҷомеаҳои меҳнатиимазкур дар самти ҷорисозиитехнологияҳои замонавӣ ва баланд-бардории сифати маҳсулот изҳориқаноатмандӣ карданд.

Тақдими 2 насоси обкашӣ ва 1 трактор

-Агар ҳар соҳибкор, ё худ ҷомеаимеҳнатӣ ақалан харобаҳои атрофихудро обод созад, шаҳри мо боз ҳамдилработар мешавад, — мегӯяд Ид-рисхон Асламов.

Тавре ки маълум аст, раиси шаҳриИсфара Дилшод Расулзода чанде

пеш зимни мулоқот босоҳибкорони маҳаллӣаз онҳо даъват ба амаловарда буд, ки дар таъ-мини пешрафтутараққиёти иқтисодиётуиҷтимоиёти шаҳр фа-ъолнокии бештар зоҳирнамоянд.

Дар ҷавоб ба ин даъватроҳбарияти ҶДММ «Баракат – Ис-фара» бо назардошти ҳолати начан-дон хуби намои берунаи биноибисёрошёнаи истиқоматии рақами34-и маҳаллаи 10-ум, ки дар пасикорхона қарор дорад, тасмим ги-

рифтанд, ки ҳамаи тирезаҳои фарсу-даву оинаҳояшон кайҳо рехтаи 6даромадгоҳи ин биноро ботирезаҳои нав иваз карда, ҳамзамоноинабандии онҳоро низ таъмин на-моянд.

Муҳандис сохтмончии корхонаи«Баракат — Исфара» Идрисхон Ас-ламов мегӯяд, ки агар ҳар соҳибкорва ё худ ҷомеаи меҳнатӣ аққаланхаробаҳои атрофи худро бартарафсозад шаҳри мо боз ҳам дилработармешавад.

Сокинони бинои бисёрошёнаиистиқоматии рақами 34 ба ҷомеаимеҳнатии «Баракат — Исфара»изҳори миннатдорӣ намуда,умедворӣ аз он доранд, кисоҳибкорони саховатманди дигаредар таъмири пурраи намои берунаибино низ ба онҳо кӯмак хоҳанд кард.

Корхонаи “Баракат — Исфара” биноиистиқоматиро оинабандӣ мекунад

Нуқтаи мазкур дар мтму № 6воқеъ дар шаҳри Исфара, кӯчаиАбдураҳмони Ҷомӣ, 64 амал ме-кунад.

Соле қабл довталабон азмактабҳои Исфара маҷбур бу-данд, дар Конибодому БобоҷонҒафуров ё Хуҷанд аз қайд гуза-ранд. Имсол ин мушкилоти онҳоосон карда шуд.

Бино ба хабари дар сомонаиМаркази миллии тестӣ ҷой дода-шуда даври асосии бақайдгириидовталабон барои иштирок даримтиҳонҳои марказонидаидохилшавӣ (ИМД) бамуассисаҳои таълимиитаҳсилоти миёна ва олии касбииҷумҳурӣ дар соли 2016 шурӯъгардидааст. Дар асоси таҳлилҳооид ба шумораи умумии хатмку-нандагони муассисаҳои таъли-мии таҳсилоти миёнаи умумӣ,таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаикасбӣ дар соли 2016 бо мақсади

таъмини дастрасиихоҳишмандон барои аз қайд гу-заштан дар 26 шаҳру ноҳияи ин-тихобии ҷумҳурӣ 28 нуқтаидоимии бақайдгирӣ таъсис додашуда, дар 20 шаҳру ноҳияи киш-вар нуқтаҳои сайёр фаъолиятхоҳанд кард.

Бақайдгирӣ то 15-уми апрелидома ёфта, дар ин муҳлатхоҳишмандон, ки тибқи тартибимуқарраргардида барои иштироккардан дар ИМД ҳуқуқ доранд,метавонанд ба яке аз нуқтаҳоибақайдгирии барояшон наздикҳозир шуда, бо пешниҳодиҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гуза-ранд. Хотиррасон менамоем, киновобаста аз макони зист, довта-лаб имкон дорад, ки дар ҳарнуқтаи бақайдгирии барояш на-здик сабти ном шавад.

Дар Исфара нуқтаи доимиибақайдгирии Маркази мил-лии тестӣ амал мекунад

Барои зиёд намудани соди-роти меваи хушк ва таъминикорхонаҳои коркард бомевагиҳо масоҳати боғзорровасеъ намуда истодаанд.

Ин ҳолат ба хусус дархоҷагии тиҷоратии тухмипар-варии “Чоркӯҳ” хубтар бачашм мерасад.

Аз рӯйи гуфти сарварихоҷагии мазкур НеъматбойОлимбов алҳол дар хоҷагӣзиёда аз 442 гектар боғот пар-вариш меёбад, ки ин 25 гекта-рашро себзор ташкил медиҳад.Мақсад гузошта шудааст, киимсол масоҳати боғоти нав ба9 гектар расонида шуда, дармайдони 15 гектар боғҳобарқарор карда шаванд. Дар

масоҳати 4 гектарбошад, дарахтониолу нашъунамодоранд ва ин гунабоғҳо боз ба 2 гек-тар бунёд кардашуда, интизор ме-равад, ки дар май-дони 7 гектарниҳолҳои зардо-луи навъҳоиб о б о и ӣ ,к а д у х у р м о ӣ ,мирсанҷалӣ ватоҷибоӣ шино-нида шаванд.

Бунёди боғҳои нав

Халича Зиёваддинова,соли таваллуд 1908,истиқоматкунандаи кӯчаиБоғдории деҳаи Ворух —108 сола;

Ибодат Бобоева, соли та-валлуд 1910, сокинимаҳаллаи Майдони деҳаиВорух — 106 сола;

Фахриниссо Саидматова,

соли таваллуд 1912,истиқоматкунандаи кӯчаиНавоии шаҳри Исфара — 104сола;

Зулайхо Фозилова, солитаваллуд 1914, сокини

маҳаллаи Гузари Болоидеҳаи Чоркӯҳ — 102 сола;

Ҳамроҳбибӣ Сангинова,соли таваллуд 1916, сокиникучаи А.Ҷӯраеви шаҳри Ис-фара — 100 сола.

100 солаҳои мо

5- 2016.qxp имруз_Layout 1 04.03.2016 21:10 Страница 2

Page 3: 5 2016 qxp имруз layout 1

“Имрeз” № № 5 (315) аз 5 марти соли 2016 email: [email protected] Ca[ифаи 3.

Имрӯз вобаста ба масъалаву муш-килоте, ки ҷомеаи мо ба онҳо рӯ барӯ меояд, худи вақт, худи замон азмо талаб мекунад, ки онҳоро нодиданаангорем, дар бораи онҳо, роҳҳоиҳаллашон андеша ронем, тадбирҳобиҷӯем. Яке аз он масъалаҳое, киҳарчи бештар мавриди таваҷҷуҳи моқарор мегирад ва аз мо дахолатуфаъолияти бештарро тақозо дорад,ҳамин масъалаи гирифтории мар-думи мо ба таассуб ва хурофот аст.Воқеан, таассуб ва хурофот азбемориҳои дерину куҳансолест, кимардуми мо ба он гирифторанд вабоиси таассуф аст, ки маҳз мардумимо бештар дар қайди онҳо дармон-даанд.

Маънои хурофот дар луғат-саф-сата, гапи бемаънӣ ва фикрумафҳуми беасос омадааст. Таас-суб— гирифтории кӯркӯрона ба ху-рофот аст. Пас, халқи мо ,кигирфтори хурофот аст, гирифторисафсата аст? Дар асоси ақида вафикру мафҳумҳои беасос зиндагӣмекунад? Яъне ҳастии бемаънӣ басар мебарад? Агар ин хел аст, онҳое,ки гирифтори хурофотанд,гириф-тори беморианд бо номи ҳарзавусафсатаву андешаҳои беасосубемаънӣ?!

Оё ин гирифторӣ ба шаъни мил-лати мо, миллате, ки даъвоифарҳангӣ будан, соҳибтамаддуниродорад, иснод намеорад? Дар асри21, дар замоне, ки зиёну зарар ва бе-бунёдии хурофот дар ҳама оламмаълум аст ва халқҳои гирифторихурофот ба халқҳои қафомонда ман-субанд, айб нест, ки мо ҳанӯз бо дупоямон ба лойи хурофот ғӯтидаем!Инро чӣ гуна метавон маънидодкард? Ҳатто он миллатҳову халқҳое,ки дар таърих хеле баъдтар аз мосоҳиби тамаддун шуданд, имрӯз бахурофот ва мардуми хурофотӣ боистеҳзо менигаранд.

Биёед, як андеша кунем. Чаро мо,тоҷикон бештар гирифтори хурофо-тем? Инсони донишманд, соҳибиақлу идроки баланд васоҳибмаърифат ҳеҷ вақт гирифторихурофот намешавад. Ақли солим на-мегузорад, ки побанди хурофотбошад. Чашми бино роҳ намедиҳад,ки роҳи тозаро канор монда, ба инлойоба дарояд ва худро бероҳасозад. Яъне мо қафо мондаем? Боҳама даъвоямон аз соҳибтамаддунӣдур аз тамаддунем?!

Банда дар ин мавзӯъ бори аввалнест, ки ибрози андеша мекунам.Дар мақолаи “Доми тазвир макунчун дигарон Қуръонро” ин масъ-аларо мавриди баррасӣ қарор дода,баъзе андешаҳоямро баён кардабудам. Ва дар ҳамон ҷо баён дош-таам, ки масъалаи мубориза бо таас-суб ва хурофот барои адабиётикуҳансоли мо нав нест. Бузургониилму адаби оламшумули мо, азҷумла: Носири Хусрав, УмариХайём, Абӯалӣ Сино, Мавлоно,Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва дига-рон дар ашъору навиштаҳои худ му-боризаи беамон бо он бурдаанд, киимрӯз ҳам аҳамияти худро гум на-кардаанд ва имрӯз ҳам дар фош сох-тани макру дурӯғи хурофот метавоназ онҳо истифода намуд.

Дин ва хурофотНахуст мо бояд динро бо хурофот

омехта накунем, зеро онҳое, ки хуро-фотро манбаи даромади худ ваҳадафи ниятҳои носолимашон сох-таанд, бештар аз номи дин ва“Қуръон” баромад мекунанд васимои аслии худро дар паси динимубин пинҳон медоранд. Ҳол он кихурофот душмани дин аст ва обрӯи

онро мерезонад. Зеро, чунон, кигуфтем, маънои хурофот сафсата,яъне дурӯғ, найранг аст. Яке азҳадафҳои “Қуръон”-ро ба тоҷикӣгардонидану ба теъдоди зиёд нашрнамуда, дар байни мардум ба тавримаҷҷонӣ паҳн намудани ин китобимуқаддас аз ҷониби Сарвари кишва-рамон ҳамин ҳадафро дошт, ки мар-дум худашон хондаву чӣ буданидини мубини Исломро дарк кунандва ба таассубу хурофот гирифторнашаванд. Имрӯз хеле даркор аст, кимутахассисони мо, ҷомеашиносонимо, донишмандони мо пайвастатаҳқиқоту пажӯҳишҳое интишор ку-нанд, ки дар онҳо ҳамин тафриқаҳонишон дода шаванд. Мардум оқибатдарк кунанд, ки дин чисту хурофотчист. Зеро як сабаби гирифторӣ бахурофот ана ҳамин ноогаҳӣ аз аслидин мебошад.

Дар ҳамин ҷо овардани ҳодисаедар яке аз деҳоти Тоҷикистон, кичанде пеш дар ҳамин рӯзгориистиқлолияти созандаи мо рух дода-аст, ба маврид аст. Ин ҳодиса да-лели собит кунандаест, ки хурофотва муллоҳои мутаассиби мо чи ан-доза метавонанд мардумро роҳгумзанонанд ва корҳое кунанд, ки шои-стаи суннатҳои неки миллатибашардӯсти мо нестанд.

Чанде пеш дар яке аз деҳотиТоҷикистон як зани рус, кишавҳараш ӯро баъд аз ҷанг бо худовардаву солиёни зиёд-қариб як умрдар ин деҳа бо ҳам зиставу соҳибифарзандҳо гардиданд, вафот кард.Ин зани рус ба куллӣ тоҷик шудабуд. Ӯ ба тоҷикӣ сухан мегуфт,либосҳои тоҷикӣ мепӯшид, ҳамаодобу суннати тоҷикӣ ва шариатиисломиро риоя мекард ва дар ҳаминруҳия фарзандонашро низ парвари-даву ба воя расонида буд. Шавҳариӯ пеш аз ӯ тарки дунё кард. Рӯзе, киин зан фавтид, муллои деҳа ба ил-лати он, ки ӯ мусулмон нест, иҷозатнадод, ӯро дар қабристони деҳабигӯронанд. Ва дар он деҳа касе ёфтнашуд, ки пеши роҳи ин ҳукми беа-долатонаи муллоро бигирад.Маҷбур шуданд он занро дарқабристони деҳаи ҳамсоя гӯронанд.

Оё ба ахлоқи кадом дину кадомсуннати кадом халқ мегунҷад инрафтор?! Ин аст, далели он, ки хуро-фот ва таассуб мардуми моро токуҷо гумроҳу гирифтор кардааст, кидар баъзе мавридҳо ҳатто азсарҳади инсонигарӣ убур мекунанд.Ин аст далел ва натиҷаи эътиқодикӯр-кӯрона ба таассубу хурофот вамуллоҳои ифротгаро.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, кияке аз пешвоёни дину тариқатиислом буд, вақте аз дунё даргузашт,аз паси ҷанозаи ӯ яҳудиву насро-ниву буддоиву мусулмон бо ҳам ме-рафтанд ва тафриқаи динӣ саддироҳи эътиқоду инсонигарии онҳо на-гардида буд. Ва аслан Худо яктоства ба тамоми башарият тааллуқдорад. Дар дунё шояд кам оромгоҳибузурге ёфт шавад, ки дар он намо-яндагони адёни мухталиф манзилиохират наёфта бошанд.

Тарс, нобоварӣМиллати мо дар тӯли таърихи га-

рону вазнину хунин борҳо зериҷабру зулм, шиканҷаву зӯровариҳоиистилогарон қарор гирифтааст.Садсолаҳо ӯро ғорат мекарданд, сармебуриданд, хунаш мерехтанд. Та-моми шаҳрҳои замоне ободи онборҳо қатли ом дидаву бар хокяксон шудаанд. Ин ҳама даҳшатҳоин халқро то ҷое ба ҷонаш расонд ватарсу ҳаросро ба сиришти ӯ, дар та-факкури ӯ ҷо намуд. Ана ҳамин тарс,

тарс дар пеши фардо , дар пешитақдир, дар пеши мушкилотумасъалаҳои чигил халқи моро сахттарсу кард ва боварӣ ба фардоро азӯ даррабурд. Имрӯз як сабабигирифторӣ ба хурофот ана ҳаминтарси ботин дар пешорӯи мушкилот,ана ҳамин бовар надоштан ба худ,ба нерӯи созандаи худ ва ба фардоихуд аст. Тарси рӯ ба рӯ шудан бамушкилот, даст ба гиребон шудан боон, аз сари роҳ бардоштани инмонеаҳо боис мешаванд, ки роҳиосони ҳалли мушкилро дар хурофотҷӯё шаванд. Мо бояд ин тарсро азниҳоду сиришти халқамон бизу-доем.

Хурофот суннатимиллӣ нест

Манбаи дигаре, ки мардуми хуро-фотпеша ва онҳое,ки хурофотродоми тазвир кардаанд, аз он исти-фода мебаранд ва дар паси пардаион пинҳон шудан мехоҳанд, суннатуанъанаву маросимҳои волои моянд.Дар сурате, ки суннатҳои баландимиллии мо ҳеҷ муносибате ба хуро-фот надоранд. Суннату маросимҳоихалқии мо ҳадафҳои баланди миллӣаҳамияти баланди тарбиявӣ,ҳунаромӯзӣ, зебоипарастӣ,бунёдкорӣ, хайрхоҳиву некманишӣдоранд. Аммо онҳое, ки таассуб вахурофот манбаи даромадашон шу-дааст, бисёре аз ин падидаҳоронишонаҳои суннату одоби миллӣнишон доданӣ мешаванд, ки ҳаргизба онҳо тааллуқ надошта, балки хи-лофи онҳо мебошанд. Масалан,суннатҳои миллие, мислигаҳворабандон, мӯйсаргирон,рӯйбинон ва даҳҳои дигарсуннатҳои миллие мебошанд, ки боҳадафҳои неку мақсадҳои наҷибамалӣ мегарданд. Дар онҳо озода-гиву покӣ, гигиенаи миллӣ зоҳиршуда, ҳар яке дар тарбияи кӯдаксаҳме дошта, ӯро дар рӯҳияи одобусуннатҳои солим тарбият менамо-янд. Аммо падидаҳои номатлубе чунқайтармаву аласт, бахшигӣ вағайраҳо, ки аслашон муғуливу туркӣбуда аз замони тороҷи чингизиҳобоқӣ мондаанд, ягон муносибате басуннатҳои волои мо надошта, ҳамафиребу макру дурӯғанд ва барваҳшонияту бефарҳангӣ бунёд ёф-таанд.

Либоси миллӣсимои миллии мост

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, киҳамчунон ба таомулу суннату адабимиллии мо зиён меораду моро баташвиш овардааст, дахолат бафарҳанги либоспӯшии мо мебошад.Солҳои охир аз ҷониби онҳое, кимехоҳанд симои халқи моро таҳрифкунанд, суннатҳои волоилибоспӯшии моро аз байн бубаранд,боз ҳам дар зери ниқоби гӯиё динушариат кӯшишҳои фаъолона шуд вамардуми содабовари мо қариб будба он гирифтор шаванд. Теъдодионҳое, ки аз баҳри либосҳои миллӣбаромадаву саропо сияҳпӯш гарди-даанд ва симову хулқу атвор ваҳатто рафторҳои ношоистаи худродар паси ин ниқобҳо пинҳон карданӣшуданд, зуд афзуданд ва ҳамин таврзуд фош ҳам гардиданд.

Мо ҳаргиз муқобили либоси мил-лии дигар кишварҳо нестем. Аммолибоси миллии мо, фарҳанги мо,маънавиёт , симои миллии мост. Ваагар либоси миллии мо аз байнравад, симои миллии мо аз байнхоҳад рафт. Ва ҳадафи ин кӯшишҳоҳам ҳамин аст: аз байн бурданимахсусиятҳои миллии халқи мо.Аммо саволе ба миён меояд, ки чаробоз ҳам мо, мардуми мо зуд ба ондода мешаванд. Куҷост шарафимиллӣ, ифтихори миллӣ? Дар ҳоле,ки либоси миллии тоҷикӣ шояд аззеботарин либосҳои дунёст, кизавқи оламиёнро тасхир кардааст вашояд дар дунё кам кишвареро тавонёфт, ки бо ин қадар рангорангӣ, гу-ногунии интихобу фаровониинамунаҳо либос дошта бошад. Та-

моми ноҳияҳо ва гӯшаҳои мухта-лифи кишвари мо либоси миллиинотакрор ва хоси худро доранд, кикам халқе бо чунин рангорангии ли-боси миллӣ метавонад ифтихоркунад. Аммо чаро боз ҳам ингирифторӣ ва ноустуворӣ хоси мар-думи мост?

Бубинед, мардуми кишварҳоизиёде дини насрониро қабул карда-анд. Аммо ин боиси он нашудааст,ки онҳо ба хотири эътиқоди диниихуд як хел либос пӯшанд. Ҳар халқлибоси хоси худро дорад ва онро боифтихор сарвати миллии худмеҳисобад. Дунё ҳам бо ҳамингуногунрангӣ зебост. Бисёре аз мар-думони оламро аз рӯи либос ваҳатто кулоҳашон мешиносанд ва ҳаряки онҳо либоси миллии худро боэҳтироми баланд маҳфуз медо-ранд,зеро ин симои онҳо, маъноионҳо, фарҳанги таърихии онҳост. Аздаст додани либоси миллии худ, аздаст додани фарҳанги милии худаст.

Дар кишварҳои мусулмонӣ ҳамхалқи ҳар кишвар, бо вуҷуди ягона-гии дину мазҳаб, фарҳанги хосилибоспӯшии худро дорад. Масалан,мусулмонони Ҳинду Покистон тарзихоси либоспӯшии худро доранд, му-сулмонони Индонезӣ низ либосҳоиба худ хос мепӯшанд. Тарзилибоспӯшии мусулмонони араб низаз мусулмонони Эрон ваАфғонистон, ки ҳар яке либоси хосихудро доранд, фарқ мекунад. Мусул-мон будани онҳо садди роҳи либосимиллӣ доштани онҳо нест.

Ном симои маъна-вии тоҷикон аст

Ба д-ин тариқ, ҳар миллат тарзихоси номгузории худро дорад.Имрӯз бо иваз кардани номҳоитоҷикӣ ба арабӣ мусулмонии мо наафзун мешавад, на кам. Ва асланягон миллати дигаре ба хотири му-сулмон будан аз баҳри номҳои мил-лии худ баромадаву номҳои арабӣқабул накардааст. Аммо боз ҳам мо— тоҷикон ҳар корро бояд ба ифротрасонем. Бояд нишон диҳем, ки мобештар мусулмонем, ҳатто номамонарабист. Ҳол он ки мусулмон буданмаънои араб буданро надорад.Миллатҳои зиёде ҳастанд, ки динимубини Исломро қабулкардаанд,аммо фарҳанги миллииномгузории худро маҳфуз медо-ранд. Чаро боз ҳам мо нопойдорем?Асолати миллии худро фаромӯш ме-кунем? Чун об ба ҳар сӯ равон меша-вем. Албатта, гурӯҳе ҳастанд, ки бомақсадҳои аз байн бурданифарҳанги миллии мо тарғиботро ме-баранд ва фаъолият доранд. Ва-гарна мақсад чист? Худи ҳамонарабҳо ягон эҳтиёҷе надоранд, кимо тоҷикон ҳама номҳои арабӣ гузо-рем ё либосҳои арабӣ пӯшем, кихоси ҳамон халқ, дар ҳамон муҳитаст.

Баръакс, Ислом бо он зебост, кисимо, урфу анъана ва суннатҳовуфарҳангҳои халқҳои гуногунромуттаҳид мекунад, зинда медорадва таҷассум месозад. Дар ягон ки-тоби муқаддас гуфта нашудааст, кибарои эътиқоди динӣ бояд аз баҳрином ва либоси миллӣ гузаранд . Анаҳамин зиёдаравӣ низ таассуб аст, та-ассуби динӣ. На дини воқеъиву Ис-ломи воқеъӣ. Афсӯс, ки инифротгароӣ, ноустуворӣ боисикоҳиши фарҳанги миллии мо мега-рдад. Ҳол он ки либосҳои тоҷикӣ, киҳар яке асари волои санъатуҳунаранд , маъно, ҳадаф ва расо-лати худро доранд. Онҳо ғанӣ азранг, аз маъно, аз ҳунар мебошандва мо бояд аз онҳо ифтихор кунем.Айни ҳамин суханро дар бораиномҳои тоҷикӣ метавон гуфт. Камхалқеро метавон ёфт, ки аз ҷиҳатитеъдоди ном, мазмун, талаффуз варангорангӣ дар забону маъно онқадар ғанӣ бошанд. Номҳои тоҷикӣномҳои маънидор ва ҳадафноканд,баъзан баёни як тасвир, як образибадеӣ, як ҳадафи нек ҳастанд. Даронҳо орзуву армони мардуми мо,ниятҳои некашон, ҳадафҳои волоя-

шон, хайрхоҳиву инсонигаривузавқашон ифода ёфтааст. Баръакс,мардуми дигари олам бояд ҳасад бафарогирии маъниву зебоиҳо, та-лаффузу садонокии номҳои тоҷикӣбаранд.

Номҳои занонаи тоҷикӣ аксарнуру ҷилои хос, шукуфову дурахшинотакрори худро доранд. Ҷилои ан-дешаву орзуҳо ва армонҳо ҳастанд.Дилро, чашмро, хотирро, табъроравшану гарм мекунанд. Дар куҷодидаед, ки ном нур дошта бошад,ном накҳат дошта бошад, ном инқадар рангину зебо бошад? Бо шу-нидани номҳои тоҷикӣ табъ рав-шану хотир болида мегардад. Номигулҳо, номи ситораҳо, номе, кисафои чашмаву рудҳо ва шукуҳиосмонҳоро дошта бошад.

Номҳои мардонаи тоҷикӣ низ не-киву шуҷоъату хайрхоҳӣ ваармонҳои баланди инсониротаҷассум мекунанд. Мисол, номҳоизанона: Нилуфар, Бунафша, Зуҳро,Сафо, Сабо, Нозанин, Сапеда, Зу-лола…; номҳои мардона: Рустам,Ҳумоюн, Доро, Неру, Фирӯз, Фар-шед.., албатта, мо номҳои зебо вамаънидори зиёдеро аз забонҳоидигар низ қабул кардаем, хусусан азарабӣ. Ва онҳо кайҳост, ки тоҷикӣшудаанд. Аммо сухан дар бораи оншахсони ғаразпеша ва мутаассибемеравад, ки имрӯз тарғибот меба-ранд, то мо бояд аз номҳои тоҷикиимиллии худ рӯ тобем, бояд номҳоимо, азбаски мо мусулмонем, арабӣбошанд. Ба хотири чӣ? Аз ин кӣ бурдмекунад? Ё айни ҳамин тарғиботробарои рӯй гардонидан аз либосҳоимиллии зебову рангоранги мо вапӯшидани либосҳои якнавохту як-ранги ҳиҷобмонанд тарғиб меку-нанд. Аммо ҳамин таҷрибаи замоникӯтоҳи мо нишон дод,ки ҳиҷобҳоисиёҳи зоҳиран исломӣ на танҳосоҳибони онҳоро мусулмон намеку-нанд, балки, баръакс, агар инсон по-кният набошад, дар паси пардаионҳо метавон симову маънову раф-тори ношоистаи ғайриисломиропинҳон кард.

Хулоса, пӯшидани либосҳоиарабӣ ва гузоштани номҳои арабӣҳанӯз маънои мусулмон шуданроЗиёда аз ин, халал ворид овардан бафарҳанги либоспӯшӣ ва фарҳангиномгузорӣ зиён овардан ба маъна-виёти миллист. Ва зиён овардан бамаънавиёти миллӣ зарба задан баасолати миллӣ ва ҳувияти миллист.

Ҳувияти миллӣчист?

Биёед, бубинем, ки асолатимиллӣ, ҳувияти миллӣ чӣ маънӣдорад. Дар фарҳанги забони тоҷикӣомадааст. Асолат— асилӣ, наҷобатва асилзодагист. Ҳувият – моҳиятишахсе ва ё чизе, яъне шинохтимоҳияти худ, шинохти худ аст. Яъне,шинохти ҳувияти миллӣ — шинохтимоҳияти миллист. Ва онҳое, кимехоҳанд моро аз асолати худ, азҳувияти худ, аз маънавиёти худ дуркунанд, кори хайре на барои исломмекунанду на барои инсоният. Зерофарҳанги тоҷикӣ, адаби тоҷикӣ якеаз дастовардҳои наҷибу эътироф -гардидаи инсоният аст. Ва, баръакс,бузургони илму адаби тоҷик боҳамин фарҳанги оламшумул саҳмибузурге дар бунёду рушду ҳимояидини мубини ислом гузоштаанд вааз ин, ки онҳо тарки номҳои зебо валибосҳои суннатиашон мекунанд, наислом ғанитар мегардаду на онҳомусулмонтар мешаванд. Ва инҳақиқатест мусаллам.

Вақте мо асолати миллӣ мегӯем,халқу миллати худро даъват баасилзодагӣ ба наҷобати воқеии таъ-рихии худаш мехонем. Вақте мо дарбораи ҳувият мегӯем, ин даъват башинохти худ, шинохти имрӯзудирӯзи худ, шинохти наҷобатухуҷастагиҳои миллии хеш аст, кидар бисоту сиришти миллати мотаърихан вуҷуд дорад.

Камол Насрулло,Шоири халқии Тоҷикистон.

«…Тарки ному либоси миллӣ на исломроғанитар мекунаду на моро мусулмонтар…»

5- 2016.qxp имруз_Layout 1 04.03.2016 21:10 Страница 3

Page 4: 5 2016 qxp имруз layout 1

Имрeз” № 5 (315) аз 5 марти соли 2016 email: [email protected] Cа[ифаи 4.

www.tajinfo300.ucoz.ru

[email protected]

№ 5 (315)аз 05.03.2016

ДИРЕКТОРМустафо Эгамов.

САРМУ{АРРИРМашрафxон Эгамов.

ШEРОИ ТА{РИРИЯRудратулло Эшонов.

Наимxон Юнусов.Са[обахон {усейнова.

Зафар Амакxонов.

ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНДФаридун Мустафои Эгамзод.

{АМКОРОНИ МО:МИ{Д ша[ри Исфара;

Медиа – холдингиТоxикии “TAJINFO”,

Телевизиони “ИСФАРА”,Рeзномаи “Насими Исфара”.

СУРОUА:ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10.

ошёнаи 1 Тел: +992-3462-2-61-62

(904) 66-22-44E-MAIL: [email protected]

Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ

мерасонад, ки хилофи назараш аст.Барои са[е[иву дурустии факту

раrам[о муаллифон xавобгаранд.

Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeз-нома воридшуда баргардонда

намешавад.

{УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА:Xум[урии Тоxикистон.

Дар матбааи ба номи Н.Фахрииша[ри

Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад.

Адади нашр: 1300.

Дар меҳмонииҳафтавори “Имрӯз” шоирИсматуллоҳ Абдуллоҳ

ВАТАНБо ҳама дору надори зиндагӣ,Эй замини беқиёси беҳтар аз ҷон,Эй баҳори сабзи гулпӯшу гулафшон,Ёдгори бебаҳои Оли Сомон,Нозгоҳи ҳусни рӯзафзуни ҷонон,Розгоҳи қудсии шоҳи париён,Офтоби гарми ҷонбахшои тобон,Моҳтоби равшани поку дурахшон,Ҳусни рӯятро тараннум кардаам ман,

Тоҷикистон! Тоҷикистон!

ХУБУ ДИЛБАРӢПиндоштам байни касон хубу дигарӣ,Дилҷӯю дилнавозу дилорою дилбарӣ.Пиндоштам байни зарандудагони шаҳр,Ёқуту лаъли хоса ва ё бадраи зарӣ.Пиндоштам бо нигаҳи тавбабишканат,Сар то ба пой аз шарарӣ, кони озарӣ.Пиндоштам дар ҳамали бурҷи қисматам,Ҷаззобу пурҷилою пурафсона ахтарӣ.Пиндоштам бо алави кулчаи рухат,Дар сардиҳои зиндагиям шамси ховарӣ.Пиндоштам дар садафи шарм ғунчасон,Дар қаъри баҳри синаи ман тоза гавҳарӣ.Пиндоштам дар раҳи сӯзу гудози умр,Поку зулолу сард маро оби кавсарӣ.Пиндоштам дар ҳама олам ба ҳусни хеш,Алмоси тоҷи шоҳӣ ва ё тоҷ бар сарӣ.Пиндоштам дар фани мастию шурби ишқ,Ҳамчун шароби ноби пурафсуни соғарӣ.Донистамат, ки бо ҳама афсуни суратат,Дар чорсӯйи умр маро дидаи тарӣ.Ҳайфо, ки гашта гавҳари ҳуснат асири дев,Чун дар сиришт мӯ ба мӯ аз шӯрию шарӣ.Як ҳарф гӯямат туро, густохиям бубахш,Эй бевафою бехудо, турки ситамгарӣ…

ҚАДДИ РАЪНОРОГулоби ноз мезебад

баҳори қадди раъноро,Чи суд ар ҷавҳари маънӣ набошад

рӯйи зеборо.Ба азму заҳмати устоди мактаб

бозмонад кӯр,Набикшояд чу дасти зиндагонӣ

чашми аъморо.Ба оташ мефикандам дафтари

машқи саводи хеш,Чу донистам, ки ин дам нукта гирад

кӯр биноро.Ба бӯйи лутфу ишқу меҳрубонӣ

дар мазан дигар.Наёби боли аспу пойи мору тухми анқоро.Чу дидам шохи пургул

захми дандони табар дорад,Ба дасти худ бикуштам дар дилам

тифли таманноро.Чу дорӣ дар садаф дурдонае

аз худ машав навмед,Ки хору хас набиздояд ҷилои умқи дарёро.Саҳар аз қатраҳои шабнами гулзор

донистам,Ба ҳоли сабзаву гул гиряи чашми

сурайёро.Дар ин ваҳшатсаро чобуксаворон

менапурсандам,Баҳои дидаи тар, шӯри дил, обилаи поро.Шабохун мезанад ғофил ба марзи

исмати оқил,Зи шири маҳ қадаҳ бояд

шаби торику ялдоро…

Андаруни гарму сарди р=згор,ьамчунони гул бимонц сабзу тар.«Зинда бош, эй д=сти деринаам,

ьар баьорон то баьорони дигар!»Зери чархи бесутун дарёфтам,

Муттакое нест щайр аз пойи худ.Шом гарчц мехазад с=йи щур=б,

Субьидам хуршед гирад жойи худ.

ьар кц андар зиндагц дорад маыом,

Жоми заррин дар кафи соьибдил аст.Хор агарчц то сурайё сар кашад,

Реша андар мазраи беьосил аст.Комьо ширин шавад аз мевааш,ьар кц биншонад дарахте борвар.

Абр кай пиньон кунад рухсори маь,Кам нагардад ьеж гоье ыадри зар.

Ыадри неъмат дар тароз=и хирад,Мефизояд баъди помолу завол.

То набинад ыаьтц умре нонро,Менаг=яд одамц боре убол.

Бок не, гар нотавонбинасту к=р,Чашми танги мардуми аьди жадид.

То ба дунё ьаст як соьибназар,

Гурдият мемонад, эй Гурдофарид.Шаьри к=ронро чц ьожат офтоб,

Савти беьин ьасрати оинаьост.дар тан=ри синаьо танб=ри дил,

ьамчу кажк=ли гадоён бенавост.Мардц хоси мард г=янд иддае,Бештар хонанд мардонро бузург.

Мардии ту беш аз мардон бувад,Менабинад ьар кц ин, будаст гург...

ЭЙ ХУРШЕДТуро, ки р= ба р=йи ман нишастац, эй хуршед,Маж= баьона, ки бебаьона д=ст медорам.

Туро, ки байти абр= бувад беьтарин девон,Ба ыалби хуну фигори шоирона д=ст медорам.

Кц гуфт ш=ру шарори ошиыиьо рафт?Баьори ыадди туро ошиыона д=ст медорам.

Ба п=шт хирмани гес=, ки рашки шаршараьост,

Шамими анбари м=ят чу шона д=ст медорам.Жаьон ба яъсу хус=мат, фищон намеарзад,

Ба ращми гиря туро чун тарона д=ст медорам.Ки то тиьц зи муьаббат наравам то канори г=р,Ба даьри беканор туро бекарона д=ст медорам.

Туро, ки дар нигаь охир щур=ри Ширин аст,Ыасам ба ьар ду жаьон хусравона д=ст медорам.

Эьдо (Ба хонум М)

ПАРТАВИ ФОНУСШаҳри кӯронро чӣ ҳоҷат партави фонусро,Нафс дорад рахна дар пай сарҳади номусро.Мардуми чашми касон садранг бинад зиндагӣ,Каҷ намояд сарв охир дидаи олусро,Киштии мастон ба нози хештан дорад шино,Шаҳпари моҳӣ нагирад мавҷи уқёнусро.Подшоҳи шаҳри дил дорад ҳама шоҳу гадо,Ҷилвагоҳи ишқ дидам масҷиду ноқусро.Офтобу моҳтоби қалби ман бигрифт з-он, к,Зоғ дорад дар тани худ хилъати товусро.Дода ҷони ширину Сӯҳроб охир кай кашид,

Аз барои нӯшдору миннати Ковусро.Аз барои хобу хӯр донанд бархе чашму лаб,Мурдадил умре надонад завқи бӯсобӯсро.Чун дар ин даврон зи дониш суд домони тиҳист,Бар фулусе кас нагирад хирмани қомусро.Сар ба пои ишқ бояд сӯд, бингар дасти ишқ,Хок бар сар кард охир духтари Таймусро.Оҳи мискин дар расад то домани ҳафт осмон,Кай дуо гардад иҷобат зоҳиди солусро.Булбуле дидам, ки дар кунҷи қафас мегуфт зор:Кундаю завлона донад заҳмати маҳбусро.Гардани гул мезананд ин ташнагони хуни гул,Шаб нахуспам, то набинам беш аз ин кобусро.

САФЕД ИН ҶОСияҳ дар дидаи номардумон тобад сафед ин ҷо,Сафед аст байза андар хонаи чашми умед ин ҷо.Ба ҳузну гиряҳои сабзаву гул арра механдад,Чанори сарбаланд то нашканад бояд хамид ин ҷо.Сароб аст об рӯйи тобаю аз ташнагӣ бояд,Мисоли моҳӣ андар ҳасрати дарё тапид ин ҷо.Даҳон бикшода сӯйи осмон мангар ба бӯйи қут,Зи мағзи байза берун гашта мебояд парид ин ҷо.

Хиҷолат мекашад аз ҳикмати худ саҳфаи қомус,Ки бори миннати ҳар бебасар бояд кашид ин ҷо.Ба рӯъёҳост гаҳ-гаҳ ҷилвагар суроби қадди меҳр,Надорӣ даступо охир ба сар бояд давид ин ҷо.Диҳанд аз илму ҳикматориён устодро таълим,Риёву жожу лофи хирасар бояд шунид ин ҷо.Ба ҷуз ҳамтои худ занбӯр нашносад ба айшу нӯш,Умед аз аҳду қавли бесамар бояд бурид ин ҷо.Ба маҳ биншин, ки васли сурату сират ба ҳам бинӣ,Ғубори домани олӯдагӣ бояд такид ин ҷо…

5- 2016.qxp имруз_Layout 1 04.03.2016 21:10 Страница 4