4
Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон! Хафтаномаи чамъиятию сиёси Имруз № 26-27 (305-306) аз 26 ноябри соли 2015 email: [email protected] www.tojinfo.ru Исфара, кeчаи Марказb-10. Тел: 2-61-62 Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии ҶТ дар шаҳри Исфара роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар ин рӯз сокинони сершумори шаҳр бо парчамҳои давла- тиву шиору навиштаҷотҳои васфкунан- даи соҳибихтиёрии милливу давлатӣ ва ифтихор аз ватандориӣ нишоту сарафшонӣ доштанд. Тантанаӣои мазкур бозгуйӣ аз он доштанд, ки Парчам дар ра- дифи Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ ба ҳайси рамзи басо арзишманди милливу давлатӣ барои мардуми тоҷик муқаддас аст. Минбаъд дар майдони Исмоили Со- мони бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, омӯзгорон ва муҳассилини муассисаҳои маориф ва собиқадорон ҷамъомади бошукӯҳе доир гардид. Дар ҷараёни он муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифалӣ Абдуллоев ба- ромад намуда, аз номи раисони вилоят ва шаҳр ҳозирин ва дар симои онҳо та- моми сокинони шаҳру деҳоти Исфараро бо Рӯзи Парчами давлатии ҶТ сидқан му- боракбод гуфтанд. Зимнан гуфта шуд, ки «Санаи 24 ноябр барои тоҷикону тоҷикистониён натанҳо рӯзи арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, балки ҳамчунон рӯзи гиромидошти арзишҳои деринаи таърихию фарҳангӣ ва маънавии миллӣ, гузашта аз ин, рӯзи эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Парчами давлатӣ баёнгари соҳибистиқлолии мамлакат, инъикоску- нандаи фарҳангу тамаддун, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору но- муси ватандорӣ, рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ ва башоратдиҳандаи азму иродаи устувори мардум мебошад. Парчам пайвандгари дирӯзу имрӯз, қутбнамои фардои неку обод ва ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагии Тоҷикистониён аст!» Дар анчом аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи зебои тараннумгари эҳсоси соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. * * * Инчунин дар деҳаи баландкӯҳи Ворух низ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии ҶТ бо иштироки сокинони деҳа, намо- яндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷомеаҳои меҳнатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимӣ роҳпаймоӣ ва ҷамъомади тантанавӣ бар- гузор гардид. Дар ҷараёни он роҳбарияти ҷамоати деҳот ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони деҳаро бо ҷашни саид сидқан шодбош гуфта, зим- нан дар хусуси иртиботи қавии таърихи ташаккули миллат ва оини парчамдорӣ ва аҳамияти таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҳарф заданд. ТАЧЛИЛИ РУЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ Дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 100 нафар журналистон маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда — 2015» баргузор гардид ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ғолибони озмун диплом ва ҷоизаҳои пулиро тақдим намуд. Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Насими Ис- фара» дар ин озмун ширкат варзида, ҷойи дуюмро ишғол кард. Чӣ тавре хадамоти матбуотии раиси ви- лоят иттилоъ медиҳад: Абдураҳмон Қодирӣ дар оғози сӯҳбат бо журналистон нахуст кулли онҳоро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт ва барояшон хушиҳои рӯзгорро таманно намуд. Сипас муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Ру- стам Мирзо доир ба натиҷаҳои озмуни им- сола баромад намуда, таъкид кард, ки тибқи дастури Раиси вилоят ду сол инҷониб озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, инъ- икоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва дастгирии журнали- стон гузаронида мешавад. Соли равон бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 марти соли 2015 №147 «Дар бораи гузаронидани Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015 таҳти унвони «Хомаи созанда – 2015» ин озмуни вилоятӣ эълон гардида буд. Дар озмуни “Хомаи созанда” журналистон дар бораи тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии худкушӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, тарғиби «Соли оила», фарҳанги оиладорӣ ва устувории он, тар- бияи насли наврас, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва муноқишаҳои оилавӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, рафти тақсимоти замин ба деҳқонон, бунёди боғҳои интенсивӣ, эҳё ва рушди саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ, ба кор андох- тани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, сохтмони корхонаҳои нав ва сармоягузорӣ дар риштаи саноат, идомаи соли роҳҳои обод, рафти ободкориву созандагӣ, саҳми ҳокимият, соҳибкорон ва аҳолӣ дар беҳтар гардонидани ҳолати роҳҳо, инчу- нин рафти корҳои таъмиру тармими хатҳои нақлиётӣ, соли рушди фарҳанг ва гулҳо, вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, ба- ланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон, эҳёи анъанаҳои миллӣ аз қабили рӯзгордорӣ, таомпазӣ ва меҳмондорӣ, фаъолияти чойхонаҳои миллӣ, эҳё ва ҷалби ҷавонон ба варзиш, аз ҷумла ба намудҳои миллии он — чавгонбозӣ, гуштингирӣ, сохтмони иншо- оти варзишӣ маводҳои таҳлилии худро, ки дар марҳилаи аз 1 январи соли 2015 то 1 октябри соли 2015 пахш ва ё нашр гарди- дааст, пешниҳоди ҳайати ҳакамон наму- данд. Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои «Соли оила ва масъалаҳои актуалии ҷомеа», «Масъалаҳои марбут ба рушд ва ислоҳоти кишоварзӣ», «Масъалаҳои марбут ба рушди саноати сабук ва ободии роҳ», «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо», «Таҳқиқоти журналистӣ», «Беҳтарин ха- барнигор, аккос ва наворбардор» баргузор шуд ва дар он наздик 90 нафар довтала- бон аз васоити ахбори оммаи вилоят иш- тирок намуданд. Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони мақомоти давлатӣ ва журналистони собиқадори вилоят шомил буданд, дар бахшҳои гуногуни озмун беш аз 60 нафар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида ме- шаванд. Ба иттилои муовини якуми Раиси вилоят дар номинатсияҳои гуногуни озмун 44 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ соҳиб шудаанд. Сипас Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар фазои идона ба 44 нафар ғолибон ва 14 нафар иштирокчиёни фаъоли озмун диплому мукофотпулиҳоро тақдим намуд. «Насими Исфара» соҳиби ҷоиза шуд 26-27 2015.qxp имруз_Layout 1 25.11.2015 21:41 Страница 1

26 27 2015 qxp имруз layout 1

  • Upload
    -

  • View
    243

  • Download
    8

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: 26 27 2015 qxp имруз layout 1

Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

Имруз№ 26-27 (305-306) аз 26 ноябри соли 2015 email: [email protected] www.tojinfo.ru Исфара, кeчаи Марказb-10. Тел: 2-61-62

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатииҶТ дар шаҳри Исфара роҳпаймоии идонабаргузор гардид. Дар ин рӯз сокинонисершумори шаҳр бо парчамҳои давла-тиву шиору навиштаҷотҳои васфкунан-даи соҳибихтиёрии милливу давлатӣ ваифтихор аз ватандориӣ нишотусарафшонӣ доштанд. Тантанаӣои мазкурбозгуйӣ аз он доштанд, ки Парчам дар ра-дифи Конститутсия, Нишон ва Сурудимиллӣ ба ҳайси рамзи басо арзишмандимилливу давлатӣ барои мардуми тоҷикмуқаддас аст.

Минбаъд дар майдони Исмоили Со-мони бо ширкати намояндагонимақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, омӯзгоронва муҳассилини муассисаҳои маориф васобиқадорон ҷамъомади бошукӯҳе доиргардид.

Дар ҷараёни он муовини аввали раисишаҳр Содирхон Қосимӣ ва намояндаимақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиивилояти Суғд Шарифалӣ Абдуллоев ба-ромад намуда, аз номи раисони вилоятва шаҳр ҳозирин ва дар симои онҳо та-моми сокинони шаҳру деҳоти Исфараробо Рӯзи Парчами давлатии ҶТ сидқан му-боракбод гуфтанд.

Зимнан гуфта шуд, ки «Санаи 24 ноябрбарои тоҷикону тоҷикистониён натанҳорӯзи арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ,балки ҳамчунон рӯзи гиромидоштиарзишҳои деринаи таърихию фарҳангӣва маънавии миллӣ, гузашта аз ин, рӯзиэҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ

маҳсуб меёбад.Парчами давлатӣ баёнгари

соҳибистиқлолии мамлакат, инъикоску-нандаи фарҳангу тамаддун,таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору но-муси ватандорӣ, рамзи баҳамоивуваҳдатофарӣ ва башоратдиҳандаи азмуиродаи устувори мардум мебошад.

Парчам пайвандгари дирӯзу имрӯз,қутбнамои фардои неку обод ваҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагииТоҷикистониён аст!»

Дар анчом аз ҷониби аҳли фарҳангбарномаи зебои тараннумгари эҳсосисоҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ манзуриҳозирин гардонида шуд.

* * *Инчунин дар деҳаи баландкӯҳи Ворух

низ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатииҶТ бо иштироки сокинони деҳа, намо-яндагони мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии шаҳр, ҷомеаҳои меҳнатӣ,собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгоронутолибилмони муассисаҳои таълимӣроҳпаймоӣ ва ҷамъомади тантанавӣ бар-гузор гардид.

Дар ҷараёни он роҳбарияти ҷамоатидеҳот ва намояндаи мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии шаҳр ҳозирин ва дарсимои онҳо кулли сокинони деҳаро боҷашни саид сидқан шодбош гуфта, зим-нан дар хусуси иртиботи қавии таърихиташаккули миллат ва оини парчамдорӣва аҳамияти таҷлили Рӯзи Парчамидавлатӣ ҳарф заданд.

ТАЧЛИЛИ РУЗИ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ

Дар Рӯзи Парчами давлатии ҶумҳурииТоҷикистон дар қароргоҳи Сарвари давлатдар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 100нафар журналистон маросимиқадршиносии ғолибони озмуни вилоятии«Хомаи созанда — 2015» баргузор гардидва Раиси вилояти Суғд АбдураҳмонҚодирӣ ба ғолибони озмун диплом ваҷоизаҳои пулиро тақдим намуд.

Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Насими Ис-фара» дар ин озмун ширкат варзида, ҷойидуюмро ишғол кард.

Чӣ тавре хадамоти матбуотии раиси ви-лоят иттилоъ медиҳад:

Абдураҳмон Қодирӣ дар оғози сӯҳбат божурналистон нахуст кулли онҳоро ба РӯзиПарчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонтабрик гуфт ва барояшон хушиҳоирӯзгорро таманно намуд. Сипас муовини

якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Ру-стам Мирзо доир ба натиҷаҳои озмуни им-сола баромад намуда, таъкид кард, китибқи дастури Раиси вилоят ду солинҷониб озмуни вилоятӣ барои беҳтаринмаводи журналистӣ бо мақсади тарғибидастовардҳои замони истиқлолият, инъ-икоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодиюиҷтимоии вилоят ва дастгирии журнали-стон гузаронида мешавад. Соли равон боқарори Раиси вилояти Суғд аз 12 мартисоли 2015 №147 «Дар бораи гузарониданиОзмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводижурналистӣ дар соли 2015 таҳти унвони«Хомаи созанда – 2015» ин озмунивилоятӣ эълон гардида буд. Дар озмуни“Хомаи созанда” журналистон дар бораитадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии модарукӯдак, пешгирии худкушӣ ва дигарзуҳуроти номатлуб, тарғиби «Соли оила»,фарҳанги оиладорӣ ва устувории он, тар-бияи насли наврас, пешгирии никоҳихешутаборӣ ва муноқишаҳои оилавӣ,азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳоикалонҳаҷми кишоварзӣ, рафти тақсимотизамин ба деҳқонон, бунёди боғҳоиинтенсивӣ, эҳё ва рушди саноати сабук,ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ,сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ, ба кор андох-тани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ,сохтмони корхонаҳои нав ва сармоягузорӣдар риштаи саноат, идомаи соли роҳҳоиобод, рафти ободкориву созандагӣ,саҳми ҳокимият, соҳибкорон ва аҳолӣ дарбеҳтар гардонидани ҳолати роҳҳо, инчу-нин рафти корҳои таъмиру тармимихатҳои нақлиётӣ, соли рушди фарҳанг вагулҳо, вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, ба-

ланд бардоштани ҳисси зебоипарастиишаҳрвандон, эҳёи анъанаҳои миллӣ азқабили рӯзгордорӣ, таомпазӣ вамеҳмондорӣ, фаъолияти чойхонаҳоимиллӣ, эҳё ва ҷалби ҷавонон ба варзиш,аз ҷумла ба намудҳои миллии он —чавгонбозӣ, гуштингирӣ, сохтмони иншо-оти варзишӣ маводҳои таҳлилии худро, кидар марҳилаи аз 1 январи соли 2015 то 1октябри соли 2015 пахш ва ё нашр гарди-дааст, пешниҳоди ҳайати ҳакамон наму-данд. Озмуни мазкур аз рӯиноминатсияҳои «Соли оила вамасъалаҳои актуалии ҷомеа»,«Масъалаҳои марбут ба рушд ва ислоҳотикишоварзӣ», «Масъалаҳои марбут барушди саноати сабук ва ободии роҳ»,«Соли рушди фарҳанг ва гулҳо»,«Таҳқиқоти журналистӣ», «Беҳтарин ха-барнигор, аккос ва наворбардор» баргузоршуд ва дар он наздик 90 нафар довтала-бон аз васоити ахбори оммаи вилоят иш-тирок намуданд. Тибқи баҳогузорииҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагонимақомоти давлатӣ ва журналистонисобиқадори вилоят шомил буданд, дарбахшҳои гуногуни озмун беш аз 60 нафарҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, бомукофотпулиҳо сарфароз гардонида ме-шаванд. Ба иттилои муовини якуми Раисивилоят дар номинатсияҳои гуногуни озмун44 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣсоҳиб шудаанд.

Сипас Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣдар фазои идона ба 44 нафар ғолибон ва14 нафар иштирокчиёни фаъоли озмундиплому мукофотпулиҳоро тақдим намуд.

«Насими Исфара» соҳиби ҷоиза шуд

26-27 2015.qxp имруз_Layout 1 25.11.2015 21:41 Страница 1

Page 2: 26 27 2015 qxp имруз layout 1

“Имрeз” № 26-27 (305-306) аз 26 ноябри соли 2015 email: [email protected] Ca[ифаи 2.

Шаҳру шаҳракҳо дарСуғд... Моҳпарӣ дарИсфара

Дар минтақаи шимолиТоҷикистон соли ҷорӣ бу-нёди 4 шаҳру шаҳраки нав —Сайҳун дар наздикии Хуҷанд,Маҳпарӣ дар Исфара,Баҳористон дар Истаравшанва Меҳробод дар Мастчоҳ —оғоз шуд.

Ин минтақаҳои навбунёдбогунҷоишиаз 200 то 300ҳазораҳолӣ, ба бовари ҳукумат, «со-кинони эҳтиёҷмандро бо шароити

беҳтари зист таъмин ва соҳиби »хоҳандкард.

Абдураҳмон Қодирӣ — раиси ви-лояти Суғд 24 ноябр дар ҳузури ха-барнигорон гуфт, ҳарчанд бунёди иншаҳракҳо дар давраи вазнинибуҳрони молӣ оғоз ёфтаанд, валесокинон ба бунёди манзилҳо даршаҳрҳои нав таваҷҷуҳ ваалоқамандии зиёд нишонмедиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, 10 ширкатимаҳаллии сохтмонӣ ва соҳибкорономодагии худро ба сохтани беш аз100 манзили 2-3-ошёна ёба истилоҳкоттеҷҳо ва 2 бинои 9-12-ошёна баҳукумат изҳори омодагӣ кардаандва бархе ҳам алакай ба сохтмоншурӯъ намудаанд.

http://www.ozodi.org

Тармиму таҷдидишоҳроҳи Деҳмой-Исфара бо 56 млн.доллар

Зимни сафари кории раиси ви-лояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ башаҳри Конибодом изҳор гардид, кидар доираи тадбири ободониироҳҳо ва ҷиҳати амалӣ намуданиҳадафи стратегии Ҳукуматиҷумҳурӣ — раҳоӣ аз бунбастикоммуникатсионӣ, соли оянда бозяк иқдоми бузурги созандагӣ бавуқуъ хоҳад пайваст.

Бино ба иттилои хадамоти матбу-оти раиси вилояти Суғд, бо дастуриПрезиденти мамлакат ва бо ҷалбисармояи хориҷӣ лоиҳаи калонибайналмилалӣ дар вилоят амалӣкарда мешавад. Ин ҳам бошад, бохарҷи 56 миллион доллари амрикоӣтаъмири кул ва азнавсозии шоҳроҳи

Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибо-дом-Исфара-сарҳади Қирғизистонаст.

Гуфта мешавад, шаҳри Конибо-дом,ки дар маркази ин шоҳроҳқарор дорад, ба туфайли ин иқдомметавонад аз як тараф бо шаҳриХуҷанд, аз тарафи дигар бо шаҳриИсфараву Ҷумҳурии Қирғизистон ваниҳоят аз самти дигар бо водииФарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон та-вассути деҳаи Патар пайваст вашароити мусоиди рафтуомаддошта бошад.

Раиси вилоят ба мутасаддиёнисоҳа дастур дод, ки давоми се моҳмасъалаҳои ташкиливу техникӣ валоиҳакашии ободонии шоҳроҳроомода намуда, шурӯъ аз мавсиминав бо ҷалби мутахассисонисоҳибтаҷриба ба корҳои васеъкунӣва мумфаршкунӣ оғоз намоянд.

Зикр мегардад, ки шоҳроҳи маз-кур дараҷаи дуюми байналмилалӣдошта, имкон медиҳад, ки на танҳоноҳияҳои наздисарҳадии кишвар,балки Ҷумҳурии Қирғизистон тавас-сути он ба пойтахти Ҷумҳурии Узбе-кистон роҳ пайдо кунад. Тибқинақшаи азнавсозии шоҳроҳи маз-кур, корҳои ободонии ду тарафи оназ қабили гулкорӣ, чароғонкунӣ ватаъмири биноҳои атроф низ баанҷом расонида мешаванд.

http://www.news.tj/

Интихоби раисишӯро

Ҷаласаи нахустини шӯроисобиқадорони Ҳизби ХалқииДемократии Тоҷикистон дарИсфара доир ва он раисихудро интихоб кард.

Ба ин вазифаи ҷамъиятӣ Обид-бой Аҳмадов интихоб гардид. Ном-бурда мудири бахши дин ватанзими анъанаву маросимҳои мил-лии мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии шаҳри Исфара буда, дартӯли фаъолияти меҳнатии худҳамчун котиби масъули рӯзномаи«Насими Исфара», раиси ҷамоатидеҳоти Сурх, мудири шӯъбаи ташки-лии Ҳукумати Исфара, муовиниозоди раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТдар шаҳри Исфара ва муовинираиси шаҳр оид ба масоилиидеологӣ кор кардааст.

Шӯрои собиқадорони ҲХДТ даршаҳри Исфара мақоми ихтиёрӣ ваҷамъиятӣ мебошад.

Барои беҳдоштимуҳити зист

Давоми даҳ моҳ аз тарафи бахшимуҳити зисти Исфара 20 парвандабо маблағи 5760 сомонӣ бамақомоти суд ва 51 парванда бомаблағи 4000 сомонӣ ба прокура-тура пешниҳод гардидааст.

Бино ба гуфти мутахассиси пеш-бари бахши мазкур Н.Ҳомидов бомақсади беҳтар намудани вазъиҳавои атмосфера дар шаҳру деҳот,пурзӯр намудани назорат оид бакам намудани ихроҷи моддаҳои за-раровар ба фазои атмосфера азвоситаҳои нақлиёт ва дар асосинақшаи корӣ дар миқёси шаҳр ама-лиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шу-даву дар роҳҳо ва дидбонгоҳҳоидоимоамалкунанда 6 маротиба

санҷиши нақлиёти автомобилӣ оидба риояи меъёри стандартҳоидавлатӣ гузаронид, дар рафти он 78адад нақлиёти автомобилиигуногунтамға аз санҷиши аналитикӣгузашта, миқдори партовимоддаҳои ифлоскунанда ба фазоиатмосфера дар натиҷаи сӯхтанисӯзишворӣ (дизел, бензин ва газимоеъ) муайян карда шудааст.

Дар натиҷа 18 адад воситаинақлиёти автомобилӣ меъёристандартҳои давлатиро вайронкарда, партови моддаҳои ифлоску-нанда (гази СО ва дуда) ба фазоиатмосфера барзиёд партофтаанд.Барои риоя накардани талаботистандарти давлатӣ нисбат ба ронан-дагони воситаҳои нақлиётиавтомобилӣ бо якҷоягии корман-дони ШБДА-и шаҳр протокол тартибдода шудааст.

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Сипосу ҳамди бепоён ба Ху-дованди яктову бениёз ваниҳоят меҳрубон, ки раҳмати Ӯҳама ашёро фаро гирифтааст.Ва дуруду салавот ба пешвоимо-Паёмбари акрам ҳазратиМуҳаммади Мустафосаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам.

Имрӯз дар ҷаҳон гурӯҳ,ҳаракат ва равияҳои нав пайдошуда, худро ҳимоятгари динимубини Ислом муаррифӣ мена-моянд, вале дар асл зериниқоби дин амалҳои зиштузиддиисломӣ ва зиддиинсониихудро амалӣ месозанд. Равияи“Салафия” аз қабили чунингурӯҳҳои тундрав ва ифротгаробуда, бо истифода азмуқаддасоти Ислом ваэҳсосоти мусулмонони дунёнақшаҳои ғаразноки худроамалӣ мегардонад.

Пайравони Салафия дармасҷиду маҳфилҳо корҳоитаблиғотӣ бурда, мазҳаби моротаҳқир ва пайравони онробидъаткор мехонанд, бо ула-мои суннатӣ баҳсҳо доир на-муда, кӯшиш мекунанд дарбайни мардум афзалият ва бар-тарии равияи Салафияротарғиб кунанд. Баъзе ҷавононизудбовар ва аз таълимотимазҳабӣ бехабар, ба даъватугуфтори “салафиён” боваркарда, ғолибан кӯр-кӯрона баонҳо тақлид мекунанд. Дарнатиҷа чандин гурӯҳҳое ташкилшуданд, ки дар ибодат, тарзилибоспӯшӣ, одобу рафтор азмусулмонони ҳанафимазҳабфарқ мекунанд. Чунин гурӯҳҳодар муомила бо мардумдуруштхӯ буда, дар масҷидҳонамоишкорона суннат намехо-нанд. Ба қавли пешвоёни Са-лафия дар таълимоти аҳлитасаввуф ва мазҳаби ҳанафӣзиддиятҳои зиёде ба шариатиисломӣ вуҷуд доранд. Азҷумла, салафиён зидди ҳамагуна дуо ва арҷгузорӣ ба бузур-гон ва пешвоёни Ислом - ори-фон, шайхҳо ва авлиёмебошанд. Ба ақидаи онҳо ингуна муносибат инҳироф азтавҳид мебошад. Онҳо базоҳири оятҳо ва ҳадисҳо такянамуда, зидди ҳама гуна до-ниши ботинӣ ҳастанд ва имко-ноти мавҷудияти маърифатишуҳудӣ ва илҳомро рад мена-моянд.

Куштор, ғоратгарӣ, одамсӯзӣва тамоми даҳшати Сурия,Ироқ, Афғонистону Покистоннатиҷаи фаъолияти Салафияаст. Маҳз Салафия бо тарғибибемазҳабӣ, такфири мусулмо-нон, ҷорӣ намудани ақидаитундрав чандин кишварҳоиободу оромро ба вартаи ҷангкашида, имрӯз мехоҳад дарТоҷикистон низ ҳамин равияроҷорӣ созад. Салафия дар ҳардавру замон шаклашро иваз на-муда, мехоҳад худро дар байнимардум ҷой кунад, фардоалайҳи давлату ҳукумат қиёмнамояд ва мардумро бошиорҳои сохтаи дурӯғини

исломӣ барангезад.Масалан, аъзоёни ДИИШ

пурра пайрави Салафия буда,қариб буд, Сурияву Ироқро азбайн баранд, зеро дар ақидаисалафия мафҳумҳои ватан,миллат, урфу одат, қиёсуистеҳсон вуҷуд надорад. Сала-фия падидаест, ки аз дини му-бини Ислом истифода бурда,миллатҳоро несту нобуд вадавлатҳоро ба фано мебарад.

Маҳз тарғиби ақидаи Сала-фия сабабгори рехтани хуниноҳақ дар ақсои олам гашт. Инбуд, ки мардуми ҷаҳон дини му-бини Исломро ҳамчун диниҷангҷӯ ва хунхор мешиносанд.Натиҷаи роҳандозии ақидаиСалафия буд, ки ҷангиёниДИИШ ҳавопаймои Русияротарконида, мудҳиштар аз ҳамаба пойтахти Фаронса шаҳриПариж ҳуҷум намуданд, ки дарнатиҷаи “ҷиҳод”-и салафиёнсадҳо нафар мардуми бегуноҳкушта шуда, муқовимати оламиғарб ба мусулмонон бештар вашадидтар гашт. Бинобар ин Са-лафия дар асл душмани ашад-дии дини мубини Ислом буда,тамоми кӯшиши худро ба харҷмедиҳад, то ин дини сулҳҷӯ ваадолатпарвар аз рӯи заминмаҳв гардад.

Тарғиби ақидаи Салафиябуд, ки имрӯз садҳо ҷавононигумроҳ, нодон ва зудбоваритоҷик дар Сурияву Ироқ бамусулмонкушӣ даст зада, гумонмекунанд, ки онҳо дар роҳиҳаққанд.

Агар мо имрӯз ғаразҳои инравияи тундравро ба мардумнарасонем ва пеши роҳионҳоро нагирем, фардо дер ме-шавад ва он гоҳ дигар касе бадоди мо намерасад.

Салафиҳои такфирӣ даркишварҳои исломӣ, монандиМиср, Алҷазоир, Тунис, Мағриб,Мавритания, Яман ва дигарминтақаҳо таҳти шиори Китобва Суннат ҳамаимусулмонҳоеро, ки ба ақидаионҳо мувофиқ нестанд, кофирва мушрик эълон намуда, куш-тани онҳоро авло медонанд.

Салафиҳои хавориҷ дарТоҷикистон дунболаи ҳамонҳоеҳастанд, ки дар дигаркишварҳои исломӣ фаъолиятмебаранд. Ин гурӯҳ миёни му-сулмонон тафриқа эҷод карда,одамонеро, ки бо онҳоҳамақида нестанд, мубтадиъумушрик ва кофир эълон меку-нанд.

Ҷавонони салафимаобитоҷик, ки айни ҳол дар СуриявуИроқ меҷанганд, вақте баТоҷикистон баргарданд, ҳатманватани моро ноором мекунанд.Барояшон муҳим нест, ки киромекушанд, модари тоҷик ёкӯдаки ширхорро? Дар камта-рин муддат Тоҷикистонро баСурияву Ироқ, ЯмануАфғонистон мубаддал меку-нанд. Зеро натиҷаи таълимотиСалафия чунин аст. Бинобар инфирефтаи дурӯғу сафсата на-бояд шуд.

Шӯрои уламои Маркази исло-мии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

асоси далелҳои қуръонӣ,аҳодиси набавӣ ва дигарсарчашмаҳои шаръӣ, амалҳоиравияи “Салафия”-ро таҳлилубаррасӣ карда, чунин ФАТВОсодир менамояд:

1. Ҳамаи амалҳои ра-вияи “Салафия” хилофишариати Ислом, аз ҷумлахилофи мазҳаби ҳанафӣбуда, пайравӣ намудан азин равия тибқи далелҳоишаръӣ ҷоиз нест, зеро Са-лафия мардумро багумроҳӣ бурда, боисиэҷоди фитна дар байнимусулмонон ва ноамниикишвар мегардад.

2. Шомил шуданиҷавонони Тоҷикистон баин равия ва пайравӣ аз онпайравӣ аз ҳавои нафсбуда, боиси ривоҷибемазҳабӣ дар кишвар ме-гардад, дар ҳоле ки акса-рияти мардуми кишварпайрави мазҳаби ҳанафӣҳастанд.

3. Яккамазҳабӣ вапайравӣ аз мазҳабиҳанафӣ дар замоникунунӣ, ки аксари мамо-лики исломӣ ба ҷангуноамниҳои дохилӣ гириф-торанд, яке аз омилҳоиасосӣ барои пойдориисулҳу салоҳ ва оромиикишвар мебошад.

4. Равияи Салафиядорои ақидаи террористӣбуда, дар натиҷаипаҳншавии равияи мазкурчандин кишварҳои ободуором вайрону валангоргаштанд ва садҳо ҳазормардуми бегуноҳваҳшиёна ба қатл расондашуданд.

5. Тарғиби ақидаи Сала-фия – тарғиби терроризмдар ақсои олам буда, са-баби бадном шудани динимубини Ислом мебошад.

6. Аз ҳамаи мусулмо-нони кишвар даъват баамал меорем, ки бо пайра-вони Салафия муборизаибеамон бурда, ҷиҳатиҳифзи муқаддасоти динӣ,аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣмуттаҳид бошанд. Зеромазҳаби аҷдодии мо 1300сол инҷониб роиҷ буда,мазҳаби таҳаммулпазирва инсондӯст мебошад. Инмазҳабест, ки дар тӯлиҳазорсолаи охир азҷониби тамоми уламоикибор назарсанҷӣ шуда,ҳама бар бузургии ИмомиАъзам иттифоқ кардаанд.

7. Танҳо дар ҳоле, ки момусулмонони Тоҷикистондар ақидаи худ устувор вааз ҳар гуна фирқавуравияҳои навпайдо безорбошем, фарзандонро даррӯҳияи ватандӯстӣ тарбиянамоем ва дар решаканнамудани ақидаи салафиямубориза барем, метаво-нем дину мазҳаби худроҳимоя намуда, Ватанихудро аз зуҳуроти номат-луб ҳифз кунем ва дарфазои сулҳу субот,тинҷиву оромӣ зиндагӣнамуда, озодона ибодатихудро анҷом диҳем.

ФАТВОИ Шӯрои уламои Маркази

Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи равияи Салафия”

26-27 2015.qxp имруз_Layout 1 25.11.2015 21:41 Страница 2

Page 3: 26 27 2015 qxp имруз layout 1

“Имрeз” № № 26 - 27 (305-306) аз 26 ноябри соли 2015 email: [email protected] Ca[ифаи 3.

Рӯ ба муҳоҷират оварданисубъектҳои умумияти миллӣ ба хо-тири зиндагии осоишта, иҷборанҳазф гардидани унсурҳои фарҳангимиллӣ ва ҳамзамон омодагии инсубъектҳоро барои воридшавӣ бамуҳити арзишҳои миллии ғайр қарордодааст.

Душанбе, 20.11.2015 (АМИТ«Ховар»), - Низоъҳои сиёсӣ-идеоло-гии ҷаҳони ислом дар умум хусусиятитаҳмилӣ дошта, як навъ муборизаиабарқудратҳо барои аҳдофигеополитикӣ ва иқтисодӣ дар ин ё онминтақа мебошанд. Бояд иқрор шуд,ки дар ин равандҳо омили дохилӣ низвуҷуд дорад, лекин он ночиз буда,дар ҳошия қарор дорад, зеро тавлид-кунанда ва таҳрикдиҳандаи омилидохилӣ боз ҳам омили хориҷӣ башумор меравад. Номгузорӣ наму-дани раванди низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ бо унвони «Инқилобиранга» ва ё ҷустани сабабҳои рух до-дани ҳодисаҳои мудҳиш дар тӯлонӣбудани режимҳои худкома фиребунайранге беш набуда, танҳо ба хо-тири рӯпӯш намудани аҳдофу аъ-моли ғаразноки зиддиинсониинеруҳои хориҷии манфиатҷӯ ва бадигар тараф майл додани таваҷҷуҳиаҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат гирифта-анд. Аз ҷумла, дар яке аз гузоришҳоисозмони байналхалқӣ, ки охири соли2012 паҳн шуд, ҷанги Сурия ҳамчунзиддияти ошкорои динӣ байни сарбо-зони халқии алавӣ ва иттифоқчиёнишиамазҳаби онҳо бар зидди гурӯҳҳоишӯришгари суннӣ ба қалам дода шу-дааст. Мувофиқи сарчашмаи дигаркарахтӣ дар ҳаёти сиёсии Сурия

бисёр ҳодисаҳои манфиро дар ҷомеаэҷод сохт: коррупсия, дағалии шах-сони мансабдор, беҳуқуқӣ наздидастгоҳи давлатӣ наметавонист, кидар байни табақаҳои мобайнӣ вакамбизоати ҷомеа норозигиро эҷоднасозад. Маҳз омилҳои мазкур бароиэътирози ҷомеа замина буданд.Аммо аслан оташи ҷанги шаҳрвандӣдар Сурия аз тарафи кишварҳоихориҷӣ гузошта шудааст. Гузашта азин, ҳодисаҳои Сурияро ҳамчунин якеаз оқибатҳои манфии равандиҷаҳонишавӣ низ метавон ба қаламдод, зеро неруҳои пурқудрати ҷаҳонӣбо баҳонаи дастгирии кишварҳои ни-ёзманд, ҳифзи манфиатҳоиақаллият, дастгирӣ ва ривоҷиарзишҳои умумибашарӣ ва амсолиинҳо принсипҳои асосии меъёрҳоиҳуқуқии байнидавлатиро дар бораиэътироф намудани мустақилиятидавлатҳои алоҳида ва дахолат на-кардан ба корҳои давлатдориимамлакатҳои ҷаҳони сеюм вайроннамуда, рӯирост ин кишварҳоро боистифода аз мардуми дарғафлатмонда ба майдони ҳарбу зарбва талаю тороҷи сарватҳои моддӣмубаддал сохтаанд. Вобаста ба инёдрас намудани нуқтаи назари пре-зиденти Никарагуа Даниэл Ортегохеле ба маврид мебошад. Ӯ дар якизҳороти хеш хеле дуруст, бамавридва бо итминони комил қайд намуд, киАмрико ва Аврупо барои ба дастовардани сарватҳои дигар кишварҳото ҳоло аз воситаи зӯрӣ даст меги-ранд. Лоиҳаҳои барангезониданинизоъҳои сиёсӣ-идеологӣ даркишварҳои исломӣ аслан дар

давлатҳои ғарбӣ омода шудаанд. Баандешаи коршиносон ҳадаф аз сиё-сати пешгирифтаи абарқудратҳоиғарбӣ ва пуштибонҳои онҳо азмаҳдуд сохтани манфиатҳои геопо-литикии Русия дар минтақаи ШарқиНаздик ва дар умум бо ҳар василафишор овардан ба Русия иборат ме-бошад. Ҷои шубҳа нест, ки режимҳоиба ном «худкома» дар он кишварҳото оғози низоъҳо дар муқоиса бо да-враи баъди низоъҳо, ки вақтианҷомашон акнун номаълум боқӣмондааст, хостаҳои мардумро беш-тар бароварда месохтанд.

Чун мақсад аз навиштаи мазкурмуайян намудани ҳолати арзишҳоимиллӣ ва динӣ баъд аз низоъҳоисиёсӣ-идеологӣ ба ҳисоб меравад,зарур аст, ки мундариҷаи инмафҳумҳо то ҳадди имкон кушодашаванд. Дар зери мафҳумҳоиарзишҳои миллӣ бояд унсурҳоефаҳмида шаванд, ки онҳо пойдеворимиллатро чун умумияти этникӣ таш-кил намоянд. Дар шароити имрӯзадар қатори забон, анъана, урфу одатва эътиқоди динӣ иқтисодиёти миллӣмақоми аввалиндараҷаро касб наму-дааст. Дуруст аст, ки пешрафти бо-суръати иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ваоқибатҳои раванди ҷаҳонишавӣ та-моми унсурҳои фавқуззикрро бо сур-ъати ғайричашмдошт тағйирпазиргардондааст, аммо дар ин равандҳоиқтисодиёти миллӣ ягона унсуре баҳисоб меравад, ки метавонадҳувияти миллиро нигоҳ дошта, ҳифзнамояд. Маҳз дар заминаииқтисодиёти устувору қавӣ унсурҳоифавқуззикри миллӣ бунёд ёфта,

қомат рост мекунанд. Мутаассифона,баъд аз низоъҳои сиёсӣ-идеологӣдар иддае аз кишварҳои исломӣ дарқатори заиф гардидани унсурҳоифарҳанги миллӣ иқтисодиёти миллӣто ба ҳадде хароб гардид, ки онроимрӯз наметавон омилимуттаҳидсозандаи миллат номид.Хароб гардидани иқтисодиёти миллӣваҳдати миллиро заиф сохта, уму-мияти миллиро ба парокандагӣ ванифоқ водор сохт. Ҳолатитоқатфарсои иқтисодии субъектҳоиумумияти миллӣ сабаби асосиитағйир додани муҳити миллӣ ваҳамин тавр яке аз омилҳои заиф сох-тани қудрати миллӣ гардид.

Низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ бакишварҳои дучори ҷанги таҳмилӣ чӣхисороте расонид, аз таҳлилимуқоисавии вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ин кишварҳо то низоъҳо вабаъди низоъҳо хулоса бароварданмумкин аст. Мувофиқи маълумотисарчашмаҳо дар Ливия баъдинизоъҳо ҳабсхонаҳо аз маҳбусон пургардидаанд. Кишвар ба маконитақсими силоҳ ба кишварҳои ҳамсоямубаддал гардида, сатҳи ҷинояткорӣдар Ливия ба маротиб афзудааст.Сатҳи зиндагии мардум баъди сарзадани низоъҳо то ба сатҳиасримиёнагӣ баробар гардид. Ҳол онки дар давраи ҳукмронии МуаммарҚаззофӣ ММД ба ҳар сари аҳолӣ дарин кишвар 14 ҳазору 192 долларроташкил намуда, ба ҳар як аъзои оиладавлат дар як сол то 1000 долларкумакпулӣ медод. Давлат бароибекорӣ ҳар моҳ 730 доллар, бароиҳар як тифли нав ба дунё омада

7000 доллар, ба оилаҳои ҷавонбарои харидани ҳуҷраи зист 64 ҳазордоллар маблағи пулӣ ҷудо мекард.Таҳсил ва ёрии тиббӣ бепул сурат ги-рифта, пардохти ҳуҷрапулӣ барҳамдода шуда буд. Нафт ва маҳсулотинафтиро давлат истихроҷу коркарднамуда, корхонаҳои хориҷиро ба инсоҳа роҳ надода буд. Илова ба ин,дар ҳудуди Ливия пойгоҳи ҳарбииягон кишвари хориҷӣ вуҷуд надошт.

Ҳолати мазкурро агар бо ҳолатибаъди низоъҳо муқоиса намоем,фарқият аз замин то осмон аст.Имрӯз қариб 2 миллион шаҳрвандиЛивия рӯ ба муҳоҷирати иҷборӣ овар-даанд.

Айнан ҳамин ҳолатро метавон даркишвари Сурия мушоҳида кард.Сурия танҳо аз коҳиш ёфтани соҳаисайёҳӣ дар як сол аз гирифтани 8миллиард доллар маҳрум шуд. Сар-моягузории хориҷӣ дар ин кишварпурра қатъ гардида, иқтисодиёти онба ҳолати нестӣ оварда шудааст.Кишвари Сурия дар давоми ду солиохир аз истихроҷи нафт пуррамаҳрум гардид. Дар охири соли 2013талафоти Сурия аз ҷанг ба 103 мил-лиард доллари амрикоӣ баробар гар-дид. Имрӯз сарнавишти миллионҳошаҳрвандони Сурия аз кумакибашардӯстона вобаста шудааст.Яъне, рӯ ба муҳоҷират оварданисубъектҳои умумияти миллӣ ба хо-тири зиндагии осоишта, иҷборанҳазф гардидани унсурҳои фарҳангимиллӣ ва ҳамзамон омодагии инсубъектҳоро барои воридшавӣ бамуҳити арзишҳои миллии ғайр қарордодааст. Таърих исбот кардааст, кисубъектҳои умумияти миллӣ баъдиҳиҷрати тӯлонӣ аз муҳити миллии хударзишҳои миллии ғайрро қабул на-муда, аз арзишҳои миллии худ ғайрином чизеро ҳифз наменамоянд.

Кароматулло Абдулҳаев,

номзади илмҳои фалсафа,

АМИТ “Ховар”.

Бино ба иттилои Вазоратитандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоииаҳолӣ дар кишвар наздики 13 000нафар кӯдакону наврасони ма-ъюби синни то 18-сола таҳти сар-парастии давлат қарор дошта,теъдоди зиёди онҳо аз никоҳихешу табории наздик таваллуд шу-даанд.

Нусратулло Салимзода, вазиритандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоииаҳолӣ зимни ҷаласаи Шӯроиҷамъиятӣ изҳор дошт, ки шумораикӯдакони маъюб то оғози соли2012 30 ҳазору 460 нафарро таш-кил медод.

«Дар натиҷаи гузаронданичорабиниҳои солимгардонӣ зиёдааз 7 ҳазору 300 нафар кӯдаконсолим гардонда шуда, дараҷаи ма-ъюбии онҳо қатъ гардид. Танҳодар соли 2014 - 1242 нафар кӯдакимаъюб солим гардонда шуданд.Новобаста аз ин, тибқи оморирасмӣ ҳамасола дар кишварамон2,5 – 3 ҳазор кӯдаки маъюб ба қайдгирифта шуда, то моҳи январисоли 2015 шумораи кӯдаконимаъюб 26 043 нафар ё 0,8 дарсадишумораи умумии кӯдакони синнито 18- соларо ташкил медиҳад.Тибқи таҳлилҳои мутахассисонисоҳа маълум гашт, ки дар 30-35дарсади ҳолатҳо сабаби тавал-луди кӯдакони маъюб никоҳи хе-шутабории наздик мебошад. Дарбаробари ин, шумораи зиёдикӯдаконе, ки нуқсони бемориҳоичашм, гӯшу бинӣ ва нутқ доранд,аз никоҳи хешутабории наздик бадунё омадаанд ва онҳо ба теъдоди

умумии кӯдакони маъюб шомилнагардидаанд. Бо назардошти онки масъалаи мазкур омӯзиши амиқва таҳлили мушаххасро талаб ме-намуд, вазорат омӯзишро оид бамуайян намудани сабабҳоимаъюбшавӣ дар байни кӯдакон азшаҳру ноҳияҳои Вилояти МухториКӯҳистони Бадахшон оғоз намуд».

Масъулони Вазорати тан-дурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣмегӯянд, ки моҳҳои наздик натиҷаиомӯзиши мазкур омода мегардад.Шералӣ Раҳматуллоев, сардориРаёсати хизматрасонӣ ба мода-рону кӯдакон ва танзими оилаи Ва-зорати тандурустӣ ва ҳифзииҷтимоии аҳолии кишвар, аз ха-тари издивоҷи хешутаборӣ ёдоваршуда, аз ҷумла чунин гуфт:

- Нишондиҳандаҳои миқдори ма-ъюбон аз никоҳи хешутаборӣ дарВМКБ – 22, Хатлон – 30 ва Суғд –60 дарсадро ташкил медиҳад.

Ба ҷуз ин шумораи зиёдикӯдакон аз издивоҷи хешовандӣҳангоми таваллуд мефавтанд ваонҳо ҳамчун маъюб ба ҳисоботворид нашуданд. Агар издивоҷихешутаборӣ давом ёбад, хатаритаваллуди кӯдакони маъюб беш-тар аст. Дар сатҳи ҷумҳурӣ 26ҳазор кӯдаки маъюб ба қайд ги-рифта шудаанд, ки 8 ҳазори он азиздивоҷи хешутаборӣ мебошад. Азтеъдоди умумии 26 ҳазор 13 ҳазормаъюб дар хона-интернатҳо дартарбия ва таъминоти давлат фарогирифта шудаанд.

Агарчи нуқси баъзе кӯдакон азиздивоҷи хешутаборӣ зоҳиран на-моён нест, онҳо аз лиҳози равонӣ,ақлонӣ ё ягон узви бадан ҳатманосебе доранд. Бино ба иттилои Ва-зорати тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолӣ «дар вилоятиСуғд никоҳи хешутаборӣ қариб 60дарсад ва шумораи кӯдакони ма-ъюбе, ки дар натиҷаи чунинникоҳҳо ба дунё омадаанд, дарноҳияҳои Зафаробод – 54 дарсад,Айнӣ – 40 дарсад ва Шаҳристон –35 дарсадро ташкил медиҳанд.Мутаассифона, ҳолати мазкур даршаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вавилояти Хатлон низ тайи солҳоиохир зиёд ба назар мерасад, 40 -50 дарсади оилаҳои мазкур на-здики ду то чор нафар кӯдакимаъюб доранд».

Сабаби дигаре, ки боиси тавал-луди кӯдакони маъюб мегардад,бемориҳои сироятии вирусӣ (сито-мегаловирус, хламидиоз, токсо-плазмоз, вируси герпеси оддӣ вағайра.) буда (дар 15-20 дарсадҳолатҳо), чунин бемориҳо дарбайни оилаҳои муҳоҷиронимеҳнатӣ бештар ба назар мера-санд. Бо мақсади саривақт ошкорнамудани ин гуна бемориҳо,ҳамзамон дигар бемориҳоисироятӣ, аз ҷумла вируси нора-соии масунияти одам, сил гузарон-дани муоинаи тиббиииздивоҷкунандагон ва муҳоҷиронимеҳнатӣ низ чорабинии муҳимбуда, вазорат тартиби гузаронданимуоинаи тиббии гурӯҳҳоимақсаднокро таҳия намуд, ки айниҳол дар сатҳи баррасӣ бо вазоратуидораҳои дахлдор қарор дорад.

Гарчанде ки тибқи моддаи 15-иКодекси оилаи ҶумҳурииТоҷикистон муоинаи тиббии шах-сони никоҳшаванда, инчунин до-дани машварат доир бамасъалаҳои тиббию генетикӣ васолимгардонии оила аз ҷонибимуассисаҳои давлатии тандуру-

стии маҳали истиқомати онҳо батаври ройгон ва танҳо бо ризоиятишахсони никоҳшаванда муайянгардидааст, мутаассифона, онҳоаз ин ҳуқуқи худ истифода намеба-ранд.

Омили дигари ташвишовар, кидар ҳолатҳои алоҳида сабаби тав-лиди кӯдакони маъюб мегардад,ин бемориҳои ирсӣ – авлодӣ мебо-шанд (10-15 дарсад). Айни ҳол дардунё зиёда аз 6 ҳазор намудибемориҳои ирсӣ ба қайд гирифташудаанд, ки омили асосиигирифторшавӣ ба онҳо никоҳи хе-шутабории наздик мебошад.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаитиб яке аз бемориҳои ирсии маъ-мул ин бемории дауна мебошад.Кӯдакони гирифтори ин беморӣҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам азҷиҳати ақлонӣ азият мекашанд.Мутобиқи маълумоти тиббӣ тахми-нан аз 660 нафар навзод 1 нафарбо бемории дауна таваллуд меша-вад. Дар ҷумҳурии мо дар 1 сол 55– 60 нафар кӯдакон бо бемориидауна таваллуд мешаванд. Бемо-рии мазкур дар баробари дигарбемориҳои кӯдакона масъалаимубрам буда, омӯзишиҳамаҷониба ва пешниҳодихулосаҳои аниқ бо натиҷаҳоиилман асоснокро тақозо мена-мояд.

Тайи солҳои охир ҷиҳати пешги-рии маъюбшавии кӯдакон як қаторчорабиниҳо анҷом дода шудаанд.Аз ҷумла, ошкоркунии бармаҳал(скрининг) дар байни занон дар да-враи ҳомиладории 18-21 ҳафтаинабо усули фаросадо ва доплер дартамоми муассисаҳои солимиирепродуктивӣ ва таваллудхонаҳогузаронда шуда, ҳамасола то 1000

ҳолати мавҷуд будани нуқсонҳоимодарзодии ҷанин ошкор гардида,ҳомиладории ин нафарон қатъ ме-гардад. Танҳо дар Пажӯҳишгоҳиакушерӣ, гинекологӣ ваперинатологӣ дар 5 соли охирҳомиладории зиёда аз 1500 зан, кинуқсонҳои модарзодии тифли да-рунибатниашон муайян гардид,қатъ карда шуд. Бо мақсадикоҳиши минбаъдаи таваллудикӯдакони маъюб ва дар давраибарвақти ҳомиладорӣ муайян на-мудани нуқсонҳои модарзодӣ, Ва-зорати тандурустӣ ва ҳифзииҷтимоии аҳолӣ тасмим гирифта-аст, ки дар муҳлатҳои наздик Мар-кази генетикӣ-машваратироташкил намояд. Айни ҳол, таъмирибинои маркази мазкур оғоз гар-дида, таҷҳизоти зарурӣ харидорӣва бозомӯзии мутахассисон давомдорад. Таъсиси ин марказ имко-ният медиҳад, ки дар давраибармаҳали ҳомиладорӣбемориҳои хромосомӣ ва нуқсонинайи асаби ҷанин саривақт дарёфтгардида, эҳтимолияти таваллудинавзодон бо нуқсонҳо пешгирӣкарда шавад. Мақсади гузарон-дани муоинаи тиббии пешакиишахсоне, ки ақди никоҳ мебан-данд, ин фароҳам овардани ша-роити зарурӣ барои ташаккулиоилаи солим, пешгирӣ намуданитаваллуди кӯдакони маъюб мебо-шанд.

Оилаи солим на танҳо кафолатифарзандони баркамол, балки хуш-бахтии волидайн ва нишониҷомеаи пешрафта аст.

Ҳарамгул САНГОВА,

«Ҷумҳурият».

Низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ арзишҳои миллию диниро ба нестӣ мебаранд

Никоҳи хешовандӣ оқибатҳо нохушоянданд

26-27 2015.qxp имруз_Layout 1 25.11.2015 21:41 Страница 3

Page 4: 26 27 2015 qxp имруз layout 1

Имрeз” № 26-27 (305-306) аз 26 ноябри соли 2015 email: [email protected] Cа[ифаи. 4.

www.tajinfo300.ucoz.ru

[email protected]

№ 26-27 (305-306)аз 26.11.2015

ДИРЕКТОРМустафо Эгамов.

САРМУ{АРРИРМашрафxон Эгамов.

ШEРОИ ТА{РИРИЯRудратулло Эшонов.

Зафар Амакxонов.Фирeза Мадаминxонова.

ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНДФаридун Мустафои Эгамзод.

{АМКОРОНИ МО:МИ{Д ша[ри Исфара;

Медиа – холдингиТоxикии “TAJINFO”,

Телевизиони “ИСФАРА”,Рeзномаи “Насими Исфара”.

СУРОUА:ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10.

ошёнаи 1 Тел: +992-3462-2-61-62

(904) 66-22-44E-MAIL: [email protected]

Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ

мерасонад, ки хилофи назараш аст.Барои са[е[иву

дурустии факту раrам[о муаллифонxавобгаранд.

Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома

воридшуда баргардонда намешавад.

{УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА:Xум[урии Тоxикистон.

Дар матбааи ба номи Н.Фахрииша[ри

Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад.

Адади нашр: 1000.

Равоншиноси машҳурДон Глускин зодрӯзихудро тамоманғайриоддӣ таҷлил кард.Бо андешаи солҳои си-паригаштаи умраш бахуд савол дод, ки дар37 соли зиндагиаш азҳаёт чиро омӯхт?Натиҷаи он пурсишродар шакли тавсияҳоҳоло шумо ҳам метаво-нед бихонед:

Хушбахтҳ – ин эҳхсоси дохи-лии инсон аст. Аммо мо акса-ран хушбахтиро дар атроф вадуриҳо меҷӯем.

Барои ҳама чиз шукргузорбошед. Ҳаёт худ як неъматибебаҳо аст. Ғаму шодӣ доимоҳамраҳи инсонҳо дар ин роҳаст.

Шумо барои дигар карданизиндагиатон тарзи тафаккурихудро дигар кунед. Ҳангомиэҳсоси тарсу ғаму мушкилӣ, баон ҳолат аз зовияи дигар назарандозед.

Шумо ҳхамаро хушбахт карданаметавонед. Кӯшиш боядкард, ки вақеӣ буд ва азсохтакорӣ дур.

Он чизеро ки мо дар дигарондӯст медорем, инъикоси ҳамончизе аст, ки мо дар худамондӯст медорем. Дар мавриди ончизе, ки аз дигарон барои шумописанд несту ба ғазабатон мео-рад, дар худатон фикр кунед.

Ҳар шахс дар зиндагии мо бокадом мақсаде пайдо мешавад.

Аз мо вобаста аст, ки мо аз ӯ чӣдарсе мегирем. Ҳар қадарнақши ӯ дар ҳаёти мо бадтарбошад, ҳамон қадар дарси ме-гирифтаи мо ҷиддиву муҳимхоҳад буд.

Бовар кунед. Бовар кунед, киҳама гуна мушкилу печидагиҳоалбатта як рӯз ҳаллу осонусабук мегардад.

Ҳама чиро аз ҳад зиёд ба дилназдик қабул накунед. Амалуҳаракати дигарон ва андешаионҳо инъикоси он чизе аст, кидар ҳаёти онҳо рух медиҳад.Барои зиндагии худ фақатфикри мардумро асос нагиред.

Табиат табобатгар аст. Ҳавоитоза, наззораи мавзеъҳои зебомайнаи шуморо тоза мекунадва ҳолати рӯҳии шумо хубтар.

Мардуми хафа ва норозӣхоҳу нохоҳ дигареро хафавунорозӣ мекунад. Вале ин маъ-нии онро надорад, ки аз ингурӯҳ бояд бурид ва онҳоро баддид. НЕ!

Барои табобат ва дигаркунӣ,аввалтар аз ҳама бояд дардродонед, ки дар куҷо аст вадонед, ки чиро бояд иваз кард.

Ҳамеша барои комил шуданталош кунед. Кӯшиш кунед, кихатоҳоро ба такрор анҷомнадиҳед.

Чашм кушода ба атроф назаркунед. Шумо фақат барои онтавлид нашудаед, ки дар бораихудатон фикр кунед. Дар дунёчизҳои шавқовар ва хуб беҳадзиёд аст.

Ғалабаи худро таҷлил кунед.Ҳама комёбиву пешрафтишумо бояд боиси ҳаловати ху-

датон бошад.Бахшиданро ёд бигиред. Ин

аввалтар аз ҳама барои худа-тон лозим аст, на барои нафареки шумо ӯро ранҷонидаед. Бобахшидани касе шумо оромӣ ваҳаловатро аз ин кори худатонба даст меоред. Бе ғараз ва бетамаъ бубахшед!!!

Ба садои дили худ гӯш бояддод. Ҳарчанд маълум аст, ки наҳама ин корро метавонад ва наҳама бовар дорад, ки «дилгувоҳи ҳақ аст».

Шумо дар Замин монанд на-доред. Ягонаед. Барои ҳаминзиндагӣ кунед, хурсанд бошед.Мақсад гузореду ба сӯйи онҳаракат кунед.

Мо қобилияти эҷодкорӣ ванавоварӣ дорем. Инро на боядфаромӯш кард. Фақат боядкӯшиш кард ва самти афзали-ятнокро пайдо намуд.

Ҳар кас имкон дорад, ки чи-зеро дигар созад ва барои касидигаре манфиатовар бошад.Чун чароғ барои дигарон роҳиростро нишон диҳед, агарвоқеъан ҳам худатон онро ме-донед.

Ҳаёт ва ҳар чизе ки дар онрух медиҳад, ҷиддӣ нагиред.Инсон миранда аст. Ҳама чизаллакай маълум аст. Бепарво-тар шавед. Қисматро шумо ко-милан дигар карданаметавонед.

Дар гирди худ мардумероҷамъ кунед, ки шуморо эҳтироммекунанду дӯст медоранд.Шумо ҳам онҳоро дастгирӣкунед. Умри мо хеле кӯтоҳ аст.

Аввалтар аз ҳама пеши худ

мақсади наҷибе гузоред. Баъдроҳҳои расидан ба он мақсадрокофтаву пайдо кунед.

Ҳар кадар бештар чизеро бакасе медиҳед, ҳамон қадарбештар ба даст меоред. Некӣкунед – меҳрубонӣ ҳам некӣаст, дониши худро тақсим кар-дан ҳам савобу некӣ аст.Ҷавоби некӣ ҳатман ба шумонек бармегардад.

Дар ҳама кор меъёр ва ни-зомро бояд риоя кард. Мувози-нат дар зиндагӣ муҳим аст.

«ҲА» ва «НЕ» гуфтанро дарҷойҳои даркорӣ ёд бигиред.Вақтро бо боақлона танзим ку-неду истифода баред.

Зиндагӣ маҷмӯи парвозуафтиданҳо аст. Ҳатто вақтифуруд омадан ҳам аз чандлаҳзаи парвоз ҳаловат бояд ги-рифт.

Баъзан бо дӯстонамоннофаҳмӣ мекунем ва ҷудо ме-шавем, вале ин маънии онронадорад, ки мо дӯстӣ карда на-метавонем. Фақат баъзан роҳҳодар зиндагӣ чудо мешаванд.Дӯстонро дар дил нигоҳ доред.

Тарс аввалтар аз ҳама ни-шони он аст, ки мо чӣ мехоҳемубарои мо чӣ лозим аст. Онроҳамчун қутбнамо истифодабаред.

Бартараф сохтани тарсу ҳаросаз роҳи зиндагиатон муҳимтаринкоре хоҳад буд, ки шумо бароихудатон анҷом додаед. Онтаҳрикдиҳанда аст.

То ҳадде ки метавонед, бадӯстону наздику пайвандатоннишон диҳед, ки чӣ гуна онҳородӯст медоред. Ин эҳсос ҳеҷ вақт

зиёд намешавад. Тӯҳфаибеҳтарини шумо ин канори онҳобудану дӯст доштан ва барояшонмеҳрубонӣ кардан аст;

Ҷисми мо мисли нақлиётест, киморо то мақсад мебарад. Нисбатба ҷисм меҳрубон бояд буд, тоҳамеша дар ҳолати хуби корӣбошад. Кӯшиш кунед, ки дарҷисми худ худро роҳат эҳсоскунед.

Бо имруӯза ва дар имрӯззиндагӣ кунед. Ин ягона чизеҳаст, ки ҳоло доред. Аз хатои гу-зашта сабақ гиред, орзуҳои ама-линашаванда накунед.

Мо дар дунё гӯё мисли як оилаҳастем. Касе чун инсон бартарииғайриоддӣ надорад. Дар сатҳҳоигуногуни ҳаёт мо инсонҳо амалуҳаракат ва вазъи гуногунедорем, ки он албаттатағирёбанда аст.

Агар нисбат ба ҳама чизе, кидар атроф аст, хушбин ҳастед,бештар рӯҳатон болида хоҳадбуду сиҳатиатон комил.

Аз мардуми атроф ваҳодисаҳои гирду атроф бисёрчиро ба худ гирифтан мумкинаст.

Барои зебо шудани дунё беш-тар муҳаббат, рушноӣ ва табас-сум лозим.

Ҳаёти худро бо андеша ватарҳи худатон пеш баред. Басадои дилатон гӯш кунед.Тавсияҳои дигаронро ҳам би-шунавед, аммо хулосаиниҳоиро бо назардошти имконухоҳиши худатон бигиред.

Равоншинос ЕленаМакаренко рӯйхатичанд ҷумлаеро, ки мобояд ҳатман бакӯдаконамон бигӯем,тартиб додаст. Бақавли ӯ ин ҷумлаҳобарои рушди солимикӯдак таъсири хуб ме-расонад. Кӯдак бо шу-нидани он худродӯстдоштанӣ, маҳбуб,устувор дониста, аз бу-данаш розӣ мешавадва ба қадри шумову ат-рофиён мерасад.

Бигӯед:Ман туро дӯст медорам;Беғараз ман туро дӯст медо-

рам;Туро ҳатто замони

ғазаболудагият дӯст медорам;Туро ҳатто замоне, ки ба

ғазаб меориям, дӯст медорам;Туро замони дурият дӯст ме-

дорам;Агар имкони интихоби дубо-

раи кӯдакон бошад, ман ал-батта туро интихоб мекардам;

Ташаккур;Бо ту бозӣ кардан бароям пи-

санд аст;Машғулияти дӯстдоштаи

ман тӯли рӯз бозӣ бо ту аст;Нақл кунед:Дар бораи таърихи таваллуд

ва зода шудани ӯ;

Чӣ гуна шумо ӯро бузург кар-деду чӣ хотироти ширинедоред;

Чӣ тавр ба онҳо ва ё ба ӯ номфикр кардед ва чаро маҳз ҳаминномро ба ӯ гузоштаед;

Дар бораи худатон дар синнусоли вай;

Чи тавр бобою бибии ӯ бо ҳамвохӯрдаанд;

Рангҳои дӯстдоштаи шумо;Чи гуна барои шумо ҳам баъ-

зан мушкил аст ё мушкил буд;Дар ояндаи наздик чи гуна

нақшаҳои ҷолиб доред;Кору вазифаи шумо аз чӣ

борат аст?Гӯш кунед:ки фарзанди шумо дар мошин

дар чӣ бора гап мезанад ва ме-пурсад?

ӯ дар бораи бозичаҳои худашчӣ фикр дорад?

ки дар кадом мавзӯъ ӯ бакӯмаки шумо ниёзи бештардорад?

як сония аз тоқ шуданитоқататон бештар ӯро гӯшкунед ва ба саволҳояш ҷавоб

гардонед;Аз суханҳояш дар

бораи эҳсосоти ӯмаълумот дарёбед;

Пурсед, ки:Чаро фалон

ҳодиса рух дод?Агар фалон кор

намешуд, чӣ ҳолатрух медод;

Ӯ дар ҳамонҳолат чӣ кор ме-кард?

Ӯ вақти хомӯшиаш дар кадомбора фикр мекунад ё карда ис-тодааст?

Тӯли ҳамин рӯз ҳодисаи азҳама гуворо кадом ҳодиса буд?

Дар бораи маззаи ҳамахӯрданиҳо пурсед.

Нишон бидиҳед:Чи корро шумо ва ӯ метаво-

нистед, ки якҷоя бикунед?Чӣ гуна аз коғаз чизеро бояд

сохт?Чӣ гуна бояд ғизо хурд ва чиро

бо чӣ намехӯранд?Чӣ гуна бояд ҷойхобро пар-

тофту ҷамъу гир кард?Барои ба кадом саволи худ

ҷавоб ёфтан, чӣ кор бояд кард?Аз кӣ пурсид? Аз куҷо ҷавобпайдо кард?

Чӣ гуна бояд бо ҳамсаронрафтору муносибат кард?

Ки то чӣ андоза ба худаҳамият додан муҳим аст?

Барои кадом кор бояд вақтҷудо кунед?:

Барои тамошои корҳоисохтмонӣ ва ободкорӣ;

Барои наззораи парвози

паррандаҳо;Барои омода кардани ин ё он

ғизо;Барои ба сафар баромадан,

кӯҳу дашту саҳро рафтан;Барои тамошои

дастаҷамъона;Барои машғулиятҳои

мактабӣ, дарс ва супоришҳоиустодон;

Барои тамошои бозиикӯдакатон;

Чи гуна бояд кӯдакатонрохурсанд кунед:

Барояш ягон сюрприз ётӯҳфаи ногаҳонӣ кунед;

Дар сумкааш ширини пинҳонсозеду амалкарди ӯро назоракунед;

Ғизои ӯро эҷодкорона тайёркунед;

Ҳамроҳи онҳо бозӣ кунед;Баъзе чизҳоро сарфи назар

кунед:Баъзе камиву нофаҳмиҳоро;Талаботи хеле ҷиддӣ ва

иҷронашавандаро;Ҳамеша худро ҳақ нашуморед;Дареғ надоред:Нигоҳи самимонаро;Табассуми бесохтакориро;Вақтро барои ҷавоб ба

саволҳои ӯ;Насиҳат кардану роҳи дуру-

стро нишон доданро;Барои ӯ ҷиҳати ислоҳ шудан

вақт ё мӯҳлат доданро;Шароит ва имконоти оббозӣ,

дарстайёркунӣ, истироҳат вафароғатро;

Пулро барои саводнокӣ,саломатӣ ва зебоии ӯ.

Хушбахтӣ эҳсоси дохилии инсон аст

Ҷумлаҳое, ки Шумо бояд ба кӯдакатон гӯед!

26-27 2015.qxp имруз_Layout 1 25.11.2015 21:41 Страница 4