23
њафтанома њар чоршанбе нашр мешавад ОИЛА №30 (754), 30 июли соли 2014 Сањ.17 17 Нигора Холова шавњар кард 9 Мурдаам дар кўча мемонад?! 11 Бо шикам хоб нарав, мемурї! 13 Духтари сиёњбахт 15 Гурбаи одамхўр 14 Чаро кўдак норасид ба дунё меояд? ЗаНсеталоќ Сањ.4 «саДБарГи сиёњ» ва мољарои дузанагї Фоњишањо шавњар МељўяНД Сањ.6

Oila bl2 30

  • Upload
    -

  • View
    276

  • Download
    11

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: Oila bl2 30

њафтанома њар чоршанбе нашр мешавад

ОИЛА№30 (754), 30 июли соли 2014

Сањ.17

17Нигора Х

олова

шавњар кард

9Мурдаам

дар кўча

мемонад?!

11Бо шикам

хоб нарав, мемурї!

13Духтари

сиёњбахт

15Гурбаи

одамхўр

14

Чаро кўдак нор

асид

ба дунё меояд?

ЗаНсеталоќ

Сањ.4

«саДБарГи сиёњ»ва мољарои дузанагї

Фоњишањо шавњар МељўяНДСањ.6

Page 2: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 2

Баъди беморї эзори хонапўшак дар тан бехушо-на дар њавлї ќадам мезадам. Ѓайри ихтиёр ба фук задам. Ба худ омадам, ки биниям ѓарќи хун аст. Њарчанд кўшиш кар-дам, хеста натавонистам. Са-рам чарх мезад. Азбаски аз сўйиќасд хавф доштам, гумон кардам, ки ё тирам задаанд, ё зарбаи обдоре. Баъде ки андак нимхез шуда, боз афтодам, бо-варам ба ин тахмин ќавї гашт.

Аз дур дидам, ки занак ба кўмакам мешитобад.

Пурсидам:-Ба ман чї шуд? Тир задан

ё…Занак кинояомез гуфт:

-Ку тири бесоњиб, ки ба ту зананд…

-Пас, чї шуд?-имдодталаб пурсидам.

Занак табассум мекард. Ќиёфаи ў хавфи диламро ан-дак бартараф кард. Агар тирам мерасид, магар ў табассум ме-кард?

-Ба ман чї шуд?-боз пурси-дам.

-Њељ чї. Сад бор мегум, ки сабилита ѓундошта гардмудом пеш-пеши пот њой меравад.

-Чи-ї?-О, кулўла карда, даруни

эзор андозиш намешавад?-Чиро?-мутањайир пурсидам.-Аз ман шарм надорї, аз

кўдако шарм кун, охир…

-Барои чї шарм кунам?-Ё тоба, мардакои ин замона

аљаб шалњаву шафталанд-е.Дар чизи худашон пешпо

хўрда, меафтанду ба ќувваи худашон хеста наметавонанд.

-Дар чї пешпо хўрдам?-пурсидам ман, баъде ки занак ба такяи девор шинондам.

Вале ў саволи маро гўё на-мешунид ва гўё бо мардаки калон неву бо кўдаки безабон гуфтугўйї яктарафа мекард:

-Динањак таъкид кардам, ки њамин исќотита љамъ карда рањ гард. Њм, гапаша бин: ба ту халал мерасонад?... Не-е, ба ман халал намерасонад, лекин аз худат хавотир будам. Беасос набудааст нигарониям. Худат њалоли бадї, боз то замин са-раш дода, роњ меравї…

Баъд занак бинии хунолуди маро поккунон ба мењрубонї даромад?

-Мардаки бечорама ќариб аз даст бидињам-е. Бе ў ман чї кор мекардам. Охир, ќурбоќа шў дора-обрў дора, гуфтаанд…

Сипас, ў хона даромада, дар даст ќайчї баргашт ва ба сари ман расида, чун љарроњони варзида бебокона ба рўям хам шуд. Ман ба талвоса афтодам:

-Чї кор мекунї?Занак ќотеона гуфт:

-Калта мекунам!-Не,-намемонам!-ќатъї эъ-

тироз кардам ман дастонамро

ваљабе поёнтар аз ноф панљара карда.

Вале занак ба ман эътибор надода, ба сарзаниши чинињо гузашт:

-Аљоиб мардуманд ин хитоињо. Дар њама чї сарфа мекунанду дар ин аљаб сар-фи бењуда кардаанд. Худаш як ваљабу сабилияш аз банди гўсола дароз.

Ва ў ба нею нестонам ањамият надода, шарти ќайчї зад ресмони дарози эзори бан-даро…

ќурБоќа шў ДораД… Занак бинии хунолуди маро поккунон ба мењрубонї       даромад: -Мардаки бечорама ќариб аз даст              бидињам-е. Бе ў ман чї кор мекардам. Охир,                     ќурбоќа шў дора-обрў дора... 

ба кор даъват мекунем

Сањифабанди рўзнома. ТалабоТ:Дониши хуби компютерї ва донистани барномањои зе-

рин:Adobe InDesign ва Photoshop њатмист ва он чи кї марбут

ба сањифабандї аст.CV-и худро метавонед ба почтаи электронии oila_tj@

mail.ru равон намоед. Телефон барои тамос: 918-66-82-64

Page 3: Oila bl2 30

3Мавзўи рўз

то меборад, ки…Занак бедимоѓ гуфт:

-Зимистони Тољикистон аљаб мулоимхунук аст-ду сол аст, ки барфи сањат намебо-рад.Имсол њам январ гарм омад…

Гуфтам:-Чилаи хўрдак дар пеш аст,

шояд биборад.Гуфт:

-То меборад, ки мўзаи нави ман аз мўд мебарояд…

аз тв кї мехонад?Аз ТВ чашм наканда, гуф-

там:-Њамин бача ќариб овоз

надораду лекин аз тариќи ТВ зуд-зуд мехонад-е.

Занак гуфт:-Аз телевизион овоздорњо

намехонанд.Пурсидам, ки кињо мехо-

нанд?Гуфт:Пулдорњо…

***фикри моро кї

мекунад?Аз тариќи ТВ овозхоне даст

ба гўш нињода суруд мехонд.Занак гуфт:

-Худаш-ку овози даѓалашро шунидан намехоњад, лекин фикри мо-сомеъони бечораро намекарда бошад?

рума мегардонумБародараш Ромиш дар

зодрўзи Мужда як ќуттї шоко-лади гаронбањо овард. Мужда онро чашиду гуфт:

-Ин хел шакалоти хушма-зарра бори аввал мехўрам,- ва аз очаш суол кард.-Оча, шумо-

чї?Занак њам як дона шокола-

да ба дањан андохта, гуфт:-Ман њам.Мужда дубора суол кард:

-Агар дар бозор њамин хел шакалота бинен, чї кор меку-нен?

Занак, ки аллакай ќимати ин тўњфаро аз Ромиш фањмида буду акнун бо иштињои аввала шоколад намехўрд, гуфт:

-Рума мегардонуму ба рањум рафтан мегирум…

Њаљвияњои "ОиЛа"

Page 4: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 4 СанљишнОМа

Олимони равоншинос бар он назаранд, ки табассум - авва-лин ќадам ба сўйи хушбахтист. Ин масъалро ба хотир биёред: «Гиря кунї бо гиряи худ дар танњої мемонї; табассум намої љањон ба хандаат шарик меша-вад!

Ба суолњои тести зерин љавоб дињеду огањ шавед, ки то кадом андоза шумо одами хушчаќчаќу шўхтабиатед.

1. оё барои туњфа наму-дан бозичањои шавќовар ва баргањои хандаоварро харидорї менамоед?

а) Доимо.б) Баъзан . в) Гоњ-гоњ.2. Шумо латифагўйиро

дўст медоред? а) На он ќадар. б) Агар аз шунидани латифае

то баромадани оби чашмонам бихандам, онро бо камоли майл ба дўстонам наќл мекунам.

в) Бисёр дўст медорам. 3. аз ќањрамонњои афсо-

наи «Калидчаи тилої» кадо-машон ба шумо бештар пи-санданд?

а) Малвина.

б) Перо. в) Буратино. 4. ба бозињо (розыгрыш)

чї гуна муносибат меку-нед?

а) Бенињоят дўст медорам!б) Хуб, агар объекти ин

бозињо ман набошам.в) Шуѓлњои кўдакона мешу-

морам.5. Дар кўча шахси ноши-

нос љонибатон табассум намояд, шумо:

а) Дар љавоб механдам.б) Њељ љавоб намедињам. в) Фикр мекунам, ки дар сару

либосам ягон камбудист. 6. Тасаввур намоед, ки

шумо њамроњи дўстон ба сайри табиат баромадаед, вале яку якбора раъду барќ сар шуда, њаво торик меша-вад. Дар чунин њолат кадо-ме аз ин сурурдњо бозгўяндаи табъу вазъи њолати руњии шумо хоњад буд?

а) «Бобунањо пинњон шуданд, чиноракњо (гули арўсї) сараф-канда шуданд».

б) «Табиат њавои бад надо-рад».

в) Њељ парвое аз барф, аз гармии ѓар-ѓара ва аз борон на-дорам, ваќте дўстони љониям бо мананд!

7. Шуморо ба шабниши-ние даъват намуданд, ки шарти асосии иштирок дар он ба бар намудани сару ли-боси карнавалист. Чї кор мекунед?

а) Пеш аз рафтан наѓзакак фикр мекунам.

б) Эњтимол даъватро рад ме-кунам.

в) Ба фикрам, розї мешавам.

8. Шумо туњфаро дўст медоред?

а) Бале, туњфа таќдим кар-данро.

б) Бале, ќабул кардани туњфаро.

в) Туњфаи бењтарин худам њастам!

9. Кадоме аз ин иборањо ба шумо наздиктар аст:

а) «Ханда –кўтоњтарин роњ ба пайванди дилњост».

б) «Метавон одамеро, ки бо ў хурсандї намудаї, аз ёд бурд, вале фаромўш кардани касе, ки бо ў ѓаму андуњро пўшти сар намудаї, номумкин аст»

в) «Мекўшам бихандам, чунки аз гиря кардан шарм медорам».

10. Метавонед корро як сў гузошта, барои истироњату дамгирї бира-

вед? а) Баъзан чунин мекунам. б) Метавонам, агар корњои

таъљилї надошта бошам. в) Дар гумон аст, ки чунин

њолат рух дињад. 11. Чї гуна истироњатро

меписандед: а) Дар танњої. б) Дар доираи мањдуди

шиносњои наздик. в) Дар њалќаи пурмаѓали

дўстон. 12. Дар давоми рўз бо

дўстон тавассути почтаи электронї шўхї мекунед?

а) Бале, доим њазлкашї ме-кунем.

б) Баъзан ваќт. в) Одатан чунин намекунам.Бо истифода аз љадвал

натиљањоро љамъоварї намуда, хулосаи љавобњоро дида бароед.

12-19 холл. Хурсандиву хушбахтї меку-

нем ва интизор намешавем, ки кадом ваќт эњсоси хушбахтї са-ропои моро фаро мегирад - ин гуфтањо барои шумо ошност. Мањорати хуби шодона гузаро-нидани ваќтро доред. Аз натиљаи санљишномаатон чунин бармео-яд, ки шумо дар ягон њолат дил-шикаста намешавед ва дар њама кор љињатњои мусбатро пайдо менамоед!

20-28 холл.Шумо пурра бо аќидаи Шек-

спир «дили хурсанд умри зиёд

мебинад», розиед. Шўхтабиатед ва ваќтатонро бо хазлу масхарабозї мегузаронед, вале њама корро дар доираи меъёри муайян анљом медињед. Барои он ки аз якрангї дилбазан на-шавед, баъзан одатњои доимии худро дигар намоед ва аз њама муњимаш ба њоли худатон низ хандиданро омўзед. Суханони бузургони пешинро ба хотир оред: «Касе, ки худашро масха-ра мекунад, њељ ваќт аз љониби дигарон масхара нахоњад шуд».

29-36 холл.Зарбурмасали маъмуле њаст:

«Дар сар фикрњои хурсанди-бахш бошад, ваќти дар бораи беморї фикр кардан намеёбї.» Шумо бисёр одами љиддї њастед, аз ин хотир кўшиш намоед, ки минбаъд њаётро каме сањлтар ќабул намоед. Имкон надињед, ки майда-чўйдањо шуморо безобита намоянд. Аз хурдтарин туњфаи таќдир шод шуданро ёд гиред. Мабодо бо мушкилоте рў ба рў гардед, худатонро дарун ба да-рун нахўрда ба ин маслињати дўстон ва одамони таљрибадор гўш андозед. Хоњед, ки мушкилот тезтар рафъ шавад, онро масха-ра намуда хандед. Ханда муш-килоти бузургтаринро низ дар як дам зада талон мекунад ва дигар он ба назаратон њалнашаванда наметобад!

Тањияи Фотимаи Сайф

Мурѓи бахтро шикор карда метавонї?

Page 5: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 5таќдир

«Гањворааш аз осмон фаромадагї»

Ситораи маѓрур овони 18-20 солагиаш ба бачањои ўро та-лабгоршуда «маймуни ќишлоќї, негр, мурдаи ќоќшудагї, дарози бениёз, картошкабинї, дегсар, халтаи гўшт гўён, айб монда, билохира њама хостгоронро гу-резонду пирдухтар шуда монд. Љавонони дењотиро масха-ра кардани духтари муаллим дар тамоми мањалла ва гирду атроф овоза шуда, њам бачањои ба Ситора ошиќ ва њам падару модаронашонро сахт ранљонд. «Гавњораи духтари Назар аз осмони њафтум фаромадагї, барои њамин назараш бачањои ќишлоќиро намегирифтааст. Канї бинем, кадом шоњзодаи шањрї ин таккачаро ба занї мегирад!»-гўён, њаќќу њамсоя ва хешу табори дар орзуи келин кардани Ситора буда, минбаъд пою ќадамашонро аз даргоњи падараш канданд.

ПирдухтарЊамин тавр тамоми духта-

рони њамсоли Ситора шавњар карда рафтанду духтари «гањворааш аз осмони њафт ум фаромада»-и муаллим пир-духтар шуда монд. Аксарияти бачањое, ки Ситораро талабгор буданд, барќасди ин духтари маѓрур ягон њамсинф ё дуго-наашро ба занї мегирифтанд. Арўсонашон Ситора барин хушрўю хушќаду босавод на-бошанд њам, зиндагии аксари-яташон хушбахтона мегузашт. Бо сарандози арўсї ва кулчаю тўша њафтаю талбон омадани дугонањояшро дида, Ситораи маѓрур акнун аз алам худашро дарун-дарун мехўрд ва даст бар сар мезад, ки чаро бахташро бо дасти худаш баст. Ба орзуњояш расида, соњиби диплом ва љойи кори хуб шуда буд, вале ин њама комёбињояш дар наза-раш наменамуданд. Дигар на кори сердаромад ўро хурсанд мекарду на либосњои хушрўю зару зевар, дилаш танњо як чиз мехост-бахт! Ситораи маѓрур акнун дарк карда буд, ки ба-рои зан дар зиндагї чизе ба андозаи хушбахтии оилавї азиз ва гаронбањо набудааст, вале оби рехтаро дигар бардошта, умри рафтаро дубора баргар-донида намешуд. Њамин тавр умри Ситора сарњади 30 сола-гиро убур намуд. Дугонањояш се-чортогї фарзанд доштанду бачањояшонро хатнатўй мекар-данд, вале вай то ба њол бах-ташро наёфта буд.

вохўрии тасодуфїРўзе як њамсинфаш Ситора-

ро ба тўйи писараш даъват на-муд. Одатан вай аз шарми саво-ли њамешагии мардум «Ситора, то њол шавњар накардаї?!» ба тўю маъракањо намерафт, вале ин навбат модараш ба љону њолаш намонда гуфт:

-Духтарам, то ба кай худатро аз дугонањоят дур мегирї? Рав, камтар тамошо кун, хурсандї кун, ѓубори дилат мебарояд.

Ситора бо дили нохоњам ба тўйхона рафт ва љавонеро во хўрд, ки бо як нигоњ дилашро рабуд. Духтари маѓрур чунон

волаю шайдои абрўвони сип-сиёњи пайвандї ва ќаду ќомати зебои љавон гашт, ки чашмаш-ро аз вай канда наметавонист. Љавон нигоњи харидорона дух-тарро пай бурда, пайти муноси-бе ёфту ба Ситора наздик шуда гуфт:

-Зебосанам, њамроњи ман раќс намекунед?

Ситора аввал каме ноз кар-ду баъд њамроњи љавон ба раќс баромад. Њамин раќс бањона шуду онњо бо њамдигар шинос шуданд. Љавон Мунис ном до-шта, мењмон будааст. Онњо раќами телефони њамдигарро гирифта, ањд намуданд, ки мин-баъд «љўра» мешаванд.

дарди дилАз шиносии Ситораю Мунис

ќариб як сол гузашта бошад њам, љавон дар бораи хостгор фиристодан дањон намеку-шод. Мабодо худи Ситора ин мавзўъро кушояд, дарњол: «Мо њанўз њамдигарро хуб намедо-нем»- гўён, бањона пеш мео-вард. Бепарвофалакии ошиќаш Ситораро љигархун менамуд, вале њамрозе надошт, ки дар-ди дилашро дар наздаш бигўяд. Нињоят косаи сабраш лабрез гашт ва рўзе ба модараш њасрат кард.

-Духтари сода, њамин хел ин-тизор шуда шинї, ягон рўз ин ошиќат њам зан мегираду даст дар бинї мемонї! Ин мардњоро гўсола барин зўран кашола карда назди муллои никоњгар набарї, ихтиёран намераванд,-даст афшонд модараш Сафар-гул.

Ситора аз суханони роздори модар чизе нафањмида хоњиш кард, ки ошкортар гап занад.

-Назди ягон љодугар рафта гармї кун, Мунисат худаш ба пеши поят афтида, зорї меку-над, ки занаш шавї, љони оча,-маслињат дод Ситорабонуи дар чунин корњо таљрибадор.

дар хонаи љодугарРўзи дигар очаю духтар

ба хонаи мулло Ќамар ном љодугари номдоре рафтанд. Мулло чашмони танги туркона-ашро аз Ситораи нозанин на-канда, матлабашонро пурсид.

-Њамин духтараки нозанинам ба 32 даромада њанўз шавњар накардааст, домуллољон, ягон илољ кунед, ки бахташро ёбад,-зорї намуд Сафаргул.

Домулло китоби калонеро кушода, номи падар ва номи духтарро пурсид.

-Ситора, духтари Назар,-њозирљавобї намуд Сафаргул.

Мулло чанд вараќи китобро хонда ба коѓазњои дар наздаш буда ким-чињо навишту њисобу китоб кард, баъд сар бардошта гуфт:

-О ин духтаратон наѓздида дорад-ку!

Очаю духтар лаб газида, иќрор шуданд, ки Ситора бо Мунис ном љавоне як сол боз во мехўрад, вале аз хостгоро-ни ошиќаш дарак нест. Домулло сар љумбонда гуфт:

-Духтарљон, хафа нашав, ин бачаи туро ба занї гирифтанї нест.

-О шумо ягон кор кунед, ки гирад,-як садсомониро пеши

мулло Ќамар гузошта, арзи матлаб намуд Сафаргул ва афзуд, -њамин духтарам ба дўстдоштааш расад, ќолини пеши бозорро бароятон туњфа меорам!

-Ин тавр бошад, пагоњ наъ-ли асп, пашми уштур ва усту-хони фароштурук ёфта биёред, ман бачаро ба духтаратон гарм мекунам,-дилаш бо дидани пул нар шуда гуфт мулло Ќамар, худо хоњад, як моњ нагузашта тўяшонро мехўрем!

дар банди љодуЉодугар њаќќашро гирифта

кори Ситораро иљро кард ва рўзи дигар духтари аз ваъдаи висол болу пар бароварда ошиќашро ба мулоќот даъват намуд. Аз чї бошад, ки ин дафъа бароба-ри Ситораро дидан дили Мунис якбора такорў шуда рафт. Дар як соли ошної ягон бор дили љавон бо дидани ин духтар ин ќадар гум назада буд, аз ин рў, ба њайрат афтида гуфт:

-Ситора, мабодо ту маро дар назди ягон мулло гармї накар-да бошї?!

Рангу рўйи Ситора бо шуни-дани ин гап якбора канд ва ба-рои пинњон кардани ваљоњаташ рўяшро дигар тараф гардонда, бо садои базўр шунаво ѓурунгид:

-Кори дигар надорам, ки туро гармї мекунам!

Бо њамин ба суњбат дар мавзўи гармию хунукї нуќта гузоштанд, вале аз њамон рўз сар карда, муносибати љавон бо вай тамоман дигар шуд. Пештар Мунис њафтањо занг намезад, вале акнун дар як рўз панљ-шаш маротиба телефон карда, њолу ањволи Ситораро мепурсид.

келини шаттоњГапи мулло Ќамар рост ба-

ромад, Муниси дар доми љоду афтида, ду њафта пас ба хо-наи падари Ситора хостгор фиристод ва як моњ нагузашта тўйи деринтизор баргузор шуд, вале...

Аз рўзи аввали ба хона шавњар ќадам гузоштан Ситора бо хушдоману ќайсингулњояш соз нагирифт. Бо андак гап ке-линчаки маѓрур дегро ба табаќ

мезаду табаќро ба коса ва љангу љанљол карда, хонаро ба сар мебардошт. Бечора модаршўю ќайсингилњояш ба таќдир тан дода, дигар ба арўси љанљолї кордор намешуданд, то хан-дахариши мардум нагарданд, вале Ситора бо шавњари худаш њам соз намегирифт. Бањудаю бењуда рашк карда, љони Мунис-ро ба лабаш мерасонд. Љавон аз серљоѓии зани хушкардааш ба дод омада, як моњ пас ба Русия мардикорї рафт.

модар не, балои љон

Мунис ќариб њафт сол дар Русия мардикорї карда, њамеша барои таъмини ањли оилаашон пул мефиристод. Падару модараш аз љангу љанљолњои бењудаи зани Му-нис ба дод омада, барояш хо-наи алоњида сохтанд, то дигар рўйи келини шаттоњашонро на-бинанду насўзанд. Мунис дар ин миён чандин маротиба ба Ватан омада, ду-се моњї дам гирифта рафт ва Ситора соњиби се фарзанд шуд, вале њанўз аќлаш ба сараш намезад. Ин љавонзани љанљолї бо бачањои худаш њам соз намегирифт ва бо андак гуноњ кўдакони бечора-ро берањмона мезад.

Ќасами зансеталоќПас аз хонаю дарашро обод

намудан, Мунис дар фикри мошинхарї шуд. Вай њар моњ аз Русия ба занаш ќариб ду њазор доллар пул фиристода, таъкид мекард:

-Чорсад доллараш њаќќи ту ва бачањоям, хўред, пўшед, вале боќимондаи пулро љамъ карда мон! Мабодо ахмаќї кар-да, пулро обу лой кунї, ту ба ман се талоќ!

Ташвиши Мунис бењуда набуд, зеро њар моњ барои зану фарзандонаш пул фири-стад њам, баъди баргаштан мефањмид, ки њамсараш аз та-моми маѓозањои гирду атроф ќарздор аст. Cитора ин ќадар пулро куљо мекард, худаш медо-нисту халос.

дузди худї

Аз байн ќариб ду сол гу-зашт ва Муниси аз азоби ѓурбат љонаш ба лаб расида, ќарор дод, ки ба хона бармегардаду бизнес кушода, минбаъд зиндагиашро дар Ватан пеш мебарад. «Дар дасти занак бояд беш аз бист њазор доллар пул љамъ шуда бо-шад, ин пул њам ба мошинхарї мерасаду њам барои кушодани ягон маѓозача кифоя мекунад» мегуфт худ ба худ љавонмарди мусофир, вале…

Њамон шабе, ки сањараш бояд Мунис ба Ватан барме-гашт, Ситораи маккора худаш тирезаро шикаста, пардаро бо корд бурид ва тамоми кўрпаю кўрпачањоро ба чор тараф њаво дода, ќулфи сандуќро шикаст, то чунон вонамуд созад, ки ба хона дузд даромадааст. Пас аз ин љавонзани шаттоњ доду фа-рёдзанон њавлиро ба сар бар-дошт, ки хонаамро ѓорат карда-анд. Њамсояњо ва хурусу хушдо-манаш аз фиѓону нолаи Ситора ба ташвиш афтида, сўйи хонаи Мунис тохтанд.

-Хонаамро ѓорат кардаанд! Дузд њамаи пулњои фиристодаи бачаатонро бурдааст, Мунис биёяд, сари маро аз танам људо мекунад,-рўю мўяшро канда, нола мекард Ситора дар назди волидони шавњараш.

Раиси мањалла ин хабарро шунида миласа љеѓ зад, вале њомиёни ќонун дар љойи њодиса ягон изи по ё чизи дигари шубњанокро пайдо накарданд. Парванда ба дасти прокурори таљрибадоре афтид ва тафтиш нишон дод, ки дузд бегона не, худи соњибхоназан будааст. Дар рафти тафтишот Ситора фош шудани дурўѓашро эњсос на-муда, иќрор шуд, ки мазњакаи дуздиро худаш сохтааст, то шавњараш дигар пулњояшро на-пурсад. Љавонзани беандеша беш аз бист њазор доллари бо хуни љигар дар мулки ѓурбат кор-кардаи шавњарашро ба чї сарф кардааст, касе намедонад. Ак-нун Муниси ќасами зансеталоќ хўрда, њайрон аст, ки чї кор кунад, Ситора бошад боз дар ба дари љодугарон медавад, то шавњарашро дубора бо сењру љоду ба домаш афтонад.

ЗаНсеталоќ

аз байн ќариб ду сол гузашт ва муниси аз азоби ѓурбат љонаш ба лаб расида, ќарор

дод, ки ба хона бармегардаду бизнес кушода, минбаъд зиндагиашро дар ватан пеш мебарад. «дар дасти занак бояд беш аз бист њазор доллар пул љамъ шуда бошад, ин пул њам ба мошинхарї мерасаду њам барои кушодани ягон маѓозача кифоя мекунад» мегуфт худ ба худ љавонмарди мусофир, вале…

Page 6: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 6 навиштаМ нОМае

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Рустам азимї

фоњишањо шавњар кардан

мехоњандДирўз аз назди бинои иљораамон мегузаштам, ки чор

духтар маро дида, фарёд карданд. Ба наздашон рафтам. -Шумо дар газета кор мекунед?-Пурсид яке аз духтарњо. -Бале, дар гезатаи «Оила» кор мекунам,-гуфтам дар

љавоб. -Меган занакои бе шў ба газетаи шумо рафта шавњар

меёбанд, њами гап ростай?-Пурсид духтари дуюм. -Касе гуфта бошад, рост гуфтааст!-Гўш кун мара љон, њар чори мода ягонтаи шў намеёбї?

Мехоњем хонаю дари обод дошта бошем, охир то кай дискоклубгардї мекунем?! Додарљон, илоњи баракат ёбї, барои мо яктагї мужикои «хар»-ша ёб!-Зорї намуд духта-ри сеюм, ки дугонњояш ўро Мањина меномиданд.

Азбаски ба намоз дер монда истода будам, дарњол «мебинем» гуфта, роњи аз духтарњо халос шуданро љўстам.

-Эй асалљон, нарав, як даќиќа мора гўш кун,-фарёд зад аз пасам духтари чорум, вале дигар ба онњо эътибор надо-да, роњамро давом додам. Духтаре, ки маро љеѓ зада буд, бо тамоми овоз фарёз зад:

-Эй журналисти Худотарс, агар мора шўдор кунї, як духтари 15-солара тўѓрит мекунем, кайфу сафо карда мегардї!

Астаѓфириллоњ гўён аз онњо дур шудам. Вакте ки бегоњ бораи онњо аз Мадинаи њамсоямон пурсон шудам, оњи сарде кашида гуфт:

-Ин чор духтар оќипадаранд. Бо танфурўшї пул ёфта, рўзашонро мегузаронанд. Њама аз инњо њазар мекунанд, вале дили ман ба њолашон месўзад, чунки аз ноилољї фоњишагї мекунанд. Саводу њунар надоранд, ба хонаи па-дару модаронашон баргашта наметавонад, чї кор кунанд, бечорањо?!

Саргузашти талхашонро шунида ба хулосае омадам, ки бояд барояшон шавњар ёбам, то онњоро аз роњи бади танфурўшиву бељогардї баргардонам. Фоњиша њам зан аст охир ва бахту фарзанд мехоњад!

Рустам, журналист

дод аз даСти зани

шабушГинБо Назира ном духтараки дењотї пеш аз рамазон оиладор шудем. Холаам На-

зираро таги чашм карда буд ва мани сода калонсолњо дар интихоби келин хато

намекунанд гўён, надидаю насанљида ўро ба занї гирифтам. Бадбахтона келини

ќишлоќии холаам ёфта, як духтари чалфаси шабушгин будааст. Дар як моњи

зиндагї аллакай дилам аз зандорї хунук шуд. Дилам намекашад, ки њамроњаш

сар ба болин гузорам. Кадом мард мехоњад зани ифлосаки шабушгинро ба оѓўш

гирифта, мењрубонї кунад? Ягон мард намехоњад дар бари зане бихобад, ки

аз танаш бўйи њафт хар меояд! Доим бо модарам љанљол мекунам, ки ба гапи

хоњараш рафта, њаёти маро сўзонд, вале аз ин мољароњо суде нест. Дар назди

хешу табор аз зани гирифтаам шарм медорам. Аксари мењмонњое, ки келинбинї

меояд, ошкоро мепурсанд: «Барои чї ин арўс ба худаш ањамият намедињад?»

Замин намекафад, ки баъди шунидани чунин эродњо дарояму дигар рўйи арўси

шабушгинамро набинам. Назираи телба маро дўст медорад ва аз доштани чунин

шавњари олуфтаю зебо фахр мекунад, вале ман ўро чашми дидан надорам. Си-

торааш, хулќу хўяш, суханронию рафтораш писандам нест. Зудтар аз ин мараз

халос шудан мехоњам, вале модарам сади роњам шуда истодааст. Ба ман

маслињат дињед, чи кор кунам, мардум?! Зубайдулло,

сокини ш. Душанбе

Падарамро ёбам, Сарашро

мебурам!Замони хурд будани ману додаронам падарам модарамро «фоњишаи

ќади кўча»-гўён, талоќ дода, аз хонааш рондааст. Модари бечораамон гирё-ну нолон соати 1-и шаб пойи пиёда моро ба хонаи бобоям, ки дар дењаи Батоши

шањри Турсунзода аст, мебиёрад. Бо азобњои алим модарљонам се фарзандашро калон кард, хононд, соњибмаълумот намуд. Дар умрамон ягон бор падарамонро суроѓ карда, мо-дарамонро ѓамгин накардаем, чунки хурд бошем њам, дар ёд доштем, ки чї тавр падари бевиљдонамон моро «њаромї» гўён, бо мушту лагат мезад. Падар не, душмани љонамон

буд! Азобњое, ки аз дасти он бехудо кашидаем то рўзи мурдан аз ёдамон намеравад! Худаш дар Русия бо бевањои рус кайфу сафо карда мегашту баъди баргаштанаш дар сари модари бегуноњи мо чормаѓз мешикаст ва «фоњиша» гўён, лагадкўбаш мекард. Бе кўмаки падар њам модари зорамон моро калон кард, вале алами зиндаятимї ва тањќиру озорњои дидаамон дар диламон монд. Нафратам нисбати падари золимам он ќадар зиёд аст, ки мегўям: «Агар ягон рўз бо он бехудо рў ба рў

шавам, сарашро аз танаш људо мекунам!». Модарам бо он њама ранљу азоби аз дасти шавњар кашидааш боз тарафи ўро гирифта насихат ме-

кунад: «Ин тавр нагўй, писарам, бузургон падарат хук бошад, хуб бонї кун гуфтаанд!!

барзу, аз ш. Турсунзода

арўСамро дар Парк дар баѓали як «буЌЌа» дидам

Модарам њамеша орзу мекард, ки духтари Мастонаи њамкурсашро

келин кунанд. Чандин бор норозигї баён намуда, гуфтам: «Очаљон, ман

он духтарро надонам, нашиносам, чї хел хислату хўяшро насанљида,

ўро ба занї мегирам?!» Модарам њар бор табассумкунон љавоб медо-

данд: «Эњ бачаљон, дилат пур бошад, духтар тилло аст, тилло! Панљ

панљааш њунар, боодобияшро намегўйї! Оромтабиат, шармгин, зебову

Худотарс! Писарам, Худо гўй, ки фариштањои даргузар омин гуфта

бошанду њамон нозанин насибат гардад! Бо ин хел келин хушдоман

фахр мекунад…» Таърифњои модарам диламро гарм карду ихтиёр ба дасти бахтиёр

гўён, розї шудам, ки ба хонаи дугонааш хостгорї равад. Хушу хурсанд

баргаштанашонро дида, нимшўхию нимљиддї пурсидам:

-Оча, чї хел дили дугонаатон шуд, ки духтари фариштаашро дар

хостгории аввал бароварда дињад?!-Мастона маро наѓз мешиносад, барои њамин рад накарда, дарњол

фотињаро дод,-љавоб дод модарам. Њафтае пас модарам маро ба вохўрї бо арўсшавандаам бурд. Соби-

ра худашро духтари оромтабиату шармгин нишон дода, ба саволњоям

паст-паст љавоб медод. Аз байн чанд рўз гузашту тасодуфан гузорам

ба боѓи миллї афтид. Дар хараки даруни боѓ арўсшавандаам Собираи

хаппаку таърифиро бо як љавони бегона оѓўш ба оѓўш дида, њангам

канд. Аз дур рафторашро назора карда истодам. Собира мегиристу он

«буќка» ўро ба оѓўш гирифта, дилбардорї менамуд. Худамро нишон на-

дода, онњоро дар камераи телефонам сабт кардаму ба хона баргаштам.

Наворњоро ба модарам нишон дода, љанљол бардоштам, ки духтари

бероњаеро ба ман номзад кардааст. Њуш аз сари модарам парид ва

дарњол ба дугонааш занг зада пурсид: «Духтарат дар куљост?» Модари

арўс морбозиро пеш гирифта, гуфт, ки Собира дар ошхона хўрок пухта

истодааст. Телефонро аз дасти модарам гирифтаму дод зада гуфтам:

«Дар ошхона аст ё дар парк бо «буќќањо» айшу ишрат дорад?!» Ба љойи

љавоб садои гуд-гуди телефон балнд шуд. Модари Собира аз шарм

телефонашро хомўш кард. Рўзи дигар фотињаро гардондем. Њама хешу табор маро маломат

карда истодаанд, ки чаро таги гапро нафањмида, тўйро вайрон кардам,

вале барои ман муњим шарафу номус аст, на гапу калочаи мардум! афзалшо, аз н. Файзобод

дарди дилатонро метавонед бо телефони зерин иброз доред:

238-53-35

Page 7: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 7

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Гулнисои њикматулло 

Савр (21 апрел - 22 май)

Саврњо ин њафта худашонро кабўтари озод њис мекунанд. Ди-

латон фароѓат мехоњад ва дарои дамгириатон сади роњ шуда наметавонад. Корњоям нотамом мемонад гуфта хиљил нашавед, хуб дам ги-ред, кор гурехта намеравад. Саломатї бошад, њама кор пеш меравад, бинобар ин, аввал ѓами солимии љисму љону рўњатон хўред.

Нимаи дуюми њафта рашки бемавриди ошиќатон шуморо дилхун месозад. Худро ба даст гиред, асабњоятонро ором кунед. Даро-мади калони пулї охири њафта имкон медињад, ки тамоми нољўрињои њафтаро фаромўш куне-ду мушкилињоро бартараф созед.

Њут (21 феврал - 20 март)

Ин њафта рўйдодњои аљибу нота-крор табъатонро болида мегардонад. Шиносоии наве, ки рўзи сешанбе ба амал хоњад омад, бўйе аз боѓи ишќу

муњаббат ба машоматон меорад. Агар зиракї кунед, пўшидани пероњани арўсї насибатон хоњад шуд. Инчунин дар ин бора ба касе сухан накушоед, вагарна бадхоњонатон метавонанд боиси бадбахт шуданатон шаванд. Аз дўстони бадхоњ худро дурї љўед.

Охири њафта дўстону шиносонатон маблаѓњои ќарздодаатонро бармегардонанд. Онро барои рўзи мабодо сарфа кунед, зарур хоњад шуд.

Аќрабњои муљаррадро хабарњои хурсандиовар авали њафта шод месо-занд. Нахоњед, ки бахт аз шумо рўй то-

бад, навигариро овозаю дарвоза накунед. Фаромўш накунед, ки дањони пўшида сад тилло гуфтаанд. Нимаи дуюми њафта агар аќлатонро кор фармоед, сарчашмаи нави даромад пайдо мешавад ва имкони ба даст овардани пули ка-лонро медињад. Аз њисоби даромадатон хайр карданро фаромўш насозед. Дар баробари њал кардани дигар масъалањои муњим таъмири хона низ дар њамин айём бобарор сурат хоњад гирифт. Охири њафта аз њолу ањволи наздиконатон ха-бар бигиред. Бемор шудани яке аз пайвандона-тон дар назар аст, вале хавотир нашавед, каса-лиаш оќибати бад надорад.

МизОн (24 сентябр - 23 октябр)

Њафтаи нав бо даромади калони пулї оѓоз меёбад. Ин имкон медињад, ки

мушкилињои гарони пешистодаро њал на-моед. Сешанбе каме худро хаста њис карда, ба зиндагии дилгиркунандаатон таѓйиротњои нав ворид карданї мешавед, вале њамааш бефоида меанљомад. Панљшанбе шарики тиљоратиатон бо нияти ба чашматон хок по-шидан, њиллаи навбатиро ба кор бурданї ме-шавад. Осуда бошед, «чоњкан зери чоњ» гуф-таанд. Охири њафта бо ошиќатон љанљол ме-кунеду муносибататон сард мешавад. Озурда набошед, шояд ќањри ошиќатон паст шаваду гуноњашро фањмад.

ќавС (23 ноябр - 21 декабр)

Њолати руњиятон каме ноором аст, зеро мушкилињое, ки аз ўњдаи њаллаш намебароед асабњоятонро хароб кар-даанд. Ѓурурро як тараф гузореду ба-рои кўмак дўстонатонро даъват кунед. Нимаи дуюми њафта сафарњои корї дар на-зар аст. Бештар мењнат кунед ва ба таклифњои аљиби корї мароќ зоњир намоед, эњтимоли пайдо шудани сарчашмаи нави даромад вуљуд дорад ва он имкони амалї намудани наќшањоятонро медињад. Ќавсњои муљаррад охири њафта омада-ни мењмонњоро интизор шаванд, чунки омадани хостгоронро ситорањо пешгўї кардаанд. Нозу нуз карда аз бахти худодод рўй натобед, ки оќибаташ вой аст. Хостгоронро ноумед гусел кунед, хавфи як умр танњо мондан пеш меояд

аќраб (24 октябр - 22-ноябр)

тОЛеънОМа

љаддї (22 декабр - 20 январ)

Њафтаи нав бобарор ва гуворо мегузарад. Зеро бо омадани шахси

дўстдоштаатон зиндагиятон рангу маънї гирифта, мушкилињои ширину њалталаберо пеш меорад. Нимаи дуюми њафта маблаѓи калонеро ба даст меоред, вале агар беањамиятї кунед луќмаи дуздон мешавад. Инчунин манбаъњои даромади фаромўшшударо ба хотир оварда, робитаро бо онњо барќарор кунед.

Панљшанбе баланд шудани фишори хунатон вазъи саломатиатонро каме бад мекунад. Худа-тонро эњтиёт кунеду ба парњез шурўъ намоед. Охири њафта бошад, омадани мењмони олиќадрро интизор бошед.

СунбуЛа (24 август - 23 сентябр)

Њафтаи меомад ситорањо ба шумо оро-миро тависия медињанд. Вохўрї бо ошиќи њавасбоз ба кушода шудани захмњои кўњна оварда мерасонад. Худро ба даст бигиред, ба эњсосот дода нашавед.

Нимаи дуюми њафта бо кўмаки дўсти на-здикатон даромади калонро соњиб хоњед шуд. Ситорањо мегўянд, ки дар идораатон иѓвогарон боз дар пеши пойи шумо чоњ кофта истодаанд, хатоњои шуморо кофта истодаанд. Тавре раф-тор кунед, ки гўё чизеро пайхас накардаед, вагарна корњоятон ранги дигар мегиранд. Ба доми сењру љоду афтоданатон эњтимол дорад,

бинобар ин, бояд сахт эњтиёткор бошед.

даЛв (21 январ - 20 феврал)

Ин њафта ба рухсатии мењнатї рафтанатон эњтимол дорад. Аз ин рў, сањланкорї накунеду ба кори хона машѓул шавед ва камбудињоро бартараф созед. Агар имкон даст дињад, каме таъмир њам кунед.

Нимаи дуюми њафта барои харидани ашёи рўзгор ба бозор меравед, дўстатонро њамроњ бигиреду дар интихоб хато накунед, вагарна маблаѓатони бо араќи љабин ба даст омадаро ба боди фано бод медињед.

Охири њафта даромади на он ќадар калонро интизор бошед ва чун он ба даст омад, дар сарф карданаш нашитобед.

ЊаМаЛ(21 март - 20 апрел)

Ин њафта њамалњо барои пешбурди тиљорат ќарз гирифта сари бебалояшонро ба бало мемонанд. Корњояшон бебарор ме-шавад. Њар ќадаре душвор набошад, аз оѓози корњои муњим даст кашед, вагарна аз тарси нобарорї умре ќарздору абгор ме-монед. Фаромўш накунед, ки поении шаби сиёњ сафед аст гуфтаанд ва билохира аз пайи нобарорї барор меояд. Барои комёбї андаке сабўр ва мењнатдўст шудан лоим аст. Дар љодаи ишќу муњаббат ањволатон начан-дон хуб аст, дўстдоштаатон бо дилсардиаш дилатонро хиљил мекунад ва њис мекунед, ки ишќаатон оянда надорад. Шояд ваќти аз њам људо шуданатон расидааст.

аСад (23 июл - 23 август)

Њафтаи нав фикри таъмир ва сох-тмон ба саратон меояд, вале бењуда нагуфтаанд, «поятро баробари кўрпаат

дароз кун, то сармо назанад», пеш аз он, ки усто даъват мекунед, киссањоятонро такорў кар-да бинед, ки пулатон мерасад ё не. Вазъи иќтисодиатонро ба назар гирифта кор кунед, ва-гарна ба ќарз ѓутиданатон аз эњтимол дур нест. Эњтиёткорї дар њама самтњои зиндагї барои зодагони бурљи асад зарур аст. Эњтимол нимаи дуюми њафта ошиќатон аз як сухани нољоятон ранљида дар фикри ёфтани мањбуби дигар ме-афтад. Барои он, ки ба решаи бахтатон табар назанед, забонатонро нигоњ доред.

СаратОн (22 июн -22 июл)

Ин њафта дар назари атро-фиён донову тавоно менамо-ед, њар кореро оѓоз кунед, бе ягон мушкилї анљом меёбад. Мењрубонии ситорањоро моњирона истифода баре два кўшиш намоед, ки корњои муњиматонро то рўзи панљшанбе њал кунед. Муваффаќ меша-вед, агар танбалї накунед. Сешанбе эњтимоли бемор шуданатон вуљуд дорад. Асабњоятонро эњтиёт кунед, чунки сарчашмаи касалињоятон аз асаб аст. Мушкилињои чанд моњри охир зо-дагони бурљи саратонро сахт хаста кардааанд, аз ин хотир ситорањо маслињат медињанд, ки охири њафта наѓзакак дам бигиранд. Рўзњои истироњат њамроњи ёратон ба сайругашт баро-ед ё бо дўстонатон дар табиат нишасти хотир-мон ташкил кунед.

љавзО (23 май - 21 июн)

Ин њафта чунон корњоятон зиёд мешаванд, ки ваќти сархорї намеёбед.

Нимаи дуюми њафта дўстие, ки чанд сол боз байни шумову мањбубатон давом дошт, бо хатогии хурдакаке, ки аз тарафи шумо сар мезанад, хотима

меёбад. Мардона ба гуноњатон иќрор шавед, шояд дўстиатон барќарор монад. Панљшанбе мушкилоти пулї асабњоятонро хароб мекунад, бисёр фикр накунеду аз дўстону наздикона-тон кўмак пурсида, масъаларо њал кунед, баъд ќарзро бар мегардонед. Фаромўш накунед, ки њоло аз њама муњимаш љанљолро калон ва доманадор накардан аст. Даромади пулї ин њафта шуморо дар назар нест. Дар љодаи ишќ муносибатњо мўътадил ва бея гон дигаргунї љараён мегиранд.

толеънома

Page 8: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 8 ОшхОнаи "ОиЛа"

Масъули сањифа Нодира Раљабова Пешнињодњои худро бо тел: 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.

-ба мењмонии «оила» хуш омадед!

-Саломат бошед!

-Замони пешин гулдух-тарон зардўзию гулдўзї мекарданд. Шумо њам чу-нин њунарњо доштед?

-Росташро гўям, ман ба кору бори занона чандон шавќу њавсала надоштам. Пас аз ба шавњар баромада-нам маљбур шудам, ки дегу кафлезро ба даст бигирам.

-Воќеан, дастархони идонаатонро кї оро дод?

-Худам. Љиянакам Заринаљон ва духтаронам Рўзафзуну Мењрафзун ба ман кўмак расонданд.

-Мењмонњои зиёде ома-дагистанд?

-Бале, мо, њунармандон дар рўзњои ид сермењмонем. Ман худам ба пешвози мењмонњо баромада, даст пеши бар ќабулашон наму-дам ва зиёфат дода, гусел кардам. Афсўс, ки корман-дони «Оила» наомаданд.

-Хўрок њам пухтед? -Албатта! Магар дастур-

хони идонаро бе таъом та-саввур карда мешавад?! Шўрбо ва оши бурида пух-там.

-бисёрињо шиква наму-данд, ки дастурхони идо-наашонро аз сабаби гаро-нии нарху наво табъи дил ороста натавонистанд…

-Шукри Худо барои ман ин ид бисёр бобаракат омад ва дар рўйи дастурхон љойи пиёламонї намонд. Худо мегўям, ки њамаи идњо њамин хел ба файз шаванд.

-Худатон пухтупаз кар-дед ё Фармонбибї барин танњо фармон додеду ди-гарон пухтанд?

-Магар ман ба Фармонбибї монандам?! (механдад) Њамроњи духтарњо чаќ-чаќ карда, якљоя самбўсаю

кулчаќанду торт пухтем.

-аксарияти занњо бо бањонаи гармии њаво љонашонро аз тайёр карда-ни хўриш, яъне салат озод карданд…?

-Ман њам аз њамон тои-фаам. Ширинї пухтам, лекин салат накардам.

-Идњои њозира аз идњои солњои љавонии шумо фарќ мекунанд?

-Фарќияташ танњо дар њамин аст, ки дар замонњои љавонии мо ба љойи салату торт њавлову чагалдаку кул-чаю орзуќ мепухтанд.

-Мардуми њар минтаќа хўрокњои хоси худро до-ранд. Хўроки бењтарини мардуми Файзобод чист?

-Мардуми Файзобод њунарманданд, аз ќурутобу фатирмаска сар карда, то мантую оши палов њамаашро пухта метавонанд.

-Худи Шумо дар пухтани кадом хўрокњои миллї устоед?

-Ќурутобро бисёр бо-

мазза тайёр меку-нам.

-Хўрокњое, ки пештар дар њама маъракањои мар-дум дида мешуд, имрўз аз он таомњо ќариб, ки ному нишон намондааст. Саба-

баш мўд шудани таъомњои аврупої бошад?

-Дар шањр ин чиз ба назар мерасад, лекин дар дењот таъомњои миллї аз байн на-рафтаанд. Љойи хурокњои моро ягон хўроки дигар ги-рифта наметавонад.

-Занњои санъаткор сер-ташвишанд ва аксаран ба-рои пухтупазу шустушўй ваќт намеёбанд. ба Шумо дар саришта кардани корњои рўзгор кї дасти ёрї дароз мекунад?

-Ду духтарам, љиянам, писарњо, умуман дар хона-дони мо ягон кас нозу нуз намекунад. Ман саргарми кор бошам, њар кас чизи дилхоњашро худаш пухта мехўрад ва косаю табаќашро мешўяд.

-Шавњаратон дар корњои рўзгор кўмак мерасонанд?

-Замони хурдии бачањоямон ман банди кор бошам, он кас барои кўдакон ягон чиз мепухтанд, њозир њољати сари дегу табаќ рафтанашон нест. Аслан шавњарам ошпази хубанд,

таомњои лазиз мепазанд.

-апаи Муњаррама, барои хонандагон ва мухлисони савту навоятон кадом ретсептро пешнињод ме-кунед?

Сўњбаторо: Рустам

Гармои тоќатфарсо ва нурњои офтоб ба пўсти рўйи мо берањмона зарба меза-нанд. Пардози бењтарини пўсти рўй дар тобистон-пўсти тоза ва малњами аз офтоб њифзкунанда аст. Пўстатон равѓанин бошад, барои шустушў аз гелњои поккунандае истифода ба-ред, ки хусусияти тангсозии сўрохињои пўстро доранд. Барои ботароват гашта-ни пўст пеш аз молидани косметикаи декоративї рўятонро бо оби хунук шўед ё бо порањои ях мо-лиш дињед. Ќабл аз рангу бори рўй бо њаракатњои нарму мањскунанда ба пўст малњами аз офтоб њифзкунандаро молед.

Аксари бонувон дар фасли тобистон аслан аз косметикаи декоративї ис-тифода намебаранд, то ки пўсташон нафас кашад ва аз рангу бор истироњат на-мояд. Ин амали бонувон хеле бамаврид аст, вале танњо ба нафароне тавсия дода мешавад, ки берун аз шањрњои калон умр ба сар мебаранд. Чангу ѓубори корхонаю мошинњо ва дигар ифлосињои њавои шањр ба пўсти рўю мўй мечаспанд, аз ин лињоз косметологони љањонї тавсия медињанд, ки дар фасли тобистон аз малњамњои њамранг (тональ-ный крем) ва пудра исти-фода бубарем. Ин малњаму упо пўстро аз ифлосињои атмосфера-чанг, дуд, њавои газдор муњофизат менамо-янд.

Њусни табиїБарои он ки њусни та-

биии шумо аён гардад, малњами њамранги пўст бояд хеле мањин ва аз ран-ги пўстатон сафедта р бо-шад. Дар ин рўзњои гарм малњами њамранги тунукаки обакї молидан айни муд-даост. Аз болои крем упо молида, ялаќосї шудани пўстро пешгирї месозед.

Малњами њамранг

барои пўсти равѓанин

Бонувоне, ки пўсти равѓанину сурохињояш васеъ ва рихинакдор до-ранд, малњами њамранг (тональный-ро истифода мебаранд, то ки мушкилоти пўсташонро рупўш намо-янд. Бадбахтона њамаи бо-нувон медонанд, ки кадом малњами њамранг барои чу-нин намуди пўст мувофиќ аст. Аксаран малњами њамранги пўст (тональ-ный) дар баробари рупўш намудани ноќисињои пўст сўрохињои онро мањкам на-муда, боиси пайдо шудани доначањои сурх дар пўсти рўй мегардад. Аз ин хо-тир ба бонувони пўсташон равѓанин тавсия медињем, ки аз ин намуди малњам хеле кам истифода бубаранд. Малњам молида бошед, ба-робари аз кўча ба хона во-рид шудан рўятонро шўед. Бе крем гашта наметаво-ниста бошед, малњамеро интихоб намоед, ки тар-кибаш хеле тунук бошад, яъне орї аз равѓан ва до-рои мањсулоти нармкунанда аз ќабили аминокислотањо, мочевина, љавњари гиалу-рон ва ѓайра. Малњам бояд дар таркибаш љузъиётњои зиддибактериявї ва моддањои чарби пўстро ба эътидоловарандаро аз ќабили синк, витаминњои А ва В,Е ва антиоксидантњо до-шта бошад. Малњам-пудраи њамранг (тональный)-ро агар ба рўятон ѓафс мо-лед, ба љойи камбудињои пўстро пўшондан, баръ-акс бештар аён месозад. Малњами њамранги пўст дорои ќисматњои махсус (светоотражающие) бошад, камбудињои пўстро нонамо-ён месозад.

аСрори зебої

хўриши Гўштин

мањсулоти лозима:

100г гўшти обпаз, 2 картошка, 1-2 сабзї, 2 бо-

дринги шўр,1 тухм, 150 г майонез,мурѓ, намак

тарзи тањия:

Гўшти дар об пухтаро борик реза кунед. Кар-

тошка ва сабзиро дар об пухта, хунук куноне-

ду њамаашро чоркунља реза кунед. Бодирингро

реза карда, тухмро хурдтар майда кунед. Њамаи

мањсулоти резашударо якљоя намуда, намаку мурч

пошед ва бо майонез омехта кунед. Хўришро дар

табаќ ба шакли тўбча ѓун карда, бо кабутї оро

дињед.

«кабоби деГї»мањсулоти лозима:

250г гўшти гўсфанд, 25г равѓани думба, 30г сир-

кои май, пиёз, кабутї, намак, мурч

тарзи тањия:

Гўшти равѓанини гўсфандро 25-30 граммї реза кар-

да, намаку мурч ва сиркои май (винный уксус) пошида,

дар љои сард 2 соат нигоњ медорем. Ба деги тасфон

равѓани резаи думбаро бо гўшти гўсфанд андохта дар

оташи паст 15-20 даќиќа мезирбонем. (Дањони дегро

мањкам пўшонед) Кабоби тайёрро ба табаќ бардошта,

кабутї ва каме сирко мепошем. Иштињои том!

муњаррама шарипова:

МарДуМи ФайЗоБоД њуНарМаНДаНД

ќоиДањои парДоЗи рўй Дар тоБистоН

Куперози пўст чист?Купероз рагчањои намоёни пўсти рўй аст, ки дар шакли

халтача пайдо мешавад. Он аксаран дар бонувони калон-сол дида мешавад. Сабаби пайдоиши ин иллат дар он аст, ки пўсти рўй хеле нозуку нафис гашта, рагчањо васеъ мешаванд. Рагчњои хурд кафида ситорашакл мегарданд. Барои бонувоне, ки аз ин иллат азият мекашанд, косме-тика барои пўсти њассос лозим аст. Нигоњубини ин намуди пўст бояд хеле боэњтиётона ба роњ монда шавад. Аз тоза кардани пўст бо истифода аз скраб ва мањси рўй худдорї кардан бењтар аст. Пўсти дорои купероз ба нармкунонї ниёз дорад. Бо оби гарму хунук рўй шустан манъ аст. Дар њавои сард бояд малњами равѓнин молид. Барои мустањкам сохтани рагчањо витамини А,С,Е,К,Р, настаран, черника, пудина, барги ангур ва барги смородинаи сиёњро истифода бояд бурд.

Page 9: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 9МуЊОљир

Њамсояњоям њамеша «Оила»-ро

мехонанд ва ба ман тавсия доданд, ки

арзу диламро ба њамин газета нависам.

Ман зодаи Кўлоб, мўйсафеди 79-солаам.

Маќсадам аз ин нома шиква намудан аз

нодориву бекасї аст. Њамсарам 10-сол

пеш аз бемории фишорбаландї ин дунёро

падруд гуфту хонаам чуѓзхона шуд. Пи-

саронам зану фарзандонашонро гирифта,

ба Русия рафтанд. Касе аз дарам даро-

мада њолу ањволамро намепурсад. Худам

мондааму чор девор. Дар айёми пирї ка-

ланд зада, ризќу рўзиамро аз замин бо

араќи љабин меёфтам. Шукронаи Худованд,

њамсояњои хуб доштам, хўрокам медо-

данд, либосњоямро мешўстанд, вале то ба

кай ба гардани њамсоя бор мешавї?! Дарди

сари якумра нашавам гуфта, ба Душанбе

омадам. Дар шањр зиндагї кардан душвор

будааст. Ман барин мўйсафеди фартутро

дар ягон идора ба кор намегиранд. Хулоса,

маљбур шуда даст ба гадої дароз кардам.

Ягон одами шинос ё хешамро бинам, са-

рамро хам мекунам. Дилам аз ѓаму алам

косаи зардоб гаштааст. Наход, се фарзанд

дошта бошиву гадої карда гардї! Беному-

сии фарзандонам диламро аз дунё хунук

кардааст. Се писарро азоб кашида калон

кардам, хонадор намудам, вале дар охир

думи занњояшонро гирифта, маро партоф-

та рафтанд. Магар њамин аст подоши он

њама ранљу азобу хубињои падар?!

Умеди охиринам њамин газетаи «Оила»

аст. Мехоњам арзи диламро ба писаронам

бо воситаи сањифаи «Муњољир» расонам.

Тољиддин, Асомиддин ва Шањобиддин!

Писарњои падарбезорам, агар шумо имрўз

дар барам мебудед, ман њељ гоњ рў ба

гадої намеовардам. Фикр намекунед, ки

рўзе таќдири ман ба сари шумо њам мео-

яд?! Шояд аз умри падаратон рўзњои ба-

шумор монда бошад, чунки аллакай аз по

афтида истодаам. Ба ман пулу моли шумо

даркор нест, танњо мехоњам дар барам бо-

шед. Хавотирам, ки мурдаам њам дарди

сари њамсояњо мешавад. Баргардед ва па-

дари пиратонро соњибї кунед! Падари чашм ба роњ:

Мањмадниёзи 79-сола

мурдаам дар кўча

мемонад?!

Модарам 13-сол падари гумгаштаамон-ро интизор шуд. Бечора шабу рўз гиря ме-карду Худоро зорї менамуд, ки шавњарашро баргардонад, вале аз падарам дарак на-шуд. Рўзе бобои модариам ба хонаи бо-бои падариам омада шўру маѓал бардошт. «Бачаи шумо баѓали бевањои русро гарм карда гаштаасту духтари ман дар ин љо барои он номард ранљ кашида мегардад. Духтарамро бо кўчу бандаш мебараму дар байни як њафта ба шавњар медињам» гуфта, ќиёматро ќоим намуд мўйсафед. Амакњоям кўшиш намуданд, бобоямро ором карда на-тавонистанд. Мўйсафеди якрав кўчи моро ба мошини боркаше бор карда, моро зўран ба хонаи худаш бурд. Модарам падарамро дўст медошт ва тайёр буд, ки то охирии умр роњашро пояд, вале бобоям ўро маљбуран ба як марди шикамкалони занмурда дод. Ману додарам Шерзод дар хонаи бобоям мондем, зеро пияндарамон таъкид карда-аст, ки кўдаконашро набиёрад. Модарам дар хонаи шавњари наваш аз дурии мо љигархун шуда, шабу рўз гиря мекардааст. Оќибат оњу нолаи модарам ба дили он албастї зада, мегўяд: «Бачањоятро биёр, лекин дар чашми ман натобанд!» Мода-ри бечораам ба њаминаш њам шукр гуфта,

худи њамон рўз ба хонаи бобоям омаду моро њамроњаш ба хонаи пияндарамон бурд. Пияндарамон ба хотири модарам моро ба њавлияш роњ дода бошад њам, мис-ли гург ба гўсфандон менигарист. Эњ, кошкї дар хонаи бобоямон хориву гуруснагї ме-кашидему ба хонаи ин марди бадзабон намеомадем. Рўзамонро сиёњ кард пиян-дар. Як бурида нони мехўрдаамонро дар танамон зањр мекунад. «Саѓерањои ту гов барин пурхўранд» гўён, њар рўзи модари бечораамро таъна мезанад. Худо накарда дар дасти додаракам пораи нон ё ягон дона ќандро бинад, хонаро ба сараш бардош-та борони дашному њаќоратро ба сари мо мерезаду модарамро мурданивор мезанад. Рўзе нест, ки чашмони модарам даври об нагардад. Ин марди љоњил заррае аз Ху-дованд наметарсад. Охирин умедамон ба газетаи «Оила» аст. Мехоњем бо воситаи «Оила»-и розшунав дарди диламонро ба падари гумномам расонем.

Падарљон, агар чашмат ба ин номаи ак-шолуди фарзандонат мерасад, зудтар биё-ву моро аз дўзахи пияндар халос кун!

Њасрат ва Шерзод аз дењаи Њайдарободи н. Љиликул

Хонандагони  азиз!  њафтаномаи  «Оила»  ба-рои муњољирони тољик, ки дар Русия њастанд ва  ањли  хонаводањояшон  сањифаи  наверо 

бо  унвони  «Муњољир»  боз  мекунад.  Инак,  се номаи  пурдардро  аз  ин  силсила  пешкашатон месозем.  Шумо  њам  гуфтание  ба  азизонатон дошта  бошед,  њатман  ба  сањифаи  «Муњољир»-и «Оила»  нависед.  Мо  номањои  ба  пайвандони дар  Русия  будаатон  тааллуќдоштаи  шуморо дар  њафтавори  «Оила-Россия»  ва  розу  ниёзи љигарбандони  дар  Руссия  будаатонро  дар  њар шумораи  «Оила»  нашр  намуда,  миёни  шумоён робитаи наздикро тариќи газета барќарор менамо-ем. Интизори номањои шумоём!    Телефонњо барои маълумоти  муфассал: 

238-53-35 ва 985-81-89-81

Маърифат ном дорам.

Аз дараи Алмосии ноњияи

Њисорам. Шавњарамро дўст

дошта, оиладор шуда бу-

дам. Се сол зиндагї карде-

му шавњарам барои баро-

дарашро зан додан Русия

пулкоркунї рафт. Хушдома-

нам баъди рафтани писараш

пўстинашро чаппа пўшида,

њељ бо ман соз намегирифт.

Дар назди њаќќу њамсоя ва

хешу таборонаш мудом «пи-

сарам дар ин духтар чї ёф-

тааст, ки ўро ба занї гирифт»

гуфта, маро паст мезад. Хо-

тири мўйи сафедашро кар-

да, њама таънаю пичингашро

хомўшона мешунидам. Гап-

гардонию мањмадоногї на-

мекардам, вале ба љойи аз

рафтори ношоямаш шарм

доштан хушдоманам аз

хомўшии ман бештар да-

лер мешуд ва њар рўз ягон

наѓмаи нав мебаровард.

Дид, ки бо таънаву пичинг

маро аз хона берун карда

наметавонад, шўранзодию

иѓвоангезиро сар кард. Ба

писараш занг зада, њар хел

гапњои дурўѓро мегуфту моро

љанг меандохт. Шавњарам

занг зада маро дашном ме-

дод, ки чаро бо модараш му-

росо намекунам. Найрангњои

модарашро гуфта, гиря ме-

кардам. Шавњарам, ки маро

дўст медошт, оњи сард ка-

шида, таъкид менамуд, ки

тоќат кунам. Зиндагиям ба

дўзах табдил ёфта буд, аз

дасти нешзаниву таънањои

хушдомани серљоѓ, вале хо-

тири шавњарам ба њамааш

тоќат мекардам. Дар ин

байн шавњарам омада, ба-

родарашро зан дод ва боз

ба Русия рафт, вале ман

њомиладор нашудам. Бе-

фарзандии мо оташи ѓазаби

хушдоманамро бештар алан-

га медод ва ќариб њар рўз

як пора нони дар хонааш

мехўрдагиамро дар баданам

зањр мекард. Мењрубонї ме-

кардам, ширингуфторї ме-

намудам, тамоми кору

бори хонаро мекардам, то

дили модаршўямро ёбам,

вале ин кампир њељ ислоњ на-

шуд. Њамоно «ќисиргов, но-

зоям, љодугар» гуфта, маро

таъна мезад. Шавњарам пас

аз чанд сол хабар дод, ки

бар мегардад ва барои ман

сюрприз дорад. «Мењмоне

мебарам, ки аз диданаш

хурсанд мешавї» гуфта,

маро ба њайрат гузошт. Чанд

рўз фикр карда гаштам, ки

шавњарам барои ман чї

сюрприз дошта бошад ва

мењмонаш кист? Нињоят рўзи

омаданаш низ фаро расид

ва шавњарам як духтарчаи

се сола дар даст аз дар да-

ромад. Њайрон шудам, ки ин

духтарча кї бошад? «Мавзу-

на, шинос шав, ин духтарчаи

ман аз зани русам, номаш

Карина!»-гуфтани шавњарам

маро якбора кару гунг кард.

Аз ќањру ѓазаб ларзида ис-

тода дод задам: «Якбора

занатро њам наовардї, но-

мард! Гумон накун, ки њозир

ман ин саѓераи њаромиатро

ба оѓўш гирифта мебўсам.

Хиёнататро дар ду дунё на-

мебахшам!» Дарроё зада

баромадам ва худи њамон

лањза тамоми чизу чораамро

ѓундошта, роњи хонаамонро

пеш гирифтам. Шавњарам аз

пасам давида, зораву нола

кард, ки зиндагиамонро вай-

рон накунем, вале ќарори

ман ќатъї буд. Як хафта мешавад, ки

дар хонаи падарам њастам

ва дубора ба он љањанам

баргаштанро орзу намеку-

нам. Маќсади сарнавиштамро

ба «Оила» навиштанам он

аст, ки дигар муњољирон мис-

ли шавњари ман номардї

накунанд. Бечора занњои

тољик ба њама ѓурбату љангу

љанљоли хушдоман тоќат

карда, роњ мепоянд. Магар

њамин аст подоши сабурию

мењнаткашию муњаббати

зани тољик?!

Масъул: Рустам

Пияндар рўзамонро Сиёњ кард, дадаљон!

шавњарам духтари

руСашро оварду

њаёти маро Сўхт

Page 10: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 10 чОрСўи зиндагї

-Ба ч а и ќобил барин менамояд,-ба шавњараш нигариста гуфт Маша аз паси Шоњин мењрубонона нигариста. -Инњо њамаашон бачањои ќобилу коргаранд, аммо баъзе носипосон ба љои ба ин мусофирон рањмат гуфтан, онњоро ба њар бало гирифтор мекунанду фиреб медињанд,-сухани кампирашро тасдиќ кард амаки Федя.

(Давомаш. аввалаш дар шуморањои гузашта)

Њамин тавр њазлкунон зану шавњари ба сол пиру ба дил љавон ба назди дарвозаи Ком-бинати шир расиданд. Амаки Федя ба Шоњин ишора кард, ки аз мошин барояд, то њарду аз бордони «Москвич» шири овар-даашонро фароранд. Шоњин мушоњида намуд, ки мўйсафед ваќти фаровардани бидон бо дасти чапаш миёнашро дошта, баъд аз як гўшаи флак дошт, худаш дудаста бидонро бар-дошта гуфт:

-Шумо танњо ба ман гўед, ки ширро ба куљо бурданам лозим аст!

Амаки Федя бо даст ба тарафи дарвозаи даромадгоњи комбинат ишора намуд ва Шоњин бидонро ба замин нагу-зошта, то даромадгоњ расонд. Посбони либоси расмї дар бар пеши роњи ўро гирифта пурсид:

-Ба куљо?Амаки Федя аз љои истода-

аш овоз баровард:-Мон дарорад, Степа, ин

шири ман аст!Посбон дигар сухане нагуф-

та аз сари роњи Шоњин дур шуд ва сўи тарозуе, ки он љо шир-ро бар кашида мегирифтаанд, ишора намуд. Шоњин бидонро дар пањлуи тарозу гузошту ба-рои овардани флаки дуюм аз дарвоза берун шуд. Аллакай зану шавњар аз ду гўшаи он бардошта меоварданд. Шоњин ба тарафи онњо давид ва бидо-ни ширро аз дасташон гириф-та озод сари китф бардошту љониби тарозу равон шуд.

-Бачаи ќобил барин менамояд,-ба шавњараш ни-гариста гуфт Маша аз паси Шоњин мењрубонона нигариста.

-Инњо њамаашон бачањои ќобилу коргаранд, аммо баъ-зе носипосон ба љои ба ин мусофирон рањмат гуфтан, онњоро ба њар бало гирифтор мекунанду фиреб медињанд,-сухани кампирашро тасдиќ кард амаки Федя.

Пас аз он ки ширашонро баркашида њисобу китоб кар-данд ва бидонњои шир бо кўмаки Шоњин ба њавзи ка-лони пуршир рехта шуд, онњо ба назди њисобчї омаданд. Мўйсафеди Федя ба њисобчї рў оварда, гуфт:

-Ба бухгалтератон гўй, ки ман ваќти интизор шудан надо-рам. Маблаѓашро дафъаи ди-гар мегирам. Њоло ин љавонро то фурудгоњ бурданам лозим!

Шоњин, ки аз чунин ранг ги-рифтани кор њайрон шуда буд, ба амаки Федя гуфт:

-Барои ман шуда ташвиш накашед, истода пулатонро ги-ред, ман худам ягон илољ кар-да, то фурудгоњ меравам.

Њанўз амаки Федя лаб ба сухан накушода, посбони даромадгоњ, ки ўро чанд лањза пеш ронанда «Стёпа» гуфта

буд, ба гап њамроњ шуд:-Ба њузур рафтан гиред ама-

ки Федя, ин бори аввал нест- ку!

Мўйсафеду кампир ба Шоњин ишора намуданд, ки ба мошин савор шавад ва худа-шон низ дубора ба «Москвич» нишастанд. Лањзае пас мошин ба кўчаи калон баромад.

-Билети ту соати чанд?-пурсид кампири Маша,-Мабодо дер намемонї?

Шоњин намедонист чї гўяд, зеро чиптаи тайёра нахарида буд. Амаки Федя забонхоии љавонро дида фањмид, ки чип-та надорад ва ба ў имкони сухан надода, гуфт:

-Маълум, ки њанўз биле-ти тайёра нагирифтаї. Хайр, ягон илољ мекунем. Дар ин фурудгоњ додарзодаи ман кор мекунад, ку бинем, чї мегўяд…

Ба ту ба кадом шањр би-лет гирифтан лозим? Тошканд, Самарќанд ё ягон шањри ди-гар?

Шоњин дид, ки аз ин пиру кампир чизеро пинњон карда наметавонад, гуфт:

-Ба ман, агар пайдо шавад, ба Душанбе билет лозим, на-бошад, ба Хуљанд ё Кўлоб пар-воз кунам њам, мешавад.

-Ба Тољикистон гўй!-Бале.

Дар ин миён онњо ба сањни

фурудгоњ ра-с и д а н д .

Ф е д я а -м а к

«Москвич»-и кўњнаашро, ки дар байни мошинњои хориљї чун зоѓи ба селаи кабўтарон афтида менамуд, дар пањлўи «Лексус»-е ќарор дода, аз мо-шин фаромад.

-Михайловна,-ба занаш мурољиат намуд мўйсафед,-ту њамин љо интизор шав, ман њамроњи ин љавон рафта би-нам, канї Гаврила дар њамин љост, агар бошад, кори ин пи-сарро буд кунам.

-Ту маро пир гумон кардї?! Гаврила гапи маро аз ту дида бештар гўш мекунад, мардакљон, барои њамин њамроњ меравем,- кампи-ри Маша љисми бо мурури солњо чун танаи чинори вата-ни Шоњин ѓафсшудаашро аз мошин берун кашида, ба онњо њамроњ шуд.

Секаса ба бинои фурудгоњ даромаданд ва бо ишораи Маша ба як нишастгоњи холї нишастанд. Амаки Федя аз ки-сааш телефони дастиашро ба-роварда ба љиянаш занг зад:

-Гаврила ту дар куљо? Дар кор? Як ба толор баро, кори зарур баромад. Не, њама тинљї, фаќат ману кампирам туро як бор дидан мехоњем. Кори за-рурамон баромада монду ту даркор шудї. Зудтар баро, бачаљон!

Мўйсафед суњбаташро та-мом карда ба Шоњин рўй овард ва бо оњанге, ки дар он ифти-хор њис карда мешуд, гуфт:

-Љияни ман дар ин љо муо-вини сардор аст. Лозим шавад, ба Африќо њам билет ёфта медињад. Бахтат омад кард, ки бо амаки Федяат вохўрдї! Барои ман билет гирифтан ду карат ду!

-Лоф назан, порсол ваќти ба Сочи сафар карданат як њафта билет кофтї,-эътироз кард Ми-хайловна.

-Оњ маккорае, худат пинњонї аз ман ба вай гуфтї, ки табиа-ти намноки Сочї ба ман на-мефорад. Њардуятон забон як карда, маро як њафта нигоњ доштед, вале рафтам-ку!

-Ња рафтї, лекин баъди боз-

гаштат як моњи дароз ман туро бо алаф табобат кардам!

Шоњин ба бањси ин ду на-фар гўш андохта, ба зиндагии ширини ин кампиру мўйсафед њавасаш омад. «Ана инро зиндагї мегўянд! Њамдигарро чї хел эњтиёт мекунанд-а» аз дил гузаронд вай ва беихтиёр Оксана ба ёдаш расид. «Ма-гар ў маро эњтиёт намекард? Албатта мекард! Магар ў на-буд, ки маро аз чанголи марг наљот дод? Магар ў набуд, ки барои ман шуда бо чандин нафар муносибаташро вайрон кард? Магар ў набуд, ки як тољикбачаи беному нишонро ба падараш наздик карда, ба дараљаи роњбари як корхонаи калон расонд? Магар њамин Оксана набуд, ки барои ман шуда њаёти худашу наздик-тарин шахсашро зери хатар гузошт? Ба ивазаш ман чї кор кардам? Ўро фиреб до-дам. Гурехтам. Ин корро бояд намекардам?» Кирми шубња дар дили Шоњин љой шуд, ки оё рафтораш дуруст аст ё бояд дар њамин љо мемон-ду бо ќаллобу хунхор сар ба сар мешуд. Магар ў њаќ дошт љони инсонњоеро, ки барояш

њељ чизро дареѓ намедоштанд, зери хатар гузорад?! Шоњин бо кафи даст пешониашро дошта, бори дигар рафторашро дар тарозуи аќл бармекашид. Ху-лосааш ќатъї буд: «Не, ман њаргиз њаќ надоштам, ки њаёти Оксанаю падарашро зери ха-тар гузорам. Бигзор ишќи ман, орзую умеди ман, зиндагии минбаъдаи ман ќурбонї ша-вад. Ба хотири њамин ишќи бе-олоиш тайёрам дањ бори дигар ин корро кунам, вале њаргиз намегузорам, ки ба пои Оксана хоре халад!»

Шоњинро аз гирдоби андешањо ба наздашон омада-ни як љавонмарди болобалан-ди чорпањлўи сафедчењра, ки ба амаки Федя бисёр монанд буд, рањо кард.

-Салом, амакљон! Хайрият, як бор ба назди мо њам меома-даед. Холаи Маша, шумо њам дар њаминљоед?! Рафтем, ба кабинет меравем,-ба Шоњини дар пањлўи онњо нишаста эъ-тибор надода, гуфт љавонмард.

Амаки Федя баъд аз он, ки љиянашро ба оѓўш кашида, одоби вохўриро ба љо овард, сўйи Шоњин ишора карда, гуфт:

- Гаврила, агар љияни ман бошї, ана њамин љавонро бо наздиктарин рейс ба ватанаш гусел мекунї!

Гаврила сар то пои Шоњинро аз назар гузаронида, баъд пурсид:

-Ба куљо? Ўзбекистон, Ќирѓизистон ё …

-Тољикистон,-љавоб дод Шоњин.

Гаврила андак пешониаш-ро хориду баъд бо ратсияи дар дасташ буда бо куљое тамос гирфту сипас гуфт:

-Ба самти Тољикистон имрўз бегоњ танњо як рейс, ба Кўлоб парвоз мекунаду халос. Ба Ду-шанбе пагоњ рейс дорем…

Њама ба тарафи Шоњин нигариста, интизори љавоби ў шуданд…

(Давом дорад)а. Њољї

ишќи тиллоии Муњољири тољик

таъбири хоб

њазрати одамро хоб дидед?

Касе, ки дар хобаш на-хустин инсони офаридаи Худованд-Њазрати Одам алайњи Саломро бубинад, шод шавад, зеро ин хоб ни-шонаи ба маќоми баланд ра-сидани ў ва соњиби вазифа гаштанаш бошад. Љавоне, агар хоб бубинад, ки бо Њазрати Одам сўњбат до-рад, пас бояд домони илм-ро мањкам бидорад, зеро ин хоб далели он бошад, ки вай олими намоён ва номдору соњибэњтиром хоњад гашт. Хоб бубинед, ки Њазрати Одам либос пўшида истода-аст, бидонед, ки сафари му-фиде шуморо дар пеш аст.

Садои азонКасе дар хобаш садои

азонро шунавад, бидонад, ки ин далели хайр аст ва бар он ишорат мекунад, ки ба наздикї ин одам ба зиёра-ти њаљ, яъне «Хонаи Худо» мушарраф мегардад. Дар хобаш азон гуфтани одам аз он далолат мекунад, ки дуо-яш пеши Худованд мустаљоб гаштааст ва ё аз ягон васва-саи шайтонї рањої меёбад. Касе, ки дар хобаш Ќуръони шарифро бихонад, олими дин ва ё шахси намоёне мегардад, ки суханаш пеши дигарон ќадру ќиммати зиёд дорад.

њазрати аюбЊазрати Аюбро хоб дидан

нишонаи он аст, ки санљиши љиддие ўро интизор аст. Аз эњтимол дур нест, ки ба гир-доби мушкилот биафтад, вале аз сидќи дил дуо кунад, њамон соне, ки поёни гиряву нолањои Њазрати Аюб шодї буд, њамон сон Худованд билохира мушкилашро осон намуда, хандаро дубора ба лабонаш бармегардонад ва хушбахттарин инсонаш месо-зад. Бемор, агар Њазрати Аю-бро хоб бубинад, шифо ёбад.

кўњи арафотХудро дар хоб дар кўњи

Арафот дидани нишонаи он аст, ки ба ќуллаи баланди муродатон мерасед ва орзуи бузургтаринатон љомаи амал мепўшад. Дар кўњи Арафот ягон шинос ё хешу табор-ро во хўрдан аз он далолат мекунад, ки азизи гумгашта-атонро ёфта, шод мешавед. Кўњи Арафотро хоб дидан боз як нишонаи нек дорад. Касе, ки худро дар пояи кўњи Арафот бубинад, њољї меша-вад.

актёр ё душман? Касе, ки дар хобаш актёр

ё сарояндаи номдореро бу-бинад, бидонад ки дар байни дўстонаш касе њаст, ки ўро фиреб медињад ва бояд аз зиёни ин душмани дўстнамо эњтиёт шавад.

анборАнбори пурро хоб дидан

нишонаи боигарї ва сарват буда, аз он гувоњї медињад, ки даромади калоне шуморо интизор аст ва зиндагиатон аз ин пас ранги дигар гириф-та, минбаъд њаёти шоњона насибатон мегардад. Анбори холї аз он далолат мекунад, ки шахси хобдида муфлис, яъне бонкрот мешавад.

Фароњатсоз Ф. Сатторї

Page 11: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 11дОниСтан МехОЊед?

хоби пуштнокї

Ба аќидаи мутахассисон пуштнокї хобидан муфид аст: Сутунмуњраву гардан рост ва дасту по ороманд. Чунин тар-зи хобиданро табибон њангоми беморињои дил ва роњњои на-

фас, варикоз (хуб мебуд, ки дар таги пой болишти паст

гузоред) тавсия медињанд. Хоби пуштнокї љавониро бардавом месозад-мушакњои рўй орому пўст њамвор мегардад. Њангоми хоби пуштнокї болишт бояд баланд набошад, вагарна рагњои сутунмуњра фи-

шор хўрда, гардиши хун халал меёбад. Дар

натиља дарди сару таѓйир ёфтани ранги рўй ва њатто

инсулт гирифтани одам им-конпазир аст. Аз ин лињоз гарданатонро дар љои њамвор гузошта хоб равед. Ба баъзе беморон хоби пуштнокї њатто дар болишти њамвор мумкин нест. Аз љумла ба бонувоне, ки дар моњи охири њомиладорї ќарор доранд ва барои нафа-рони хўрокмекашидаву гириф-торони бемории нафастангии шабона ба пушт хоб рафтанро тавсия намедињем.

Хоби ба пушт ба саломатии мард фоида дорад. Дар чу-нин њолат узвњои љинсї хубтар бо хун таъмин гашта, ќувваи мардї бењтар мегардад.

хоби якпањлу

Хоби якпањлуро ба нафа-роне, ки хурок мекашанд ва ба њомиладорон тавсия медињем. Дар ин њангом зонувонро ба шикам нарасонед, ин амал ба сутунмуњра зарар дорад. Бењтараш пойњоро каме ќад

кунед ё як пойро росту дига-рашро ќад намоед.

Љињати манфии тамоми шаб якпањлу хобидан дар он аст, ки субњ даст ё поятон ка-рахт мешавад. Хоби якпањлу боиси пайдоиши санги гурда гашта метавонад. Олимон му-айян сотанд, ки 75% нафарони гирифтори бемории санги пе-шобдон бо сабаби якпањлу хо-бидан ба ин иллат дучор гаш-таанд. Тавре равоншиносони англис шањодат медињанд, ќариб ними ањолии Бритони-ёи кабир якпањлу ва зонувона-шонро ќад карда мисли тифл дар батни модар мехобанд, чунки чунин тарзи хобравї ором мекунонад. Шахси якпањлу хобида ќоматашро най барин рост нигоњ дорад, ин аз дамдуздиву босалобат буданаш дарак медињад.

ба шикам мехобед?

Ба шикам хоб рафтанро олимон ќабул надоранд. На-

фароне, ки аз дарди шикам азият мекашанд ва бонуво-ни навзоида майли бо чунин тарз хобиданро доранд.

Аслан ба шикам хобравї фоида надорад. Азбаски њангоми ба шикам хоб раф-тан калла яктарафа меша-вад, мушакњои китфу гардан фишор хўрда, гардиши хун дар сар халал меёбад ва ин боиси дарди сар, хаста-гиву заифї мегардад. Тавре тадќиќотњо нишон додаанд, нафарони ба шикам хобида-ро хобњои дањшатнок азият медињанд. Ба аќидаи олимон сабаб дар нафаскашии душ-вор њангоми хоб аст.

Бо шикам хобдар даврони ќадим хитоињо бар он аќида буданд, ки инсон бояд њамеша якпањлў хобад: бо китфи чап барои хуб сохтани љараёни њазми хўрок, бо китфи рост барои ором сохтани асаб. рў ба болишт ё рўболо хобиданро хитоињои ќадим манъ мекарданд, вале олимони муосир бо ин аќида розї нестанд.

нарав, мемурї!

Page 12: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 12 СарнавиштЊОи ѓаМангез

(Давомаш. аввалаш дар шуморањои гузашта)Зану фарзандони Ком-

рон аз садама бохабар шуда, љониби беморхона шитофтанд. Машњура дар паси дари њуљраи эњёгарї асабиёна ќадам зада, баромадани духтурро интизор буд, то ањволи шавњарашро бипурсад. Нињоят пас аз се соат духтури солхўрдаи мўяш мошубиринљие, ки дар пешона-аш ќатрањои калон-калони араќ медурахшиданд, хастањолона аз дар баромад. Машњура пеши роњи духтурро гирифта, пурсид:

-Илтимос, росташро гўед, шавњари ман зинда мемонад?

Профессор аввал саропои љавонзанро синчакорона аз на-зар гузаронду баъд оњи сарде кашида гуфт:

-Хоњарам, ман Худо нестам, ки донам, кї зинда мемона-ду кї мемирад. Ман танњо як табибам ва њарчи аз дастам омад, кардам. Ин тарафаш дар дасти парвардигор, агар риштаи умраш дароз бошад, зинда мемонад. Фаќат як чиз-ро бояд њамчун табиб ман ба шумо бигўям, то рўњан омода шавед, шавњаратон зинда мо-над њам, дигар мисли пештара бардаму баќувват намешавад. Сутунмуњрааш шикастааст, ак-нун ба по хестанаш ба гумон аст. Эњтимол як умр маъюб монад

Машњураи шаттоњ ин гапро шунида, талх гиря кард. Вай ба-рои маъюб шудани шавњараш не, барои он зиќ шуд, ки мин-баъд аз њисоби Комрон кайфу сафо карда наметавонад ва бар замми ин, саѓерањои шўйи маслуќаш дарди сараш меша-ванд.

ашки талхи марди маъюб

Пешгўии профессори пир рост баромад, табибони њамадон љонашро аз панљаи марг рањонида бошанд њам, натавонистанд Комронро дубора ба по бархезонанд. Љавонмарди дар айни шуку-фоии умр ба садама афтида, њељ ба таќдир тан додан на-хоста, чандин маротиба кўшиш кард, ки аз љояш хезад, вале пойњояш чунон карахт бу-данд, ки њатто ангуштонаш намељумбиданд. «Аз як умр хори зану фарзанд шудан дида марг бењтар аст» гўён, ќасди худкушї намуд, вале табибон ўро аз марг наљот доданд.

-Чаро намондед, ки њамон

рўзи садама љон ба љонофарин супорам, акнун бо ин ањвол ман ба кї даркорам?! Бе пои равон ман чї хел фарзандам-ро мехўронам??? Мурдаи дар љогањ хоб ба кї даркор,-Комрон мегуфту мегирист, мегуфту ме-гирист, вале яќин медонист, ки Худованд одамро ба санг таб-дил дињад њам, чора надорад.

занкалонБарояш аробачаи маъюбї

харида, Комронро аз бемор-хона бароварданд. Акнун вай рўзи дароз дар хона мениша-сту њамсараш Машњура ба кор баромада бо маоши ночизаш каму беш ризќу рўзии ањли ои-ларо таъмин мекард. Аз рўзи коргар шуданаш ба ќавли кам-пиракон буљули занак асп хе-ста буд ва дигар шавњарашро ќадри як донаи арзан писанд намекард. Њокими мутлаќи хо-надон шуда буд Машњура ва Комрону фарзандонаш љуръат намекарданд, ки пишаки ўро пишт бигўянд. Барои гуза-ронидани љарроњии Комрон Машњура аз бонк ќарз гирифта буд ва ду пояшро ба як мўза андохта, талаб намуд, ки хона-ро фурўхта, ќарзро баргардо-нанд. Комрони маъюб ба љуз розї шудан дигар чора надошт.

модаршоњїДар ин хонадон акнун

модаршоњї њукмрон буд ва Машњура бо хости дили худ ба хона нарх монда, чорњуљрагиро бо дуњуљрагї иваз намуд. Ха-ридор бар ивази хонаашон пули калон дода бошад њам, љавонзани макораи шаттоњ «ќарзи бонкро додам» гўён, маблаѓи боќимондаро аз шавњараш Комрон ва фарзан-дони ў руст карда, пинњонї ба-рои худаш манзили якњуљрагї харид, то дар сурати љон ба љонофарин супурдани шўйи бемораш дар кўча намонад.

мољарои моиндарМарљонаи бадбахт бо

маслињати моиндараш њодисаи ба сараш омадаро аз падараш пинњон дошта, дарун-дарун хун хўрда мегашт. Болои сўхта намакоб гуфтагї барин, барои напардохтани маблаѓи тањсил ўро аз донишгоњ хориљ намуданд. Духтараки бечора пеши пойи моиндараш афтида, илтиљо намуд, ки аз пули хона ба вай каме маблаѓ дињад, то њаќќи донишгоњро пардозаду аз гирифтани диплом бена-

сиб намонад, вале Машњураи љаллод ба ѓазаб омада, дод зад:

-Бо умеди ман нашав! Мана падарат дар аробача шишта-аст, пул дошта бошад, баро-варда дињад! Ман бонки шахсї надорам, ки њам шумоёнро хўронаму њам пули мактаба-тонро дињам. Дасту поят на-шикастааст, ки ба гардани ман бор шавї, рафта кор куну ризќу рўзиатро ёб!

Комрони маъюб оби чаш-ми духтарашро дида, љигархун гашт, вале аз дасташ коре на-меомад, Машњура ўро ба як тини пучак њам намегирифт.

рўзи сиёњи марљонаТаънањои моиндараш мис-

ли тир ба љонаш расиданду Марљона ночор донишгоњро партофта дар як тарабхона ба кор даромад. Духтаре, ки ба маълумоти олї гирифтанаш як солаки дигар боќї монда буд, акнун аз ночорї рўзи дароз ко-саю тбаќ мешуст. Машњураи шаттоњ заррае шарм надо-шта, чор танга пули бо хуни љигар меёфтаи духтаракро бо бањонаи «додаронатро кї мехўронад?!» кашида меги-рифт. Марљона маљбур шуд, ки як ќисми пулашро дар коргоњаш пинњон кунад.

ишќи љияни раис Дар тарабхона љияни раис

Њасан ба Марљона чашм ало карда мегашт, вале духтарак мисли сайди сур худашро аз ў дур мегирифт. Шомгоње нав аз тарабхона баромаданї буд, ки касе аз банди дасташ мањкам дошт. Баргашта дар рў ба рўяш Њасанро дид ва аз тарс дар љояш шах шуд.

-Куљо меравї, парї?-Ба тав-ри худ хушгўйї кард Њасан.

-Кори ту чист, ки ман куљо меравам?! Дастамро сар дењ,-дод зад духтар.

-Хоњам сар медињам, нахоњам не! Хоњам туро оѓўш карда мебўсам,- љавони ав-бошнамо кўшиш кард, ки Марљонаро ба оѓўш бигирад.

Дар ин поси шаб касе на-буд, ки ба додаш бирасад, аз ин рў Марљонаи як бор шаттаи чунин авбошонро хўрда, пеши пойи Њасан афтида, зориву та-валло намуд, ки дасташро рањо кунад.

-Майлаш, дастатро сар медињам, лекин ту ба мошини ман мешинї. Натарс, ягон кор намекунам. Ман туро санљидам, духтари боодоб будаї. Шаб

шудааст, бишин, то хонаатон мебарам,-зоњиран ором шуд Њасан.

Марљонаи содда ба гапи вай бовар карда ба мошинаш нишасту љияни раис дарњоро мањкам карда, мошинро ба самти дигар ронд. Марљона бо тамоми овоз доду вой ме-кард, вале Њасан ба ин зар-рае ањамият намедод. Нињоят ба љойи хилвате расиданд ва Њасан мошинро нигоњ дошта, аз сари чамбарак фарома-ду дари ќафоро кушода, дар пањлўи Марљона нишаст ва пурсид:

-Маълум, ки духтари бероња нестї, пас барои чї падару мо-дарат туро дар ресторан ба кор монданд? Дилашон чї хел шуд, ки ин чўљаи париро ба коми гургњои гурусна парто-янд?!

Марљона гириста-гириста бе модар будан ва ба садама афтида, якумра маъюб шуда-ни падарашро наќл кард. Дили Њасан ба вай сўхту духтари берўзиро дигар азоб надода ба хонаашон оварда монд.

зану шавњар-ќудоОшиќаш Рустам њоли зори

Марљонаро дида, таклиф на-муд, ки хонадор шаванд, то аз чанги моиндари золим рањої ёбад. Духтар дарњол розигї дод ва рўзи дигар падару модари љавон ба хонаи онњо хостгорї омаданд. Дар рў ба рўяш арўси кали замоне шар-мандавор аз дар берун кар-даашро дида, Комрон намедо-нист сарашро дар куљо пинњон намояд. Шавњари Комила-Ман-сур ўро аз хиљолат бароварда гуфт:

-Дар зиндагї њар инсон хато мекунад. Байни шумоён њар чи буд, гузашт. Акнун, ки фар-зандонамон њамдигарро дўст доштаанд, як дуои сафед дењ, то њардуяшон хушбахт шаванд. Комрон гириста-гириста даст ба дуо бардошт ва сафедї да-ронда Марљонаро ба писари Комила-Рустам фотиња наму-данд.

тўй ва шармандагїКомилаю шавњараш пули

калон сарф намуда, ба ша-рафи тўйи фарзанди нахуст-писарашон базми осмонкаф оростанд. Падару модарон хурсанд буданд, ки фарзан-донашон њамдигарро дўст ме-доранду оилаи солим бунёд намуданд, вале шаби дигар сирри нодухтарии Марљона фош шуд. Рустам хост арўси доманбохтаашро аз дар берун кунад, вале падару модараш сади роњаш гашта, гуфтанд:

-Аввал фањмидан лозим, ки чї њодиса рўй додааст.

Комила назди келинаш да-ромад ва Марљонаро модарвор ба оѓўш гирифта пурсид:

-Чаро пештар нагуфтї, ки ошиќи дигар дорї?

Марљона гириста-гириста њодисаи ба сараш омадаро пурра наќл кард. Аз љониби авбошон таљовуз шудани Марљонаро фањмида, Комилаю шавњараш волидони арўсро даъват намуданд. Комила рост ба чашмони Комрон нигариста гуфт:

-Ёд дорї, ки чї тавр дар ваќташ ту маро барои кал бу-данам шармандавор аз дарат берун карда бўдї?! Кал бошам њам, ман духтари бокира бу-дам. Духтари ту кайњо домони исматашро бохтааст. Љазои но-духтар шармандавор ба хонаи падараш баргаштан аст, вале ман ин корро намекунам. Биг-зор зиндагї кунанд. Хунро бо хун не, бо об мешўянд!

Гулнисои Њикматулло

Фароштурук зодани занро осон мекунадИн парандаи маъмўл аст.

Мизољи гўшташ дар миёнаи дараљаи саввум гарм ва хушк аст. Хислатњои шинофбахши он: гўшташро кабоб карда бихўранд, гирењњои узвњои баданро меку-шояд, зардпарвин ва беморињои сипурзро шифо мебахшад; санги хичакро майда карда мерезо-над. 4,5 грамм гўшти хушки онро кўфта бихўранд, ќуввати чашмро зиёда мегардонад; 7 грамм гўшти намакини хушкашро бихўранд, дарди гулўро, ки сабабаш љамъ шудани хун дар мавзеи халќ бо-шад, шифо мебахшад. Агар инро сўхта, хокистарашро бо об даро-мехта, бо он об ѓарѓара кунанд, барои дарди гулўи мазкур даво мебошад ва њамаи беморињои ѓадудњои бодомшакли њалќро дафъ мекунад. Агар ин хокистар-ро бо асал даромехта ё сўхтаи онро бо асал даромехта, барда-вом ба ком бимоланд, низ њамин таъсирро дорад.

Бачаашро сўхта, соида, бо хунаш сиришта, ба чашм бимо-ланд, ќуввати биноии чашмро меафзояд.

Маѓзи сарашро бо асал си-ришта ё саргинаш ва ё хоки-стари онро бо асал даромехта, ба чашм кашанд, ба гавњараки чашм фуромадани обро, ки дар ибтидо бошад, шифо мебахшад; ќутури чашм, сурхии он ва но-хунаки чашмро шифо мешавад. Њамчунин хуни гармогарми он ва саргинаш баѓоят поккунанда мебошад, барои некўии ранги рухсор ва дафъ кардани доѓи сафеди пўст хеле давои хубест, инчунин пўстро аз доѓњои дигар пок мегардонад. Агар бо зањраи гов даромехта бимоланд, мўйи сиёњро сафед менамояд.

Чун чанд рўз њар рўз 4,5 грамм хокистари ошёни фарош-турукро занњо бихўранд, душво-рии зоиданро осон мекунад.

Зањраи онро дар бинї чако-нанд, мўйи сар ва ришро сиёњ мекунад.

Чашмњои онро бо равѓани занбаќ (савсани сафед) ё равѓани савсани кўњї даромехта, ба нофи занон бимоланд, душво-рии зоиданро осон мегардонад.

Фароштурук дар як сол ду бор бача меоварад. Агар шика-ми бачаи якум баровардаи онро чок кунанд, сангреза аз он зоњир мегардад: яке якранг ва дигаре гуногунранг. Сангрезаи якранги онро дар пўсти гўсола, ки дар ваќти зоида шуданаш бадани он ба замин нарасида бошад, дар даст муаллаќ бардошта сарашро бибуранду пўсташро људо кар-да бигиранд ва дар он пўст он сангрезаро баста, дар гардан ва бозуи гирифтори иллати саръ (припадка) банданд, аз он ил-лат наљот меёбад. Ва санги гу-ногунранги мазкурро дар њарири сафед печонида, бо худ нигоњ доранд, мартабаи баланд ва бе-ниёзиро соњиб мегарданд.

Ба ќавле чун бачаи онро бо заъфарон ва дигар ранги зард ранг кунанд, ки дар ваќти ранг кардан модар ва падари ў наби-нанд, барои дафъи зардии ранги бачаи худ санги зардпарвинро ба ошёнаш меоварданд. Он санг барои иллати зардпарвин дору мебошад.

Чун сари фароштуруки нар ва мода-њар дуро бо оташ сўхта, дар шароби мардуме, ки шароб мехўранд, андозанд, он шароб маст намекунад.

Тайёр кардани равѓани занбаќ ин тавр аст. Гулњои савса-ни сафедро дар зарфе, ки дар он равѓани кунљиди тоза ё равѓани зайтун рехта бошанд, пур карда, ба офтоб мегузоранд. Баъд аз як њафта ранги гул мепарад, он гул-ро фишурда дафъ карда, аз гули нав пур менамоянд. Њамин тавр то чор-панљ мартаба гулро иваз мекунанд. Баъд гулро фишур-да дур мегардонанд-ин равѓани занбаќ аст. Занбаќ-савсани са-федро мегўянд.

канзи шифо

арўси кал

Page 13: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 13ќиССаЊОи зиндагї

Ќиёмат он рўз

дар њавлии мо гўё ќоим шуда буд.

мурдаи модарамро шустанд, кафанпеч

намуданд ва рўйи тобут гузоштанд. ваќте

ки мардњо тобути модарамро сари китф

бардоштанї шуданд, ќулфи забони

ман кушода шуд ва пеши роњашонро

гирифта, бо тамоми овоз фарёд задам:

-модарамро куљо мебаред?!

худозадањо, маро саѓера

накунед!

чашми бадАпаи калониам Зарринаро

ба Њабиб ном љавони зебое ба шавњар додем. Тўяшон чунон зебою бодабдаба гузашт, ки дањони тамоми њаќку њамсояњо воз монд. Дар тўй якбора чанд њофизи номдор иштирок кар-да, базми осмонкафе оростанд. Арўсу домод дар тахти шоњї нишаста, шоњзодаю шоњбонуи њаќиќиро мемонданд. Њама мењмонон таърифи њусну љамоли апаамро мекарданд ва ба модаре, ки чунин паривашро ба дунё овардааст, офарин ме-хонданд, вале…

духтарталошАпаи дуюмам Парвина аз

Зарина њам зеботар ва ќошу чашмони сиёњаш дили аксари љавонони дењаро тасхир намуда буд. Дар тўйи Заррина духтари њамсояамон, муаллими Собир-Нилуфар Парвинаро маљбуран ба раќс кашид. Баробари ба сањна баромадани апаам љавонони зиёде дар гирдаш пар-вона шуданд. Парвина бо ягон нафарашон раќсидан нахоста, пушташро ба бачањо гардонда, њамроњи Нилуфар мераќсид, вале онњо мисли паша хирагї карда, худашонро пеши пояш партофта мераќсиданд. Баро-дари Нилуфар аз афташ Парви-наи моро дўст медоштааст, ки бо чанд љавони дар гирди апаам парвона гашта даст ба гиребон шуд. «Саѓераи почаканда, чї ин ќадар худатро медарронї, хоњї-нахоњї Парвина азони ман ме-шавад», дод мезад писари усто Камол-Аюб.

«Онаи зоратро нишон медињам! Дар хобат мебинї, ки Парвина азони ту шудааст!»- аррос мезад, бародари Нилу-фар-Рашод. Њамин тавр байни бачањо барои Парвина мољаро бархост ва онњо њамдигарро чу-нон латукўб карданд, ки сару дањонашон ѓарќоби хун гашт.

Тўй вайрон шуд ва ќудоњо бо табъи гирифта, арўсу домодро ба мошин шинонда, роњи хонаа-шонро пеш гирифтанд.

фоли бадБарои Парвина даст ба ги-

ребон шудани бачањо ва вайрон шудани тўйи фарзанди наху-стинаш табъи модарам чунон хира намуд, ки фишори хунаш баланд гашт. Тарафи домод баъди аз тарабхона ба хонаи худашон бурдани арўс бисёр зорї намуданд, ки шаб мењмон шавем, вале чизеро њис кардагї барин, модарам сар љумбонда гуфтанд:

-Ќудољон, хафа нашавед, ле-

к и н шаб дар хонаатон намеистад. Амаю холањои арўс имшаб њамроњаш монанд, ман пагоњ сањар ягон ширинї гирифта, духтарамро диданї меоям.

Ќудоњо ночор ману мода-рамро ба хонаи худамон гусел карданд.

васияти охирин Њамон шаб модарам ба па-

дарам наќл кард, ки дар тўйхона бачањо барои Парвина даст ба гиребон шуданд ва боз чанд занаки шиносу ношинос духта-ри дуюматонро келин мекунем гуфта, ба љону њолаш намон-даанд. Апаам Парвина нав дар синфи нуњум мехонд, аз ин рў, падарам даст афшонда гуфт:

-Занакљон, ањамият надењ, бигзор лаќидан гиранд. Духтари мо њоло кўдак аст, шавњарро чї кор мекунад?! Бигзор дар сояи давлати падару модараш роњат карда гардад!

Чењраи модарам мањзунтар гашт ва дасти падарамро до-шта, зорї кард:

-Мардакљон, мабодо дидани тўйи Парвина ба ман насиб на-гардад, духтаракамро бадбахт шудан намон!

Падарам ин гапро шунида як ќад париду модарамро коњиш намуд:

-Њамин гапњои хунука нагўй, занак! Ту њоло љавонї, натанњо Парвина, балки њамаи фарзан-донатро хонадор мекунию дар тўяшон чуноне ки дар базми арўсии Зарина раќсидї мераќсї!

-Ба њар њол ваъда дењ, ки духтаракои ширинамона хор шудан намемонї,-якравї кард модарам.

-Майлаш-майлаш, ваъда медињам, лекин ту барои мур-дан шитоб накун, очаш, чунки ман ќудрати мурдагўронї надо-рам. Барои гузаронидани тўйи Зарринаљон ба ќарз ѓутидем,

мон , ки аќалан пули мардумро баргардонам,-бехабар аз амри сарнавишт шўхї кард падарам.

хоби дањшатнок Њамон шаб хоби дањшатноке

дидам. Дар хобам ду марди ришдори либосњояшон сап- са-фед модарамро кашолакунон ба куљое мебурданд. Гиряву зорї намуда, «модарамро набаред»-гўён, аз пасашон медавидам, вале онњо ба ман эътибор на-медоданд. Нињоят нафасгир шуда, ба онњо расида гирифтам ва аз пойи модарам дошта зорї кардам: «Очаљон, тезтар гурез! Маро партофта њамроњи ин бобоякњо ба куљо меравї?! Мо-дарам як бор рўяшро тарафам гардонд ва «паноњат ба Худо, бачаљон! Ба ман начасп, ки туро њам мебаранд! Зудтар аз ин љо рав! Рав, рав» гўён, маро теле дода аз худаш дур кард. Пойи модарам аз дастам рањо шуд ва дидам, ки бобоякњо ўро ка-шолакунон ба ѓор дароварданд. Фиѓони љонкоње кашида бедор шудам. Дилам аз тарс гуп-гуп мезад ва мисли кабки ќафас ху-дро ба панљараи сина зада, аз сандуќи дилам баромадан ме-хост. Нафас дар гулўям печида, дар обу араќ ѓутида будам.

мурдаи яхкарда Рўз аллакай равшан шуда

буд. Пањлў гаштам. Мода-рам њанўз дар љогањ мехобид. Њайрон шудам, ки чаро то њол хоб бошад, чунки одатан вай хеле барваќ мехест ва гов љўшида бароямон ширбиринљ мепўхт. Аз дил гузаронидам, ки шояд монда шуда, дар хоб мон-дааст ва хам шуда дар бехи гўшаш пичирос задам:

-Очаљон, хезед, аллакай рўз шуд, хонаи апаи Зарринаам рафтан даркор. Шаб худатон гуфтед-ку, сањарї ширинї ги-рифта мебиёям.

Модарам љавоб надод. Њайрон шудам, ки ба вай чї шуда бошад. Китфашро та-кон додам, наљумбид. Њайрон шуда аз дасташ кашидам. Да-сти модарам ях барин хунук буд. Гумон кардам, ки очаљонам хунук хўрдааст, кўрпаро аз бо-лои сандуќ гирифта ба рўяш партофтанї шудам. Ваќти кўрпаро партофтан тасодуфан бо поям дасти акаам Зафар-ро зер кардам, тарсида аз хоб хест ва як шапотї ба бари рўям зад. Гиря карда бо тамо-ми овоз дод задам: «Очаљон, бачаатонро бинед, маро меза-над!» Одатан модарам тара-

фи маро гирифта, акаамро сарзаниш мекард, вале ин дафъа на љавоб дод ва на мижжа зад. Дањонаш кушода мехобид.

-Апаи Парвина, хез, модарам бемор шудагї барин, хонаро рўфта тоза кун, мабодо ягон мењмон набиёяд,-овоз баро-вард Зафар овоз набароварда-ни модарамро дида.

Парвина чашмонашро моли-да-молида хесту назди очаам омада пурсид:

-Оча, ширбиринљ пазам ё ширљой?

Модарам љавоб надод. Апа-ам ба ташвиш афтода боз пур-сид:

-Оча, ягон љоятон дард ме-кунад?

Ин дафъа њам модарам су-кути сангинро нашикаст.

-Зафар, барои чї очам љавоб намедињад?! Тез рафта пада-рамро љеѓ зан,-хавотиромез дод зад Парвина,-аз афташ ба мо-дарам чизе шудааст.

Зафар тозон ба ошёни дуюм баромада, падарамро гирифта овард. Падарам аввал даст ба ќафаси синаи модарам бурд, баъд банди дасташро дошту даст ба рўй кашида омин кард ва ба Парвина гуфт:

-Манањбанд биёр, модарат аллакай љон ба љонофарин су-пурдааст!

Бо шунидани ин гапи хунук фиѓони њамаамон ба фалак пе-чид. Рўю мўямонро канда ме-гуфтем: «Дурўѓ! Дурўѓ мегўед, дада! Очаљонамон шаб сип-сињат буд, чї хел дар як дам ме-мурад! Хезед очаљон, илтимос, хезед!» Падарам оби дидаашро поккунон сари њар сеи моро ба оѓўш гирифта, такрор кард:

-Фарзандони бетаќдирам, модаратон дар њаќиќат мурда-аст, равед њамсояњоро фарёд кунед!

Ашк рухсорањои падарам-ро мешўст, вале мо њанўз бо-вар кардан намехостем, ки очаљонамон мурдааст.

Парвина гирёну нолон рўймоли сафеди дар сари тор овезони модарамро ба сараш партофта, ба хонаи њамсоя рафту Зафарро падарам ба хо-наи апаи Заринаам фиристод, мани њафтсола мисли заргуша-ки дар таги борон монда дараќ-дараќ меларзидаму дарунакї гиря мекардам.

арўси сиёњпўшЊамсояњо дар як дам љамъ

шуда манањи модарљонамро ба-станд ва чанд ќабат кўрпачаи навро партофта, барояш тах-ти охират оростанд. Падарам доду фиѓон намуда, нола ме-кард ва «њамсари љавонмаргам, чўљањоятро партофта куљо рафтї?!»-гўён, сарашро ба дару девор мезад. Апаам Зар-ринаи наварўс, ки мебоист ма-росими келинбинонашро ме-гузронидем, ба сараш чодари сиёњ кашида, њамроњи шавњар ва хусуру хушдоманаш раси-да омаду худашро рўйи љисми бељони модарам партофта нола кард: «Очаљон, чї дард доштї, моро партофта рафтї?!» Бемор будаї, чаро як бор нагуфтї, ки дардмандам. Медонистам, ки маро чунин номурод мекунї, асло шавњар намекардам! Хез очаљон, кўдаконатро ба кї монда меравї?! Мани арўси сиёњпўшро ин ќадар насўзон, хез очаљон, хез…»

Нолањои зори Зарринаи арўсаки якрўза дили сангро њам об мекард ва хурду калон баробараш менолиданд. Гоње Заррина аз њуш мерафту гоњи дигар Парвина, Зафар бошад, асои бобоямро гирифта, дар паси дарвоза «очаљон, моро ба кї партофта рафтї?!»-гўён, менолиду сарашро ба дару де-вор мезад. Танњо мани хурда-как забони гуфтор надоштам, то нолаи модарамро кунам. Аз сўзиши дил банди љигарам сўзад њам, чи гуфтанамро надо-ниста бе овоз мегиристам. Хешу табор ва њаќку њамсояњо гире-бони тавба медоштанд, ки чаро занаки сип-сињати дирўз раќсон якбора, бе ягон дарду иллат ва гапу њарф аз дунё гузаштааст. Ќиёмат он рўз дар њавлии мо гўё ќоим шуда буд.

Мурдаи модарамро шустанд, кафанпеч намуданд ва рўйи то-бут гузоштанд. Ваќте ки мардњо тобути модарамро сари китф бардоштанї шуданд, ќулфи за-бони ман кушода шуд ва пеши роњашонро гирифта, бо тамоми овоз фарёд задам:

-Модарамро куљо мебаред?! Худозадањо, маро саѓера наку-нед! Очаљонамро набаред! На-баред! Очаљонамро набаред!!!

Холаам бо чашмони гирён аз миёнам дошта, маро зўран ба оѓўш гирифта, кашолаку-нон берун баровард ва мардњо тобутро бардошта, љониби гўристон равон шуданд. Дасти холаамро газида хуншор кар-дам. Сахт дард ёфта, маро сар дод. Давида ба кўча баромадам ва љонњавл аз паси тобут сўйи ќабристон тохтам, вале мода-рамро аз сафари охираташ бар гардонида натавонистам.

Муњаббат аз н. бохтар

сиёњБаХтДуХтари

Page 14: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 14 Мадади СинО

Фарзанд  меваи  умри  ин-сон  аст  ва  њар  падару  мо-дар  ба  дунё  омаданашро  бе саброна  интизор  мешавад. Гоњо чунин мешавад, ки кўдак пеш  аз  муњлат  ба  дунё  ома-да,  волидонашро  дар  изти-роб мегузорад,  зеро аксарият бар  он  назаранд,  ки  тилфаки норасид  зинда  намемонад  ё ноќисулаќлу  касалї  меша-вад.  Кампиракони  солхўрда мегўянд, ки бача њафтмоња та-валлуд шавад, боке нест, вале дар њаштмоњагї ба дунё биёяд, умеди  зинда  монданаш  нест. Ин  андешањо  то  куљо  њаќиќат доранд?

норасидњо 4 навъ мешаванд

Кўдаконеро норасид мено-манд, ки дар њафтањои 28-37 уми њомиладории модарашон ба дунё омадааст. Одатан вазни чунин тифлакон аз 2500 кг кам-тар ва ќадашон дар њудуди 40-45 сантиметр мешавад. Вобаста ба вазнашон кўдакони нораси-дро ба 4 гурўњ људо мекунанд.

-Кўдаки норасиде, ки 2000-2500 кг вазн дорад.

-Кўдаки норасиде, ки 1500-2000 кг аст.

-Кўдаки норасиде, ки 1000-1500 кг аст.

-Кўдаки норасиде, ки вазнаш аз 1000 кг камтар аст.

афсона ё њаќиќат?Аќидаи зинда намондани

кўдаки норасид афсонаи кампи-ракон аст, њатто тифлаки нора-сиде, ки вазнаш аз 500 грамм зиёд аст, метавонад зинда мо-над, агар ваќти ба дунё омадан аќалан як маротиба мустаќилона нафас гирифта тавонад.

чаро бача норасид таваллуд шуд?

Сабабњои пеш аз муњлат ба дунё омадани кўдакон зиёданд. Ба ягон касалии сироятї ги-рифтор будани зани њомиладор, таксикози сахт, беморињои модарзодї, пеш аз муњлат људо шудани њамроњак аз љанин, пеш аз муњлат рехтани обњое, ки кўдакро дар батни модар ињота намудаанд, одатњои бади модар-шаванда аз ќабили нашъамандї, майзадагї ва сигоркашї мета-вонанд боиси ба дунё омадани тифли норасид гарданд. Бештар занњои љавони синнашон аз 20 поён ва бонувони аз 35 сола боло кўдаки норасид мезоянд.

нишонањои тифли норасид

Кўдакони норасид аз тиф-лакони расида љисман фарќ карда меистанд. Одатан чунин тифлакон каллаи калон доранд ва сарашон аз рўяшон бузург-

тар аст. Пўсти кўдакони норасид бисёр тунук буда, духтарча бо-шад узвњои занонаааш ба на-зар аз њад калон менамоянду писарча бошад, тухмчањояш хуб инкишоф наёфтаанд. Аз рўйи нохунњо низ норасид будани кўдакро муайян кардан мумкин аст.

кўдаки норасид сина мемакад?

Кўдакони норасид хеле су-станд ва бо садои паст мегирянд. Овози гиряашон ба мингоси гур-бача монанд аст. Одатан чунин тифлакон мустаќилона сина ма-кида наметавонанд. Нафасгири-ашон номуътадил буда, фишори хунашон таќрибан 75\20 мм. рт аст.

Ѓизодињии аввалини тиф-ли норасид вобаста ба њолати саломатиаш аст. Кўдак пеш аз њафтаи 32 юми њомиладорї ба дунё омада бошад, таќрибан 12-36 соат баъди ба дунё ома-данаш ўро шикамашро бо глю-козаи 10% «сер» мекунанд. Глюкоза ба раги дасти кўдак гузаронида мешавад. Вазни кўдаки норасид аз 1800 гр зиёд бошад, модар метавонад бе-малол тифлакашро сина дињад. Ба кўдакони вазнашон камтар бо соска шир медињанд. Мабо-до тифлак сина ва соска макида натавонад бо воситаи зонд ўро сер мекунанд. Кўдаки норасидро дар як шабонарўз 7-8 маротиба маккондан лозим аст.

тифле, ки нигоњубини махсус мехоњад

Кўдакони норасидро дар па-латаи махсус нигоњ медоранд. Њарорат дар утоќе, ки тифла-

ки норасид хобидааст, бояд на пасттар аз 25 градуси сутунчаи симоб ва намнокии њавои утоќ 555-60 фоиз бошад. Тифлаки норасидро танњо баъди ба 2500 гр расидани вазнашон аз тавал-лудхона љавоб медињанд.

майдачаи љаќќонакИн тифлакон ба нигоњубини

махсус ниёз доранд. Муњити ором, муњаббати бепоёни пада-ру модар ва дигар аъзоёни оила, њамчунин мањси бадан имкон медињад, ки майдаяки барои ди-дани ин дунё каме шитобкарда хуб афзоиш ёбад. Одатан тиф-лакони норасид тез инкишоф меёбанд, агар нигоњубинашон хуб бошад. Ба кўдаки норасид аллакай дар 4 моњагї творог ва шўрбоча, яъне каша хўрондан мумкин аст, чунки ин майдачаи љаќќонакро аз кўдакони нўњмоња таваллуд шуда, дигар фарќ кар-да намешавад.

девона ё њушёр?Норасид ба дунё омадан

ба саломатии ќисми зиёди ин тифлакон таъсири ногувор на-мерасонад, вале ба њар њол, инкишофи сусти аќлонии баъзе тифлакони пеш аз муњлат ба дунё омада ба назар мерасад. Тифлакони норасид гоњо фалаљ ё бо дигар иллатњои модарзод ба дунё меоянд.

кўдак норасид таваллуд

намешавад, агар…Бонувони азиз! Пеш аз

муњлат ба дунё омадани тиф-ли батнатонро нахоњед, пеш аз њама ба саломатии худа-тон ањамият дињед. Ќабл аз њомиладор шудан аз ташхиси пурра гузашта, тамоми дарду иллатњоятонро табобат намоед, то касалињои кўњнашуда боиси сар задани мушкилот дар сало-матии шумо ва тифлаки ояндаа-тон нагардад. Фаромўш накунед, ки зани њомиладор њамеша бояд дар зери назорати духтури ам-рози занона-гинеколог бошад.

Ва аз њама муњимаш, аз одатњои бад даст кашеду њамеша бо табъи болида табас-сум карда гардед! Ханда умри шумо ва фарзандатонро дароз мекунад!

Тањияи Ф. Сатторї

Чаро кўДак НорасиД Ба ДуНё МеояД? Писарчаам чормоња шу-

дааст. азбаски ширам кам-тар аст, кам-кам шири сунъї њам медињам. Њангоми синамакї писар-чаам ќариб нафасгир шуда, ѓаш мекард. барои санљиш чанд рўз ба вай бо чочаку шиша шири сунъї надодам. акнун оромона сина мема-кад ва њатто дар ваќти серкуниам табассум меку-над. Магар асабонияти кўдак аз шири сунъї буд?

Мастура, сокини н. Њисор.

Посух:Гап сари он аст, ки синаи

модар ширро ба як меъёри муайян намедињад. Баъзан шираш кам асту баъзан зиёд. Тифлаконе, ки танњо шири модар мехўранд, одатан хеле зуд бо махсусиятњои шири сина мутобиќ мешаванд ва аз ўњдаи идора кардани љараёни шир мебароянд, гоњ оњиста ва гоњи дигар бо суръат макида шикамчаашонро сер мекунанд. Тифлаконе, ки маззаи шишаю чочаќро чашидаанд, одат кардаанд, ки шир мисли чашма худаш љўш зада меояд ва барои сер кардани шикам чандон зўр задан лозим нест. Ана њамин чи кўдакро танбал мекунад ва аз он, ки шир намеба-рояд ё кам меояд, асабонї шуда, ѓаш мекунад. Кўдаки шумо ба «сюрпризњо» -и синаи модар одат накарда буд. Ташвиш накашед, баъди шишаю чочакро фаромўш кардан писарча-атон оњиста-оњиста «њилла»-и синамакиро ёд мегирад.

кўдаки ширмакро ба боѓча додан

мумкин аСт?

Писарчаам ќариб дусола шуд ва мо ният дорем, ки бо фарорасии фасли тирамоњ ўро ба боѓчаи кўдакона супорем. Ягона чизе, ки маро хавотир кардааст, то њол сина макидани кўдакам аст. Писарчаам чунон ба шири модар дил бастааст, ки танњо сина макида хоб мекунад. Дугонањоям маслињат доданд, ки бачаамро аз сина људо карда, баъд ба боѓча дињам, то дар он љо хумори ширхўриаш гирифта, нагиряд. Дар гирдоби андешањо дармондаам, дилам намешавад, ки бачаамро аз сина људо кунам, чунки намакад, ѓаш карда, гиря мекунад, аз тарафи дигар, асалаки ширхўраки ман дар боѓча бе сина чї тавр мехобад? Метарсам, ки њолаш дар боѓча зор мешавад. ба ман маслињат дињед, чї кор кунам?

Фаришта, сокини пойтахт.

Маслињат:Фариштабону, бењуда хавотир нашавед, кўдаки шумо

назар ба дигар кўдакон тезтар ба зиндагї дар боѓча одат мекунад. Мо бо модароне, ки кўдакони синамакашонро ба боѓча додаанд, бисёр сару кор гирифтаем. Исбот шу-дааст, ки кўдаки шири модар мемакида ба боѓча бе ягон душворї одат мекунад. Кўдак дар боѓча бо аќли кўдаконааш мефањмад, ки вай акнун калон, яъне боѓчаравак шудааст ва модараш доимо дар бараш несту то бегоњ сина макида-наш имкон надорад. Аз сина људо кардани кўдак, баъди ба боѓча рафтанаш осонтар мешавад. Ба њар сурат, яку-якбора кўдакро рўзи дароз дар боѓча намонед. Рўзњои аввал як ду соат дар боѓча буданаш кофист, баъд оњиста-оњиста ваќтро зиёдтар кардан мегирад. Дар давоми як моњ бача ба боѓча одат мекунад ва ќатори дигар кўдакон бе синаи модар хоб рафтанро меомўзад.

Модару кўдакСинаи модар бењтар

ё шишаи шир?

Page 15: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 15нахОд?!

Тањияи Нодира

камПираки ришдор

Шумо дар њаётатон зани ришдорро ягон бор во хўрдаед? Боварї дорем, ки агар чунин бонуро дида бошед њам, ришаш њамагї ду-се сантиметр будагист, чунки дар дунё занњое, ки ришашон амсоли риши мард дароз бошад, ангуштшуморанд. Яке аз чу-нин хонумњои мардсифат пиразани амрикої Вивиан Уиллер мебошад. Дарозии риши ин кампирак 25, 5 сантиметр буда, ин бибии

ришдорро аз мўйсафед фарќ кардан бисёр душвор аст.

Гурбаи одамхўрВаќте, ки гурба мегўем, беихтиёр пеши на-

зарамон љонвараки хурдакаке љилва мекунад, ки мяв-мявкунон бо нозу нузи кўдакона сарашро ба синаи соњибаш молида, як пора нон ё њасибча мукофот мегирад, вале дар дунё гурбањое низ њастанд, ки бо диданашон одамон ба дањшат омада, љонњавл рў ба гурез менињанд. Яке аз чунин гурбањо дар мамнунгоњи олами вуњуши Каралинаи ѓарбї зиндагї мекунад ва бо лаќаби Геркулес машњур аст. Геркулес гурбаи оддї на-буда, аз оилаи бонуфузи шоњон аст. Ин гурбаи ѓайриоддї самари «ишќ»-и шоњу вазири беша, яъне шер ва паланг буда, 418 кг вазн ва 3, 3 метр дарозї дорад. Ин гурбаи азим метавонад дар сари гуруснагиаш чанд одамро дар як дам «нўши љон» намояд, вале кормандони мамнунгоњ дили њамин балобарзангиро низ ёфтаанд ва Геркулес бемалол аз дасташон бо шиша шир мехўрад.

зан ё дав?

Мардони сарватманди амрикої ба

Аманда Суле пули калон медињанд, то

ин девзан иљозат дињад, ки ба болояш са-

вор шуда, дар кўчањо сайругашт намоянд.

Аманда 130 кг вазн ва зиёда аз ду метр

ќад дорад. Вай аз кўдакї бузургљусса

буд ва њамеша мавриди мазоќу масха-

раи њамсолонаш ќарор мегирифт. Дар

мактаб «дев, љин, балобарзангї» гуфта,

кўдакон ба њолаш механдиданду Аманда

зор-зор гиря мекард, вале баъдтар дарк

намуд, ки ќади баланду љуссаи бузургаш

осори лаънатзадагї ё «самари шайтон»

набуда, баръакс туњфаи Худованд аст

ва метавонад минбаъд бо њамин восита

ризќу рўзиашро бе малол ёбад. Мизољони

«девзан» хоњишњои гуногун доранд, вале

вай бар ивази маблаѓи муайян њама нозу

нузашонро мебардорад. Аманда мегўяд,

ки боре як миллонери дар дами марг

ќарордошта аз вай хоњиш кардааст, ки бо

љуссаи бузургаш ўро «маљаќ» кунад.

Ягона чизе, ки «Девзан» тањаммул

карда наметавонад, дастдарозї намуда-

ни мизољ ба вай аст. Аманда Суле дар

умраш бо ягон «клиент» ишќварзї

ё муносибати мањрамона на-

кардааст.

бозГашт

аз он дунёМарди чех Эденек Захрадка ќарор дод, ки

чанд рўз дар олами мурдањо зиндагї карда,

оламиёнро бо зинда баргаштанаш ба њайрат

мегузорад. Захрадка рассо 10 рўз дар зери за-

мин дар даруни тобути чўбин бе обу нон хобида

намурд. Ягона чизе, ки ин «мурда»-ро бо олами

зиндањо мепайваст, шланги хурдакаке буд, ки

бо воситаи он ба тобути Эденек кам-кам њаво

медаромад.

хона аз шоколад

Одамон дар давру замонњои гуногун аз њар

гуна мањсулот барои худ сарпаноњ месохтанд.

Аввалњо сангистону ѓорњо наќши хонаро ме-

бозиданд, баъдтар одамизод сохтани хонањои

гилинро омўхт. Аќли инсон торафт тараќќї на-

муда, оњиста-оњиста тарзњои нав ба нави хона-

созиро ёд гирифт. Њамин тавр хонањои хиштї

ва оњану бетонии чандќабата пайдо шуданд.

Ќанноди амрикої Ален Роби бошад, чанде пеш

дар хонасозї инќилоби њаќиќї намуда, њамаро

ба њайрат гузошт. Ален аз шоколад хона сохта-

аст. Хонаи шоколадии Роби шаш метр баландї

дорад. Ин хонаи ширинак бисёр дилкашу зебост,

вале як айб дорад-дар дарунаш зиндагї кардан

номумкин аст.

СаГи дорбозДар дунё сагњое, ки ќобилиятњои ѓайриоддї доранд,

зиёданд: саги бўйгир, саги пайгир, саги раќќос… вале саге,

ки мо дар борааш наќл карданием, бе муболиѓа њамаи он

сагњои таърифиро ба як нўл мезанад. Гап дар бораи он

меравад, ки ин саг дорбоз аст. Шумо сагро дар баландии

зиёда аз як метр дар рўйи як ресмони борик тасаввур

карда метавонед?! Боваратон намеояд?! Саги зоти Бор-

дер-колли бо лаќаби Оззи аз Англия исбот намуд, ки сагњо

њам метавонанд мисли одамони ѓайриоддие, ки дар сањнаи

Сирк њунарнамої мекунанд, моњирона дорбозї намоянд.

Оззи дар назди экспертњои китоби рекордњо ба болои рес-

мон баромада, њамагї дар 18 даќиќаю 22 сония масофаи

зиёда аз се метрро тай намуда ба марра расид ва њамчун

ягона саги дорбоз дар љањон ба китоби Гиннес дохил гашт.

бўСаи 30 СоатаЛайлию Маљнун, Фарњоду Ширин, Ромео ва Љуллета-

њамаи ин ошиќонро як љуфти яњудї ба як нўл зад. Кормат ва Дрор дар пеши чашми одамон 30 соату 45 даќиќа бўсобўсї намуданд. Ќариб 31 соат ин љуфти дилдода на хўрок хўрданд, на об нўшиданд, на њамом карданд, онњо танњо лаб бар лаби њамдигар нињода якдигарро бўсиданду бўсиданду бўсиданд!

яхмоСи тиллої

Эксперти китоби рекодрњо Стейси Кюзак ягона за-нест дар саросари љањон, ки мазаи яхмоси тиллоиро

чашидааст. Гумон накунед, ки ин яхмосро маљозан тиллої меноманд, дар њаќиќат дар таркиби ин ширинї тиллои хо-лис мављуд аст. Барои тайёр кардани яхмоси тиллої зари хўрданибоби 23 каратаро истифода бурдаанд. Яхмоси тиллоиро дар истакони бриллиантї ба Стейси пешнињод намуданд ва Кюзак бо ќошуќчаи тиллої мазаашро чашида, ин ширинии лазизро ба китоби рекордњои Гиннес дохил кард. Фикри чашидани маззаи ин яхмоси рекордсменро

бењтараш аз саратон дур кунед, чунки арзиши яхмо-си тиллої 25 њазор доллар аст.

роботи азимљуССа

Компанияи олмонии Zollner Elektronik калонта-рин роботро дар љањон ихтироъ намуд. Дарозии робот 15, 7 метр, бараш 12, 3 ва баландиаш 8, 2 метр буда, бемалол њаракат мекунад. Экспертњои китоби рекордњо онро њамчун калонтарин роботи њаракаткунанда дар љањон эътироф намуда ба кито-би Гиннес дохил карданд.

Page 16: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 16

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа

Cайфиддин Суннатї

ОиЛа ва иСЛОМ

дар њадиси шариф мазкур аст, ки њар чизеро муносиби он занг меояд ва занги дил хоњишоту ѓафлат аст. зкри худо занги

дилро сайќал медињад. зикр асос ва бунёди дўстї бо худованд

аст. зиёд зикр кардан инсонро аз мунофиќї

дур месозад. чунончи, худованд мунофиќонро чунин ёд кардааст: «зикр

намекунад (мунофиќ) худовандро магар

андак».

Каъбул Ањбор (р) мефармояд: «Касе ки ба кас-рат Худован-дро зикр кунад, аз мунофиќї холї (барї) хоњад монд». Зикр Шайтонро

дафъ мекунад ва ќуввати онро

аз байн мебурд. Зикр кардан фикру

ѓамро аз дили инсон дур карда, ќалби ўро

равшан месозад. Зикри

Худованд сабаби сурур ва як воситаи муњаббати илоњї аст.

Зикри Худованд ягон ама-ли мушкил њам нест. Аз ин рў дар чунин як амали осон танбалию бепарвої кардан дар њаќиќат савоби бузургро аз даст додан аст.

Худованд дар сураи «Ањзоб» мефармояд: «Эй муъ-минон, ба касрат Худовандро зикр кунед». Зикр кардан ваќту љои муайян надорад. Касе њар ваќт имкон ёфт, метавонад ба зикр машѓул бошад. Дар су-раи «Анкабут» чунин таъкид шудааст: «Ва зикри Худованд бузург аст».

Зикр ду навъ мешавад: «Зикри забонї ва зикри ќалбї. Зикре, ки бо дил мешаваду

њушу ёди инсон ба Худо банд аст, аз зикри забонї савоби бештар дорад.

Чї гуна Худовандро зикр бояд кард? Дар ин хусус дар сураи «Аъроф» таъкид шу-дааст: Худованд рост асмои њусно (номњои зебо). Пас ба он номњо Худовандро бихонед (дуо кунед). Дар «Сањењ»-и Бухорї аз Абуњурайра (р) чу-нин ривоят шудааст: «Расули Худо (с) фармуданд: «Худо-вандро 99 ном аст. Касе ки онњоро ёд кунад, ба љаннат до-

хил мешавад».Дар як њадиси мубораки

Расули Акрам (с) омадааст: «Ду калимаанд, ки ба забон осонанд ва дар тарозуи аъ-мол вазнинанду назди Ху-дои Рањмон мањбубтаранд: Субњаналлоњи ва бињамдињи. Субњоналлоњил ъазим. Яъне, ин ду калима дар талаффуз осон буда, ваќти зиёдро наме-гиранд ва на дар њифз кардан кадом мушкилие доранд.

Бо зикри зиёд муњаббати инсон ба Худованд бештар мешавад. Касе ки муњаббаташ ба Парвардигор зиёд бошад, даст ба аъмоли бад ва ношои-ста намезанад.

Зикр иНсоНро Ба МартаБаи эњсоН МерасоНаД

њазрати усмон (р) наќл мекунанд, ки расули акрам (с) фармуданд:

«бењтарини шумоён касе аст, ки Ќуръони каримро ёд гирад ва ба дигарон

биёмўзонад». яъне, њам барои омўхтан

ва њам барои омўзонидани Ќуръон савоби зиёд ваъда

шудааст.

Дар як њадиси дигар омадааст, ки «Њар касе илми Ќуръонро омўхт, ў илми нубувват (пайѓамбарї)-ро дар пешонии худ љамъ кард». Касе ки мардумро Ќуръони Маљид ёд медињад, рўзи Ќиёмат зери сояи Арш љой мегирад.

Бузургони миллати мо аз хурдї Ќуръони Маљидро ёд мекарданд. Масалан, Абўабдуллоњ Рўдакї, Абўалї ибни Сино, Њусайн Воизи Кошифї (муфассир), Хоља Њофизи Шерозї, Шайх Саъдї, Ањмади Дониш, Садриддин Айнї ва ѓайра Абўалї ибни Сино дар китоби «Тадби-ри манзил» тавсия додааст, ки ба кўдак нахуст Ќуръони

Маљидро ёд додан лозим аст.

М а в л а в ї Г у л р а њ м о н и Њаќќонї дар кито-

би «Меърољул воъизин» чунин навиштааст: «Ќуръони Карим якчанд њаќ дорад: Аввал ин ки чї ќадар њиссаи Ќуръони Ка-римро касе азёд карда бошад, бояд доиман онро тиловат кунад, то фаромўш нашавад. Дуюм, агар касе шавќи муто-лиаи тафсири Ќуръонро дошта бошад, бояд аз устод сабаќ гирад. Зеро бе устод хонда-ни тафсир метавонад боиси ѓалатфањмї шавад. Сеюм, б о я д ба Ќуръони

Маљид рўй нагардо-

над, ба тара-

ф и он пой

дароз наку-над. Аз Ќуръон

б а - ланд нанишинад, Ќуръонро дар замин (ќолин, ги-лем) нагузорад. Чорум, зимни мутолиа бењтараш рў ба ќибла нишинад. Њангоми ќироат ши-тоб накунад (босуръат нахо-над). Панљум, Ќуръонро бо таљвид, бо талаффузи дуруст тиловат намояд. Шашум, агар хавфи безобита шудани дига-рон бошад, Ќуръонро бо са-дои паст хонад. Агар ба касе

халал намерасонида бошад, баланд хонад. Њафтум, дар сурати пўсидан ё лах-лах шу-дани Ќуръон вараќњоро дар матое печонида дар љои по-киза дафн бояд кард.

Абуњурайра (р) наќл меку-над, ки Расули Худо (с) фар-муданд: «Касе ки як ояти ша-рифро бишнавад, дучанд некї барояш дода мешавад. Касе ки онро тиловат мекунад, ба-рои ў дар рўзи мањшар нуре мебошад». Яъне, њам барои тиловаткунанда ва њам барои шунаванда Худованд савоб медињад.

Боре Расули Худо (с) ба минбар баромада, аз Абдуллоњ ибни Масъуд (р) хоњиш намуданд, ки Ќуръон тиловат кунад. Абдуллоњ ибни

Масъуд (р) гуфт:-Эй Расули Худо (с) Ќуръони Карим бар Шумо нозил шудааст. Чї гуна онро ман тиловат кунам?Расули Худо (с) фарму-

данд: «Дилам мехоњад, ки Ќуръонро аз дигарон бишна-вам.

Ваќте Абдуллоњ ибни Масъуд (р) Ќуръонро тило-ват намуд, аз чашмони Ра-сули Худо (с) ашк рехт. Дар як њадиси дигари Паёмбари Акрам (с) омадааст: «Касе ки дар дилаш њељ њиссае аз Ќуръон мањфуз набошад, мо-нанди хароба аст».

Ќавле њаст, ки дили холї аз Ќуръони Шайтон зуд ба ќабзаи худ мегирад. Бинобар ин аз Худованд мехоњем, ки дилњои моро бо нури Ќуръон равшан созад.

савоби омўхтани ќуръон

таќво, парњезкорї ва покдоманї меърољи њаёти муъмин ва аломати бандагии

дурусти ўст. натиљаи ибодат ва самараи

фармонбардори таслим будан аст. таќводорї натиљаи комёбиест, ки дар зиндагии дунё ва охират ба кор меояд. Ин сифатњои комил дар муъ-

мин дар он сурат пайдо мешавад, ки дар тамоми марњилањои њаёт, чї дар фаќирию сарватмандї ва чї дар сахтию хушї ў фар-монбардори холиќи худ бошад ва Худовандро дар тамоми аъ-моли худ њозиру нозир шуморад. Чї дар зоњир ва чї дар ботин аз Парвардигори худ тарсида, гуноњ содир накунад. Зеро Худо-ванд донандаи пинњону ошкор аст. Касе таќводориро пеша на-мояд, тамоми аъмолашро тибќи ризои илоњї ба роњ мемонад. Худованд ба ивази амалњои мухлисона ва бериёи бандаи таќводори худ ба як некї дањ некї, сад некї, њафтсад некї ва аз он њам зиёдтар некї медињад.

Худованд дар сураи «Оли Имрон» мефармояд: «Эй муъ-минон, битарсед аз Худованд ба тарсидани њаќ ва намиред магар дар њоле, ки мусулмон бошед».

Яъне, инсон бояд кўшиш ку-над, ки мусулмон зиндагї кунад ва мусулмон аз дунё равад. Ал-лома Муњаммад Иќболи Лоњурї мефармояд:

Гар њамехоњї мусулмон зистан,

Нест мумкин љуз ба Ќуръон зистан.

Яъне, мувофиќи фармудаи Ќуръон кор карда ибодати Ху-доро сари ваќт ба љо овардан, ба дигарон некї расонидан аз зарар расонидан ба дигарон худдорї намудан асоси мусул-мон зиндагї кардан аст.

Дар сураи «Њуљурат» таъ-кид шудааст: «Боиззатта-рини шумо назди Худованд парњезкортарини шумост». Яъне, назди Худованд на пулдорї, зебої, пурќувватї ќадр дорад, балки обрўю изза-ти банда дар парњезкорист. Њар касе таќвои бештар дошта бо-шад, назди Худованд азизтар аст.

Абдуллоњ ибни Аббос (р) ме-фармояд: «Муттаќї (таќводор) касе аст, ки аз куфр ва гуноњон парњез намояд. Њаќќи таќво он аст, ки њамеша неъматњоро зикр намуда, шукри онњоро ба љо орад».

Нигоњ доштани нафс аз гуноњ ва бардавом идома додани амалњои нек роњи таќводорист. Имом Ѓазолї (р) барои ислоњ ва ба камол расидани нафс чор

тариќаро пшнњод кардааст: Якум, ихтиёр намудани

суњбати солењон. Аз суњбати бандагони солењ ба њамнишинон таъсири нек мерасад. Чунончи, дар як њадиси Шариф омада-аст: «Мисоли рафиќи солењ ва бад мисли атрфурўш ва оњангар аст». Яъне, агар аз пањлўи атрфурўш (аттор) бигзарї, њељ чиз нагирї њам димоѓат аз бўи хуш муаттар мегардад. Дар наз-ди оњангар бошад аз бўи ноху-ши ангиштсанг сарат дард ме-гирад ва ё аз сиёњии ангиштсанг либосат сиёњ мешавад.

Њар ки гирди кўраи ангишт гашт,

Доман аз дуди сиёњаш зишт гашт.

он ки бо аттор њамегардад ќариб,

Ў зи бўйи хуш њамеёбад насиб.

Чунончи, сањобагони ки-ром (р) ба мартабаи баланд аз њамсуњбатї бо Расули Худо (с) расиданд.

Дуюм, пайравї аз устод. Уламои киром фармудаанд, ки гирифтани муршиди комил хеле зарур аст.

Сеюм, ислоњ кардан ба воси-таи душман. Агар касе гўяд, ки «ман барои ислоњ кардани худ дўсти ѓамхоре надорам», пас тавассути душман худро ислоњ созад. Зеро душман танњо айбу камбудии касро мегўяд. Бино-бар ин аз забони душман айбу камбудиро шунида, дар пайи ислоњи он шавад.

Чорум, муњосибаи нафс. Њар як кас бояд пеш аз хоб ба худ њисобот дињад, ки имрўз чї ама-ли нек ва чї амали бадро анљом додааст. Бояд ба амали неки худ шукр намуда, барои зиёдтар анљом додани он кўшиш кунад. Агар аз ў амали зишту баде со-дир шуда бошад, барои ислоњу бахшиши он истиѓфор намояд.

Дар китоби «Меърољул во-ъизин» омадааст, ки дўзах 7 дарвоза дорад ва дар њар дар-возае як хулќи бад мављуд аст. Он њафт хулќи бад инњоянд: 1.Кибр. 2.Њирс (чашмгуруснагї). 3.Шањват. 4.Њасад. 5.Ѓазаб. 6.Бахилї. 7.Кинаву адоват. Касе нафси худро аз ин 7 хислати замима пок ва холї кунад, аз дўзах амон ёфта дохили љаннат мешавад.

Чунончи Худованд ме-фармояд: «Ќад афлања ман заккоњо» (Растагор шуд касе ки нафси худро пок кард). Бояд њар яки мо кўшиш намоем, ки ин хислатњои дар боло зикршударо аз худ дур намоем ва хештанро бо зевари ахлоќи њамида ороиш дињем. Дар ин кор аз Худованд тавфиќ ва мадад мехоњем.

НаФсатоНро ЗаНљир куНеД

Page 17: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 17аз рўзгОри СитОраЊО

нигора холова 25-уми декабри соли 1989 дар ноњияи

рўдакї дар оилаи њунарманд ба дунё омада, мактаби миёнаи №1-и ба номи Пушкини шањраки Сомоноёни ин ноњияро хатм намудааст. нигора њамроњи бародараш Суруш холов њанўз аз синни 8-солагї ба сањнаи мусиќии ПоП-и тољик

ворид шудаанд.

СиторачаНигора Холова – ин ном

њанўз аз солњои 2000-ум дар забони хурду калони кишвар аст. Нигора бо сурудњои дил-навозе, ки бо лањни зебои кўдакона месуруд, азизи дили мардум гашта буд. Ваќте ки ин духтарчаи зебои фатиламўй бо андуњи дањони дил таро-наи "Дардамро ба кї гўям?"-ро месуруд, чашмони ањли толор ѓарќи об мешуд.

Гўям ё нагўям,Дардамро ба кї гўям,бар ту њам нагўям,ба кї мегўям?

Нигора ин сурудро наме-хонд, балки нола мекард дар њавои оњанг ва нолааш тамо-ми падарону модаронро меги-рёнд. «Ин кўдак чї дард дошта бошад, ки ин ќадар бо дард месарояд?»- мепурсиданд аз њамдигар шунавандагон.

дар набарди зиндагї

Воќеан, хулосаи шунаван-дагон бе асос набуд, дард дошт Нигора ва аз њамин са-баб пурдард месуруд. Дарде дошт, ки табобаташ душвор буд. Ќалбаш иллат дошт. Дар-ди дил-дарде, ки садњо мар-дони майдонро аз по афто-нидаю замин онњоро ба коми худ фурў бурда. Дарде, ки аз сўзишаш дандонњо ба њам со-ида ѓиљиррос мезананд. Дар-де, ки набард мехоњад, на-бард барои њаёту мамот. Дар ин набарди сангин на њар мар-ди майдон ѓолиб меояд, вале Нигораи кўчак тавонист бо ин дарди мардафкан мардона муќовимат кунад. Дардашро танњо худаш медонисту Худо, вале лаб зери дандон гириф-та, бо ин дарди ќаттол Ниго-раи хурдакак даст ба гиребон мешуд. Волидайнаш азобњои Нигораро дида, зор-зор гиря мекарданд, вале наметаво-нистанд барояш кўмаке расо-нанд. Шояд оби дидаи модар ё талоши Нигорачаи хурдакак барои зинда мондан рањми Худовандро овард, ки пре-зиденти мамлакат Эмомолї Рањмонро ба имдодаш фири-стод. Сарвари давлат Нигора-ро барои табобат ба хориља фиристод. Бо кўмаки ин мар-ди наљиб Нигора дар набарди маргу зиндагї ѓолиб омада, хандаи кайњо аз лаби модар гурехтаро дубора баргардонд.

наѓмаи шодїНигора баъди табобат со-

лим ба Ватан баргашу боз ба сањнаи њунар баргашт, аммо дигар аз дард шикоят наме-кард. Акнун вай танњо таро-наи шодї месуруд. Акнун дар њавои сурудњои шўхи Нигора-бону модарон духтаронашон-ро ба хонаи бахт гусел мекар-данд.

Имшаб шаби арўсї, эй холаи тўйдоре,

Миёнта мањкам банде, эй холайи тўйдоре.

аз хонаи модарљон арўс ту баро,

бар хонаи бахти худ имрўз ту даро.

бахти ту кушода шуд, бо амри Худо,

Дўстора, ки ёд кардї, ёд кун ту маро.

Мухлисонаш хурсандї ме-карданд, ки Нигораи як замон аз дард шикоят мекарда ак-нун душмани дард ва њамрози шодињост.

турнањо рафтанду рафтандСолњо турнасон гузаштанду

Нигораи кўчак ба як зебоса-

нами фариштарўй табдил ёфт. Шунавандањояш низ баробари Нигора бузург шуда, акнун аз сарояндаи дўстдоштаашон сурудњои дигарро интизор бу-данд: Суруде, ки тараннуми ишќ бошад, тараннуми њоли дили ошиќ бошад. Нигора ба сурудани сурудњои ошиќї пардохт. Акнун мухлисони бо сурудњои Нигора бузургшу-да ошиќи зораш гашта, ба-рояш даста-даста номањои пурмуњаббат менавиштанд, вале Нигора ба ин њама сару савдо бепарво буд. Ак-сари рўзноманигорон њангоми суњбат аз Нигора мепурси-данд: "Кай шавњар мекунї?» Нозанини фариштарўй дар љавоб танњо табассум менаму-ду халос.

духтари тољик-зеби сањна

Аксари бонувони сароянда барои машњур шудан ба Тош-кенту Дубаю ким-куљоњои ди-гар рафта клип сабт мекунанд, вале Нигора бо либоси одии тољикона баромад карда, дили њазорон-њазор одамонро тас-хир менамуд. Шояд дар байни тамоми хонумњои њунарманд Нигора Холова ягона сароян-дае бошад, ки њељ гоњ дар бо-

рааш ягон овозаи гўшхарош пањн нашудааст. Касе нагуф-тааст, ки Нигора «маъшуќаи фалонї» аст.

бахти деринтизор

Шояд њамин одоби намуна-вияш дар сањнаю зиндагї буд, ки Нигора рўзи 27-уми июн бо сари баланд ва баобрў ба шавњар баромад. Тўйи арўсии ин бонуи зебою дўстдоштанї

дар мењмонхонаи «Њайат Рељенси» баргузор гардид. Дар мањфили арўсии Нигора-бону сарояндањои маъруфи эстрадаи тољик Садриддини Наљмиддин, Шабнами Сурайё, Нобовар Чаноров, Бахтиёр Иброњимов, Бањром Ѓафурї ва дигарон ширкат доштанд. Ровиёни мањфил Мунира Њакимова ва Суруш Холов, бародари Нигора маъракаро гарм карданд.

Шерхон Салимзодаи Оди-

на, Прокурори генералии Тољикистон ба навхонадорон гулдастаи калонеро таќдим кард. Домоди хушбахт Шањбоз писари Зиёратшо Саъдулло, вакили Маљлиси намояндаго-ни Маљлиси олии Тољикистон буда, писари холаи Нигора аст.

Лозим ба ёдоварист, ки Ни-гора Холова 25-уми декабри соли 1989 дар ноњияи Рўдакї дар оилаи њунарманд ба дунё омада, мактаби миёнаи №1-и

ба номи Пушкини шањраки Со-мониёни ин ноњияро хатм на-мудааст. Нигора њамроњи ба-родараш Суруш Холов њанўз аз синни 8-солагї ба сањнаи мусиќии ПОП-и тољик ворид шудаанд.

Таманно мекунем, ки кабўтари бахт њељ гоњ фазои кошонаи Нигорабонуро тарк насозад!

Фарангиси Фармон

НиГора Холова шавњар карД

Page 18: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 18 шанС

Аз моњи январи соли 2000-ум нашр мешавад. Дар Вазорати Фарњанги ЉТ тањти №507 ба ќайд гирифта шудааст. Њафтанома ба хотири риояи гуногунандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Ба мазмун ва санаду раќамњои маводи чопшуда муал-лифон љавобгаранд. Сурату мусаввадањо ба муаллифонашон баргардонида намешаванд.

Дар матбааи «МЕГА-ПРИНТ» чоп шудааст. Сањифабанд: Гулнисои ЊИКМаТулло Мусањњењ: Нодира РаЉабоВа Теъдод 15000

Суроѓаи мо:734018,  шањри  Душанбе,  хиё-

бони Саъдии Шерозї, 16.Тел: 238-53-35, Дафтари  хабаргузорї  дар 

вилояти Суѓд: ш.Хуљанд кўчаи Камоли Хуљандї 114,  хонаи 15.  Тел:6-75-23 , 92-730-06-50

E-mail: [email protected]

њафтаномаи оммавї-маърифатї

Сармуњаррир: 

       Фирўза Сатторї

иНњо БаХт МељўяНД:

диќќат! диќќат! диќќат!

МањФили шиНосоии "Лайлию Маљнун"  Хонандагони азизи «Оила» ва маљаллаи «Оила ва ми-

грант»Агар дар ёфтани љуфти муносиб дар Ватан ва хориљи киш-

вар душворї мекашед. Агар љиддї оиладор шуданиеду аз ќадами аввалро ба сўйи 

бахт гузоштан метарсед.Агар аз танњої азият мекашед.

Мушкили шуморо мањфили «Лайлї ва Маљнун» осон хоњад кард!Шумо метавонед бо шиноснома ва як дона аксатон ба идораи «Оила» омада, бахтатон-

ро аз мањфили шиносоии мо дарёбед. Касоне, ки дар муњољиратанду аз сабаби дурии роњ омада наметавонанд, тариќи ММС

акси худро ба раќами 935 606 505 фиристода, тариќи СМС ба раќами 7777 дархост барои дарёфти бахт равон намоянд.

Мањфили шиносоии «лайлию Маљнун» ба шумо дар ёфтани њамсафари шоистаи њаёт чї дар Ватан ва чї дар хориљи кишвар ёрї мерасонад. бахтатонро аз даст надињед!

намунаи СмС:Оила «Лайлию Маљнун» Салимов Фаридун, 35-сола, дар муњољират кор ва зиндагонї

мекунам (ё дар Ватан).Мехоњам тавассути мањфили «Лайлї ва Маљнун» бахти худро дарё-бам. Бо зан ва ё духтари то 30-солаи боимон оила барпо карданї њастам.

• М. 100. Љавони 17-сола. Мехоњад, ки барои худ дух-тареро пайдо кунад, ки дар-ди дили ўро фањмида таво-над. Ишќи аввалааш ўро сахт руњафтода намудааст.

• М.102. Марди 45-сола. Бо бахти аввал созиш на-кардааст. Ба духтар ва зани то 40-сола оиладор шудан мехоњад .

• М.103. Љавонмарди 42-сола. Соњиби маълумоти олї мебошад. Бо духтари то 30-сола оиладор шудан мехоњад. Тел.934 81.96 79

• Д.106. Духтари зебои кулобї. Мехоњад, ки бо марди то 52-сола оила бунёд кунад.

• Д.107. Духтари зебои 40-сола. То ба њол бахти худро пайдо карда наметавонад. Соњиби маълумоти олї мебо-шад. Мехоњад, ки бо марди

• М.97. Љавони 29-солаи истаравшанї. Соњиби љойи кор ва манзил мебошад. Бо духтари намозхони боимони то 25-сола оиладор шудан мехоњад.

• М.98. Марди 58-солаи њисорї. Соњиби манзил ва љойи кор аст. Њамсараш ва-фот кардааст. Мехоњад бо зани боимони то 50-сола оила бунёд кунад.

• З.102. Зани 42-сола, бахти аввал ба рўяш наханди-дааст. Муаллимаи забонњои хориљї мебошад. Бо марди боимони зиндагидўстор оила-дор шудан мехоњад.

• З.103. Нав ба бист ќадам гузоштаасту шикасти зиндагї насибаш гаштааст. Аз шавњраш људо шуда, тариќи мањфили «Шанс» бахти худро пайдо кардан мехоњад.

• Д.104. Духтари 38-сола. Зодаи шањри Кўлоб. Муал-лима мебошад. Бахти худро пайдо кардан мехоњад.

• М. 85. (а). Марди 45-сола. Аз оилааш људо шудааст. Дар Душанбе манзил дорад. Шањрванди Русия мебошад. Бахти худро љўё аст. Тел. 93 715 97 22.

• М. 92. Љавони 23-солаи ќурѓонтеппагї. Соњиби ман-

зил ва љойи кор мебошад. Бо духтари зебои боимон оила-дор шудан мехоњад.

• М.93. Љавонмарди 29-сола. Бахти аввал ба рўяш нахандидааст. Бо духтар ва зани то 27-сола оиладор шу-дан мехоњад.

• М. 88. Марди 61-сола. Сокини ноњияи Хуросон. Ои-лааш вафот кардааст. Бо зани то 48-сола оила бунёд кардан мехоњад. Манзили ободе дорад.

• М. 89. Марди 63-сола. Олим мебошад. Баъди ва-фоти њамсараш бо зани боимоне оиладор шудан мехоњад. Мард соњиби ман-зил ва њаматарафа аз љињати иќтисодї таъмин мебошад.

• З.98. Зани 28-солаи соки-ни шањри Душанбе. Аз сабаби бефарзандї аз оилааш људо шудааст. Бо марди боимони то 40-сола оиладор шудан мехоњад.

• Д.100. Духтари 27-сола. Маълумоти олии тиббї дорад. Мехоњад, ки бо љавони бои-мони маълумоти олидор оила бунёд кунад.

• М.82. Марди 62-сола, сокини ноњияи Њамадонї. Мехоњад, ки баъди вафоти њамсараш бо зани то 50-со-лаи танњои боимон оила бу-нёд кунад.

• М.83. Љавонмарди 38-сола. Сокини шањри Ќурѓонтеппа. Сохтмончї шуда кор мекунад. Аз њамсараш људо шудааст. Бо зан ва ё духтари то 32-сола оила бу-нёд кардан мехоњад.

• М. 84. Љавонмарди зебои 31-сола. Соњиби манзил ва љои кор мебошад. Бо духтар ва зани то 28-сола оила бу-нёд кардан мехоњад.

• М. 86. Љавонмарди 35со-лаи њисорї. Бахти аввал ба рўяш нахандидааст. Дар Рос-сия кор ва зиндагонї мекунад. Мехоњад, ки бо духтар ва ё зани то 25-сола оила бунёд карда ба Россия раванд.Дар

Россия хона ва љои кор дорад.• З. 93. Зани 36-сола. Со-

кини ноњияи Рўдакї. Аз њамсараш људо шудааст. Мехоњад, к ибо марди боимо-ни соњиби љои ко рва манзил оила бунёд кунад.

• З. 95. Зани зебои озарї. 42-сола. Танњои ба дилаш за-даст. Сокини шањри Душанбе аст. Маълумоти олї дорад ва дар як корхонаи бонуфуз кор мекунад.Мехоњад, ки бо марди то 52-солаи маълумо-ти олидор, ки забони русиро хуб медонад оила бунёд ку-над. Миллати мард ањамият надорад.

• З.96. Зани зебои 20-сола. Бахти аввал ба рўяш нахандидааст. Соњиби як духтарчаи дустрўяк мебошад. Бо љавонмарди то 30-солаи соњиби љои кор ва манзил мехоњад, ки оила бунёд кунад.

• Д.91. Духтари 23-сола . Зодаи ноњияи Рўдакї. Мехоњад, ки бо љавони то 32-солаи соњиби манзил ва љои кор оила бунёд кунад.

• З.92. Зани 47-сола. Соњиби 4 фарзанд мебошад. Се нафар фарзандонаш дар алоњидагї зиндагонї меку-нанд. Як духтари 14-сола бо худаш мебошад. Бо марди боимони то 55-солаи сокини шањри Душанбе оиладор шу-дан мехоњад.

• З. 93. Зани 36-сола. Со-кини ноњияи Рўдакї. Се фар-занд дорад. Барои сохтани хона замин дорад. Бо марди то 45-сола оила бунёд кардан мехоњад.

• З.94. Духтари 21-сола. Сокини ноњияи Рўдакї. Бо љавони то 30-сола оила бунёд кардан мехоњад.

• М.72. Марди 62-сола. Со-кини ноњияи Рўдакї. Аз ои-лааш људо шудааст. Бо зани то 50-сола оила бунёд кардан мехоњад.

• М.73. Марди 59-сола. Сокини ноњия Њисор. Оилааш

Сармуњаррир шудан мехоњед?

"Оила дар Русия-мигрант" байни журналистон, адибон ва дигар суханварон барои ишѓоли вазифаи сармуњаррир озмун эълон менамояд. Маљаллаи мазкур ба масоили њаёти муњољирони тољик дар Русия бахшида шудааст. Дар озмун довталабони аз 25 то 45 солаи ќалами бурро, зењни тез, њунари бо кампютер ва Интернет кор кардан дошта, шир-кат варзида метавонанд. Донистани забонњои тољикї ва русї, њамчунин њисси баланди масъулиятшиносї њатмист. Дархост ва шарњи њол (сиви)-и худро метавонед ба почтаи электронии зерин ирсол доред: oila _ [email protected]

њавлињо

мефурўшам• Фавран мефурўшам,

мошинаи дарздўзии «Ямата». Тел:917-02-58-48, 985-31-03-61

• Мефурўшам, моши-ни сабукрави «Мерседес-Компрессор», њолаташ хуб аст. Тел: 917-02-58-48

ќабули эълонњо бо телефони (44) 640-99-88

таъљилан мефурўшам

Автомобили  опел vEktra  соли  барориш 1990 дар њолати хуб. 

Тел: 918668264

ба кор даъват мекунем!

Сањифабанди рўзнома

Талабот:Дониши  хуби  компю-

терї  ва  донистани барномањои зерин:

adobe  InDesign  ва Photoshop  њатмист. ва  он  чи  кї  марбут  ба сањифабандї аст.

Cv-и  худро  метаво-нед  ба  почтаи  электро-нии [email protected]  равон намоед. 

Телефон барои тамос: 918-66-82-64

Саломатї

Сокини ноњияи Вахшам. Пас аз хатми донишгоњ бо љавони дўстдоштаам оиладор шудам, вале бахт ба рўямон нахандид. Ягона чизе, ки бои-си андўњи дили мо гашт, нашу-нидани садои гиряи тифл буд. Худованд дар тўли 10 соли хонадорї ба мо фарзандро лоиќ надид. Намехостам, ки умри шавњари дўстдоштаам бењуда гузарад, бинобар ин, ду поямро ба як мўза андох-та, талоќамро талаб наму-дам. Шавњарам ночор монда љавоби маро дод, вале хонаи сењуљрагиамонро ба ман бах-шида, костюмашро гирифта баромада рафт. Шаш моњ пас вай дубора хонадор шуд ва дар бадали як сол соњиби пи-сарчаи дўстрўяке гашт. Гул-дастаи калоне харида ба та-валлудхона рафтаму занашро табрик карда баргаштам.

Талабгорони ман низ зиёд

буданд, вале касе маъќулам намешуд. Зарина ном дугонаи љонї дорам ва рози диламро танњо ба ў мегўям. «Шавњарат аллакай бачадор шуд, ту њамин хел гаштан мегирї?!» гўён, Заррина маслињат дод, ки бахтамро аз газетаи «Оила» биљўям.

Њамин тавр ба идораи њафтаномаи «Оила» омадам ва аъзои мањфили шиносоии «Лайлию Маљнун» гаштам. Як моњ пас марде ба ман занг зад. Њамсараш ду кўдаки хурдсо-лашро монда, баромада раф-та будааст. Маслињат карда бо њамдигар во хўрдем. Сито-раамон рост омаду аз нигоњи аввал њамдигарро писанди-дем. Як рўз пеш аз Рамазон никоњ кардем ва њоло ман ду кўдаки шавњарамро модарвор парасторї мекунам.

Собиќ аъзои мањфили «Шанс» З.25

шавњари Зўр ёФтаМ

• Афтонидани санги гурда, талха, беморињои сардард, асаб, дил, пўст, базурётї, ба-ровардани зиён, тарс, кушо-дани бахт, безурётї, кўдакони пойњояшон фалаљ, саръ (при-падки), аз нашъа ва араќ гар-донида мешавад, касалињои дил, микроби хун, микроби узвњои занона, сафедшавии хун, нобут кардани кирмњои сафеду сиёњ, хирашавии нурњои чашм, дарди пойњо, зикшавии дил, касалињои за-нона ва ѓайра. Тел. 917-74-44-00, 917-75-76-00, 915-80-69-00, Раъно

• Маркази табобатї дардњои чурраи сутунмуњра (грыжа позвоночника), остео-хондроз, протрузияро табобат мекунад. Тел. 90-500-74-54

• Соњили сойи Путхин, љойи аљаб дилнишин,

• Љўра биё инљо шин, табо-баташро бубин.

• Агар Тоњириро ёбї, ба њар дардат даво ёбї.

Тел. 92-786-80-27, 93-466-

88-42, 93-849-55-78

Гуногун • Нишонаи сарисинагї,

ашёњои нуќрагї, тилло, нуќра, тиллои сафед, њайкалча, расм дар катон. Бозори Шоњмансур, дорухонаи "Экспресс". Тел. 93-504-03-72

Page 19: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 19зиндагї

(охираш. аввалаш дар шуморањои гузашта.)

Нисо сад дар сад боварї дошт, ки Сафо пулњоро ба ким-кадом беваи фоњиша дода, айбро ба сари писа-раш Набї бор карданист, би-нобар ин, нисбати шавњараш дар дил нафрат дошт. Пеш-тар хотири падари бачањояш буданаш Сафоро каму беш нигоњубин мекард, вале аз рўзе, ки дар вараќча «пи-сарам пулњои барои маргу мурдаам љамъкардаамро дуздида њамроњи як фоњиша гурехта рафт» навиштани шавњарашро дид, ихлосаш ба тамом аз Сафо гашт. Ди-гар дилаш барои шавњараш намесўхт ва як пиёла обро сад бор зањру зуќум карда ба вай менўшонд. Сафои за-моне муштзўр акнун муњтољу мунтазир гашта буд ва дар љавоби дуои баду дашному њаќоратњои њамсараш танњо гиря мекарду лаб мегазид. Дигар ќудрати ба сари за-наш даст бардоштан ва дўѓу пўписа карданро надошт ва мисли саги пир сарашро наме-бардошт, то аз Нисо, ки ягона такягоњу нигоњубинкунанда буд, намонад. Мардуми дења борњо аз дасти Сафои алкаш љабру ситам дида бошанд њам, хотири њамсоягї гоњ-гоњ ба беморхона омада, аз њолу ањволаш хабар мегирифтанд, вале аз писаронаш ягон на-фарашон ду дона нон ё як килло себ гирифта, падар гўён Сафоро хабаргирї на-омаданд. Дар дил фарзандо-нашро дуои бад кунад њам, аз тарси Нисо ошкоро лаб ба шиква кушода наметавонист Сафои маъюбу маслуќ, чунки хуб медонист, агар як бори дигар дар њаќки Набї ё ди-гар писарњояш сухани нољое бигўяд, модарашон ўро бўѓї карда мекушад.

дар љустуљўйи писарПас аз он ки Сафоро аз

беморхона љавоб доданд, Нисо каме хотирљамъ шуда ба љустуљўйї писараш сар кард. Модари ташнаи дидо-ри писар хонаи тамоми хешу табор ва ёру дўстонро кофт, вале касе дар бораи Набї чизе намедонист, писараш гўё ба ќаъри замин фурў раф-та, ному нишоне аз ў намон-да буд. Яке аз дугонањояш маслињат дод, ки ба идораи радио рафта арзи дил на-мояд, Нисоро ин маслињат хуш омад. Рўзи дигар субњ дамидан баробар роњи хонаи радиоро пеш гирифт. Хуш-бахтона, дарди дили ин мо-дари чашминтизорро дарк намуда, кормандони радио розї шуданд, ки худи Нисо тариќи як барнома ба писа-раш мурољиат намояд.

мењмони нохондаНабї, ки њамеша радио

гўш мекард, њамон рўз са-дои ѓамгину гиряолуди мода-рашро шунида, ќарор дод, ки падараш сарашро аз танаш људо кунад њам, шабона ба хонаашон меравад, то дили очаљонаш каме таскин ёбад. Карибињои саоти 12-и шаб бо таксї ба хонаашон омада дарвозаро кўфт. Сафо дар бистари беморї хоб буд ва Нисо «Дар ин нимаи шаб кї ёди мо карда бошад»-гўён, берун баромада пурсиид:

-Кистї?-Очаљон, ин манам, Набї,-

садо омад аз пушти дарвоза. Нисо осемасар зарљири

дарро кушоду худро ба оѓўши писараш Набї партофта, аз

шодї гиря кард. Сад бор садќаю бандаи ќадамњои пи-сар гашта, модари аз шодї дилаш ба раќс даромада ба љону њолаш намонда, Нура-лиро ба хона даровард ва назди шавњараш даромад, то шодиёна бигард.

мољарои падару писар

Сафо аз омадани писараш шод нашуд, вале Нисо ба ваљоњати шавњараш ањамият надода, дубора ба бурун тохт, то Набиро ба хона дарорад. Баробари аз дар даромадани Набї Сафо дўѓ зад:

- Падарнаълат, пулњоямро ба хубї оварда дар љояш мон, ки пўстатро аз танат људо ме-кунам!

Набї љуръати сар бардош-та ба рўйи падараш нига-ристан надошт ва њайкалвор шах шуда, чизе намегуфт. Хомўшии писарашро аз нописандї дониста, Сафо бештар ба ѓазаб омад ва де-вонавор дод зад:

-Он фоњишаро чї кор кардї?

Ин гапи падараш аз аф-таш ба љавшани љони Набї расид, ки бадхашмона ба Сафо нигариста, гуфт:

-Марљонаро фоњиша нагўй, ки забонатро аз њалќат канда мегирам! Акнун вай барои ман бегоне на, зани никоњиам аст!

Набї бо ин суханаш пада-рашро бе корд кушт ва Сафо аррос зад:

-Ту чї гуфтї, зани никоњиат аст?! Ту ахмаќ чї кор кардї, охир вай як фоњишаи аз таги дасти чандин мард гузашта аст!

-Ту ба ман рашк мебарї, барои њамин Марљонаи бечо-раро фоњишаи кўчагї гуфта, туњмат карда истодаї. До-ниста мон, худатро ба дор овезї њам, моро људо карда наметавонї, чунки Марљона алакай аз ман њомиладор аст. Ба ќарибї мо соњиби фар-занд мешавем,-ангушти ишо-ратиашро нишон дода, таъ-кид намуд Набї.

Хабари аз писараш Набї њомиладор шудани Марљонаро шунида, хун ба сари Сафо зад ва аз њуш рафт.

девонаи љогањмезДухтурон чанд шабонарўз

барои аз панљаи марг рањонидани љони Сафо та-лош намуда, билохира ўро ба њуш оварданд, вале ба худ омада бошад њам, вай дигар мисли пештара одами солим нашуд. Аќлашро бар асари зарбаи шадиди руњї бохта буд ва девонавор њазён гуфта мегирист Сафо. Нисо шавњарашро ќариб се моњ дар беморхона табобат кард, вале ба љойи бењ шудан рўз то рўз њоли Сафо бадтар мешуд. Дигар аз љогањ хе-ста наметавонист ва шабњо бистарашро тар мекард. Шу-стани тару шукри шавњари бемораш кайњо ба дили Нисо зада бошад њам, чораи дигар надошт, зеро на писаронаш аз њоли Сафо хабар меги-рифтану на ягон хешу табор аз дарашон медаромад.

Подоши зулму љабр

Рўзе Набї ба хона омаду дид, ки падараш дар љойхоб тар карда, тамоми кўрпањоро олонидааст ва модараш ўро дуоњои бад карда, бо дањони баста рўйљойњои бадбўйро шўста истодааст. Ќањраш омаду ба пешонии Сафо як

мушти обдор зад ва фиѓон кашид:

-Кай ту мемурї, ки љони очаи бечораам халос шавад!

Бори аввал дар умраш чашмони Сафо ѓарќи об шу-данд. Мушти писар не, алами ба худаш баргаштани љабру љафоњое, ки дар ваќташ нис-бати модари пираш раво дида буд, оби чашмашро ра-вон кард. Дар пеши чашмаш ин лањза симои модари пири дар оѓилхона дар расан ове-зонаш љигвагар шуд ва дуои кампир дар гўшњояш садо дод:

-Мани пирро, ки чунин азоб додї, илоњо асло роњати фарзандро набинї! Њар ба-дие, ки нисбати мани туро бо сад орзу њавас парвари-да кардї, илоњо аз бачањоят бубинї! Илоњо шири сафе-дам пеши роњатро бигирад ва асло њузуру њаловати ду-нёро набинї! Шармандаи ду дунё шуда мурї, касофати муштзўри модарозор…»

Сафо дарк намуд, ки ба-рои дар ваќташ модарашро задану озурдану дор кашида-наш Худованд ўро ба чунин љазои сахт гирифтор намуда, назди зану фарзандон хору зор кардааст. Дастонашро сўйи осмон бардошта гуфт:

-Дар арвоњакат садќа очаљон, мани худозаро бу-бахш! Мани касофатро бу-бахшу Худовандро зорї кун, ки љонамро бигирад, то аз ин њама љабру љафою хорию зорї халос шавам! Маро пе-шакат бар, очаљон!

Сирри фошгштаНисои аз асли мољарои

падару писар бехабар аз Набї хоњиш кард, ки занашро ба хона биёрад, то дар чунин рўзњои сахт аќалан дар пух-тупазу шустушўй ва руфтани хонаю њавлї кўмак расони-да, дасти ўро каме њам бо-шад, сабук намояд. Набї бо аломати ризо сар љумбонду њамон бегоњ њамсарашро ба хонаашон овард. Марљонаи маккораро дида, авзои Сафо якбора бељо шуд ва бо тамо-ми овоз дод зад:

-Ин фоњишаро кї ба хона роњ дод?!

Нисо аз овози вањмноки шавњараш хавотир шуда ба хона даромад. Сафо њамоно фарёд мезад:

-Ин фоњишаро кї ба хона роњ дод?! Тезтар ўро аз ин љо

дафъ кунед! Нисо саволомез ба

шавњар ва писару келинаш нигарист.

-Амакам маро нашинохта доду фарёд бардоштанд, ба-рои њамин аз ин кас хафа намешавам,-абрў паронда гуфт Марљона.

-Ња, ман ин духтарро на-шинохта дод задам. Ин магар келини мо аст? Хуш омадї, келинљон,-нигоњашро аз чаш-мони розљўйї занаш гурезон-да пичирос зад Сафо ва лаб газид.

Нисои рамузфањм эњсос кард, ки байни шавњару ке-линаш ягон сир њаст, вагарна Сафо бо дидани зани Набї ин ќадар доду вой бардош-та, оламро ба дод намеовард. Вай тозон ба мењмонхона рафт ва китоби Ќуръонро гирифта оварду онро ба да-сти писараш дода, бо тамо-ми муќаддасоти пок Наби-ро ќасам дод, ки росташро бигўяд, пеш аз ин падараш зани ўро дида буд ё не. Набї илољи дигар наёфта буду шуди гапро ба модараш наќл кард ва иќрор шуд, ки њамон рўзи гурехтанашон онњо пулњоро аз сейф гирифта рафта буданд.

-Зуд ин фоњишаро се талоќ карда, аз ин хона гум кун, на-бошад оќи ин дунёву охира-тат мекунам,- амр кард Нисо ва рў ба шавњараш гардонда таъкид намуд:

-Пирхар, хаёл накун, ки бе љазо мемонї, њоло ист, барќасди ту бо ягон марда-ки зўри чорпањлў айшу ишрат накунам, номам Нисо ва аз пушти камари падарам набо-шам!

дафъи ќасамАз ин њодиса як њафта гу-

зашт ва Нисо ќарор дод, ки дафъи ќасамаш бо ягон мар-дак вомехўрад. «Ба дўзах аф-там њам, ман бояд ќасдамро аз ин пирхар бигирам», ме-гуфт ин занаки умраш ба љое расида ва дар назди оина барќад истода, худашро бо њавсала орою торо медод. Сафо сару соз кардани зана-шро дида, ташвишомез пур-сид:

-Куљо меравї, занак?Нисо писханд зада љавоб

дод:-Ман то кай бо ту барин де-

вонаи касалї умрамро хазон карда мегардам?! Мардкобї

меравам. Мардаккобї! Ин гапро шунида љони

Сафо ба дард даромад ва ги-ряву зорї кард, ки дар охири умраш ўро шармандаи дўсту душман насозад, вале Нисо ба илтиљоњои шавњараш ањамият надода баромада рафт.

Пирию хартозїДар истгоњ Нисоро Са-

фари подабон интизор буд. Вай беибо ба мошини Сафар нишасту «Варзоб меравем, то ки як дам нафаси осуда кашем», гўён дарро пўшид. Сафар табассум карда мо-шинро ба дараи ошиќон ронд. Њамон рўз Нисо дар умраш бори аввалину охирин ба шавњараш хиёнат намуд ва лаззати оѓўши гарми марди бегонаро чашида, ањд кард, ки аз ин пас умрашро сар-фи нигоњубину шустушўйї Сафои бўгин намекунад. Бе-хабар аз сарнавишти талхи шавњари бемораш вай се рўз дар дараи Варзоб айшу иш-рат карда, баъд ба хонааш баргашт.

мурдаи бўйгирифта

Бўйи бади дилбењузуркунанде ду рўз боз саросари дењаро фаро гирифта буд ва њамсояњо љўста-љўста сарчашмаи ин бўйи бадро ёфтанд. Бўйи ѓализ аз хонаи Сафо меомад. Дарвозаро чанд бор кўфтанд, вале касе љавоб надод. Ба ташвиш афтида ќулфро бо оњанбурак шикастанд ва ба хона даромаданд. Аз бўйи бад дар њавлї нафас каши-да намешуд. Дањону биниа-шонро баста, ба хона даро-маданд ва диданд, ки Сафо кайњо мурдаасту пашшањои њароми зиёде дар атрофии љасади ќариб пўсидааш виз-зосзанон парвоз карда ис-тодаанд. Њамсарашро садо карданд, вале аз Нисо дарак наёфтанд.

-Мурдаи бўйгирифтаро дурудароз нигоњ дошта намешавад,-гўён раиси мањалла фармуд, ки зудтар ќабр канда, љасади Сафоро ба хок супоранд.

Ваќте ки Нисо аз дарво-заи хонааш даромад мардум аллакай мурдаи шавњарашро љониби гўристон мебурданд.

Р. Холов

ХуДоЗаДа

Page 20: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 21чунин ЊаМ Мешавад

(Давомаш. аввалаш дар шумораи гузашта.)

Сайфулло дар ин чанд соли роњбарї бо хонумњои таннози зиёде пањлў ба пањлў кор кар-да, чашмаш кайњо аз дидани пешобаѓалу ронњои базеби бо-нувон, ки гоњо аз чоки курта-ву бари домонњои кўтоњашон намоён мегашт, сер шуда буд. Амина эњсос кард, ки њамсоя ба вай њамчун ба зан ягон зар-ра таваљљуњ накарда истодааст, барои ба худ љалб намудани диќќати раис вай маккорона ба гиристан даромад. Раис дар њайрат афтид, ки барои чї њамсоязан гиря мекунад. Осе-масар ба як пиёла об рехта, ба Амина дароз кард ва сабаби гиряашро пурсид.

-Ин гапе нест, ки дар пеши њар кас бигўйї,-ишорат ба ко-

тибаи Сайфулло намуд Амина. Духтараки рамузфањм

зиёдатї буданашро эњсос на-муда, гуфт:

-Раис, агар ягон хоњиши ди-гар надошта бошед, ман аз паси корњои худам шавам.

Сайфулло бо аломати ризо сар љумбонд. Котибаи мавзунќомат хиромон-хиромон аз утоќ баромад ва раис бо Амина танњо монд.

даъвои њамсоязанСайфулло истакони ќањваро

боодобона назди мењмон гу-зошта, гуфт:

-Хўш њамсоя, акнун гап занед, ки кадом шамол шуморо ба ин љо овард ва барои чї табъатон гирифтаю ѓамгин менамоед?

-Писари шумо сари духтари содаю гўлу гаранги маро тоб дода ба домаш афтондааст,

Дилбар аз Комил њомиладор аст. Мефањмед, њомиладор! Ху-доё, шармандаи ду дунё шудам! Акнун мо сарамонро дар байни њаќку њамсоя, дўсту душман ва хешу табор чї хел мебардо-рем?!

Амина чї тавр бадномзадаи писари раис шудани духтараш-ро гириста-гириста наќл кард. Ин хабар барои Сайфулло мис-ли барфи дар чиллаи тобистон борида ногањонї буд ва мар-дак гаранг шуда, намедонист чи гўяду чї кор кунад. Як чиз рўз барин равшан буд, агар ин занак ба боло ё ба маќомоти њифзи њуќуќ мурољиат намояд, натанњо писараш дар бало ме-монад, балки худи Сайфулло низ аз вазифааш ба ќавле «ме-парад» ва аз эњтимол дур нест, ки ба чандин мољароњои дигар гирифтор шавад. Сайфулло, ки раиси номдор буд ва натанњо дар ноњия, балки дар шањру ви-лоят њам «вазн» дошт, бештар аз њама аз рехтани обрўяш ме-тарсид, аз ин хотир роњи њалли масъаларо мељўст. Аминаи маккора паридани ранги раисро эњсос намуда, бештар ба њуљум гузашта, гуфт:

-Хафа нашавед њамсоя, вале ман ѓайри мурољиат кардан ба мислиса дигар ягон чора надо-рам.

-Њамсояљон, илтимос, шинед.

Саросема нашавед. Љавонњо хомию ахмаќї кардаанд, вале ману шумо одамони зиндагида-ем, набояд бе андешагї кар-да, чигилро боз њам бештар кўргирењ андозем,-Сайфулло аз китфи Амина дошта, дубора ўро ба курсї шинонд ва афзуд:-Писари ман албатта, гунањкор аст, вале Худо накарда, ин гап овоза шавад, духтари шумо њам шарманда мешавад.

-Ман аз њамин шармандагї метарсам,-њунгосзанон боз ино-ни гиряро сар дод њамсоязан.

-Ором шавед, ором шавед, албатта, ягон роњашро меёбем,-Сайфулло ягон сухани дигар на-ёфта, аввалин гапи ба дањонаш омадаро гуфту дар балои бади Амина монд.

-Роњашро меёбем мегўед? О шумо аллакай писаратонро ба духтари хеши худатон фотиња кардаед, чї хел роњашро меё-бед?! Ё якбора писаратонро ду зан доданиед?

Раис ба фикр фурў рафт, ки чї кор кунад, то њам лаъл ба даст ояду њам ёр наранљад. «Дили ин занро ба даст даро-вардан лозим, вагарна ба са-рамон балои азимеро меорад. Пеш аз њама ба Комил занг задан лозим, раваду ин занак дурўѓ гўяд. Мабодо духтараш аз ягон саѓераи дигар њомиладор шуда, њаромиашро ба сари писари ман заданї бошад,

рўзашро сиёњ мекунам, вале кўдаки батнаш дар њаќиќат аз Комил бошад, ягон чора ёфтан лозим мешавад» мегуфт Сай-фулло худ ба худ.

иќрори мардонаБарои аниќ кардани асли

воќеа раис ба писараш занг зада, амр кард, ки Комил њарчи зудтар расида биёяд. Комил пас аз бист даќиќа њозир шуд. Аз дар даромадан замон чаш-маш ба модари Дилбар афтид ва якбора аз сараш як сатил оби сард рехтагї барин, дасту пойњояш суст шуданд. Хост баромада равад, вале нигоњи љиддии падарашро эњсос наму-да, лаб газиду дар курсии рў ба рў нишаст. Сайфулло кўтоњакак дар бораи даъвои њамсоязан ба писараш маълумот дод ва та-лаб кард, ки рости гапро гўяд, ки оё тифли батни Дилбар аз ўст ё не. Комил номардї карданро ба худ эб надида, њар чи байни вай ва духтари њамсоя гузашта буд, як ба як наќл намуд ва иќрор шуд, ки Дилбарро аз љонаш бештар дўст медорад. Сайфул-ло оњи сарде кашида бонг зад:

-Бачаи беаќл, њамин тавр, ки буд, чаро пеш аз ба хонаи холаат хостгорї рафтана-мон нагуфтї, ки ман духтари њамсояро ба занї мегирам?

-Гуфтам дада, гуфтам,-даст афшонд Комил.

-Кай гуфтї? Ба кї гуфтї?-Ба модарам гуфта будам,

вале ду пояшонро ба як мўза андохтанд, ки љияни худамро келин мекунам!

Сайфулло раиси номдор бо-шад њам, гапаш ба занаш на-мегузашт, иќрори писарашро шунида дар шигифт монд, ки акнун сарашро аз ин ду гирдоб-мољарои њомиладории духтари њамсояву ањду паймони зани якраваш бо хоњараш чи гуна ха-лос мекарда бошад, зеро...

(Давом дорад)Р.Холов

МакриЗаНи њаМсоя

Page 21: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 22 Сарнавишт

Асабонияту бегонадилии занро дида, гумон мекунанд, ки хонумашон марди дигар до-рад. Сабаби дигараш он аст, ки майхорањо зудтар гириф-тори импотенсия мешаванд. Марди љисман заифгашта ба занаш бештар рашк меку-над. Аз замоне, ки падаршоњї њукмрон гашт, мардњо худро њокими занњо эњсос мекунанд. Њар ќадаре занњо ба ин зид набароянд њам, ин аќида дар њамаи давру замонњо ва дар њама ќавму миллатњо буд, њаст ва мемонад. 80% бону-воне, ки кўшиши комилњуќуќ буданро мекунанд, дар дили мардњояшон тухми рашкро мекоранд. Рашки мард на-зар ба рашки зан сад бор чуќуртару дањшатафзо аст, чунки мард њељ гоњ фикру андешањои рашколудашро ба касе ифшо намесозад. Сабаб дар он аст, ки мард аз паст за-дани обрўяш метарсад.

чаро хун мељўшад?

Марду занњое дар сари рашк доду фиѓон мекунанд,

ки ќањру ѓазаби худро ба тав-ри дигар бароварда наме-тавонанд. Нафароне, ки ба худ боварї надоранд ва дар ќаъри дил худро аз дигарон паст эњсос менамоянд, рашк мекунанд. Марде, ки ба сояи худаш њам рашк мебарад, дар умќи дил худро аз дигар мардон заиф мешуморад ва метарсад, ки бонуяш ёри ди-гар меёбад. Боз як тоифаи бадрашкњо мардони њассос ва дорои хаёлоти бою ранги-нанд. Рашки чунин мард акса-ран боиси халалёбии њолати рўњиаш мегардад.

оромї, танњо оромї!

Оташи рашкатон баланду азобатон вазнин гашта бошад, њатман аз мслињати равонпи-зишкон истифода баред.

1)Дарњол ба љангу харха-ша рў наоред. Шояд та-

моми ташвишу гумонњоятон бењуда бошаду ёратон бегуноњ.

2)Аз мањбубатон иќрор шуданро талаб наку-

нед. Зан дар сари ќањр ме-тавонад бардурўѓ бигўяд, ки хиёнат кардааст.

3)Фаромўш насозед: нишон додани рашк

нишонаи дўстдорї не, балки беаќливу худпарастї аст.

4)Ором шавед. Љоеро ёбед, ки онљо танњо

монда тавонед. Наѓзакак нишаста бањузур поятонро дароз кунед. Чашматонро пўшида, мушакњои рўйро суст

намоед. Бањр ё сањрои пур аз гулро пеши назар оред.

5)Худро дар љойи зан тасаввур намоед. Ма-

гар шумо мехоњед, ки нафаре дар бораатон фикри бад на-мояд? Зарбулмасали «Бад-карда бадгумон аст»-ро ба хотир биёред.

6)Нахоњед, ки занатон ба марди бегона на-

зар намояд, фикр кунед оё шумо шавњари хубед?

Чаро МарД дар замонњои пеш рашкро махлуќи

сабзчашм меномиданд. равонпизишкон

муайян намуданд, ки аксаран мардони майхора бадрашк

мешаванд. ин тоифаи мардон рафтори бонувонашонро

нодуруст мефањманд. рашк мекунад? дар шумораи навбатї:

хушдомани офат

Модарамро дар назди падарам таљовуз карданд

Маъшуќаи падар зани писар шуд

тўњмати ќайсингил

Фирўза Њафизоваро кї миллионер кард?

Page 22: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 23КинОтеатри хОнагї

-Шуморо абрў ном барем ё Эдљї услу гуфта мурољиат намоем?

-Ба мухлисон кадом ном бештар ошно бошад, њамонро ќабул дорам.

-ба њар сурат номи аслї бењтар аст. Эљї, ваќте дар силсилафилми «Садбарги сиёњ» шуморо дар наќши асосї дидам, чунон муаасир гаштам, ки гумон кардам, ки њаёти худи шумост. Ин филм ба зиндагиатон ягон алоќамандї дорад, ки ин ќадар аз сидќи дил наќш бо-зидед?

-Алоќамандї надорад, вале њунарманд вазифадор аст, ки њаёти ќањрамонашро бо та-моми вуљудаш тасвир намо-яд. Тамошобинро фиреб до-дан душвор аст, агар њолати ботинї, шўру ќиём ва исёну тњњфони дилатро эњсос наку-над, филмро тамошо намеку-над.

-Дар зиндагии воќеї ягон бор мисли абрў фиреб хўрдаед?

-Не, чунки ман њанўз оила-дор нашудаам.

-Худо накарда шавњар ку-неду сарнавишти абрў ба саратон биёяд, чї кор меку-нед?

-Аз барои Худо ин тавр нагўед. Хиёнати шавњар, мољарои кундошдорї, гум кар-

дани писар, ман ба ин ќадар азобњо тоб оварда наметаво-нистам. Таќдири талхи Абрў маро ба дањшат меорад.

-Пас мардум бењуда наме-гуфтаанд, ки Эдљї аз шавњар кардан метарсад? Њарос доред, ки шавњаратон мисли Мурод ба шумо хиё-нат мекунад?

-Бо кундош дар як хона зиндагї кардан, мушкил аст. Инро ман ваќти дар филми «Садбарги сиёњ» наќш бози-дан фањмидам. Метарсам, ки ягон хонуми чаќконаке мис-ли Насрин пайдо мешаваду бахти маро медуздад. Барои њамин шавњар намекунам.

-унвонро барои наќши абрў сазовор гашта будед?

-Унвонро барои «Садбар-ги сиёњ» не, барои филми

дањшатноки «Сењру љоду» ги-рифта будам. Ин филм барои ман шуњрати бузург овард ва маро ба маќоми бењтарин њунармандони синамои Тур-кия баровард.

-Шумо дар филми «Зер-да» њам наќши асосиро ме-бозед. Мегуфтед, ки ин филм бо чї анљом меёбад?

- Т а н њ о њ а м и н р о мегўям, ки дар фил-ми «Зерда» дўстоштаи ман ба хотири ри-ояи анъанањои аљдодї зани б а р о д а р а ш р о ба занї мегирад. Тањаммули ин њодиса барои ќањрамони филм кори осон нест, вале ма-лакаи дар чанд соли актёрї њосилкардаам дар офаридани ин наќш ба ман кўмак расонд.

-«Садбарги сиёњ» охирин наќши офаридаатон аст?

-Не, имрўзњо дар ду филми дигар наќш бозида истодаам. Яке аз филмњо «Канї духта-рам?» ном дорад. Дар ин филм ман наќши Сунна Демирий ном занеро бозї мекунам, ки фарзандашро гум кардааст ва

г и -рёну нолон аз тамоми роњгузарон духтари дуздида-шудаашро мепурсад. Дарду алами Сунна интињо надорад.

-орзу мекунем, ки фаќат дар кино бигирйеду дар зин-дагии воќеї танњо ханда зинннатбахши лабонатон бошад!

«саДБарГи сиёњ»ва мољарои кундоштдорї

Хонандагони  азиз!  Ин  навбат  дар  бах-ши  «Ситорањои  љањонї»  мо  ба  шумо  дар  бо-

раи  силсилафилми  «Садбарги  сиёњ»  ва  рўзгори ќањрамонњои асосиаш маълумот медињем. Филми маз-кур истењсоли синамогарони  турк буда, онро коргардон Мурат Сарањаглу ба навор гирифтааст. Филм дар бораи рўзгори марди дузана Мурод наќл мекунад. њодисањои филм  дар  Туркия  сурат  бигиранд  њам,  мазмун  ва  сар-навишти  ќањрамонњояш  барои  мардуми  тољик  бегона нест,  зеро  дар  кишвари  мо  низ  дузанагию  сезанагї 

ривољ ёфта истодааст ва хонумњои зиёде аз лазо-би кундошдорї дар фиѓонананд. 

-озљан, Шуморо сароян-да гўем ё актёр?

-Аслан касби ман сароян-дагист. Нозукињои санъати мусиќиро ман дар Мюнхен омўхтаам ва дар 16 солагї сурудњоямро дар сар то сари Туркия мешуниданд.

-Чаро сарояндагиро бо актёрї иваз намудед?

-Мо дар Олмон се сол зиндагї кардем. Олмон зе-ботарин шањри олам бошад њам, ман мехостам ба Туркиё ба давлати аљдодиямон бар-гардем. Зорињоям билохира падару модарамро маљбур намуданд, ки ба диёри бобо-гиашон рахти сафар барбан-данд. Дар Туркиё тасодуфе боис гашту маро барои наќш бозидан ба филми «Ќасри бо ангур» даъват намуданд. Њамин филм таќдири маро бо синамо пайваст.

-Сурудњоятон парешо-нанд ё дар ягон албом љамъашон кардед?

-Нахустин фиттаи мусиќиам «Фариштаи ман»

ном дошт. Пас аз ин боз ду албом баровардам: «Ситораи Зањро» ва «Монанди шер»

-Шумо дар силсилафил-ми «Садбарги сиёњ» наќши мардеро мебозед, ки соњиби ду зан аст. Дузанагї роњати љон будааст ё ба-ракс?

-Маро мардум њамчун Мурод пас аз филми «Сад-барги сиёњ» шинохтанд. Му-род марди дузана аст ва ду хонум дорад. Зани якумаш Абрў шањрию зани дуюмаш Насрин духтари дењотист. Мурод писари таваллудкар-

даи зани якумашро дуздида, ба њамсари дуюмаш, ки без-урёт аст, медињад ва ба Абрў мегўяд, ки кўдак мурд. Насрин тифлакро Борон ном гузошта, ба ў муњаббати модарї ме-бахшад. Ба хотири хушбахт намудани Насрини безурри-ёт Мурод зани якумаш Абрўи бечораро ба азоби дўзах ги-рифтор менамояд ва било-хира ба љазои Худованд ги-рифтор мешавад. Бародари худаш Муродро аз кишти ба дарё мепартояд. Сарнавиш-ти Мурод барои њамаи мар-дон дарси ибрат аст. Шахсан ман баъди офаридани наќши Мурод ба хулосае омадам, ки дузанагї роњати љон не,

дўзахи њаќиќист. Мард бо уме-ди роњат ду зан мегирад, вале ба љойи хушбахтї дутарафа бадбахт мешавад ва ду зани бечораро низ бадбахт меку-над. Мардони дузана натанњо бо дасти худ ба решаи бахта-шон табар мезананд, балки фарзандонашонро низ бад-бахт ва як умр аз падар дил-хунук месозанд. Офариндаи наќши Борон Мерт Язисноѓлу дар як мусоњибааш барњаќ гуфтааст: «Худо накарда, па-дари аслиям маро дар зин-дагии модарам мисли Борон ба зани дигар медод, њељ гоњ гуноњашро намебахшидам!»

Сўњбаторо Рустам азимї

даричаи ошної:њунарманди зеботарини синамои

туркия Эдљї услу дар измир таваллуд шудааст. ин зебосанам дар чандин

филмњои машњур наќшњои марказиро офаридааст. шавњар ва фарзанд надорад. аз акс гирифтан бо

либосњои кушода шарм намедорад, зеро худованд ба вай пайкари мисли булўр сафед ва хуштарњу

зеборо њадя намудааст.

Озљан дениз:

ДуЗаНаГї аЗоБи ДўЗаХ БуДаастдаричаи ошної:

озњан дениз соли 1972 дар туркия таваллуд шудааст. миллаташ курд буда, њамроњи волидонаш дар анќара зиндагї мекунад.

аллакай дар синни 13 озљан машњур буд ва сурудњояшро дар измир мешуниданд. филми «Садбарги сиёњ» озљанро на танњо дар туркия, балки дар бисёр кишварњои абарќудрат аз ќабили олмон, фаронса ва русия шуњратёр

гардонд.

Page 23: Oila bl2 30

№30 (754) 30.07.2014 24